Панҷшанбе, 25.04.2024, 23:05
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Мушкили парокандагӣ
Мушкили парокандагӣ
18:34

Савол: Мо дар масоили ақоидӣ хоҳ фаҳми салафро ҳуҷҷат бидонем ва хоҳ ҳуҷҷат надонем, дар ҳар ду сурат, мушкили парокандагӣ ҳаст. Зеро агар фаҳми салафро ҳуҷҷат надониста ва фаҳми ҳар соҳибназар дар ҳар асреро мўътабар бидонем, боз ҳам мебинем, ки миёни фаҳми ин соҳибназарон низ дар масоили ақоидӣ ихтилоф ҳаст. Пас мушкил ҳанўз дар ҷои худ боқӣ аст. Роҳи ҳал чист?

Ҷавоб: Баҳси мо рўи ҳуҷҷат будан ва ё ҳуҷҷат набудан аст. Тавзеҳ он ки як вақт ҳаст, ки маншаъ ва сарчашмаи ихтилофи назар, худи инсонҳо мешаванд, ки гурезе аз он нест. Ва як вақт ҳам ҳаст, ки маншаъ ва сарчашмаи ихтилоф ва парокандагӣ, худи шореъ (Худо ва ё Паёмбар) тасаввур мешавад. Он чи мо инкор мекунем ва дуруст намедонем ва ваҳҳобиҳо муддаии онанд, маншаи ихтилоф ва парокандагӣ тасаввур шудани шореъ аст, на худи инсонҳо. Агар иддаои ваҳҳобиҳоро дуруст ангорем, чунин мешавад, ки худи шореъ, яъне Худо ва Паёмбар хостаанд, ки миёни уммат парокандагӣ сурат гирад. Зеро ҳуҷҷат донистани фаҳми салаф − бо таваҷҷўҳ ба фаҳмҳои мухталиф ва зидду нақизи онҳо ҳамон тавр, ки собит шуд − маънояш ин аст, ки Худо ва Паёмбар ба мо дастур додаанд, ки шумо дар масоили ақоидӣ, бо ҳам мухталиф бошед, на муттаҳид ва якпорча. Ин аст, ки дуруст нест ва маълум аст, ки Худо ва Паёмбар ҳаргиз чунин чизеро барои уммат намехоҳанд.

Аммо мўътабар будани назари муҷтаҳидон ва соҳибназарони ҳар аср ва замоне дар масоили ақоидӣ барои авом, ҳатто дар сурате, ки фаҳму назари мухталиф дар масоили ақоидӣ иброз намуда бошанд ҳам, ҳаргиз ба маънои пароканда қарор додани уммат намебошад. Чаро?

Тавзеҳ он ки он чи шореъ ҳуҷҷат қарор дода аст, ба иловаи ақли худододӣ (ки баҳсаш гузашт), Қуръон ва суннат (қавл, амал ва тақрири Паёмбар) мебошад ва мо дигар ҳуҷҷате надорем. Ва иҷмоъ ҳам, ки ҳуҷҷат қаламдод шуда аст, ба хотири кошифият аст, на ба худии худ.[1] Онгоҳ шореъ бар соҳибназарон ва муҷтаҳидони уммат дар ҳар аср ва замоне − чӣ салаф бошанд ва чӣ ғайри онҳо − лозим гардонида аст, ки дар фаҳми Қуръон ва суннат ниҳояти талош ва кўшиши худро ба харҷ диҳанд то ба мазмуни он даст пайдо карда ва бар дигарон онро арза намоянд. Ва аз тарафе ҳам, худи шореъ воқиф аст, ки донишмандон чи басо дар фаҳми Қуръон ва суннат, ба фаҳми мутобиқ бо воқеъ даст пайдо накунанд, бинобар ин хатои онҳоро мавриди бахшиш қарор дода аст, зеро “Муҷтаҳид агар (дар иҷтиҳод) хато кунад, барояш як аҷру савоб аст ва агар иҷтиҳодаш дуруст бошад, сазовори ду аҷр ва савоб мебошад”.

Вале аз он ҷо ки дари иҷтиҳоду талош дар фаҳми Қуръон ва суннат то қиёмат баста нашуда аст ва боз аст, бинобар ин соҳибназарон ва муҷтаҳидон агар бештар талош ва иҷтиҳод намоянд метавонанд ба як фаҳми воҳиде даст пайдо кунанд. Ва инро ҳам бояд дониста бошем, ки ҳамеша муҷтаҳид дар иҷтиҳоди худ бояд эҳтимоли хато бидиҳад.
Аммо агар иддаои ваҳҳобиҳоро дуруст бидонем, маънояш аз кор андохтани ақл ва иҷтиҳоду талош дар роҳи ба даст овардани муроди шореъ ва баста будани дари он аст, ки гуфтем қобили қабул нест. Зеро дар ин сурат, дигар дастрасӣ ба як фаҳми воҳид ва мутобиқ бо воқеъ муяссар нахоҳад буд. Диққат шавад!


[1]−Иҷмоъ ба маънои иттифоқи назар аст. Агар ҷамъе бар сари як масъала иттифоқи назар дошта бошанд, дар истилоҳ мегўянд, ки онҳо бар ин масъала иҷмоъ доранд. Ва дар Ислом иҷмои донишмандони исломӣ − хусусан салаф − ҳуҷҷат дониста шуда аст. Баъзеҳо бар онанд, ки иҷмоъ ба худии худ ҳуҷҷат аст. Яъне шореъ иҷмои умматро дар арзи Қуръон ва суннат, ҳуҷҷат қарор дода аст. Масалан ба ин далел, ки “Уммати ман бар гумроҳӣ ҷамъ нахоҳанд шуд”. Аммо баъзеи дигар иҷмоъро ба худии худ ҳуҷҷат намедонанд, балки дар баёни иллати ин ки чаро иҷмоъ ҳуҷҷат аст, бар онанд, ки аз он ҷо ки уламои уммат беҷиҳат бар сари масъалае иҷмоъ намекунанд, балки ҳатман далеле доштаанд, ки бо такя бар он, иҷмоъ намудаанд, ба ҳамин хотир иҷмои онҳо кошиф (кашфкунанда) аз далеле аст, ки ба дасти мо нарасида. Ин аст маънои кошифияти иҷмоъ.

Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 581 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz