Сешанбе, 23.04.2024, 14:03
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Роҳҳои исботи вуҷуди Худо - Роҳи ҳис ва илм (2)
Роҳҳои исботи вуҷуди Худо - Роҳи ҳис ва илм (2)
04:22

Ҳидоят ва роҳёбӣ

Далели дигаре, ки дар ин замина ҳаст, далели ҳидоят ва роҳёбист. Ин далел бо далели пешин (ташкилот ва низомот) фарқ мекунад. Далели ташкилот ва низомот марбут ба сохтмони мавҷудот буд.
Яъне вазъи сохтмони мавҷудот ҳикоят мекард, ки созандаи онҳо, ё худ оқил,бошуур ва мудаббир будааст, ё таҳти тадбир ва тасхири як ирода будааст. Масъалаи ҳидоят ва роҳёбӣ аз ин муҳимтар аст, марбут ба кори мавҷудот аст, яъне мавҷудот пас аз сохта шудан, коре, ки мекунанд аҷиб аст. Ин кор нишон медиҳад, ки як чизи мармузи дигаре, як нуре, як ҷозибае – ҳар чи мехоҳем исмашро бигузорем – вуҷуд дорад, ки дар ин кор онҳоро ҳидоят ва раҳбарӣ мекунад. Ин як матлабест, ки Қуръони Карим рўи он ҷудогона такя кардааст ва инро мо ҷуз дар Қуръон дар ҷои дигаре суроғ надорем, ки миёни “ташкилот ва низомот” ва “роҳёбӣ” ҷудо карда бошад, яъне ба унвони ду далел зикр карда бошад. Дар чанд оят аз оятҳои Қуръон ҳаст, ки ин ду (далел) паҳлўи якдигар, ба унвони ду амри ҷудогона қарор гирифтаанд. Яке, он оятест, ки аз забони ҳазрати Мўсо (Алайҳис салом) омадааст, ки вақте Фиръавн аз ў савол кард:

 

قَالَ فَمَن رَّبُّكُمَا يَا مُوسَى؟

 

Кист парвардигори шумо, эй Мўсо!

Мўсо (Алайҳис салом) ҷавоб дод:

 

قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ...

 

 “Парвардигори мо он касест, ки ҳар чизеро он чунон ки шоиста аст халқ кардааст”.  Яъне дар офариниш он чиро, ки эҳтиёҷ дошта, ба ў додааст. Ин ҳамон далели ташкилот ва низомотро баён мекунад, яъне назми сохтмонияшро баён менамояд. Сипас дар идома мефармояд:

 

... ثُمَّ هَدَى.

 

 “...сипас ўро дар роҳе, ки бояд биравад, роҳнамоӣ кардааст”.[1] Дар сураи “Аъло”, оятҳои 1 то 3 ҳам ба ин иборат мехонем:

 

سَبِّحِ اسْمَ رَبِّكَ الْأَعْلَى. الَّذِي خَلَقَ فَسَوَّى. وَالَّذِي قَدَّرَ فَهَدَى.

 

“Тасбеҳ кун номи парвардигори воломақоматро, он зоте, ки офарид ва сомон дод ва он ки андозагирӣ намуд ва сипас роҳнамоӣ кард”.

Аз забони Иброҳим (Алайҳис салом) нақл мекунад:

 

الَّذِي خَلَقَنِي فَهُوَ يَهْدِينِ.

 

“Худои ман он аст, ки маро офаридааст ва маро роҳнамоӣ мекунад”.[2]

Ин ҳидоят ва роҳнамоӣ дар ҷамодот ҳаст, дар наботот ҳаст, дар ҳайвонот ҳаст ва ҳам дар инсон ҳаст. Роҷеъ ба ҳидоятҳои мармузе, ки дар ҳайвонот аст китобҳо навиштаанд. Яке аз аҷоиби олам он чизҳоест, ки дар ҳайвонот вуҷуд дорад ва исми онҳоро “ғариза” мегўянд,  (яъне) роҳҳое, ки ҳайвон дорад ва бо ҳеҷ асле қобили тавҷеҳ нест. Махсусан дар ҳашарот ғаризаҳои бисёр ҳайратоваре вуҷуд дорад, дар занбўри асал, мўрча, анкабут, мўриёна... Қуръони Карим мефармояд:

 

وَأَوْحَى رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ. ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلاً يَخْرُجُ مِن بُطُونِهَا شَرَابٌ مُّخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاء لِلنَّاسِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَةً لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ.

 

“Ва парвардигори ту ба занбўри асал ваҳй (илҳоми ғаризӣ) кард, ки аз кўҳҳо ва дарахтон ва аз он чи бармеафрозанд, (барои худ) хонае бисоз. Сипас аз ҳамаи меваҳо бихўр ва роҳи парвардигоратро фармонбардорона бипаймо. Он гоҳ аз даруни шикамаш шаҳде, ки ба рангҳои гуногун аст, берун меояд. Дар он барои мардум дармонест. Ростӣ дар ин (зиндагии занбўрҳо) барои мардуме, ки тафаккур мекунанд, нишонаи (қудрати илоҳӣ) аст”.[3]

 Роҷеъ ба кори занбўри асал имрўз фарзияҳое, ки таъйид нашудааст, балки рад шудааст вуҷуд дорад. Баъзе эҳтимол додаанд, ки занбўри асал кори худашро − ки медонад чигуна анҷом бидиҳад − шояд аз роҳи таълиму омўзиш анҷом медиҳад, вале мо ҳанўз кашф накардаем, яъне занбўри асалҳои чандин ҳазор сол пеш аз рўи таҷриба кори худашонро ёд гирифтаанд ва як навъ фаҳмонидану фаҳмидан миёни онҳо ва наслҳои ояндаашон ҳаст, ки мо намедонем, баъд ба инҳо таълим мекунанд ва ёд медиҳанд.

Ин фарзия дар заминаи вуҷуди ғаризаҳо дар навъҳое аз ҳайвонот, ки насли гузашта ва насли оянда якдигарро намебинанд рад шудааст. Хеле аз ҳайвонот ҳастанд, ки ҳамзамон ё қабл аз пайдоиши насли оянда, насли гузашта аз миён меравад, вале бо вуҷуди ин ҳам, насли оянда ҳамон корро бо ҳамон назм ва диққат анҷом медиҳад, ки насли гузашта анҷом медод. Ҳашараеро ном мебаранд ба номи “Амофил”, ки мегўянд аз занбўр кучактар ва аз магас бузургтар аст. Дар китоби “Рози офариниши инсон” перомуни ин ҳашараи аҷиб ба ин мазмун омадааст, ки ҳар вақт мавқеи тухмгузории ин ҳайвон бирасад, як кирме ҳаст, ки ин ҳашара дунболи он меравад ва пайдо мекунад ва рўи пушт ва мўҳраи камари он кирм менишинад. Баъд неши худро мисли як сўзани пизишкӣ дар як нуқтаи муайяне аз пушти ў мезанад, аммо на ба он андоза, ки кирм бимирад, балки он андоза, ки беҳис шавад. Зеро агар бимирад мегандад ва фосид мешавад. Баъд ҳамон ҷо тухмгузорӣ мекунад. Баъд аз тухмгузорӣ ҳам билофосила ин ҳашара худ мемирад. Сипас тухмҳои ў ба вуҷуд меоянд ва аз бадани ҳамин кирм ғизо мехўранд то вақте ки бузург мешаванд, пар пайдо мекунанд ва ба зиндагии хеш идома медиҳанд. Баъд ҳар як аз онҳо мавқеи тухмгузорияш, ки мерасад, айнан ҳамон кори модарро такрор мекунанд, яъне мераванд ҳамон кирмро пайдо мекунанд ва дар ҳамон нуқтаи ҳассоси дақиқ неш мезананд ва ҳамон ҷо тухмгузорӣ мекунанд ва худ мемиранд... Оё дар мавриди ин навъ ҳайвонҳо ҳам метавон гуфт, ки наслҳои оянда кори хешро аз наслҳои гузашта омўхтааст ва ҳол он ки аслан насли баъдӣ насли қаблиро дарк намекунад?

Ин корҳо бо ёд додани насли гузашта аслан қобили тавҷеҳ нест, ҷуз ин ки бигўем як нақшае, як тарҳе, як роҳнамоие дар кор аст. Чун ҳеҷ кас қабул накарда, ки сохтмони мағзӣ ва асабии ҳеҷ ҳайвоне барои як чунин чизҳое кофист, вагарна такомулёфтатарин мағзҳо мағзи инсон аст ва бояд мағзи инсон ҳам чизеро, ки ба он ёд надиҳанд, ёд бигирад. Мағз фақат омодагӣ дорад барои ин ки агар чизе ба он таълим кунанд, ёд бигирад. Аммо агар таълим накунанд, худ ба худ чизе ёд нахоҳад гирифт.

 

                  Ҳидоятҳо ва илҳомоти ахлоқӣ дар инсон

Дар инсон ҳам навъҳое аз ҳидоятҳо вуҷуд дорад, ки мо онҳоро тибқи он чи ки Қуръони Карим фармудааст баён мекунем. Яке аз ҳидоятҳое, ки Қуръони Карим ном мебарад, ҳидоятҳо ва илҳомоти ахлоқист. Медонем, ки ахлоқ, ҳам ба фард марбут аст ва ҳам ба ҷомеа. Ахлоқ яъне беҳтарин навъи коре, ки инсон бояд дар муқобили афроди дигари ҷомеа анҷом диҳад ва манфиати ҷомеа дар он аст ва агар ғайр аз он бошад, ҷомеа роҳи камолро тай намекунад.

Дар инсон фитратан, мустақил аз ҳар таълиму тарбияте, як силсила дастурҳои ахлоқӣ вуҷуд дорад, ки инсон мегўяд: “Хуб аст инсон ин гуна амал кунад”, “Бад аст он гуна амал кунад”, “Бояд чунин буд”, “Бояд чунон буд”... яъне ҳамонҳое, ки мо исмашро “инсоният” мегузорем. Дар Қуръон омадааст:

 

هَلْ جَزَاء الْإِحْسَانِ إِلَّا الْإِحْسَانُ.

 

 “Оё подоши некӣ ҷуз некист?”[4] Қуръон ба сурати савол мегўяд, ки оё подоши некӣ кардан ҷуз некӣ кардан чизи дигаре нест? Яъне ҳар касе ба фитрати худаш мефаҳмад подоши некӣ некист.

Фарз кунед дар як мусофирате, дар як биёбоне, дар як ҷое гирифтор шудед, гирифтории шадиде пайдо кардед. Як касе иттифоқан он ҷо пайдо шуд ва чун дид шумо ин гирифториҳоро доред, омад ва инсоният кард ва ба шумо кўмак кард (Фарз кунед мошинатон хароб шуда буд, кўмак кард ва мошини шуморо дуруст кард ва ё пули шуморо дузд зада буд, он ҷо ба шумо пул дод). Ва шуморо ҳам аслан намешинохт, дар як кишвари ғарибе ин кўмакҳоро кард ва рафт. Чаро ба шумо кўмак кард? Эҳтимоли ин ҳам, ки шумо як бори дигар ўро бубинед, он ҳам дар кишвари худатон, дар сад эҳтимол яке бештар нест, ки намешавад гуфт ў ба ин хотир ин корро карда, ки як рўзе биёяд аз шумо подош бигирад. Сад дар сад яқин доред, ки ў фақат ба хотири ин ки ба шумо некӣ кунад, ин корро кардааст. Тасодуфан шумо ин одамро панҷ соли дигар дар кишвари худатон дидед. Иттифоқан ин одам ҳам дар як ҷое як гирифторие пайдо карда, шумо ҳам хабардор шудед, ки як гирифториҳое дорад. Оё виҷдони шумо дар ин ҷо қазовате дорад ё надорад? Бешак як чунин қазовате дорад, ки ин одам дар як чунон шароите ба ман некӣ кардааст ва ҳамакнун ў дар шароите қарор гирифтааст, ки ман дар он шароит будам ва ман ҳоло дар шароите ҳастам, ки ў дар ин шароит буд, яъне имконот дорам, пас бояд ба ў некӣ кунам. Инро мегўем қазовати виҷдонӣ, яъне мегўем виҷдони башар ҳукм мекунад, далели дигаре надорад ғайр аз ин ки виҷдон ҳукм мекунад.

Мумкин аст касе инкор кунад, вале шумо бубинед оё мешавад инкор кард? Ҳар чизе, ки далелаш фақат ин аст, ки мегўем виҷдони башар ҳукм мекунад, инсоният ин гуна ҳукм мекунад, маънояш ин аст, ки дар вуҷуди ман як чунин қазовате вуҷуд дорад. Бубинед Қуръон чӣ қадр зебо баён мекунад:

 

وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا. فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا.

 
Савганд ба нафс ва он ки онро сомон дод. Он гоҳ нофармонӣ ва парҳезгорияшро дар он илҳом кард.”[5] Яъне андохт ба дарунаш кори зишташро ва кори покияшро. Яъне нафси башар, ки халқ шудааст, ин илҳом ҳам ба ў дода шуда, ки зиштро худаш мефаҳмад, покӣ ва тақворо ҳам мефаҳмад. Ин дигар далел намехоҳад, таҷриба намехоҳад ва муаллим ҳам намехоҳад, бидуни муаллим ва таҷриба онро мефаҳмад. Ин, илҳомоти ахлоқист.


[1]−Сураи Тоҳо, ояти 50.

[2]−Сураи Шуаро, ояти 78.

[3]−Сураи Наҳл, ояти 68 ва 69.

[4]−Сураи Раҳмон, ояти 60.

[5]Сураи Шамс, ояти 7 ва 8.

Бахш: Худошиносӣ | Просмотров: 1115 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz