Шанбе, 20.04.2024, 01:54
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Намоз барои кӣ фарз аст?
Намоз барои кӣ фарз аст?
02:27

Гуфт: Намоз барои чӣ касе фарз аст?

Гуфтам: Намоз барои ҳар марду зане, ки оқил буда ва ба синни балоғат расидаанд фарз аст.

Гуфт: Чигунагии намоз хонданро бароям таълим бидеҳ.

Гуфтам: Барои ошноӣ бо чигунагии намоз хондан, аввал лозим аст бидонӣ, ки бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, намоз чанд гуна аст:

1.      Намози фарз;

2.      Намози воҷиб;

3.      Намози суннат;

4.      Намози нафл.

Гуфт: Фарқи инҳо чист?

Гуфтам: Бидон, ки фарз амалест, ки Худованд анҷоми онро ба таври ҳатмӣ аз мо мехоҳад ва анҷоми он савоб ва таркаш бидуни ҳеҷ узре, азоб дар қиёматро дорад.

Воҷиб низ мисли фарз аст, танҳо фарқе, ки миёни фарзу воҷиб аст иборат аст аз ин ки фарз ба воситаи далели қатъӣ (мисли ояти сареҳи Қуръон ва ё ҳадиси мутавотир) ба мо расидааст, аммо воҷиб ба воситаи далели заннӣ (мисли ҳадисе, ки аз тариқи як нафар нақл шудааст).[1]

Суннат амалест, ки Худованд анҷоми онро аз мо мехоҳад, аммо на ба таври ҳатмӣ ва он ду навъ аст: муаккада ва ғайри муаккада.

Суннати муаккада он аст, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамвора бар анҷоми он пойбанд буданд ва онро ҷуз яке ё ду бор тарк накардаанд.

Аммо суннати ғайри муаккада он аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) гоҳе онро анҷом медоданд ва гоҳе ҳам онро тарк менамуданд.
Ҳар гоҳ лафзи суннат оварда шавад, мурод суннати муаккада аст, аммо суннати ғайри муаккадаро нафл ҳам мегӯянд.


[1]‒ Далели қатъӣ он аст, ки дар ҳаққонияти он ҳеҷ шакке нест, вале дар далели заннӣ, шак роҳ дорад.

Бахш: Омӯзиши намоз | Просмотров: 2633 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz