Панҷшанбе, 27.02.2020, 19:07
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Хавфу раҷо (1)
Хавфу раҷо (1)
22:35

Яке аз мақомоти соликин, раҷо ва хавф аст. Дар забони тоҷикӣ ба раҷо умед ва ба хавф тарсу бим мегӯянд. Умед ба раҳмати Худо ва тарс аз азоби Ӯ. Бандаи мӯъмин бояд ҳамеша байни раҷо ва хавф зиндагӣ кунад. На чунин бошад, ки бо такя ба раҳмати Худо, ки Худо зоти бахшанда ва меҳрубон аст ва ҳамаи гуноҳонро мебахшад, бепарво зиндагӣ карда ва анҷоми гуноҳ барояш мисли об хӯрдан гардад. Ва на чунин ҳам бошад, ки бо тарс аз хашму ғазаб ва азоби Худо, ноумед аз раҳмату бахшоиши Худо гардад.

Дар ривояте омадааст, ки марде ба Имом Содиқ гуфт: Гурӯҳе аз пайравонат даст ба гуноҳон мезананд ва мегӯянд: Мо умед ба бахшоиши Худо дорем. Имом дар посухи ӯ фармуд:

 

كَذَبُوا لَيْسُوا لَنَا بِمُوَالٍ، أُلَئِكَ قَوْمٌ تَرَجَّحَتْ بِهِمُ الأَمَانِيُّ. مَنْ رَجَا شَيْئاً عَمِلَ لَهُ، وَمَن خَافَ شَيْئاً هَرَبَ مِنْهُ.

 

Онҳо дурӯғ мегӯянд, онҳо пайравони мо нестанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки орзуҳо дар вуҷудашон ғалаба кардааст. Касе, ки умед ба чизе дорад, барои он амал мекунад ва касе, ки аз чизе тарсад, аз он фирор мекунад.[1]

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бар марде ворид шуд дар ҳоле ки он мард ҷон медод. Ба ӯ фармуд: Худро дар чӣ ҳол мебинӣ? Он мард гуфт: Худро чунин мебинам, ки аз гуноҳонам дар хавф ҳастам, вале умед ба раҳмати Парвардигорам дорам. Он гоҳ ҳазраташ фармуд:

 

مَا اجْتَمَعَا فِي قَلْبِ عَبْدٍ فِي هَذَا الْمَوْطِنِ إِلاَّ أَعْطَاهُ اللهُ مَا رَجَا وَآمَنَهُ مِمَّا يَخَافُ.

 

Хавфу раҷо дар қалби бандае дар ин ҳолат (яъне ҳангоми ҷон супурдан) ҷамъ намешаванд магар он ки Худо ба ӯ он чиро, ки умед ба он баста диҳад ва аз он чи хавф дорад амон бахшад.[2]

Бидон, ки умед ба раҳмати Худо бастан, танҳо барои он касоне нест, ки гуноҳ дошта бошанд, балки ҳатто касоне, ки аз ҷониби эшон як зарра ҳам гуноҳ содир нашудааст, бояд ба раҳмати Худо умед банданд. Чунин нест, ки бандае, ки гуноҳ анҷом надода бошад, дигар калиди биҳишт дар даст гирифтааст. Дар ривояте аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мехонем:

Худои Таоло фармудааст: Касоне, ки амали некӯ анҷом медиҳанд, барои гирифтани подош аз Ман, бар амалҳое, ки кардаанд такя нанамоянд. Зеро онҳо агар тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ диҳанд ва тамоми умр хештанро дар ибодати ман хаста кунанд, боз ҳам (дар ин ибодат) кӯтоҳӣ кардаанд ва дар ибодати худ ба ҳақиқати ибодати ман нарасидаанд ва сазовори ноил гардидан ба каромат ва неъмати мондан дар биҳишт ва дараҷаҳои баланд дар канори Маро, ки метлабанд нашудаанд. Лекин ба раҳмат ва фазли Ман умед банданд ва ба гумони некӯ кардан ба Ман итминон кунанд. Зеро ин раҳмати ман аст, ки (ҳар гоҳ ба он умед банданд) онҳоро мерасад. Ман Худои бахшоянда ва меҳрубон ҳастам ва ба ҳамин исм номида шудаам.[3]

Дар мавриди хавф аз Худо ҳам чунин аст. Яъне чунин нест, ки танҳо касоне аз хашму ғазаб ва азоби Худо хавф дошта бошанд, ки ғарқ дар гуноҳон бошанд, балки ривоятҳои фаровоне дорем, ки ҳикоят аз хавфу бим доштани паёмбарону авлиёуллоҳ мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

 

أَنَا أَخْوَفُكُمْ للهِ

 

Ман хавфноктарини шумо аз Худо ҳастам.[4]

Уммул‒муъминин Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят кардааст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чунин буд, ки ҳар гоҳ ҳаво тағйир мекард ва тӯфон мешуд, рангу рӯяш дигаргун мегардид ва дар ҳуҷра аз ин сӯ ба он сӯ ҳаракат менамуд. Ҳамаи ин ба хотири хавф аз азоби Худо буд.[5]

Ривоят шудааст, ки ҳазрати Иброҳими Халил (алайҳис салом) ҳар гоҳ хатои хешро ба ёд меовард, аз ҳуш мерафт то ҷое, ки тапиши қалби ӯ шунида мешуд. Он гоҳ Ҷабраили Амин (алайҳис салом) пеши ӯ омада мегуфт: Парвардигори ту бароят салом мерасонад ва мегӯяд: Оё халилеро (яъне дӯстеро) дидаӣ, ки аз дӯсти хеш битарсад? Иброҳим мегуфт: Эй Ҷабраил! Ҳар гоҳ хатоямро ба ёд оварам, дӯстиям аз хотирам фаромӯш мешавад.[6]



[1] ‒ Ахлоқ, Абдуллоҳи Шуббар, саҳ.277.

[2] ‒ Ҳамон манбаъ, саҳ.279.

[3] ‒ Ҳамон манбаъ.

[4] ‒ Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.4, саҳ.242.

[5] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.4, саҳ.282.

[6] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.4, саҳ.287.

Бахш: Ахлоқи исломӣ | Просмотров: 642 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz