Панҷшанбе, 25.04.2024, 05:11
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Ислом дар усули дин тақлидро кофӣ намедонад
Ислом дар усули дин тақлидро кофӣ намедонад
23:50

Калимаи “усул” ҷамъи “асл” буда ва дар луғат ба маънои реша ва асос мебошад. Ва калимаи “дин” дар луғат ба маънои итоат ва подош омада, вале дар истилоҳ ба маънои эътиқод ба офаринандае барои ҷаҳон ва инсон ва дастуроти амалии мутаносиб бо ин ақоид мебошад. Аз ин рў, касоне, ки мутлақо мўътақид ба офаринандае нестанд ва пайдоиши падидаҳои ҷаҳонро тасодуфӣ медонанд, “бедин” номида мешаванд. Аммо касоне, ки мўътақид ба офаринандае барои ҷаҳон ҳастанд, ҳарчанд ақоид ва маросими динияшон ҳамроҳ бо инҳирофот ва хурофот бошад ҳам, “бодин” шумурда мешаванд. Ва бар ин асос, динҳои мавҷуд дар миёни инсонҳо, ба дини ҳақ ва дини ботил тақсим мешавад ва дини ҳақ иборат аст аз: Оине, ки дорои ақоиди дуруст ва мутобиқ бо воқеъ буда, рафторҳоеро мавриди тавсия ва таъкид қарор диҳад, ки аз замонати кофӣ барои саҳеҳ будан ва эътибор доштан бархўрдор бошанд.[1]

Бо таваҷҷўҳ ба ин тавзеҳ равшан гардид, ки ҳар дине аз ду бахш ташкил мегардад:

1. Ақоид ва боварҳо (ба монанди имон ва бовар ба вуҷуди Худо, паёмбарони илоҳӣ, фариштагон, китобҳои осмонӣ, рўзи қиёмат ва ғайра дар Ислом), ки ҳукми поя, асос ва решаи динро дорад;

2. Дастуроти амалӣ, ки мутаносиб бо он поя ё пояҳои ақидатӣ ва бархоста аз онҳо бошад (ба монанди фарз будани намоз, рўза, ҳаҷ, закот, ҷиҳод ва ғайра дар Ислом).

Бинобар ин комилан баҷост, ки бахши ақоид дар ҳар дине “усул” ва бахши аҳкоми амалӣ “фурўъ” (шохаҳо)−и он дин номида шавад.

Ислом дар бораи усули дин (ақоид), ки вазифаи ҳар фард таҳсили ақидаи дуруст дар бораи онҳост, тақлид ва пайравии чашмбаста аз дигарон дар ин заминаро кофӣ намедонад, балки лозим медонад, ки ҳар фарде мустақиллона ва озодона дурустии он ақоидро ба даст оварад.

Асосан маънои калимаи “Ислом”, ки “таслим будан” ва ё “таслим шудан” аст, нишондиҳандаи ин ҳақиқат аст, ки аввалин шарти мусулмон будан, таслими воқеъиятҳо ва ҳақиқатҳо будан аст. Ҳар навъ якравӣ, лаҷоҷат, таассуб, тақлидҳои кўр−кўрона, ҷонибдориҳо ва худхоҳиҳо аз ин назар, ки бар хилофи руҳи ҳақиқатхоҳӣ ва воқеъгароист, аз назари Ислом маҳкум ва мардуд аст. Аз назари Ислом, агар инсоне ҳақиқатҷў, беназар ва кўшо дар роҳи расидан ба ҳақ бошад, фаразан ба ҳақиқат нарасад ҳам, маъзур аст. Ва агар касе дар руҳи худ якравӣ ва лаҷоҷат дошта бошад, фаразан ҳақиқатро ба далели тақлид ва ё виросат ва амсоли инҳо пазируфта бошад ҳам, арзише надорад. Мусулмони воқеӣ, чӣ мард ва чӣ зан, ба ҳукми руҳи ҳақиқатҷўии худ, ҳикмат ва ҳақиқатро ҳар куҷо ва назди ҳар кас ёфт фаро мегирад ва дар роҳи кашф ва таҳсили илм таассуб ба харҷ намедиҳад. Фаразан дар дуртарин нуқтаи ҷаҳон онро биёбад, ба сўяш мешитобад. Мусулмони воқеӣ ҳақиқатҷўиро на ба замони муайяне аз умри хештан маҳдуд мекунад ва на ба минтақаи хоссе мунҳасир мекунад ва на онро дар инҳисор ва маҳдудаи ашхоси муайяне медонад. Зеро пешвои бузурги Ислом ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст: “Дар талаби илму дониш будан фаризаи ҳар мусулмонест (чӣ мард бошад ё зан)”. Ва ҳам фармудааст: “Ҳикматро ҳар куҷо ва дар дасти ҳар кас дидед, фаро гиред, ҳарчанд дар дасти як мушрик”. Ва ҳам фармудааст: “Донишро биҷўед, ҳарчанд лозим бошад то Чин сафар кунед”. Ва низ ба он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нисбат додаанд ин суханро, ки: “Аз гаҳвора то гўр дониш биҷўед”.

Пиндорҳои сатҳӣ ва якҷониба дар масоил ва ҳамчунин тақлидҳои кўр−кўрона аз падарону модарон ва таслими одатҳои гузаштагон шудан, аз ҳамин назар, ки бар зидди руҳи таслим ва ҳақиқатхоҳии исломист ва сабабгори хато ва инҳироф ва дурӣ аз ҳақиқат мешавад, маҳкум аст ва мавриди қабул нест.

Аз ҳамин ҷост, ки сухани баъзе аз бузургони Ислом аз ҷумла Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) дар муқаддимаи китоби “Ақоиди Таҳовӣ”, ки мегўяд: “Ин аст ёдоварии баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат бар асоси мазҳаби фақеҳони миллат: Абўҳанифа Нўъмон ибни Собити Куфӣ, Абўюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ ва Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (Худо аз ҳамаашон розӣ гардад!) ва усули дине, ки ба он мўътақид буда ва ба он парвардигори ҷаҳониёнро мегараванд”, мабодо хонандаро бар ин бовар гузорад, ки чун Имом Абўҳанифа (Раҳматуллоҳи алайҳи) ва дигар бузургони мазҳаби ҳанафӣ бар ин ақида ва бовар мебошанд, пас лозим аст ман ҳам бар он ақида бошам ва чашмбаста онҳоро бипазирам бидуни ин ки дар мазмун ва муҳтавои онҳо биандешам. Ва ҳам мабодо чунин пиндорад, ки ҳар касе дар фиқҳ пайрави мазҳаби ҳанафист, пас ногузир дар ақида ҳам пайрави ҳамон раъйе бошад, ки Абўҳанифа (Раҳматуллоҳи алайҳи) бар он буда. Назари Ислом чунин нест. Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) ҳам чунин гуфтанӣ нест ва аслан наметавонад чунин бигўяд. Чаро?

Тавзеҳ он ки вақте Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дини Ислом оварда ва бар мардум онро пешкаш намуд, нафармуд, ки эй мардум! Биёед ва ин ақидаро бипазиред, балки далел, ҳуҷҷат ва бурҳон барояшон овард ва барояшон собит намуд, ки дине, ки оварда, дини ҳақ аст ва дини онон дини ботил. Он гоҳ касоне, ки замири пок ва беолоиш доштанд бутпарастиро раҳо карда ва ба дини Ислом гаравиданд, вале касоне, ки пайрави ҳавои нафси худ буданд, таассубашон нагузошт, ки дини Исломро пайравӣ намоянд. Ва нагаравиданашон ба Ислом ба хотири ин набуд, ки далел ва ҳуҷҷатҳои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ононро қонеъ насохта, балки ин таассуб ва тақлидкорӣ аз дину ақоиди падару бобоёнашон буд, ки монеъ гардид пайрави ҳақ шаванд ва ошкоро мегуфтанд, ки эй Муҳаммад! Падару бобоёнамон дину ақидае доштанд ва мо худро вазифадор мебинем, ки аз эшон пайравӣ намоем. Он гоҳ Худо чунин бархўрди онҳоро сахт сарзаниш карда ва мазамматашон менамояд ва мегўяд, ки агар дину ақоиди падаронатон ботил бошад ва онҳо дар гароиш ба он оин, ақли худ ба кор нагирифта ва далелу ҳуҷҷат ҳам дар ҳаққонияти он надошта бошанд, боз ҳам шумо пайрави онҳо хоҳед буд. Худои Таоло мефармояд: “Ҳаргоҳ ба онҳо (яъне мушрикон, баъд аз иқомаи бурҳон ва далел бар ҳаққонияти дини Ислом) гуфта шавад, ки биёед ба тарафи он чи Худо нозил фармуда ва ба тарафи Паёмбар, онҳо дар посух гўянд: “Бас аст моро он дине, ки падаронамонро бар он ёфтаем”. (Ва савол аз онҳо ин аст, ки) оё агар падаронашон чизе надонанд ва ҳидоят наёфта бошанд, (боз ҳам аз он падарон пайравӣ мекунанд?)[2]

Ва далели дигар он ки Қуръони Карим дар ояте мефармояд: “Дар дин маҷбурие нест, роҳи ҳидоят аз роҳи гумроҳӣ (бар ҳама кас) равшан гардида”.[3] Маънои ин оят он аст, ки чун роҳи ҳидоят бо далел ва бурҳон аз роҳи гумроҳӣ равшан ва собит гардидааст, ҳар ки ўро далелҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки дар Қуръон омада ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) баён мекунад қонеъ созад, агар замири пок ва беолоиш дошта ва ҳидояти илоҳӣ шомили ҳоли ў бошад, ў бо ихтиёри худ дини Исломро бипазирад. Вале агар ин далелҳо ўро қонеъ насозад, дигар иҷборе даркор нест ва Ислом намехоҳад бо маҷбурӣ ақидаи хешро бар ў таҳмил намояд. Дидгоҳи Ислом чунин аст.

Ҳоло, агар мўътақид бошем, ки мо чун дар фиқҳ пайрави мазҳаби ҳанафӣ ва ё ҳар мазҳаби дигаре ҳастем, пас бояд дар ақида низ пайрави ақоиди соҳиби ҳамон мазҳаб бошем, ба ин маъно хоҳад буд, ки мо чӣ қонеъ ба он ақоид бошем ва чӣ набошем, маҷбурем онро бипазирем. Ва ин худ як навъ тақлид ва ё як навъ иҷбор хоҳад буд. Зеро масалан агар соҳиби мазҳаб дар масъалае аз масоили ақоидӣ раъйе дорад ва ба он қаноат ҳосил кардааст ва мо биёем раъйи ўро мавриди таҳқиқу баррасии худ қарор бидиҳем (чун Ислом ба мо дастур додааст, ки дар усули дин таҳқиқ намоем) ва ё бо раъйи каси дигаре дар бораи он масъала ошно шавем, агар далели соҳиби мазҳаб моро ҳам қонеъ созад, дар ин сурат ҳеҷ ишколе надорад, ки дар ин масъала раъйи ўро бипазирем (ва аслан инро тақлид намегўянд). Аммо агар далели ў моро қонеъ насозад ва ё далели он дигарӣ мавриди қаноати мо қарор бигирад, дар ин сурат оё пайравӣ аз раъйи ў дар ин масъалаи эътиқодӣ − бо ин ки худ ба он қонеъ нестем − як навъ тақлиди кўр−кўрона нест ва ё як навъ иҷбор шумурда намешавад? Таваҷҷўҳ дошта бошед, ки баҳси мо дар мавриди масоили эътиқодист, на масоили фиқҳӣ, ки баҳси дигаре дорад ва хоҳем гуфт, ки дар масоили фиқҳӣ мо чорае ҷуз тақлид надорем.

Тавзеҳ ин ки дар масоили фиқҳӣ (ва ё фурўи дин) низ ҳарчанд асл бар он аст, ки мукаллаф[4] бояд худ таклифҳои шаръияшро аз манобеъ (Қуръон, суннат, иҷмоъ ва ақл) истинбот[5] намояд, вале аз он ҷо ки чунин амале (яъне истинбот) кори душворест ва барои ҳар касе анҷом додани он муяссар нест, чун барои ба даст оварии малакаи истинбот ва иҷтиҳод мароҳили тўлоние аз омўзиши улуми диниро тай намояд ва илова бар он, бояд ороста ба ахлоқи исломӣ ва аз тақво ва парҳезгории комиле бархўрдор бошад, бинобар ин Ислом чунин амалеро танҳо бар порае аз мусулмонон воҷиб гардонида ва бақияро вазифадор сохтааст, ки дар заминаи фурўи дин (аҳком), чашмбаста аз он гурўҳи мутахассис тақлид ва пайравӣ намоянд, бе он ки вақте муҷтаҳиде барояшон фатвое диҳад (ки масалан фалон кор воҷиб ва ё фалон кор ҳаром аст), аз ў бипурсанд, ки чаро воҷиб аст ва ё чаро ҳаром? Ин дуруст монанди инро монад, ки агар ба беморие гирифтор шаванд ва ба табиб муроҷеа кунанд ва табиб баъд аз ташхиси беморӣ, ба онҳо гўяд, ки бояд ҷарроҳӣ шавӣ, аз ў бипурсанд, ки на, аввал бароямон бифаҳмон, ки чӣ далеле дорӣ бар ин ки мо ба ин беморӣ гирифтор шудаем ва ҳам бифаҳмонӣ, ки чигуна ва бо чӣ роҳе моро ҷарроҳӣ хоҳӣ намуд? Аз дидгоҳи оқилони дунё чунин пурсуҷўе нописанд аст. Дар масоили фиқҳӣ низ масъала аз ҳамин қарор аст, ба хилофи масоили ақоидӣ, ки пурсуҷў накардан ва кўр−кўрона онро қабул кардан нописанд, вале пурсуҷў ва талаби далел матлуб аст.

Аз ҳамин ҷост, ки уламои исломӣ гуфтаанд, ки омўзиши илм дар заминаи усули дин (ақоид) бар ҳар фарди мусулмон − чӣ мард ва чӣ зан − фарзи айн аст, вале дар заминаи фурўи дин (ё аҳком) фарзи кифоя.[6]

Албатта ба ин нукта ҳам ишора намуда бошем, ки фарзи айн будани омўзиши илм дар заминаи усули дин, ин нест, ки яко яки афроди ҷомеаи исломӣ кору зиндагии худро раҳо карда ва барои талаби илми ақоид камар баста ва дар ҳамаи масоили ақоидӣ, ҳатто резтарин масоили он, соҳибназар гарданд. Ҳаргиз чунин манзуре мавриди назар нест. Зеро тадқиқ дар ҷамии масоили ақоидӣ ҳам, ки баъзеи онҳо хеле печида аст, кори мутахассис аст. Балки манзур аз фарзи айн будани он ин аст, ки инсон асоситарин ва муҳимтарин масоили ақоидиро (чун имон ба Худо, имон ба паёмбарон ва имон ба рўзи қиёмат), бо далелҳои қонеъкунандае − ҳарчанд сода ҳам ки бошанд − пазируфта бошад. Ва чунин омўзише мояи зиёде намехоҳад. Маъруф аст, ки аз пиразане, ки машғули ресандагӣ буд, пурсиданд: “Чӣ далеле барои исботи вуҷуди Худо дорӣ?” Ў бедаранг даст аз чархи ресандагӣ бардошт ва ҳамин ки чарх аз ҳаракат истод, гуфт: “Ҳангоме ки чарх ба ин кўчакӣ бидуни гардонанда нагардад, чигуна метавон гуфт ҷаҳон ба ин бузургӣ ва ин манзумаҳои боазамат, ки дар гардишанд, бидуни гардонанда ва мудаббире ба гардиш даромада ва ё бидуни гардонандае ба гардиши худ идома медиҳанд!”
Пас, хулоса ин ки ҳарчанд ҳар мукаллафе аз лиҳози фурўи дин (аҳком) вазифа дорад тақлид ва пайрави яке аз мазоҳиби фиқҳӣ бошад − ва ба ҳамин хотир дастае аз мусулмонон ҳанафӣ, гурўҳе шофеӣ, тоифае моликӣ, порае ҳанбалӣ, қисмате ҷаъфарӣ ва ғайра мебошанд − вале ба лиҳозӣ усул ва ақоид набояд чунин бошад. Ва ба ҳамин хотир аст, ки мо ҳанафимазҳабоне дорем, ки ба лиҳози ақоидӣ бархе ашъарӣ, бархе мотуридӣ, бархе мўътазилӣ ва бархе аслан пайрави ҳеҷ як аз макотиби ақоидии номбурда набуда, балки дар заминаи ақоид пайрави мактаби урафо ва тасаввуф ҳастанд, ки сарчашма дар дидгоҳҳои Муҳйиддини Арабӣ дорад.


[1]Мисбоҳи Яздӣ, “Омўзиши ақоид”, с. 11.

[2]−Сураи Бақара, ояти 104.

[3]−Сураи Бақара, ояти 256.

[4]−Мукаллаф ба касе гўянд, ки бар ў бошад амал ба таклифҳои шаръӣ аз қабили намоз хондан, рўза гирифтан, ҳаҷ анҷом додан ва ғайра.

[5]−Истинбот (ва ё иҷтиҳод) дар истилоҳ ба амале гўянд, ки фақеҳ ба василаи он, метавонад таклифҳои шаръиро аз манобеъ ва далелҳояш (Қуръон, суннат, иҷмоъ ва ақл) берун оварад.

[6]−Фарзи айн он аст, ки бар яко яки афроди ҷомеаи исломӣ анҷоми он фарз аст ва фарзи кифоя он аст, ки агар порае аз мардум барои анҷоми он камари ҳиммат банданд, аз ўҳдаи бақия он фарз соқит мешавад, вале дар сурати анҷом надодани касе, боз ҳам фарз мутаваҷҷеҳи яко якашон мешавад.

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 2427 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz