Душанбе, 26.10.2020, 10:44
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Роҳҳои исботи вуҷуди Худо - Роҳи ҳис ва илм (1)
Роҳҳои исботи вуҷуди Худо - Роҳи ҳис ва илм (1)
04:16

Ин роҳ низ дар навбати худ ба ду роҳ тақсим мешавад:

1. Аз тариқи ташкилот ва низомоте, ки дар сохтмони ҷаҳон ба кор рафтааст;

2.  Аз тариқи ҳидоят ва роҳнамоии мармузе, ки мавҷудот дар масири хеш роҳанмоӣ мешаванд;

 

Ташкилот ва низомот

Мутолеаи аҳволи мавҷудот нишон медиҳад, ки сохтмони ҷаҳон ва сохтмони яко яки мавҷудоташ, ки аҷзои онро ташкил медиҳад, “ҳисобшуда” аст. Ҳар чизе “ҷое” дорад ва барои он ҷо қарор дода шудааст ва ҳадафе аз ин қарор доданҳо дар кор будааст.

Ҷаҳон дуруст монанди китобест, ки аз тарафи муаллифи огоҳе таълиф шудааст. Ҳар ҷумла, сатр ва фасле дарбардорандаи як силсила маъноҳо, матолиб ва манзурҳоест. Назме, ки дар калимаҳо, ҷумлаҳо ва сатрҳо ба кор бурда шудааст, аз рўи диққати хоссест ва ҳадаферо нишон медиҳад.

Ҳар кас то ҳудуде метавонад хутут ва сутури китоби хилқатро бихонад ва як силсила маъноҳое аз онҳо дарк кунад ва қасд ва фикри муаллифи онро дарёбад. Ҳар касе метавонад низомоти ҳакимона ва осор ва нишонаҳои ба кор рафтани тадбир ва иродаро дар кори хилқат равшан истинбот кунад, ҳарчанд дарснахонда ва бесавод бошад. Вале албатта агар касе бо улуми табиӣ ошноӣ дошта бошад, ба таносуби маърифаташ ба ин умур, низомот ва осор ва нишонаҳои вуҷуд ва ҳикмат ва тадбирро дар кори хилқат бештар идрок мекунад.

Қуръони Карим бо исрор ва пофишории беназире афроди башарро ба мутолеа дар олами хилқат ва сохтмони мавҷудот ба манзури шинохтани Худованд меронад. Назар ба ин ки тафсили ҳамаи оятҳо ва ривоятҳои воридшуда дар ин замина аз ҳудуди ин китоб хориҷ аст, танҳо бо овардани чанд оят иктифо мекунем:

 

 1. إِنَّ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَاخْتِلاَفِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَالْفُلْكِ الَّتِي تَجْرِي فِي الْبَحْرِ بِمَا يَنفَعُ النَّاسَ وَمَا أَنزَلَ اللّهُ مِنَ السَّمَاء مِن مَّاء فَأَحْيَا بِهِ الأرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٍ وَتَصْرِيفِ الرِّيَاحِ وَالسَّحَابِ الْمُسَخِّرِ بَيْنَ السَّمَاء وَالأَرْضِ لآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ.

 

Ҳамоно дар офариниши осмонҳо ва замин, аз паи ҳам омадани шабу рўз, киштиҳое, ки барои фоидаи башар дарёҳоро тай мекунанд, обе, ки Худо аз боло фуруд меоварад ва ба василаи он замини мурдаро аз нав ҷон медиҳад ва анвои ҷондорҳоро дар рўи замин мепароканад, чархиши бодҳо ва абр, ки миёни замин ва осмон ба кор гумошта шудааст (дар ҳамаи инҳо)  нишонаҳое бар вуҷуди Худованд барои мардуме, ки тааққул ва тафаккур мекунанд, вуҷуд дорад”.[1]

 

2. قُلِ انظُرُواْ مَاذَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ.

 

Бигў ба мардум: (Диққат ва мутолеа кунед), бубинед дар осмонҳо ва замин чӣ чизҳое ҳаст”.[2]

 

3. أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى الْإِبِلِ كَيْفَ خُلِقَتْ. وَإِلَى السَّمَاء كَيْفَ رُفِعَتْ. وَإِلَى الْجِبَالِ كَيْفَ نُصِبَتْ. وَإِلَى الْأَرْضِ كَيْفَ سُطِحَتْ.

 

Пас оё ба шутур наменигаранд, ки чигуна  офарида шуда ва ба осмон, ки чигуна барафрошта шуда ва ба кўҳҳо, ки чигуна ниҳода шуда ва устувор гашта ва ба замин, ки чигуна густаронида шуда?[3]

Акнун мехоҳем бубинем, ки чигуна аст, ки ташкилот ва низомоти сохтмони мавҷудот бар вуҷуди Худованди доно ва ҳаким[4]далолат мекунад.

Ҷавоби ин пурсиш равшан аст. Ҳамон тавре ки асли пайдоиши як асар, бар вуҷуди нерўи муассир (соҳиби асар) далолат мекунад, сифатҳо ва хусусиятҳои он асар низ метавонад то ҳудуди зиёде оина ва нишондиҳандаи сифатҳои муассир буда бошад. Мисоле меоварем:

Мо инсонҳо аз замир, афкор, андешаҳо, малакоти ахлоқӣ ва руҳии якдигарамон мустақиман огоҳ нестем ва наметавонем огоҳ бошем. Маълум аст, ки на ман метавонам мустақиман замири шуморо бихонам ва бевосита аз ният ва сифатҳои ахлоқии шумо огоҳ гардам ва на шумо метавонед мустақиман аз замири ман огоҳ шавед. Вале дар айни ҳол то ҳадди зиёде ба он чи дар замири якдигар ҳаст пай мебарем бе он ки кучактарин тардиде ба худ роҳ диҳем.

Мо дар бораи шахси муайяне эътиқоди илмӣ пайдо мекунем ва ўро ба унвони олим мешиносем. Ба чӣ далел? Ба далели осори гуфторӣ ва навишторӣ, ки аз ў дидаем. Мо якеро фақеҳ, дигареро ҳаким, сеюмеро риёзидон, чаҳорумеро адиб медонем. Чаро? Барои ин ки аз аввалӣ суханон ва навиштаҳои фиқҳӣ ва аз дуюмӣ суханон ва навиштаҳои ҳикматомез ва аз сеюмӣ риёзӣ ва аз чаҳорумӣ адабӣ шунида ва дидаем. Ба ҳукми синхият ва ҳамоҳангие, ки лозим аст миёни асар ва муассир буда бошад, имкон надорад, ки аз он касе, ки илм надорад, суханони илмӣ ва ё аз касе, ки фақат фақеҳ аст, суханони муназзами фалсафӣ ва риёзӣ ва адабӣ ва ё аз касе, ки фақат ҳаким аст, осори фиқҳӣ ё риёзӣ содир шавад. Масалан ҳар як аз мо ки соҳиби китоби “Гулистон”−ро мешиносем, шак надорем, ки ў адиби бузурге будааст ва ҳол он ки ўро надидаем ва агар ҳам медидем, наметавонистем мустақиман аз замири ў огоҳ шавем. Аммо китоби “Гулистон” далели қатъиест бар ин ки муаллифи он адиби бузурге будааст.

Ҳамин тавр ин ҷаҳони паҳновар, ки дар он зиндагӣ мекунем, бо ин ҳама танзимот ва ташкилоти дақиқ ва ҳисобшудааш, оё моро аз офаринандаи он, ки зоти доно ва ҳакиме мебошад огоҳ намесозад?

Агар бихоҳем мисолҳое барои низоми дақиқ ва ҳисобшудаи ҷаҳони ҳастӣ бизанем, хеле фаровон аст. Мо танҳо ба баъзе аз он низомҳои ҳисобшуда ишора мекунем. Масалан олами наботот ва ҳайвонот ба гунае бо ҳам дар доду ситаданд, ки ҳеҷ яке аз дигарӣ наметавонад бениёз монад ва ҳар яке бе дигарӣ наметавонад ба ҳаёти худ идома диҳад. Морисон дар китоби арзишманди “Рози офариниши инсон” (сафҳаи 31) тавзеҳ медиҳад, ки ҳайвонот дар зиндагии худ ниёзманд ба оксиген мебошанд ва наботот ниёзманд ба карбон. Ҳайвонот оксигенро нафас мекашанд ва оксиди карбон берун медиҳанд ва наботот баръакс бо оксиди карбон танаффус мекунанд. Барги наботот дар ҳукми шуши инсонист, ки дар зери ҳарорати офтоб оксиди карбонро ба элементи карбон ва оксиген таҷзия мекунад ва оксигенро берун ва карбон дар танаи онҳо боқӣ мемонад.

Онгоҳ дар сафҳаи 32 мегўяд:

“Ҳамаи наботот ва ҷангалҳо ва бўтаҳо ва ба таври куллӣ ҳамаи растаниҳо, сохтмони аслии вуҷудашон таркибе аз об ва карбон аст. Ҳайвонот карбон берун медиҳанд ва наботот оксиген. Агар ин ду амали мавҷудот меистод, он вақт ё ҳайвонот ҳамаи оксигенҳоро масраф мекарданд ва ё наботот куллияи карбонҳоро. Ва чун мувозана ва баробарӣ ба ҳам мехўрд, насли ҳар ду тоифа ба суръат рў ба нобудӣ ва завол мерафт.”

Яке дигар аз аҷоиби олами ҷондорон, ки ба ҳеҷ сурат бо тасодуф қобили тавҷеҳ нест, ин аст, ки тақрибан аз аввалҳои пайдоиши ҳаёт, ҷинси нар ва мода, ки барои идомаи насл зарурат дорад ба вуҷуд омадааст. Дастгоҳҳои марбут ба таносул, чӣ дар олами ҳайвонӣ ва чӣ дар олами наботӣ, чӣ дар ҷинси нар ва чӣ дар ҷинси мода, он қадр ҳайратангез аст, ки ба ҳеҷ сурат наметавон гуфт ҳадафе дар эҷоди инҳо дар кор набудааст ва дастгоҳи хилқат инҳоро барои идомаи насл ба вуҷуд наовардааст.

Аз инҳо мегузарем ва меойем андомҳои наботот ва ҳайвонот ва ҳайвонотро дар қисматҳои мухталиф мутолеа мекунем, он чунон ғарқи ҳайрат ва шигифтангезӣ мешавем, ки мутолеаи як китоби чандин ҳазор сафҳаии пур аз нуктаҳои дақиқ ва зариф ҳаргиз наметавонад моро ба ин андоза дучори ҳайрат ва эътироф ба қудрати комила ва ҳикмати болиғаи ба вуҷудоварандаи он бикунад, ба қавли Саъдӣ:

Офариниш ҳама танбеҳи Худованди дил аст

Дил надорад ки надорад ба Худованд иқрор

Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд

     Ҳар ки фикрат накунад нақш бувад бар девор


[1]−Сураи Бақара, ояти 164.

[2]Сураи Юнус, ояти 101.

[3]Сураи Ғошия, ояти 17 то 20.

[4]Лозим ба ёдоварист, ки ин роҳ (роҳи ҳис ва илм) бевосита дар садади исботи ду сифат ва сифатҳои Худованди Субҳон, яъне сифати илм ва ҳикмат мебошад, вале метавон аз боби “далолати асар ба вуҷуди муассир” ба худи вуҷуди Худо низ аз он истифода намуд.

Бахш: Худошиносӣ | Просмотров: 1094 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz