Панҷшанбе, 02.05.2024, 00:57
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Ҷойгоҳи ақл дар ақоид
Ҷойгоҳи ақл дар ақоид
03:48

Савол: Ҳамон тавр ки маъруф аст Ислом ақлро дар ақоид ҳуҷҷат қарор додааст ва мо мусулмонҳо вазифа дорем ақоиди худро бо меъёри ақл қабул ва ё рад намоем. Аммо аз сўе медонем, ки ақли одамӣ дар баъзе аз масоил ба хато меравад. Гоҳе мешавад ақл чизеро дуруст мепиндорад, вале баъдҳо маълум мегардад, ки нодуруст буда аст ва гоҳе ҳам баръакс чизеро нодуруст меангорад, вале баъдҳо равшан мешавад, ки дуруст буда аст. Пас, бо ин ҳол, чигуна мешавад ба ақл такя намуд ва онро ҳуҷҷат донист?

Ҷавоб: Бояд диққат дошта бошем, ки масоиле, ки ба унвони аҳкоми ақлӣ шинохта мешаванд, ҳама дар як сатҳ намебошанд. Баъзе аз масоил, аҳкоми қатъии ақл ба шумор мераванд мисли ҳукми ақл ба ин ки “Ду зарб дар ду чаҳор аст”, “Адолат хуб аст” ва “Зулм бад аст”, вале баъзе аз масоил ҳастанд, ки гумоне беш нестанд, балки барои баъзеҳо чунин менамояд, ки аз аҳкоми қатъии ақл аст мисли ҳукм ба ин ки “Ҳар хўрандае ҳангоми хўрдан факки поинашро меҷунбонад” ва “Баробарӣ ҳамеша адолат аст”.

Он чи аз масоили ақлӣ, ки ба унвони ҳуҷҷат матраҳ аст, ин аҳкоми қатъии ақлӣ аст, ки дар ҳаққонияти онҳо кучактарин шакке нест. Касе пайдо нашуда ва дар оянда ҳам пайдо нахоҳад шуд, ки ҳукм карда бошад ва ё ҳукм кунад, ки “Ду зарб дар ду панҷ аст” ва ё “Адолат бад аст” ё “Зулм хуб аст”. Ин навъ аҳком аст, ки ҳуҷҷат мебошанд. Аммо масоиле чун “Ҳар хўрандае ҳангоми хўрдан факки поинашро меҷунбонад” ва ё “Баробарӣ ҳамеша адолат аст” (ки гуфтем дар воқеъ гумоне беш нестанд, на аз аҳкоми қатъии ақл) ҳаргиз ба унвони ҳуҷҷат матраҳ нестанд.
Онҳое ҳам, ки мункири ҳуҷҷат будани ақл дар Ислом шудаанд, дар воқеъ масъала барояшон хуб равшан нашуда аст. Аз он ҷо ки баъзеҳоро дидаанд, ки масоилеро (мисли ду мисоли болоӣ) аз аҳкоми қатъии ақл донистанд (вале дар воқеъ аз аҳкоми қатъии ақл намебошад) ва баъдҳо маълум шуда аст, ки масалан тимсоҳ дар ҳангоми хўрдан факки болояшро меҷунбонад, на поинашро ва ё баробарӣ дар баъзе шароит адолат набуда, балки айни зулм аст (мисли он ҷо ки муаллим, ҳам барои шогирди кўшо баҳои аъло бидиҳад ва ҳам барои шогирди танбал), дар ин ҷо буда аст, ки бетаваҷҷўҳ ақлро аз ҳуҷҷат будан аз реша инкор намуданд.
Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 719 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz