Панҷшанбе, 28.03.2024, 21:26
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Фалсафаи нубувват ва паёмбарӣ
Фалсафаи нубувват ва паёмбарӣ
01:37

Эътиқод ба ваҳй ва нубувват (паёмбарӣ) аз навъе биниш дар бораи ҷаҳон ва инсон сарчашма мегирад, яъне аз асли ҳидояти умумӣ.[1]Асли ҳидояти умумӣ, лозимаи ҷаҳонбинии тавҳидии исломист. Аз ин рў, асли нубувват лозимаи ин ҷаҳонбинист. Худованди Мутаол ба ҳукми худовандияш, ба ҳар навъе аз анвои мавҷудот, дар ҳадде ки барои он мавҷуд мумкин ва шоиста аст, тафаззул ва иноят дорад ва мавҷудотро дар масири камолашон ҳидоят мекунад. Ин ҳидоят шомили ҳамаи мавҷудот аст: аз майдатарин зарра гирифта то бузургтарин ситора ва аз пасттарин мавҷуди беҷон гирифта то олитарин ҷондорҳоро, ки мо мешиносем (яъне инсон). Аз ин рўст, ки Қуръон вожаи “ваҳй”−ро ҳамчунон ки дар мавриди ҳидояти инсон ба кор бурда, дар мавриди ҳидояти ҷамодот, наботот ва ҳайвонот ба кор бурдааст.

Ҳеҷ мавҷуде дар ин ҷаҳон собит ва якнавохт нест, доиман манзил ва ҷойгоҳ иваз мекунад ва ба сўи мақсуде равон аст.

Аз тарафи дигар, ҳамаи аломатҳо нишон медиҳад, ки навъе “майл” ва “кашиш” дар ҳар мавҷуде ба сўи мақсаде, ки ба он мақсад равон аст, вуҷуд дорад. Яъне мавҷудот бо нерўи мармузе, ки дар дарунашон ҳаст ба сўи мақсадашон кашида мешаванд. Ин нерў ҳамон аст, ки аз он ба “ҳидояти илоҳӣ” таъбир мешавад. Қуръони Карим аз забони ҳазрати Мўсо (Алайҳис салом) нақл мекунад, ки ба Фиръавн гуфт:

 

قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى.

 

Парвардигори мо ҳамон аст, ки ба ҳар мавҷуде он офаринише, ки шоистаи он буд иноят кард ва сипас онро дар роҳи худаш ҳидоят намуд”.[2]

Ҷаҳони мо ҷаҳони ҳадафдор аст, яъне дар даруни мавҷудот кашише ба сўи ҳадафи камолияшон мавҷуд аст ва ҳадафдорӣ ҳамон ҳидояти илоҳист.

Калимаи “ваҳй” дар Қуръони Карим мукаррар ба кор рафтааст. Шакли истеъмоли ин калима ва мавридҳои мухталифи истеъмоли он нишон медиҳад, ки Қуръон онро маҳдуд ба инсон намедонад, дар ҳамаи ашё ва ақаллан дар мавҷудоти зинда ҷорӣ медонад. Аз ин рў дар мавриди занбўри асал ба ваҳй таъбир мекунад, танҳо ин ки дараҷоти ваҳй ва ҳидоят бар ҳасаби такомули мавҷудот мутафовит аст.

Олитарин дараҷаи ваҳй ҳамон аст, ки ба силсилаи паёмбарон мешавад. Ин ваҳй бар асоси ниёзе, ки навъи башар ба ҳидояти илоҳӣ дорад, ки аз тарафе башарро ба сўи мақсуде, ки моварои уфуқи маҳсусот ва моддиёт аст ва хоҳ нохоҳ гузаргоҳи башар хоҳад буд роҳнамоӣ намояд ва аз тарафи дигар ниёзи башарро дар зиндагии иҷтимоӣ, ки ҳамвора ниёзманд ба қонунест, ки тазмини илоҳӣ дошта бошад бароварад.

Паёмбарон ба манзилаи дастгоҳи гирандае ҳастанд, ки дар пайкараи башарият кор гузошта шудааст. Паёмбарон афроди баргузидае ҳастанд, ки салоҳияти дарёфти ин навъ огоҳиро аз ҷаҳони ғайб доранд. Ин салоҳиятро Худо медонаду бас. Қуръони Карим мефармояд:

 

اللّهُ أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِسَالَتَهُ.

 

Худо худ беҳтар медонад, ки рисолати хешро дар чӣ маҳалле қарор диҳад”.[3]
Ҳарчанд падидаи ваҳй мустақиман аз қаламрави ҳис ва таҷрибаи афроди башар берун аст, вале ин нерўро монанди бисёре аз нерўҳои дигар аз роҳи осораш метавон шинохт. Ваҳйи илоҳӣ таъсири аҷибе бар рўи шахсияти ҳомили ваҳй, яъне шахси паёмбар менамояд, нерўҳои ўро бармеангезад ва инқилобе амиқ ва азим дар ў ба вуҷуд меоварад ва ин инқилоб дар ҷиҳати хайру рушду салоҳи башарият сурат мегирад ва воқеъбинона амал мекунад ва қотеияти беназире ба ў медиҳад. Таърих ҳаргиз қотеияте монанди қотеияти паёмбарон ва афроде, ки ба даст ва василаи онон барангехта шудаанд, нишон намедиҳад.


[1]Яъне аз асли роҳнамоӣ ва ҳидояти тамоми мавҷудоти ҳастӣ.

[2]−Сураи Тоҳо, ояти 50.

[3]−Сураи Анъом, ояти 124.

Бахш: Паёмбаршиносӣ | Просмотров: 1029 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz