Гуфт: Чӣ гуна вориди намоз шавам?
Гуфтам: Бидон, ки намозгузор бояд қабл аз намоз вузӯ бигирад.
Гуфт: Чӣ гуна вузӯ бигирам?
Гуфтам: Вузӯ ба ин сурат аст:
1. Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим гуфта, ният мекунӣ, ки ин амалат барои итоат аз фармони илоҳист.
2. Дастҳоятро то банд се бор мешӯӣ.
3. Даҳонатро се бор мешӯӣ, ки яке аз онҳо ғарғара аст.
4. Се бор ба дохили бинӣ об кашида, онро мешӯӣ.
5. Рӯятро аз ҷое, ки мӯи сар рӯида то охири манаҳ ва аз нармии гӯши рост то нармии гӯши чап се бор мешӯӣ. Агар риши дурушт дошта бошӣ, онро хилол мекунӣ.
6. Сипас ибтидо дасти рост ва пас аз он дасти чапро, аз сари ангуштон то охири оринҷҳо се бор мешӯӣ.
7. Дастатро бо об тар карда, бар тамоми сар ва ҳамчунин гӯшҳо масҳ мекашӣ.
8. Аввал пои рост ва баъд аз он, пои чапро аз сари ангуштон то буҷулакҳо се бор мешӯӣ.
|