Шанбе, 27.04.2024, 05:58
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Зиндагигароии Ислом
Зиндагигароии Ислом
19:13

Ислом як дини зиндагигарост, на зиндагигурез. Бинобарин бо “раҳбоният” ба шиддат мубориза кардааст. паёмбари акрам(с) мефармоянд:

Дар ислом раҳбоният нест.[1]

“Раҳбоният” яъне бурида шудани инсон аз зиндагии дунё барои ибодати Худо, ба иборати дигар, зиндагигурезӣ ба хотири охиратгароӣ. Дар ҷомеаҳои куҳан ҳамеша яке аз ду чиз вуҷуд дошт: ё охиратгароӣ ва зиндагигурезӣ (раҳбоният) ва ё зиндагигароӣ ва охиратгурезӣ (тамаддун, тавсиъа). Масеҳият ва яҳудияти имрўз аз рўшантарин намунаҳои ин ду ҷиҳатгирӣ ба шумор мераванд. Боризтарин вижагии дини масеҳияти имрўз, раҳбоният ва ба зиндагигурезӣ даъват кардани он аст “...ва аммо “раҳбоният” (тарки дунё ва зиндагигурезӣ), ки (насоро) аз пеши худ дароварданд, мо онро барояшон муқаррар накардем...[2]. Аз назари ин дин, дингароӣ яъне бурида шудан аз дунё ва зиндагии дунёӣ. Сару кори дин аз дидгоҳи масеҳияти имрўз, бояд фақат бо олами боло ва қудсӣ бошад. Аз назари вай олами боло ҳеҷ иртиботе бо олами поён надорад ва тамоман аз он бегона аст. Олами боло пок, муқаддас ва руҳонист, вале олами поён олуда, касиф ва бемаъност. Аз инҷост, ки уламои масеҳият ба шиддат бо дахолати дин дар умури сиёсӣ мухолифат меварзанд. Сиёсат аз дидгоҳи онҳо амалест марбут ба зиндагии дунёӣ ва фаъолиятест олуда бо дурўғ, найранг ва фиреб.

Ин ҷиҳатгирии масеҳият дуруст дар муқобили ҷиҳатгирии дини яҳудияти имрўз қарор дорад. Яҳудияти имрўз тамоми ҳамму ғамми хешро равонаи зиндагии дунё ва беҳбудии он карда ва ба куллӣ аз охират худро бурида аст.

Ин, ки гуфта шуд ислом дини зиндагигарост, на зиндагигурез, ба ин маъно нест, ки мисли яҳудият таваҷҷўҳи хешро танҳо равонаи зиндагии дунёӣ карда бошад, балки ислом охиратгароиро дар матни зиндагигароӣ мебинад. Аз назари Ислом, роҳи охират аз матни зиндагӣ ва масъулиятҳои зиндагии дунёӣ мегузарад.

Дар ҳадис аст, ки паёмбари акрам(с) дар масҷид мардеро медиданд, ки шабу рўзаш дар масҷид бо розу ниёз мегузашт. Аз ёрон пурсиданд, ки магар ин мард зиндагӣ ва зану фарзанд надорад? Ёрон гуфтанд ин марди солеҳ тамоми зиндагии хешро вақфи розу ниёз намуда ва бародаре дорад, ки вай ба иловаи таъмини зиндагии шахсии худ, бори зиндагии ин мардро ҳам ба дўш кашида ва мояҳтоҷи хонавода ва аҳлу аёли ўро таъмин менамояд. паёмбари акрам(с) фармуданд: Савоб ва подоши бародараш аз савобе, ки ин мард мебарад, бештар аст.[3]

Тарки дунё ва гурез аз зиндагӣ ва шона холӣ кардан аз масъулиятҳои зиндагии дунёӣ ба хотири охират, ҳунаре нест, аз дасти ҳар касе сохта аст. Ҳунар ин аст ки дар айни қарор доштан дар матни зиндагӣ ва бар дўш доштани масъулиятҳои он, охиратгаро бошӣ. Дар ҳадис аст, ки марде ба кўҳ паноҳ бурд то бо оромиши комил ва ба дур аз ғавғоҳои рўзмарраи дунё, ба ибодати парвардигораш бипардозад. Аҳли хонаводааш назди расули акрам(с) аз ў шикоят намуданд. Он гоҳ паёмбар(с) он мардро аз ин кор боздошта ва фармуданд: “Сабру шикебоии як рўзи мусулмон дар баъзе аз мавоқеъи ҷиҳод (ва талош ва кўшиш), барои ў беҳтар аст аз ибодати чиҳил сол.[4]

Ислом на танҳо ба лиҳози назарӣ миёни ин ду ҷиҳатгирӣ (зиндагигароӣ ва охиратгароӣ) ҷудоӣ мебинад, балки амалан дар матни воқеъ ҳам, миёни онҳо оштӣ додааст. Худи расули акрам(с) комилтарин намунаи он мебошад. Он ҳазрат, ки дар олами маъно ва руҳоният то ба он ҷо расида, ки ҳатто фариштагони муқарраб тавони расидан ба онро надоранд ва ба таъбири Қуръон “Сипас наздик омад ва наздиктар шуд. (Фосилааш) то ба қадри (тўли) ду тарафи камон, ё наздиктар, шуд. Он гоҳ (парвардигор) ба бандааш ончиро бояд ваҳй кунад, ваҳй фармуд.[5] ва пайваста порае аз шаб, гоҳе нисф, гоҳе сеяки он ва гоҳе ду сеяки шабро ба ибодат мепардохт ва гоҳе то ба ҳадде ба ибодат машғул мешуд, ки поҳои муборакаш варам мекарданд ва бисёр рўза мегирифт, вале дар айни ҳол, марди майдон буд, бо раҳбоният ва гўшагирӣ ва тарки аҳлу аёл мухолиф буд. Вақте баъзе аз асҳоб тасмими гўшанишинӣ гирифтанд, ононро мавриди маломат қарор дод ва фармуд: “Бадани шумо, зану фарзанди шумо ва ёрони шумо ҳама ҳуқуқе бар шумо доранд ва мебояд онҳоро риоят кунед.[6] Аз ў ривоят шудааст, ки мефармояд: “Раҳбонияти уммати ман ҷиҳод аст.” Рўзе ҷамъе аз мусулмонон, ки аз сафар бозгашта буданд, назди паёмбар омаданд ва аз яке аз ҳамсафарони худ таърифи бисёр карданд. Гуфтанд: Чӣ марди диндор ва ботақвоест, ҳеҷ озору азияте ба касе надошт. Вақте дар байни роҳ дар манзиле пиёда мешудем, фавран обе ҷустуҷў мекард ва таҳорат мегирифт ва дар гўшае машғули намоз мешуд. Ҷуз намозу дуо коре надошт. паёмбар(с) пурсид: Агар ў дар байни роҳ рафтораш инчунин буд, пас чӣ касе корҳояшро анҷом медод? Чӣ касе бори шутурашро меафканд? Чӣ касе барояш обу ғизо меовард? Чӣ касе барояш таом дуруст мекард? Чӣ касе бори шутураш мебаст? Гуфтанд: Эй расули Худо! Ҳамаи ин корҳоро мо анҷом медодем. паёмбар(с) фармуданд: Шумоҳо беҳтар аз ў ҳастед ва дар назди Худо мақоми олитаре доред. Ин дуруст нест, ки як мусулмон заҳмати корҳояшро бар ўҳдаи дигарон биандозад ва худаш ба хаёли худ, ба ибодат пардозад. Намоз ва дуо ба ҷои худ аз беҳтарин ибодатҳо ҳастанд, вале кору талош ҳам ибодати бузургест. Хидмат ба халқи Худо ҳам ибодати бузургест.[7]

Гузашта аз паёмбар (с), тарбиятёфтагони мактаби ў низ, амалан дар матни воқеъ миёни ин ду ҷиҳатгирӣ оштӣ додаанд. Имом Алӣ ибни Абўтолиб, ки аз обидтарини мардумон буд ва ҳамвора дар торикиҳои шаб бо Худо розу ниёз дошт ва бисёр ашку нола мерехт ва дар ибодат зарбулмасали хоссу ом гардида буд ва ҳатто шаҳодаташ ҳам дар ҳоли намоз ба вуқўъ пайваст ва шахсе буд, ки мегуфт: “Эй дунё, эй дунё аз ман дур шав! Худро ба ман арза мекунӣ? Ё мехоҳӣ маро ба шавқ оварӣ? Ҳаргиз он замон ки ту дар ман роҳ пайдо кунӣ, фаро нарасад! Ҳайҳот, дур шав! Дигареро фиреб деҳ, ман ниёзе ба ту надорам. Ман туро се талоқ кардаам, ки баргаште дар он нест.[8], вале ҳамин Алӣ, дар шуҷоат, далерӣ, аз худ гузаштагӣ, ҳамсардорӣ, тарбияти фарзандон, сиёсат ва иҷтимоӣ будан низ зарбулмасал аст. Ў дар тамоми ҷангҳо ширкат мекард ва барои пирўзии ислом ва наҷоти инсонҳо аз чанголи зулму ситам, дар саффи аввали ҷабҳа қарор дошт. Дар анҷоми вазифаи посдорӣ аз дин, чунон қотеъ буд, ки мефармуд:

Ба Худо савганд, агар тамоми араб дар ҷанг бар зидди ман муттаҳид шаванд, даст аз пайкор барнамедорам ва таслими душман намешавам. Ба Худо қасам, агар дар майдони набард зери ҳазор зарба шамшер ба шаҳодат бирасам, аз он ки дар бистари беморӣ ҷон бидиҳам, бароям беҳтар ва некўтар аст.

Алӣ замоне, ки раҳбарии кишвари паҳновари исломиро - ки он ҳангом тақрибан то ниме аз ҷаҳон таҳти ҳукумати ислом буд - дар даст дошт ва тамоми сарватҳои хусравҳову қайсарҳо дар байтулмоли ҷомеаи исломӣ рехта шуда буданд, бо вуҷуди он, сиёсату ҳукуматдорӣ ва сарвату давлат лаҳзае ўро аз ёди Худову охират ба худ андармон накарда буданд. Рўзе Ақил – яке аз бародарони Алӣ, ки нобино ҳам буд - фарзандони худро, ки аз шиддати гуруснагӣ зарду пажмурда шуда буданд, пеши Алӣ овард ва зиёда бар ҳаққаш тақозои як соъ (тақрибан ду ё се келограм) гандум аз байтулмол кард. Алӣ барои ў баён кард, ки наметавонад ҳаққи мусулмонони дигарро ба бародараш бидиҳад. Вале Ақил напазируфт ва ду бора тақозояшро такрор кард, вале Алӣ, ки тақозои ўро нобаҷо ва хиёнат ба байтулмол медонист, худ мегўяд:

“...вақте дидам бародарам барои дарёфти як соъ гандум – зиёда бар ҳаққаш – инчунин исрор меварзад ва пай дар пай пеши ман меояд, порае аз оҳанро дар оташ ниҳодам, вақте оҳан хуб сурх ва гудохта шуд, онро бардоштам ва наздикаш бурдам, аз ҳарорати он оҳани сурхшуда фарёд кашид ва дардмандона нола кард. Гуфтам: Ақил! Бародар! Аз тиккапораи оҳане, ки инсоне онро сурх карда, нола мекашӣ, фарёд мекунӣ, вале мехоҳӣ маро ба оташе фаро хонӣ, ки Худои тавонои қаҳҳор ба ғазаби хеш афрўхта аст? Оё аз як озори кучак меранҷӣ, вале ман аз шўълаҳои баланди оташи дўзах наранҷам? Оё мехоҳӣ ман ба хиёнат ва ситам даст ёзам? На... Ҳаргиз! Ҳаргиз! Қасам ба Худо, агар ҳамаи осмонҳо ва заминро ба ман бибахшанд, ки донаи хасеро аз даҳони мўрчае ба ситам бозситонам, ҳаргиз ин корро нахоҳам кард.”[9]

Имом Ҳусайн ҳам, ки яке дигар аз абармардони майдони ибодату розу ниёз аст ва ҳам аз забони ў нақл гардида дуои маъруфи “Арафа”, ки аз беҳтарин дуоҳоест барои мўъмин дар розу ниёзаш бо парвардигор ва офаридгори хештан, ки дар он мехонем: “Парвардигоро! Маро чунон қарор бидеҳ, ки аз ҷалолу азаматат чунон битарсам, ки гўё туро мебинам ва бо тақвои хеш саодатмандам гардон ва ба маъсиятат шақоватмандам макун..!” ва низ дар ҳамин дуо омадааст: “...ва (Парвардигоро!) ту зоте ҳастӣ, ки ҷуз ту худое нест, ту худро бар ҳар чиз ошно намудӣ, он гоҳ ҳеҷ мавҷуде аз шинохтат ноогоҳ намонд, ту зоте ҳастӣ, ки дар ҳамаи мавҷудот бароям намоён шудӣ, он гоҳ туро дар чеҳраи ҳамаи мавҷудот ошкор дидам ва ту бар ҳар чиз пайдоӣ...”, аммо ҳамин Ҳусайне, ки дар ҳангоми розу ниёз чунон об аст, мебинем он ҳангом, ки ҳақ дар ҷомеа поймол мешавад, ситамгаре мисли Язид худро ҳокими кишвари исломӣ хонда ва ба зулму чаповул даст меёзад, яктана дар баробари ў ва дастёронаш қиём мекунад ва то охирин нафаси хеш бо онҳо мубориза мекунад ҳарчанд дар ин роҳ худаш, фарзандон ва хешовандонаш ва ҳатто тифли ширхорааш қурбон шаванд. Ў мегўяд:

Оё намебинед, ки ба ҳақ амал намешавад? Намебинед, ки аз ботил ҷилавгирӣ намешавад? Дар чунин ҳангоме мўъмин бояд барои шаҳодат ва мулоқоти парвардигораш омода шавад. Зеро дар пеши ман марг дар роҳи Худо, ҷуз саодат ва пирўзӣ чизе нест ва зиндагӣ бо ситамгарон ҷуз дилтангӣ ва афсурдагӣ ва ранҷу машаққат, ҳосиле надорад.[10]

Ин аст мантиқи ислом ва мантиқи онҳое, ки дар ин мактаб тарбият дидаанд. Ба ин нукта ҳам ишора карда бошем, ки баъзеҳо бо истинод ба бархе оятҳои қуръонӣ, ки дар онҳо аз дунё ва матои ночизи он мазаммат шудааст ва ривоятҳое исломӣ аз қабили ин ривоят, ки дар он омадааст: “Сарчашмаи ҳамаи гуноҳон, муҳаббати дунёст[11] ва ин ривоят: “Дунё малъун аст ва малъун аст он чӣ дар он ҳаст.”[12] ва амсоли он, дини Исломро ҳам, як навъ дини зиндагигурез ва охиратгарои маҳз дониста ва медонанд. Ин натиҷагирӣ ва бардошти ғалат аст аз Ислом, ки сарчашма гирифта аз адами дарки дуруст ва саҳеҳи Ислом. Аз дидгоҳи ислом он чӣ мавриди мазаммат қарор дорад, тааллуқ ва вобастагӣ пайдо кардан ба дунёст, ҳадаф қарор додани он аст, на худи дунё. Ислом мегўяд: “(Эй паёмбар!) бигў: Зинатҳоеро, ки Худо барои бандагонаш падид оварда ва низ рўзиҳои покизаеро чӣ касе ҳаром гардонида? Бигў: Ин неъматҳо дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва рўзи қиёмат низ хосси онон мебошад... [13] ва дар айни ҳол, дунёро ҳадаф намедонад, балки дунё аз назари ислом василае барои убур ба охират чизе беш нест. “Дунё киштгоҳи охират аст.” имом Алӣ ҳангоме ки фарқи сараш аз шамшери душман шикофта шуд ва охирин соатҳои умрашро мегузаронд, дар зимни васиятҳояш чунин фаормудааст:
...бо тақво ва парҳезгор бошед. Дунёро ҳадафи хеш қарор надиҳед ва дар таҳсили сарвати дунё дар талош набошед ва барои аз даст додани сарвату мақоми дунё андўҳгин машавед...[14]


[1] - Ниҳояи Ибни Асир, ҷ. 2, с. 280.

[2] - Сураи Ҳадид, ояти 27.

[3] - Нақл аз китоби “Достони Ростон”-и шаҳид Мутаҳҳарй.

[4] - Нақл аз шарҳи Наҳҷул-балоғаи Ибни Абилҳадид, ҷ. 10, с. 39.

[5] - Сураи Начм, ояти 8.

[6] - Нақл аз “Ваҳй ва нубувват”-и шаҳид Мутаҳҳарй, мачмўаи осор, ҷ. 2, с.257.

[7] - Нақл аз китоби “Омўзиши дин”-и Иброҳими Аминй, ҷ. 4, с. 148.

[8] - Наҳҷул-балоға, ҳикмати 74.

[9] - Нақл аз китоби “Омўзиши дин”-и Иброҳими Аминй, ҷ. 4, с. 173.

[10] - Нақл аз китоби “Омўзиши дин”-и Иброҳими Аминй, ҷ. 3, с. 186.

[11] - Биҳорул-анвор, ҷ. 70, с. 7.

[12] - Шарҳи Наҳҷул-балоға, ҷ. 19, с. 330.

[13] - Сураи Аъроф, ояти 31.

[14] - Нақл аз китоби “Омўзиши дин”-и Иброҳими Аминй, ҷ. 3, с. 186.

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 963 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz