Ҷумъа, 19.04.2024, 20:46
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Таҳқиқ дар масоили исломӣ
Таҳқиқ дар масоили исломӣ
03:53

Савол: Агар вазифаи мусулмон дар ақоид, таҳсили он бошад бо таҳқиқ ва баррасӣ, дар ин сурат дар ақоид масоиле ҳаст хеле печида мисли чигунагии сифатҳои Худо, чигунагии қазо ва қадари илоҳӣ ва аз ин қабил масоил, ки ҷуз бо таҳқиқу баррасиҳои амиқ, ки барои онҳо вақти зиёде лозим аст ба даст намеояд. Бо ин ҳол, оё лозим будани таҳқиқу баррасӣ дар ҳамаи ин масоил кори душворе нест? Ва оё таҳқиқ дар ин масоил барои ҳама муяссар аст?

Ҷавоб: Лозим аст дар ин ҷо ба ин нукта ишора намоем, ки зарур будани таҳқиқу баррасӣ дар ақоид (усули дин), ин нест, ки яко яки мусулмонон кору зиндагии худро раҳо карда ва барои талаби илми ақоид камар баста ва дар ҳамаи масоили ақоидӣ, ҳатто резтарин масоили он соҳибназар гарданд. Ҳаргиз чунин манзуре мавриди назар нест. Зеро тадқиқ дар ҷамии масоили ақоидӣ, ки баъзеи онҳо хеле печида аст кори мутахассис аст.

Манзур аз лозим будани он − аз дидгоҳи Ислом − ин аст, ки мусулмон асоситарин ва муҳимтарин масоили ақоидиро (чун имон ба Худо, имон ба паёмбарон ва имон ба рўзи қиёмат) бо далелҳои қонеъкунандае − ҳарчанд сода ҳам ки бошанд − пазируфта бошад. Ва чунин таҳқиқе мояи зиёде намехоҳад. Маъруф аст, ки аз пиразане, ки машғули ресандагӣ буд пурсиданд: “Чӣ далеле барои исботи вуҷуди Худо дорӣ?” Ў бедаранг даст аз чархи ресандагӣ бардошт ва ҳамин ки чарх аз ҳаракат истод, гуфт: “Ҳангоме ки чарх ба ин кўчакӣ бидуни гардонанда нагардад, чигуна метавон гуфт ҷаҳон ба ин бузургӣ ва ин манзумаҳои боазамат, ки дар гардишанд, бидуни гардонанда ва мудаббире ба гардиш даромада ва ё бидуни гардонандае ба гардиши худ идома медиҳанд!”

Ҳамин миқдор далеле, ки ин пиразан барои имон ба вуҷуди Худо меоварад кофӣ аст, ки ақидаи ўро таҳқиқӣ донем, на тақлидӣ.

Аммо дар масоили печидаи ақоидӣ мисли чигунагии сифатҳои илоҳӣ ва чигунагии қазо ва қадар ва ин қабил масоил, боке надорад, ки аз тариқи олимони динӣ ба онҳо огоҳӣ ёбем. Вале дар ин масоил ҳам, агар масъалаеро − ҳарчанд печида − бо ақл созгор наёбем, маҷбур нестем, ки кўр−кўрона гуфтаи як олими муайянеро баргузинем, балки метавонем ба суханони дигар олимон, ки дар ин масъала изҳори назар кардаанд муроҷеа карда ва дар сурати қаноат ҳосил кардан, сухани олими дуюмиро бипазирем. Масалан: медонем, ки яке аз масоили эътиқодие, ки аз қадим мавриди баҳсу баррасиҳои олимони динӣ буда ва назарҳои мухталифе дар он изҳор шуда аст, масъалаи дар осмон қарор доштани Худо аст, ки баъзеҳо ба он эътиқод доранд. Агар чунин масъалае мавриди қабули ақли мо қарор нагирад, чун ақл ҳукм мекунад, ки Худо ҷисм нест, ки дар маконе қарор дошта бошад, дар ин сурат мо маҷбур нестем, ки ба чунин эътиқоде худро пойбанд созем, балки бояд ба суханони дигар олимони исломӣ − қатъи назар аз мазҳаб ва маромашон − руҷўъ карда бубинем, ки чӣ мегўянд.

 

فَبَشِّرْ عِبَادِ الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ أُوْلَئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ وَأُوْلَئِكَ هُمْ أُوْلُوا الْأَلْبَابِ.

 

“Мужда деҳ он бандагони маро, ки ба суханон гўш месупуранд ва онгоҳ беҳтарин ва некўтарини онро бармегузинанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон карда аст ва онҳоянд соҳибхирадон”. (Сураи Зумар, оятҳои 17 ва 18).
Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 677 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz