Сешанбе, 23.04.2024, 14:45
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Мафҳуми “шафоат” дар Ислом (2)
Мафҳуми “шафоат” дар Ислом (2)
20:17

Суханони фуқаҳои ҳанафӣ дар бораи дархости шафоат

1. Соҳиби китоби “Фатҳ‒ул‒қадир” зимни баёни чигунагии зиёрати қабри шарифи ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

وَيَسْأَلُ اللَّهَ تَعَالَى حَاجَتَهُ مُتَوَسِّلًا إلَى اللَّهِ بِحَضْرَةِ نَبِيِّهِ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ. وَأَعْظَمُ الْمَسَائِلِ وَأَهَمُّهَا سُؤَالُ حُسْنِ الْخَاتِمَةِ وَالرِّضْوَانِ وَالْمَغْفِرَةِ، ثُمَّ يَسْأَلُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الشَّفَاعَةَ فَيَقُولُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَسْأَلُك الشَّفَاعَةَ ، يَا رَسُولَ اللَّهِ أَسْأَلُك الشَّفَاعَةَ وَأَتَوَسَّلُ بِك إلَى اللَّهِ فِي أَنْ أَمُوتَ مُسْلِمًا عَلَى مِلَّتِك وَسُنَّتِك ...

Дар маҳзари ҷаноби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо тавассул ба Худои Таоло аз Худо ҳоҷати хешро дархост мекунад. Бузургтарин ва муҳимтарини дархостҳо, ин дархости оқибатбахайрӣ, ризои Худо ва мағфирати Ӯст. Сипас аз ҷаноби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) талаби шафоат хоста мегўяд: Эй Расули Худо! Аз ту шафоат металабам, эй Расули Худо! Аз ту шафоат металабам ва туро восита қарор дода, аз Худо дархост мекунам, ки маро мусулмон ва дар миллат ва суннати ту бимиронад...[1]

 

2. Соҳиби китоби “Маҷмаъ‒ул‒анҳур фи шарҳи мултақо‒ал‒абҳур” низ дар боби кайфияти зиёрати қабри ҷаноби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мегўяд:

ثُمَّ يَسْأَلُ اللَّهَ تَعَالَى حَاجَتَهُ ، وَأَعْظَمُ الْحَاجَاتِ سُؤَالُ حُسْنِ الْخَاتِمَةِ وَطَلَبُ الْمَغْفِرَةِ وَيَقُولُ السَّلَامُ عَلَيْكَ يَا رَسُولَ اللَّهِ أَسْأَلُكَ الشَّفَاعَةَ الْكُبْرَى وَأَتَوَسَّلُ بِكَ إلَى اللَّهِ تَعَالَى فِي أَنْ أَمُوتَ مُسْلِمًا عَلَى مِلَّتِكَ وَسُنَّتِكَ وَأَنْ أُحْشَرَ فِي زُمْرَةِ عِبَادِ اللَّهِ الصَّالِحِينَ ...

Сипас аз Худо дархости ҳоҷат мекунад ва бузургтарини ҳоҷот, дархости оқибатбахайрӣ ва талаби мағфират аст. Мегўяд: Салом бар ту эй Расули Худо! Аз ту шафоати кубро (бузургтарин шафоат) металабам ва туро восита қарор дода, аз Худои Таоло дархост мекунам, ки мусулмон ва бар миллат ва суннати ту бимирам ва дар зумраи бандагони солеҳи Худо маҳшур гардам...[2]

 

3. Соҳиби китоби “Фиқҳ‒ул‒ибодот” низ зимни баёни кайфияти зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст:

قال تعالى: "ولو أنهم إذ ظلموا أنفسهم جاؤوك فاستغفروا الله واستغفر لهم الرسول لوجدوا الله توابا رحيما". وقد جئناك ظالمين لأنفسنا مستغفرين لذنوبنا فاشفع لنا إلى ربك واسأله أن يميتنا على سنتك وأن يوردنا حوضك وأن يسقينا بكأسك غير خزايا ولا نادمين. الشفاعة الشفاعة يا رسول الله...

Худо фармудааст: “Ҳаргоҳ бандагон бар хештан ситам карда, назди ту оянд (эй Паёмбар!), сипас аз Худо талаби мағфират намоянд ва ту ҳам барояшон аз Худо талаби омурзиши гуноҳон кунӣ, ҳар оина Худоро тавбапазир ва меҳрубон хоҳанд ёфт”. Ба дурустӣ мо, ки ситамкорони нафси хеш ҳастем, барои гуноҳонамон талаби мағфират карда, ба назди ту омадем, пас барои мо дар пешгоҳи Парвардигорат шафоат кун. Аз Ӯ дархост кун, ки моро бар суннати ту бимиронад ва бар ҳавзат ворид карда ва бо ҷоми ту моро сероб намояд, на хор гардем ва на пушаймон. Аз ту шафоат металабем, шафоат металабем, эй Расули Худо!..[3]

 

Шароити шафоат шудан

Гузашта аз машрўият ва ё адами машрўияти асли шафоат дар Ислом, саволе, ки барои баъзеҳо дар бораи шафоат матраҳ мешавад, ин аст, ки ваъдаи шафоат додан ба бандагон, боиси ҷуръат пайдо кардани мардум бар анҷоми маъсият ва гуноҳон хоҳад шуд. Ин бо ҳадафи дин, ки ҳамон рондани бандагон аст ба сўи бандагӣ ва итоати Худо мунофот дорад.

Посухи ин савол он аст, ки ваъдаи шафоат вақте мусталзими ҷуръат ва ҷасорат пайдо кардани мардум бар анҷоми гуноҳон мешавад, ки ба ҳеҷ шарте машрут набошад, яъне Худо гуфта бошад, ки ман дар мавриди ҳар гуноҳе ва аз ҳар касе, шафоати шафоаткунандагонро мепазирам. Ҳол он ки чунин нест. Қуръони Карим мефармояд:

كُلُّ نَفْسٍ بِمَا كَسَبَتْ رَهِينَةٌ. إِلَّا أَصْحَابَ الْيَمِينِ. فِي جَنَّاتٍ يَتَسَاءلُونَ. عَنِ الْمُجْرِمِينَ. مَا سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ. قَالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ. وَلَمْ نَكُ نُطْعِمُ الْمِسْكِينَ. وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ الْخَائِضِينَ. وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوْمِ الدِّينِ. حَتَّى أَتَانَا الْيَقِينُ. فَمَا تَنفَعُهُمْ شَفَاعَةُ الشَّافِعِينَ.

Ҳар касе дар гарави корест, ки карда, магар асҳоби ямин (ёрони дасти рост), ки дар биҳиштҳо қарор доранд. Онҳо аз якдигар дар бораи оқибати муҷримон мепурсанд: аро дўзахӣ шудед?" Мегўянд: о аз намозгузорон набудем ва ба мискинон таом намехўрондем ва ҳамеша бо ёвагўён ёва мегуфтем ва рўзи қиёматро дурўғ меангоштем, то моро марг фаро расид". Пас шафоати шафоаткунандагон суде барои онон надорад.[4]

Яъне дар рўзи қиёмат ҳар касе дар гарави гуноҳонест, ки карда ва ба хотири хатоҳое, ки аз пеш муртакиб шуда боздошт мешавад, магар асҳоби ямин, ки аз ин гарав озод шудаанд ва дар биҳишт мустақар гаштаанд. Он гоҳ ин тоифа, яъне асҳоби ямин, дар айни ин ки дар биҳиштанд, аз муҷримон, ки дар он ҳол дар гарави аъмоли хеш буда ва дар дўзаханд, дар бораи иллат вв асбобе, ки ононро дўзахӣ кардааст савол мекунанд. Он гоҳ дўзахиён чанд сифат аз сифотеро, ки ононро вориди дўзах карда мешуморанд. Дар поёни он, Қуръон чунин мегўяд ин сифот, сифотест, ки боис мешавад ҳатто шафоати шафоаткунон ҳам натавонад дар раҳо ва халос кардани дорандагони ин сифот аз оташи ҷаҳаннам суд бахшад. Ин сифот иборатанд аз бенамозӣ, кўмак накардан ба бенавоён ва мискинҳо, ҳамроҳ бо одамони ёвагў ва касоне, ки дини Худоро ба масхара мегиранд ёвагўӣ кардан, дурўғ ангоштани рўзи қиёмат.

Ба таъбири дигар: рўзи қиёмат гунаҳкорон ду дастаанд: дастае афроде ҳастанд, ки дар дунё одамони намозхон, кўмаккунанда ба бечорагон, ёвамагў ва мўътақид ба рўзи қиёмат буданд, вале аҳёнан гуноҳоне аз ҷониби онҳо сар мезад ва ин гуноҳон дар номаи аъмоли онҳо сабт мешуд. Дастаи дигар одамоне ҳастанд, ки ҳеҷ як аз авсофи номбурдаро доро набуданд ва ба илова, гуноҳони дигареро ҳам муртакиб мешуданд. Рўзи қиёмат ҳар ду даста дар пешгоҳи додгоҳи адли илоҳӣ қарор мегиранд ва ҳар ду дар гарави гуноҳоне ҳастанд, ки дар дунё муртакиб шудаанд.

Он гоҳ барои наҷот ва раҳоӣ аз ин гарав ва оташи ҷаҳаннам, ҳар ду гурўҳ даст ба домани шафоаткунандагон ‒ аз паёмбарону бандагони солеҳу шаҳидону Қуръону ғайра ‒ мешаванд. Навбати шафоати шафеон, ки мерасад, дастаи аввал мавриди шафоат қарор мегиранд, аммо дастаи дуюм аз шафоат маҳрум мешаванд. Чаро? Чун онҳо шарти шафоат шуданро доро нестанд. Шарти он ҳам ба насси сареҳи Қуръон, доро будани сифатҳои номбурда мебошад, ки иборат буданд аз намоз, садақа, ёвамагўӣ ва эътиқод ба рўзи вопасин.

Муфассири олиқадр Аллома Таботабоӣ мегўяд:

Оре, дар оятҳои қуръонӣ асҳоби яминро ба касоне тафсир карда, ки авсофи номбурда дар дўзахиёнро надоранд. Аҳли дўзах ба хотири доштани ин чаҳор сифат, яъне тарки намоз барои Худо, тарки инфоқ дар роҳи Худо, фурўрафтагӣ дар бозичаи дунё ва такзиби рўзи ҳисоб дўзахӣ шудаанд. Ин чаҳор сифат, умуре ҳастанд, ки аркони динро вайрон месозанд ва баръакс доштани зидди он сифатҳо, дини Худоро бапо медорад. Чун дин иборат аст аз иқтидо ба ҳодиёне, ки худ маъсум ва тоҳир бошанд. Ин намешавад, магар ба ин ки аз дилбандӣ ба замин ва зеварҳои фиребандаи он дурӣ кунанд ва ба сўи дидори Худо рўй оваранд, ки агар ин ду сифат муҳаққақ шавад, ҳам аз "бо ёвагўён ёва гуфтан" дур шуда ва ҳам аз " рўзи қиёматро дурўғ ангоштан" дур хоҳанд шуд.

Лозимаи ин ду сифат, таваҷҷўҳ ба сўи Худо аст ба убудият ва саъй дар рафъи эҳтиёҷоти ҷомеа. Ба иборати дигар: метавон аз аввалӣ ба намоз таъбир кард ва аз дуюмӣ ба инфоқ дар роҳи Худо. Пас қивоми дин аз ду ҷиҳати илм ва амал, ба ин чаҳор сифат аст ва ин чаҳор сифат бақия аркони динро ҳам дар пай дорад. Чун масалан касе, ки яктопараст нест ва ё паёмбариро мункир аст, мумкин нест дорои ин чаҳор сифат бишавад. (Диққат фармоед).

Пас асҳоби ямин иборат шуданд аз касоне, ки аз шафоат баҳраманд мешаванд; касоне, ки аз назари дин ва эътиқодот, мавриди ризои Худо ҳастанд. Ҳол, чи ин ки аъмолашон мавриди ризо бошад ва аслан мўҳтоҷ ба шафоат дар қиёмат набошанд ва чи ин ки ин тавр набошанд. Ба ҳар сурат, он касоне, ки аз шафоат шудан манзур ҳастанд, инҳоянд.

Пас маълум шуд, ки шафоат, василаи наҷоти гунаҳкорон аз асҳоби ямин аст, ҳамчунон ки Қуръони Карим ҳам фармуда: "Агар аз гуноҳони кабира дурӣ кунед, гуноҳони сағираи шуморо маҳв мекунем".[5] Ба таври мусаллам, манзур аз ин оят ин аст, ки гуноҳони сағираро Худо меомурзад ва эҳтиёҷе ба шафоат надорад. Пас мавриди шафоат, он идда аз асҳоби яминанд, ки гуноҳони кабира аз онон то рўзи қиёмат боқӣ монда ва ба василаи тавба ва ё аъмоли ҳасанаи дигар аз байн нарафта. Пас маълум мешавад, шафоат марбут ба аҳли гуноҳони кабира аз асҳоби ямин аст. Ҳамчунон ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуда: "Танҳо шафоатам марбут ба аҳли гуноҳони кабира аз умматам аст ва аммо некўкорон ҳеҷ нороҳатӣ дар пеш надоранд".
 Аз ҷиҳати дигар, агар некўкоронро асҳоби ямин хондаанд, дар муқобили бадкоронанд, ки асҳоби шимол (ёрони чап) номида шудаанд ва чи басо тоифаи аввал "асҳоби маймана" ва тоифаи дуюм "асҳоби машъама" ҳам хонда шудаанд. Ин лафзҳо, аз истилоҳоти Қуръони Карим аст ва аз ин ҷо гирифта шуда, ки дар рўзи қиёмат номаи аъмоли баъзеро ба дасти росташон медиҳанд ва номаи аъмоли баъзе дигарро ба дасти чаппашон...”[6]


[1] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Фатҳ‒ул‒қадир, ҷ.6, саҳ.249).

[2] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Маҷмаъ‒ул‒анҳур фи шарҳи мултақо‒ал‒абҳур, ҷ.3, саҳ.26).

[3] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Фиқҳ‒ул‒ибодот, ҷ.1, саҳ.207).

[4] ‒ Сураи Муддассир, оятҳои 38‒48.

[5] ‒ Сураи Нисо, ояти 31.

[6] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Тафсир‒ул‒мизон, ҷ.1, саҳ.96).

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 847 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz