Фитрӣ будани худошиносӣ дар Қуръони карим
Дар Қуръони Карим ва осори пешвоёни бузурги Ислом далелҳои зиёде ҳаст бар ин ки масъалаи фитрӣ будани дин ва таваҷҷўҳ ба Худо, сахт мавриди таваҷҷўҳ будааст. Зоҳиран Қуръони Карим аввалин китобест, ки ин масъаларо тарҳ кардааст ва акнун пас аз чаҳордаҳ аср мебинем дониши башарӣ онро таъйид мекунад.
Назар ба ин ки тавзеҳ ва тафсири ин оятҳо, хусусан бо таваҷҷўҳ ба калимоте, ки аз Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар тавзеҳ ва шарҳи он оятҳо расида, доманаи суханро густариш медиҳад ва аз ҳавсалаи ин китоб хориҷ аст, мо дар ин ҷо танҳо ба нақли баъзе оятҳо ва як ҷумла аз Имом Алӣ (Алайҳис салом) иктифо мекунем:
1. فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ
“Пас рўи худро − бо гароиши тамом ба ҳақ − ба сўи дин кун, бо ҳамон сириште, ки Худо мардумро бар он сириштааст”.
2. أَفَغَيْرَ دِينِ اللّهِ يَبْغُونَ وَلَهُ أَسْلَمَ مَن فِي السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ طَوْعًا وَكَرْهًا.
“Оё ҷуз дини Худоро меҷўянд? Бо ин ки ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст сар ба фармони ў ниҳодааст”.
3. الَّذِينَ آمَنُواْ وَتَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُم بِذِكْرِ اللّهِ أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ.
“Ҳамон касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо ором мегирад. Огоҳ бош, ки бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбад!”
4. وَمَنْ أَعْرَضَ عَن ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنكًا.
“Ва ҳар кас аз ёди ман дил бигардонад, дар ҳақиқат зиндагии танг (ва сахте) хоҳад дошт”.
5. وَإِذْ أَخَذَ رَبُّكَ مِن بَنِي آدَمَ مِن ظُهُورِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَأَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنفُسِهِمْ أَلَسْتَ بِرَبِّكُمْ قَالُواْ بَلَى.
“Ва ҳангоме, ки парвардигорат аз пушти фарзандони Одам, зуррияи ононро баргирифт ва эшонро бар худашон гувоҳ сохт, ки оё парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: Оре, чунин аст”.
Имом Алӣ (Алайҳис салом) дар хутбаи аввали “Наҳҷул−балоға” фармуда:
فَبَعثَ فِيهِمْ رُسُلَهُ وَ واتَرَ الَيْهِمْ أنْبياءَهُ لِيَسْتَأدُوهُمْ مِيْثاقَ فِطْرَتِهِ، وَ يُذَكِّرُوهُمْ مَنْسِىَّ نِعْمَتِهِ، وَ يَحْتَجُّوا عَلَيْهِمْ بِالتَّبْلِيغِ، وَ يُثِيرُوا لَهُمْ دَفائِنَ الْعُقُولِ .
“Пас (Худои Мутаол) паёмбаронашро дар миёни мардум барангехт ва пай дар пай фиристодагони худро ба сўи онҳо фиристод то паймони фитратро аз онон мутолиба намоянд ва неъматҳои фаромўшшударо ба ёди онҳо оваранд ва бо иблоғи дастуроти Худо ҳуҷҷатро бар онҳо тамом кунанд ва ганҷҳои пинҳони ақлҳоро ошкор созанд”.