Ҷумъа, 26.04.2024, 00:52
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Самоҳат ва суҳулати исломӣ
Самоҳат ва суҳулати исломӣ
19:06
“Самоҳат” ва “суҳулат” аз вижагиҳои дигари ислом аз назари идеологист. “Самоҳат” яъне богузашт будан ва сахтгир набудан ва “суҳулат” яъне “осонгир будан”.Аз расули акрам(с) ривоят шудааст, ки мефармояд:
Ман бо шариъати богузашт ва осонгир фиристода шудаам.[1]

Дар шариъати исломӣ ба ҳукми ин ки шариъати “осонгир” аст, таклифҳои даступогир ва машаққатовар вазъ нашудааст:

Худо дар дин “ҳараҷ” (тангноӣ ва машаққат) қарор надодааст.[2]

...Худо намехоҳад бар шумо танг бигирад...[3]

...Худо барои шумо осонӣ мехоҳад ва барои шумо душворӣ намехоҳад.[4]

Худо мехоҳад то боратонро сабук гардонад ва (медонад, ки) инсон нотавон офарида шуда.[5]

Шариъати ислом ба ҳукми ин ки шариъати “богузашт” аст, ҳар ҷо, ки анҷоми таклифе ҳамроҳ бо дар тангно воқеъ шудан гардад, он таклифро аз дўш бармедорад. Бар ҳамин асос аст, ки рухсатҳо, гузаштҳо ва осонгириҳои фаровоне барои беморон, мусофирон ва соҳибони узр, дар анҷоми фароизи динӣ дар назар гирифта шудааст. Дар ҳадис аст, ки мефармояд: “Ҳамоно Худованд дўст дорад рухсатҳояш баҷо оварда шавад, ҳамон тавр ки намеписандад гуноҳонаш анҷом дода шавад.[6]

Худованд дар сураи Бақара, ояти 173 баъд аз эъломи ҳаром будани тановули гўшти мурдор, хун, гўшти хук ва он чӣ ки ҳангоми сар буридани он номи ғайри Худо бар сараш бурда шуда, мефармояд:

...вале касе ки (барои ҳифзи ҷони худ ба хўрдани онҳо) ночор шавад, дар сурате ки ситамгар ва мутаҷовиз набошад, бар ў гуноҳе нест, зеро Худо омурзанда ва меҳрубон аст.

Яке дигар аз ҳолатҳои зарурат, ки дар он, таклиф аз инсон бардошта мешавад, ҳолати “икроҳ” (маҷбур будан) аст. Қуръон мефармояд:

Ҳар кас пас аз имон овардани худ, ба Худо куфр варзад (азобе сахт хоҳад дошт) магар он кас, ки маҷбур шуда, вале қалбаш ба имон итминон дорад.[7]

Дар ҳадис аст, ки расули Худо фармудаанд:

Ҳамоно Худованд (таклифро) аз дўши умматам (дар ин чанд ҳолат) бардоштааст: ҳангоми хато, ҳангоми фаромўшӣ ва севвум он ҷо ки бар анҷоми чизи мамнўъшудае бо таҳти фишор қарор додан маҷбур карда шаванд.[8]
Фуқаҳо бо илҳом аз ин оятҳо ва ривоятҳо як қоидаи куллиеро ба номи қоидаи “заруратҳо чизҳои мамнўъшударо мубоҳ мегардонад” поярезӣ намуда ва бар ҳасаби он, бардошта шудани таклифи шаръӣ аз дўши ҳар мукаллаферо дар ҳолатҳои ночорӣ ва зарурат, муқаррар намудаанд.


[1] - Нақл аз Чомеус-сағир” ва “Кунузул-ҳақоиқ”.

[2] - Сураи Ҳач, ояти 78.

[3] - Сураи Моида, ояти 6.

[4] - Сураи Бақара, ояти 185.

[5] - Сураи Нисо, ояти 28.

[6] - Ривояти Аҳмад ибни Ҳанбал, нақл аз китоби “Омилҳои гушодагй ва мурунат дар шариати исломй”, Юсуф Қарзовй, с. 62.

[7] - Сураи Наҳл, ояти 106.

[8] - Мановй, шарҳи Чомеус-сағир, ҷ. 1, с. 263.

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 842 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz