Шанбе, 20.04.2024, 01:33
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Таяммум
Таяммум
03:34

Гуфт: Гоҳе чунин пеш меояд, ки инсон бемор гардида ва об расонидан ба баданаш барои вай зарарнок мегардад ва ё гоҳе низ чунин мешавад, ки ба андозае об ба ҳамроҳ дорад, ки агар бо он вузӯ ва ё ғусл гирад, барои ошомиданаш боқӣ намемонад. Дар чунин ҷойҳо бояд чӣ кор кунад?

Гуфтам: Дар чунин мавридҳое бояд ба ҷои вузӯ ё ғусл, таяммум кунад.

Гуфт: Таяммум чист?

Гуфтам: Таяммум ин аст, ки мусулмон ба ҷои об, бо ҳар чизи поке, ки аз замин аст, худро пок месозад.

Гуфт: Чӣ гуна бояд таяммум кард?

Гуфтам: Таяммумкунанда аввал барои анҷоми фармони илоҳӣ ва адои намоз ният карда, сипас ду дасташро бар рӯи ҳар чизи поке, ки аз замин аст зада ва бар рӯи худ масҳ мекашад.

Сипас бори дуюм дастҳои худро бар он чизи пок зада ва ибтидо бар дасти росташ аз сари ангуштон то охири оринҷ бо дасти чап, сипас бар дасти чапаш бо дасти рост аз сари ангуштон то охири оринҷ масҳ мекашад.

Гуфт: Агар мабодо об пайдо карда монам, таяммумам аз байн меравад?
Гуфтам: Оре, таяммум ба сабаби пайдо шудани об, ё тавон ёфтан барои истеъмоли он ва ё пеш омадани ҳар он чи вузӯро мешиканад, аз байн меравад.
Бахш: Омӯзиши намоз | Просмотров: 698 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz