Панҷшанбе, 25.04.2024, 01:47
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Чаро намоз бихонем?
Чаро намоз бихонем?
02:19

Гуфт: Чаро намоз бихонем?

Гуфтам: Медонем, ки ҷаҳонро холиқ ва офаридгорест. Холиқе, ки ману ту ва тамоми мавҷудоти гетиро офаридааст. Агар ману ту ҳастем, нафас мекашем, аз неъматҳои фаровоне, ки гирду пеши моро печонидааст ва аз ҳама муҳимтар, аз неъмати вуҷуд баҳрамандем, ҳама аз Ӯст.

Оё то кунун бо худ андешидӣ, ки чӣ гуна шукри ин ҳама неъматҳоро баҷо оварӣ? Оё то кунун фикр кардӣ, ки чӣ гуна офаридгори меҳрубонро дар баробари ин ҳама неъмат сипос гӯӣ ва чӣ гуна вазифаи бандагии худро анҷом расонӣ?

Гуфт: На.

Гуфтам: Пас гӯш бидеҳ, ки бароят тавзеҳ диҳам:

Намоз беҳтарин василаи ибрози шукру сипос ба даргоҳи илоҳист.

Намоз шукри неъматҳои бекарони илоҳӣ ва таваҷҷӯҳ ба қудрати бепоёни Ӯст.

Намоз дастури Худои бузург барои инсонҳои пок ва вораста аст.

Намоз наздиктарин шеваи робита бо офаридгори якто ва ҷилвае аз бандагии инсон дар пешгоҳи Ӯст.

Намоз олитарин зикру ёди Худост, ки сабаби оромиши дилҳо, мояи сафои ботин ва равшании руҳу равон мегардад.

Намоз инсон ва ҷомеаро аз корҳои зишт ва нописанд бозмедорад.

Худованди Мутаол мефармояд:

 

إِنَّ الصَّلاَةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَّوْقُوتًا

 

Ҳамоно намоз бар мӯъминон (фарзи) навишташудаест муқаррар ва ба ҳангом.[1]

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

 

خَمْسُ صَلَوَاتٍ كَتَبَهُنَّ اللَّهُ تَبَارَكَ وَتَعَالَى عَلَى الْعِبَادِ مَنْ أَتَى بِهِنَّ لَمْ يُضَيِّعْ مِنْهُنَّ شَيْئًا اسْتِخْفَافًا بِحَقِّهِنَّ كَانَ لَهُ عِنْدَ اللَّهِ تَبَارَكَ وَتَعَالَى عَهْدٌ أَنْ يُدْخِلَهُ الْجَنَّةَ وَمَنْ لَمْ يَأْتِ بِهِنَّ فَلَيْسَ لَهُ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدٌ إِنْ شَأَ عَذَّبَهُ وَإِنْ شَأَ غَفَرَ لَه.

 

Панҷто намоз аст, ки Худои Таборак ва Таоло онҳоро бар бандагон муқаррар кардааст. Ҳар кӣ онҳоро баҷо оварад ва аз рӯи сабукшумории ҳаққи онҳо, чизе аз онҳоро зойеъ накунад, барои вай дар пешгоҳи Худо чунин паймонест, ки ӯро вориди биҳишт созад. Аммо ҳар кӣ онҳоро баҷо наоварад, дар назди Худо барои ӯ ҳеҷ паймоне нест; агар бихоҳад, азоб медиҳад ва агар бихоҳад мебахшад.[2]

Ҳам ӯ мефармояд:

 

مَثَلُ الصَّلَوَاتِ الْخَمْسِ كَمَثَلِ نَهَرٍ جَارٍ غَمْرٍ عَلَى بَابِ أَحَدِكُمْ يَغْتَسِلُ مِنْهُ كُلَّ يَوْمٍ خَمْسَ مَرَّاتٍ. قَالَ: قَالَ الْحَسَنُ: وَمَا يُبْقِى ذَلِكَ مِنَ الدَّرَن.

 

Масали намозҳои панҷгона, масали ҷӯйбори ширин ва саршоре назди дари хонаи яке аз шуморо монад, ки ҳар рӯз панҷ бор вориди он шуда ва худро шустушӯ медиҳед.

Ровӣ мегӯяд: Ҳасан гуфт: Ва ин амал ҳеҷ олудагӣ ва чиркиние боқӣ нахоҳад гузошт.[3]

Ҳам ӯ фармудааст:

 

إِنَّ الصَّلَوَاتِ كَفَّارَةٌ لِمَا بَيْنَهُنَّ مَا اجْتُنِبَتِ الْكَبَائِرُ.

 

Ҳамоно намозҳо каффораи он чи аз гуноҳон аст, ки дар замони байни ду намоз воқеъ мешавад, албатта модоме ки аз гуноҳони кабира дурӣ шавад.[4]

Мефармояд:

 

مَنْ لَقِيَ اللهَ وَهُوَ مُضَيِّعٌ لِلصَّلاةِ لَمْ يَعْبَأ اللهُ بِشَيْءٍ مِنْ حَسَنَاتِهِ.

 

Ҳар кӣ дар ҳоле ки намозро зойеъ кардааст, Худоро мулоқот кунад, Худо ба ҳеҷ як аз корҳои неки вай таваҷҷӯҳ нахоҳад кард.[5]

Боз мефармояд:

 

الصَّلاةُ عِمَادُ الدِّينِ فَمَنْ تَرَكَهَا فَقَدْ هَدَمَ الدِّينَ.

 

Намоз сутуни дин аст, ҳар кӣ онро тарк кунад, динашро вайрон кардааст.[6]

Дар ҳадиси дигаре омадааст:

 

فَقُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ! أَىُّ الأَعْمَالِ أَفْضَلُ؟ قَالَ: «الصَّلاَةُ لِمِيقَاتِهَا».

 

Аз ҳазраташ пурсидам: Беҳтарин амал кадом аст? Посух фармуд: Намоз гузоридан дар вақти худаш.[7]

Дар ҳадисе мехонем:

 

مَنْ حَافَظَ عَلَى الْخَمْسِ بِإِكْمَالِ طُهُورِهَا وَمَوَاقِيتِهَا كَانَتْ لَهُ نُورًا وَبُرْهَانًا يَوْمَ الْقِيَامَةِ، وَمَنْ ضَيَّعَهَا حُشِرَ مَعَ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ.

 

Ҳар кӣ намозҳои панҷгонаро комилан ва дар вақтҳои худаш  гузорад, барои вай равшанӣ ва роҳнамое дар рӯзи қиёмат хоҳад буд. Аммо касе, ки онҳоро зойеъ кунад, ҳамроҳ бо Фиръавну Ҳомон маҳшур хоҳад гардид.[8]

Боз ҳазраташ мефармояд:

 

مِفْتَاحُ الْجَنَّةِ الصَّلاةُ

 

Калиди биҳишт намоз аст.[9]

Боз мефармояд:

 

مَا افْتَرَضَ اللهُ عَلَى خَلْقِهِ بَعْدَ التَّوْحِيدِ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِنَ الصَّلاةِ، وَلَوْ كَانَ شَيْءٌ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِنْهَا لَتَعَبَّدَ بِهِ مَلائِكَتُهُ. فَمِنْهُمْ رَاكِعٌ وَمِنْهُمْ سَاجِدٌ وَمِنْهُمْ قَائِمٌ وَقَاعِدٌ.

 

Худо бар бандагонаш баъд аз тавҳиди хеш чизе дӯстдоштанитар аз намоз қарор надодааст. Агар чизе маҳбубтар барои Ӯ аз намоз мебуд, бешак фариштагон ба он чиз пойбанд мешуданд. Бархе аз фариштагон ҳамвора дар ҳоли рукӯъ ҳастанд, бархе дар ҳоли саҷда, бархе дар ҳоли қиём ва бархе ҳам дар ҳоли қууд.[10]

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудаанд:

 

مَنْ تَرَكَ صَلاةً مُتَعَمِّدًا فَقَدْ كَفَرَ.

 

Ҳар кӣ қасдан намозеро тарк гӯяд, бешак кофир шудааст.[11]

Ривоят шудааст, ки ҳазраташ фармуда:

 

إِنَّ أَوَّلَ مَا يُنْظَرُ فِيهِ مِنْ عَمَلِ الْعَبْدِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ الصَّلاةُ، فَإِنْ وُجِدَتْ تَامَّةً قُبِلَتْ مِنْهُ وَسَائِرُ عَمَلِهِ، وَإِنْ وُجِدَتْ نَاقِصَةً رُدَّتْ عَلَيْهِ وَسَائِرُ عَمَلِهِ.

 

Нахустин амали банда, ки рӯзи қиёмат ба он назар дӯхта мешавад, ин намоз аст. Агар намози ӯ комил дида шавад, бақияи амалҳояш ҳам қабул мегардад, аммо агар ноқис дида шавад, дигар амалҳояш бар вай баргардонда хоҳад шуд.[12]



[1]‒ Сураи Саҷда, ояти 103.

[2] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба аш‒шомила (Муснади Аҳмад, ҷ.46, саҳ.181).

[3] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба аш‒шомила (Саҳеҳи Муслим, ҷ.2, саҳ.132).

[4] ‒ Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.1, саҳ.257.

[5] ‒ Ҳамон манбаъ.

[6] ‒ Ҳамон манбаъ.

[7] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба аш‒шомила (Сунани Тирмизӣ, ҷ.7, саҳ.339).

[8] ‒ Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.1, саҳ.257‒258.

[9] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.1, саҳ.258.

[10] ‒ Ҳамон манбаъ.

[11] ‒ Ҳамон манбаъ.

[12] ‒ Ҳамон манбаъ.

Бахш: Омӯзиши намоз | Просмотров: 1038 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.5/2 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz