Ҷумъа, 26.04.2024, 23:12
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Хушӯъ дар намоз
Хушӯъ дар намоз
02:25

Бидон, ки банда бояд намозро бо хушӯъ бихонад. Хушӯъ, яъне курниш ва бо тамоми фурӯтанӣ дар намоз истодан ва таваҷҷӯҳро фақат ба Худо кардан ва дар ҳангоми намоз ба чизе аз дунё наандешидан аст.

Ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст:

 

مَنْ صَلَّى رَكْعَتَيْنِ لَمْ يُحَدِّثْ نَفْسَهُ فِيهِمَا بِشَيْءٍ مِنَ الدُّنْيَا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ.

 

Ҳар кӣ ду ракъат намоз гузорад дар ҳоле ки дар аснои онҳо чизе аз корҳои дунёро бар худ замзама накунад, тамоми гуноҳони гузаштааш бахшида хоҳанд шуд.[1]

Ҳам ӯ мефармояд:

 

إِنَّمَا الصَّلاةُ تَمَكُّنٌ وَتَوَاضُعٌ وَتَضَرُّعٌ وَتَأَوُّهٌ وَتَنَادُمٌ وَتَضَعُ يَدَيْكَ فَتَقُولُ: اللَّهُمَّ اللَّهُمَّ فَمَنْ لَمْ يَفْعَلْ فَهِيَ خِدَاعٌ.

 

Ҳамоно намоз ботамкин истодан, фурӯтанӣ намудан, зорию тавалло кардан, оҳ кашидан, изҳори пушаймонӣ ва надомат намудан аст ва ин аст, ки худро (дар пешгоҳи Худо) гузорӣ ва бигӯӣ: Худоё! Худоё! Ҳар кӣ чунин накунад, намози вай ноқис аст.[2]

Худованди Мутаол фармудааст:

 

وَأَقِمِ الصَّلَاةَ إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاء وَالْمُنكَرِ

 

Намозро барпо бидор, ки ҳамоно намоз аз анҷоми корҳои зишт ва нописанд бозмедорад.[3]

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

 

مَنْ لَمْ تَنْهَهُ صَلاتُهُ عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ لَمْ يَزْدَدْ مِنَ اللهِ إلاَّ بُعْدًا.

 

Ҳар кӣ намозаш ӯро аз корҳои зишт ва нописанд бознадорад, (намози вай) ҷуз дур шудан аз Худо чизе (бар ӯ) намеафзояд.[4]

Уммулмуъминин Оиша (разияллоҳу анҳу) намози ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро чунин тавсиф мекунад:

 

كَانَ رَسُولُ اللهِ (ص) يُحَدِّثُنَا وَنُحَدِّثُهُ، فَإِذَا حَضَرَتِ الصَّلاةُ فَكَأَنَّهُ لَمْ يَعْرِفْنَا وَلَمْ نَعْرِفْهُ.

 

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чунин буд, ки бо мо сӯҳбат мекард ва мо ҳам бо ӯ сӯҳбат мекардем, аммо ҳар гоҳ вақти намоз фаро мерасид, гӯӣ на ӯ моро мешиносад ва на мо ӯро мешиносем.[5]

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст:

 

لا يَنْظُرُ اللهُ إِلَى صَلاةٍ لا يُحَضِّرُ الرَّجُلُ فِيهَا قَلْبَهُ مَعَ بَدَنِهِ.

 

Худо ба он намоз назар нахоҳад афканд, ки намозгузор дар он қалби хешро ба ҳамроҳи баданаш эҳзор намекунад.[6]

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мардеро диданд, ки дар намоз бо риши худ бозӣ мекунад, он гоҳ фармуданд:

 

لَوْ خَشَعَ قَلْبُ هَذَا لَخَشَعَتْ جَوَارِحُهُ.

 

Агар қалби ӯ хушӯъ дошт, дигар аъзои баданаш ҳам хушӯъ медоштанд.[7]



[1] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.1, саҳ.262.

[2] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.1, саҳ.263.

[3] ‒ Сураи Анкабут, ояти 45.

[4] ‒ Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.1, саҳ.263.

[5] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.1, саҳ263‒264.

[6] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.1, саҳ.264.

[7] ‒ Ҳамон манбаъ.

Бахш: Омӯзиши намоз | Просмотров: 756 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz