Душанбе, 25.01.2021, 16:01
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Тавҳид чист?
Тавҳид чист?
18:53

Савол: Тавҳид чист?

Ҷавоб: Тавҳид дар луғат ба маънои “яке донистан ва якто шумурдан” ба кор меравад. Дар дини Ислом беш аз ҳар чиз бар тавҳид такя шуда ва муваҳҳид (тавҳидгаро) будан болотарин камоли башар дониста шуда аст. Тавҳид, яъне шинохтани зоти Ҳақ ба ягонагӣ ва ин ки ҷаҳон ва тамоми падидаҳои он, кори ў ва бархоста аз иродаи ўст ва ҳам дар ҷиҳати парастиш, фақат ва фақат Худоро парастиш кардан аст. Албатта ба гувоҳии оятҳои қуръонӣ, даъват ба тавҳид, фақат ба дини Ислом ихтисос надорад, балки ҳамаи паёмбарон мардумро ба сўи яктопарастӣ фаро мехонданд. Ҳамаи динҳои илоҳӣ (мисли яҳудият ва масеҳият), дар асл дини тавҳидӣ буданд:

 

وَمَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُونِ.

 

 “Ва мо ҳеҷ паёмбареро пеш аз ту (эй Муҳаммад!) нафиристодем, магар он ки ба ў ваҳй кардем, ки: Худое ҷуз Ман нест, пас танҳо Маро бипарастед”. (Сураи Анбиё, ояти 25).

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки тавҳид ё назарӣ аст ва ё амалӣ. Тавҳиди назарӣ он аст, ки инсон дар андешаи худ, ба яктоии Худованд ва сифатҳои ў эътиқод дошта бошад. Ба дигар сухан, тавҳиди назарӣ иборат аст аз эътиқоди қатъӣ ба яктоии Худованд дар зот, сифатҳо ва афъол.

Тавҳиди амалӣ он аст, ки инсон дар бархўрд бо Худованди Мутаол ба гунае амал кунад, ки муқтазои эътиқод ва андешаи тавҳидии ў бошад. Барои намуна, “тавҳид дар ибодат” яке аз қисмҳои тавҳиди амалӣ аст. Дар ин ҷо сухан аз эътиқоди хоссе нест, балки тавҳид дар ибодат ба ин маъно аст, ки инсон амали хоссе монанди ибодат ва парастишро бар асоси эътиқодоти тавҳидии худ ва ҳамоҳанг бо онҳо анҷом диҳад, яъне танҳо Худованди якторо бипарастад ва аз парастиши маъбудҳои дигар худдорӣ кунад.

Тавҳиди назарӣ дар навбати худ ба се навъ тақсим мешавад:

1.      Тавҳиди зотӣ, ё тавҳид дар зот;

2.      Тавҳиди сифотӣ, ё тавҳид дар сифот;

     3.   Тавҳиди афъолӣ, ё тавҳид дар афъол.
Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 823 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2021
Бесплатный хостинг uCoz