Панҷшанбе, 25.04.2024, 12:36
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Пешвоёни ваҳдат
Пешвоёни ваҳдат
05:02
                 Шайх Алӣ Ҷумъа (Муфтии Миср)
Якум: Ислом ҳамчун даъвати раббонӣ, дар зоти худ бузургтар аз фаҳми донишмандон аст аз замони саҳоба то ба имрўз. Худованди Таборак ва Таоло мефармояд:

ذَلِكَ الْكِتَابُ لاَ رَيْبَ فِيهِ هُدًى لِّلْمُتَّقِينَ

Ин китоб, ки ҳеҷ тардиде дар он нест, ҳидоят барои тақвопешагон аст.[1]

Дар ҷои дигаре мефармояд:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا كَافَّةً لِّلنَّاسِ بَشِيرًا وَنَذِيرًا

Мо туро нафиристодем магар муждадиҳанда ва бимдиҳанда барои ҳамаи мардум.[2]

Низ мефармояд:

تَنزِيلُ الْكِتَابِ لَا رَيْبَ فِيهِ مِن رَّبِّ الْعَالَمِينَ

Фуруд омадани китоб бидуни шак аз сўи Парвардигори Ҷаҳониён аст.[3]

Агар чунин аст, ки Ислом қаламрави густардатаре аз ақл ва дарки муҷтаҳидон дорад, пас шоистагии онро низ дорад, ки ҳамаи замонҳо, ҳамаи маконҳо ва ҳамаи ҷаҳониёнро ҳидоят намояд. Бинобар ин уммати Ислом ҳамаи инсонҳоро дар ҳамаи ҳолот шомил мешавад. Онон ки рисолати Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро бовар доранд, уммати “иҷобат” ва онон ки ўро бовар надоранд, уммати “даъват” ба шумор мераванд. Бисёре аз донишмандон низ бар ин назар ҳастанд. Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар “Шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ” (ҷ.11. саҳ.411) мегўяд: “Уммати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) се дастаанд: аввал: пайравон, дуюм: иҷобаткунандагон, сеюм: даъватшудагон. Пайравон, аҳли амали солеҳанд, иҷобаткунандагон, ҳамаи мусулмононанд ва даъватшудагон, ҳамаи инсонҳоянд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) барои ҳидояти онон барангехта шудааст”.

Ҳамаи мусулмонон дар шарқу ғарби олам, дар гузашта ва ҳол бар ин нукта иттифоқи назар доранд, ки сухани муҷтаҳидоне, ки шароити иҷтиҳоди дар илми усули фиқҳ баёншударо таҳсил кардаанд ва дар зумраи аҳли зикр ба шумор рафтаанд, шоистаи пайравист. Зеро Худованди Субҳон мефармояд:

فَاسْأَلُواْ أَهْلَ الذِّكْرِ إِن كُنتُمْ لاَ تَعْلَمُونَ

Пас бипурсед аз аҳли зикр агар намедонед.[4]

Ҳамин донишмандон калимаи “улул‒амр”‒ро дар оятҳои шарифаи зерин бар муҷтаҳидон татбиқ кардаанд:

وَلَوْ رَدُّوهُ إِلَى الرَّسُولِ وَإِلَى أُوْلِي الأَمْرِ مِنْهُمْ لَعَلِمَهُ الَّذِينَ يَسْتَنبِطُونَهُ مِنْهُمْ

Агар онро ба Паёмбар ва улул‒амри худ ирҷоъ кунанд, қатъан аз миёни онон касоне ҳастанд, ки онро дармеёбанд...[5]

Бархе аз саҳоба ба дараҷаи иҷтиҳод расида буданд ва мазҳаби онҳо дар китобҳои фиқҳии мўътабар мисли “Муғнӣ”‒и Ибни Қудома, “Маҷмўъ”‒и Имом Нававӣ ва “Муҳалло”‒и Ибни Ҳазм ва ба таври мустанад дар китобҳое мисли “Мусаннаф”‒и Абдурраззоқ, “Мусаннаф”‒и Ибни Абўшайба ва соири маҷмўаҳои ҳадисӣ нақл шуда ва ба дасти мо расидааст. Пас аз саҳоба навбат ба тобеин ва тобеони онҳо расида то қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ. Дар ин даврон муҷтаҳидоне бархостаанд, ки мо онҳоро то ҳудуди навад тан ба шумор овардаем. Аз он ҷо ки инон ҳама аҳли илм, заковат, ҳуш ва тақво будаанд, мазоҳиб, оро ва назароти истидлолияшон пайравоне доштааст.

Аз ин таърих ба баъд танҳо мазоҳиби ҳаштгона ривоҷ ёфта ва ба тавотур ба мо расидааст ва донишмандон ба тасҳеҳи истидлолоти онҳо ба ҳадиси шарифи набавӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва осори ворид аз ишон аз манобеи он пардохтаанд. Мабоҳиси зикршуда дар китобҳои ин мазоҳибро аз ҷиҳати далолати алфоз ва ҷанбаҳои луғавӣ ва фиқҳӣ мавриди диққати илмӣ қарор дода ба таҳлили мухтасароти судманд, назм ва талхиси шуруҳ, тафреи усул, илҳоқи матолиб, истинботи қавоид ва завобит, истихроҷ ва китобати усул ва соири хадамоти илмӣ иқдом кардаанд ва сабаб шудаанд то ин мазоҳиб бештар ривоҷ ёбанд ва пайравони онҳо, кам ё зиёд, дар билоди мусулмонон боқӣ бимонанд. Ин мазоҳиби ҳаштгона иборатанд аз: мазҳаби моликӣ, ҳанафӣ, ҳанбалӣ, шофеӣ (ки ба ин чаҳор мазҳаб, мазоҳиби аҳли суннат мегўянд), мазҳаби ҷаъфарӣ, зайдӣ, ибозӣ ва зоҳирӣ (ки ба инҳо мазоҳиби ғайри суннӣ мегўянд).

Бо нигоҳе ба фиқҳ ва усули ин мазоҳиб дармеёбем, ки ихтилоф байни онҳо танҳо дар доираи “занниёт” аст, на “қатъиёт”, ки мункири қатъиёт дар ҳақиқат мункири Ислом ва кофир аст. Худоро бар ин амр сипосгузорем. Бинобар ин ҳар кас ҳар як аз ин мазоҳибро пайравӣ кунад ва дар зиндагии худ аҳкоми онҳоро ба кор бандад, мусулмон аст ва исломаш дуруст мебошад. Ин назар бо фармони Худованди Мутаол ва Паёмбараш (Саллаллоҳу алаёҳи ва олиҳи), ки моро ба чанг задан ба ресмони илоҳӣ даъват карда ва хоҳони ташкили уммати воҳида ва парҳез аз ихтилоф будаанд, ҳамсўӣ дорад. Худованди Мутаол мефармояд:

وَاعْتَصِمُواْ بِحَبْلِ اللّهِ جَمِيعًا وَلاَ تَفَرَّقُواْ وَاذْكُرُواْ نِعْمَةَ اللّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنتُمْ أَعْدَاء فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُم بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا وَكُنتُمْ عَلَىَ شَفَا حُفْرَةٍ مِّنَ النَّارِ فَأَنقَذَكُم مِّنْهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ.

Ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда нашавед ва неъмати Худоро бар худ ёд кунед он гоҳ ки душманон (‒и якдигар) будед, пас миёни дилҳои шумо улфат андохт то ба лутфи Ӯ бародарони ҳам шудед. Шумо бар канори партгоҳи оташ будед, ки шуморо аз он раҳонид. Ин гуна Худованд нишонаҳои худро барои шумо равшан мекунад, шояд ки шумо роҳ ёбед.[6]

وَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ لَوْ أَنفَقْتَ مَا فِي الأَرْضِ جَمِيعاً مَّا أَلَّفَتْ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ وَلَكِنَّ اللّهَ أَلَّفَ بَيْنَهُمْ إِنَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ.

Миёни дилҳояшон улфат андохт, ки ту агар он чи дар рўи замин аст ҳамаро харҷ мекардӣ, наметавонистӣ миёни дилҳояшон улфат барқарор кунӣ. Вале Худо буд, ки миёни онон улфат андохт, чаро ки Ӯ тавонои ҳаким аст.[7]

إِنَّ هَذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاعْبُدُونِ.

Дар ҳақиқат ин, уммати шумо аст, ки уммате ягона аст ва Ман Парвардигори шумоям, пас Маро бипарастед.[8]

وَإِنَّ هَذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاتَّقُونِ.

Дар ҳақиқат ин, уммати шумо аст, ки уммате ягона аст ва Ман Парвардигори шумоям, пас аз Ман парво доред.[9]

وَلاَ تَكُونُواْ كَالَّذِينَ تَفَرَّقُواْ وَاخْتَلَفُواْ مِن بَعْدِ مَا جَاءهُمُ الْبَيِّنَاتُ وَأُوْلَئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ.

Монанди касоне набошед, ки пас аз он ки далелҳои ошкор бар эшон омад, пароканда шуданд ва бо ҳам ихтилоф пайдо карданд ва барои онон азоби сахтест.[10]

أَنْ أَقِيمُوا الدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُوا فِيهِ.

Динро барпо доред ва дар он пароканда ва мутафарриқ машавед.[11]

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ‒ ҳамчунон ки Абўдовуд ва дигарон ривоят кардаанд ‒ фармудааст: “Ихтилоф надошта бошед, ки дилҳоятон пароканда мешавад”.[12]

Низ он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо ин ки асҳоб дар вақти намози аср дар Бани Қурайза ихтилоф карданд, бардошти онҳоро мавриди таъйид қарор дод. Бухорӣ дар Саҳеҳи худ аз Ибни Умар ривоят кардааст, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳангоме ки аз ҷанги Аҳзоб баргашт, фармуд: “Касе намози асрро баҷо наоварад, магар дар маҳаллаи Бани Қурайза”. Бархе аз асҳоб намозро дар роҳ хонданд (чун вақти намоз шуда буд) ва бархе дигар гуфтанд: “Намоз намехонем то замоне ки ба маҳаллаи Бани Қурайза бирасем”. Вақте мавзўъ ба арзи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) расид, ҳеҷ якро сарзаниш нафармуд”.[13] 
Дуюм: Мусулмон касест, ки шаҳодатайн бар забон ҷорӣ созад ва ҷону молашро маҳфуз бидорад. Ҳамаи ҳақпарастон ўро мусулмони мушкал меноманд, зеро берун рондани чунин касе аз доираи мусулмонӣ мушкил аст, магар ин ки аз рўи огоҳӣ, қасд ва ихтиёр коре анҷом диҳад, ки мўҷиби куфри ў бошад. Масалан: бигўяд ман мусулмон нестам, ё вуҷуди Худо ё ҳаққонияти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ё Қуръони Каримро инкор кунад ва бигўяд Қуръон аз ҷониби Худо нозил нашудааст. Ё ин ки бар бут саҷда кунад, ё зино бо маҳрамро ҳалол бишуморад ва амсоли ин умур ва маъсиятҳое, ки ҳеҷ мусулмони аҳли қиблае бар забон ҷорӣ намекунад... [14]


[1] ‒ Сураи Бақара, ояти 2.

[2] ‒ Сураи Сабаъ, ояти 28.

[3]‒ Сураи Саҷда, ояти 2.

[4]‒ Сураи Наҳл, ояти 43.

[5]‒ Сураи Нисо, ояти 83.

[6]‒ Сураи Оли Имрон, ояти 103.

[7]‒ Сураи Анфол, ояти 63.

[8]‒ Сураи Анбиё, ояти 92.

[9]‒ Сураи Мўъминин, ояти 52.

[10]‒ Сураи Оли Имрон, ояти 105.

[11] ‒ Сураи Шўро, ояти 13.

[12]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Сунани Абўдовуд, ҷ.2, саҳ.307; Сунани Насоӣ, ҷ.3, саҳ.298; Сунани Ибни Моҷа, ҷ.3, саҳ.243; Муснади Аҳмад, ҷ.37, 471). Мурод аз ихтилоф дар ин ривоят ва низ дар ояти 105 сураи Оли Имрон, ихтилофи манфӣ ва ба маънои ҷанҷолу низоъ аст, на ихтилоф ба маънои дигарандешӣ ва ихтилофи назар ва дидгоҳ, ки аз он наҳй нашудааст ва ихтилофест мусбат.

[13] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.13, саҳ.499).

[14]‒ Манбаъ: http://taghrib.ir/persian/?pgid=7&scid=15&dcid=37534Ба ҷиҳати риояти ихтисор тамоми суханони Шайх Алӣ Ҷумъаро наовардем, барои қироати кулли суханони Шайх, ба манбаи мазкур муроҷиа гардад.

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 827 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz