Шанбе, 20.04.2024, 15:42
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Ваҳҳобият ва масъалаи сохтани бино бар қубур (1)
Ваҳҳобият ва масъалаи сохтани бино бар қубур (1)
01:03

Салафиҳо дар бораи сохтани бино бар қубури авлиё ва бандагони солеҳи Худо мегӯянд:

Аммо бино бар қубур, ба иҷмои уламо мамнўъ аст, зеро аҳодиси ворида дар ин маврид саҳеҳ аст. Бинобар ин бисёре аз уламо ба вуҷуби вайрон кардани ин биноҳо фатво додаанд ва ба ҳадиси Алӣ (разияллоҳу анҳу) истинод кардаанд, ки он ҷаноб ба Абулҳайёҷ фармуд: Оё туро маъмур накунам ба коре, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ман амр фармуд ва барангехт? Он ин аст, ки ҳеҷ тимсолеро боқӣ нагузорӣ магар ин ки онро нобуд созӣ ва ҳеҷ қабри мушриферо боқӣ нагузорӣ магар ин ки онро тасвия кунӣ”.[1]

Ҷиҳати посух ба ин иддао дар се меҳвар баҳс хоҳем намуд:

1.      Назари Қуръон дар ин бора чист?

2.      Оё уммати исломӣ бар ин амр иттифоқи назар доштанд ва доранд, ҳамчунон ки салафиҳо иддао мекунанд?

3.      Баррасии ҳадисҳое, ки салафиҳо дар ин замина ба онҳо истидлол кардаанд.

 

1. Назари Қуръон дар ин замина:

Аз оятҳои қуръонӣ истифода мешавад, ки эҳтиром ба қубури афроди солеҳ ва боимон, як амри роиҷ дар миёни мўъминони қабл аз Ислом буда. Масалан ҳангоме ки вазъи асҳоби Каҳф бар мардуми он замон равшан гардид ва мардум ба даҳонаи ғор омаданд, дар бораи маҳалли дафни онҳо ду назар иброз доштанд:

1. Гурўҳе гуфтанд:

ابْنُوا عَلَيْهِم بُنْيَانًا ...

Бар рўи онҳо биное созед...[2]

2. Гурўҳи дигар, ки дар ин кор пирўз шуда буданд гуфтанд:

قَالَ الَّذِينَ غَلَبُوا عَلَى أَمْرِهِمْ لَنَتَّخِذَنَّ عَلَيْهِم مَّسْجِدًا.

Маҳалли дафни ононро масҷид интихоб мекунем.[3]

Қуръон ин ду назарро нақл мекунад, бе он ки аз онҳо интиқод кунад. Метавон гуфт, ки агар ҳар ду назария ва ё яке аз онҳо хилофи шариат буданд, қатъан Қуръон аз он интиқод мекард ва ё амали онҳоро бо лаҳни эътироз нақл менамуд. Дар ҳар ҳол, ин ду назар ҳикоят аз ин мекунад, ки яке аз роҳҳои бузургдошти авлиё ва солеҳон, ҳифзи қубури маҳалли дафни онон будааст. (Диққат кунед!)

Бо таваҷҷўҳ ба ин ояти муборака, ҳаргиз наметавон бинои бар қубури авлиёи илоҳӣ ва солеҳонро як амри ҳаром ва ё ҳатто макрўҳ қаламдод кард, балки метавон онро як навъ таъзими шаоири илоҳӣ ва мояи гиромидошти солеҳон донист.

 

На ифрот роҳи мубориза бо тафрит аст ва на тафрит роҳи муқобила бо ифрот

Лозим аст дар ин ҷо ба ин нукта ишора кунем, ки салафиҳо ва дар раъси онҳо поягузоронаш амсоли Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб, иллат ва сабаби сахтгирии худ дар масъалаи бино бар қубури авлиё ва дар ниҳоят таҳрими онро ин медонанд, ки мардум дар замони онҳо дар ин корҳо ба ифроту тафрит кашида шуда ва кору борашон биносозии қубур гашта ва аз асли таолими исломӣ дур шуда буданд. Фарз мекунем чунин ташхиси онҳо дуруст ва ба ҷо буд.

Воқеан ҳам гоҳе дида мешавад баъзе аз мусулмонон дар ин масъала, ё ба ифрот рафтаанд ва ё ба тафрит. Баъзеҳо, ки на бо Ислом сару кор доранд ва на дар ғами дину диёнат ба сар мебаранд ва на намозе мехонанд ва на пойбанд ба гирифтани рўзае ҳастанд ва аслан дин барояшон хеле аҳамият надорад, гоҳе онҳоро мебинӣ, ки ҳамин ки рўзи ҷумъа фаро мерасад, саре ба мазори фалон авлиё ва ё фалон бандаи солеҳ мезананд ва дар он ҷо назру ниёзе ҳам медиҳанд ва пуле ҳам ё ба ходими он мазор медиҳанд ва ё ба сандуқе, ки дар он ҷо гузошта шуда мерезанд ва фикр мекунанд дигар хеле кор кардаанд ва бо ин андеша, ки фардо соҳиби ин мазор дасти онҳоро дар пеши Худо хоҳад гирифт ва дигар гуноҳон ҳам рехта мешавад, боз мераванд сари гуноҳону маъсиятҳо.

Воқеан ин тавр амалкардҳо, навъе тафрит дар дин аст, навъе саҳлангорист, навъе ба масхара гирифтани дин аст. Дар ин ҷоҳост, ки бояд уламо ва донишмандони исломӣ мардумро равшан кунанд, ба онҳо бирасонанд, ки шумо агар ба асли дин таваҷҷўҳ надошта бошед ва ба намозу рўза ва тарки гуноҳон аҳамият надиҳед, ин корҳо аз шумо ва ин назру ниёзҳо суде бароятон нахоҳад дошт.

Роҳи пешгирӣ аз ифрот ва ё тафрит, ин аст, на ин ки ту биёӣ ва ба мардуме, ки бо андармонӣ дар баъзе масоили динӣ, аз масоили муҳимтаре дур шудаанд, бигўӣ: Бародар, аслан ин корҳо аз реша ҳаром ҳастанд, аз асл ботил ҳастанд, шаръан ту набояд на қабреро зиёрат кунӣ ва на биное бар қабр созӣ ва на назру ниёзе дуруст кунӣ ва на дуое бар сари қабри падару модарат бихонӣ ва аз ин қабил суханон. Инро мегўянд мубориза бо тафрит бо силоҳи ифрот.

Ҳунари як ислоҳгаро ва ё ҳатто як нафар равшанбин ин аст, ки баъд аз ташхиси ифрот дар дин ва ё тафрит дар он, ба фикри таъдили он бошад, на ин ки барои дурӣ аз ифрот, роҳи тафритро баргирад ва ё барои муқобила бо тафрит, аз силоҳи ифрот баҳра гирад.

Ҷаноби Ибни Таймия ва ҷаноби Ибни Абдулваҳҳоб! Шумо агар дидед мардум бо зиёрати қубуру биносозӣ бар онҳо, аз таолими тавҳидӣ дур шудаанд, оё роҳаш ин аст, ки ҳамаи ин умурро аз реша таҳрим кунед ва анҷомдиҳандагони онро ба ширку куфр нисбат диҳед? Чӣ касе ба шумо ин ҳақро додааст? Оё Қуръон чунин мегўяд? Оё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чунин гуфтаанд? Оё уламои уммат чунин кардаанд? Агар ҳунар доред, биёед таъдил кунед, онҳоро равшан созед, барояшон бифаҳмонед, ки ин корҳо дар сурате ки фард ба заруриёти дин бетаваҷҷўҳ бошад, суде намебахшанд.
Вагарна сукути шумо беҳтар аз ин буд, ки ин ҳама хуни мусулмонони бегуноҳро дар роҳи даъвати хеш бирезед. Хунҳое, ки ба дасти шумо ва пайравонатон рехта шуд, ба дасти ҳеҷ як аз душманон рехта нашудааст. Шояд Чингизи хунхор ҳам ба андозаи шумо хун нарехта бошад.


[1] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Даови ал‒муновиин ли даъвати аш‒шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.370).

[2] ‒ Сураи Каҳф, ояти 21.

[3] ‒ Сураи Каҳф, ояти 21.

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 980 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz