Сешанбе, 16.04.2024, 17:49
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Манзури Имом Таҳовӣ
Манзури Имом Таҳовӣ
18:27

Савол: Агар пайравӣ ва тақлид дар ақоид ва усули дин ҷоиз набуда ва вазифаи ҳар мусулмоне бо таҳқиқ пазируфтани он бошад, пас чаро дар ақоид баъзеҳоро ашъаримазҳаб, баъзеҳоро аҳли ҳадис, баъзеҳоро мотуридимазҳаб, баъзеҳоро мўътазилимазҳаб ва баъзеҳоро шиа муаррифӣ мекунанд? Масалан Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) дар оғози китоби худ (Ақидаи Таҳовия) дар бораи ақидае, ки арза мекунад гуфта аст: “Ин аст ёдоварии баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат бар асоси мазҳаби фақеҳони миллат: Абўҳанифа Нўъмон ибни Собити Куфӣ, Абўюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ ва Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (Худо аз ҳамаашон розӣ гардад!) ва усули дине, ки ба он мўътақид буда ва ба он парвардигори ҷаҳониёнро мегараванд”? Гўё Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гуфтанӣ аст, ки ҳар ки худро пайрави мазҳаби ҳанафӣ донад, бояд чунин ақоиде дошта бошад. Посухи шумо дар ин бора чист?

Ҷавоб: Агар манзури Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) ин бошад, ки чун Имом Абўҳанифа (Раҳматуллоҳи алайҳи) ва дигар бузургони мазҳаби ҳанафӣ бар ин ақида ва бовар мебошанд, аз он ҷо ки мо дар фиқҳ пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошем, пас лозим аст дар ақида низ бар ин ақоид бошем ва чашмбаста онҳоро бипазирем бидуни ин ки дар мазмун ва муҳтавои онҳо биандешем, (агар манзури ў чунин бошад), ин аслан дуруст нест. Ва ҳатман Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) ҳам чунин гуфтанӣ нест. Чаро?

Тавзеҳ он ки вақте Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ақоиди исломиро бар мардум арза намуд, нафармуд, ки эй мардум! Биёед ва ин ақоидро бипазиред. Аслан чунин накард, балки далел, ҳуҷҷат ва бурҳон барояшон овард ва барояшон собит намуд, ки ақоиде, ки оварда аст ҳақ мебошад. Онгоҳ касоне, ки замири пок ва беолоиш доштанд бутпарастиро раҳо карда ва ба ақоиди исломӣ гаравиданд, вале касоне, ки пайрави ҳавои нафси худ буданд, таассубашон нагузошт, ки ақоиди исломиро пайравӣ намоянд. Ва нагаравиданашон ба Ислом ба хотири ин набуд, ки далел ва ҳуҷҷатҳои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ононро қонеъ насохт, балки ин таассуб ва тақлидкорӣ аз ақоиди падару бобоёнашон буд, ки монеъ гардид пайрави ҳақ шаванд ва ошкоро мегуфтанд, ки эй Муҳаммад! Падару бобоёнамон ақоиде доштанд ва мо худро вазифадор мебинем, ки аз эшон пайравӣ намоем. Онгоҳ Худо чунин бархўрди онҳоро сахт сарзаниш карда ва мазамматашон менамояд ва мегўяд, ки агар дину ақоиди падаронатон ботил бошад ва онҳо дар гароиш ба он оин, ақли худ ба кор нагирифта ва далелу ҳуҷҷат ҳам дар ҳаққонияти он надошта бошанд, боз ҳам шумо пайрави онҳо хоҳед буд?

 

وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّبِعُوا مَا أَنزَلَ اللّهُ قَالُواْ بَلْ نَتَّبِعُ مَا أَلْفَيْنَا عَلَيْهِ آبَاءنَا أَوَلَوْ كَانَ آبَاؤُهُمْ لاَ يَعْقِلُونَ شَيْئاً وَلاَ يَهْتَدُونَ.

 

“Ва онгоҳ ки ба онҳо гуфта шуд, ки аз он чи Худо нозил карда аст пайравӣ кунед, гуфтанд: “Аз он (ақидае) ки падарони худро бар он ёфтаем пайравӣ мекунем”. (Онгоҳ Худо мефармояд:) “Оё (боз ҳам аз падарони худ пайравӣ мекунанд) гарчӣ падаронашон чизе бо ақли худ намефаҳмиданд ва роҳ ёфта набуданд?” (Сураи Бақара, ояти 170).
Бинобар ин агар мо мўътақид бошем, ки чун дар фиқҳ пайрави мазҳаби ҳанафӣ (ва ё ҳар мазҳаби дигаре) ҳастем, пас бояд дар ақида низ пайрави ақоиди соҳиби ҳамон мазҳаб бошем, ба ин маъно хоҳад буд, ки мо чӣ қонеъ ба он ақоид бошем ва чӣ набошем, маҷбурем онро бипазирем. Ин худ як навъ тақлид хоҳад буд. Зеро масалан агар соҳиби мазҳаб дар масъалае аз масоили ақоидӣ раъйе дорад ва ба он қаноат ҳосил карда аст ва мо биёем раъйи ўро мавриди таҳқиқу баррасии худ қарор бидиҳем (чун Ислом ба мо дастур дода аст, ки дар усули дин таҳқиқ намоем), агар далели соҳиби мазҳаб моро ҳам қонеъ созад, дар ин сурат ҳеҷ ишколе надорад, ки дар ин масъала раъйи ўро бипазирем (ва аслан инро тақлид намегўянд). Аммо агар далели ў моро қонеъ насозад, дар ин сурат оё пайравӣ аз раъйи ў дар ин масъалаи эътиқодӣ − бо ин ки худ ба он қонеъ нестем − як навъ тақлиди кўр−кўрона шумурда намешавад? Таваҷҷўҳ дошта бошед, ки баҳси мо дар мавриди масоили эътиқодӣ аст, на масоили фиқҳӣ, зеро дар масоили фиқҳӣ тақлид ҷоиз аст.
Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 575 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz