Сешанбе, 23.04.2024, 12:49
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Мафҳуми “дуо” дар Ислом (5)
Мафҳуми “дуо” дар Ислом (5)
20:11

Шавоҳид аз Қуръон ва суннат

Далелҳои фаровоне аз Қуръон ва суннат дорем, ки ҳикоят аз сухан гуфтан бо вафотёфтагон мекунад. Масалан дар достони ҳазрати Солеҳ (алайҳис‒салом) бо қавмаш омадааст, ки вақте қавм аз дастури Худо дар бораи шутур сарпечӣ карда ва онро нобуд сохтанд ва ба Солеҳ гуфтанд, ки агар паёмбар ҳастӣ, азобе, ки ба мо ваъда дода будӣ биёвар, сипас зилзилаи сахте ононро фаро гирифт ва дар асари он онҳо дар хонаҳои хеш беҷон афтоданд ва нобуд шуданд, Солеҳ (алайҳис‒салом) хитоб ба ин нобудшудагон гуфт:

وَقَالَ يَا قَوْمِ لَقَدْ أَبْلَغْتُكُمْ رِسَالَةَ رَبِّي وَنَصَحْتُ لَكُمْ وَلَكِن لاَّ تُحِبُّونَ النَّاصِحِينَ.

Эй қавми ман! Паёмҳои Худовандро расонидам ва шуморо насиҳат кардам, вале шумо насиҳатгаронро дўст намедоред.[1]

Агар чунин мебуд, ки мурдагон намешунаванд, чунон ки ваҳҳобиҳо мепиндоранд, чӣ гуна Солеҳи паёмбар бо онон ба сухан пардохт?

Дар ояти 45 сураи Зухруф омадааст, ки Худо ба Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дастур медиҳад, ки аз паёмбарони пешин савол кунад:

وَاسْأَلْ مَنْ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ مِن رُّسُلِنَا أَجَعَلْنَا مِن دُونِ الرَّحْمَنِ آلِهَةً يُعْبَدُونَ.

Аз паёмбарони пешин бипурс, ки оё ғайр аз Худои Раҳмон худоҳое қарор додем, ки мавриди парастиш қарор гиранд?[2]

Агар ҳеҷ иртиботе бо мурдагон вуҷуд надошта бошад, ҳамон тавр ки салафиҳо меангоранд, пас чӣ гуна аст, ки Худо паёмбарашро дастур медиҳад, ки аз онҳо бипурсад?

Шояд беҳтарин далел бар ин ки байни мо ва вуҷуди мубораки Паёмбари Гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), чи дар ҳоли ҳаёти муборакаш ва чи дар ҳоле ки бадани муқаддасаш дунёи фониро тарк гуфтааст, иртибот вуҷуд дорад ва ў моро мешунавад, ин бошад, ки мо мусулмонон, ҳамаи мусулмонон бо вуҷуди ихтилофҳое, ки байни мо ҳаст, маъмурем дар ташаҳҳуди намозҳоямон, Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро мавриди хитоб қарор дода, бигўем:

السلام عليك ايها النبي ورحمة الله وبركاته!

Дуруд бар ту, эй Паёмбар ва раҳмат ва баракоти Худо!

Агар мурдагон нашунаванд ва нидо кадани онҳо навъе ширк бошад ‒ чунон ки салафиҳо муддаӣ ҳастанд ‒ дар ин сурат бо таваҷҷўҳ ба ин хитобе, ки ба ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз ҷониби ҳар мусулмоне чанд бор дар шабонарўз сурат мегирад, оё дар ин олам як нафар мусулмони муваҳҳид ва яктопарасте (минҷумла худи салафиҳо) боқӣ хоҳад монд?

 

Эътироз

Салафиҳо мегўянд: Агар иддаои шумо саҳеҳ бошад, пас чаро мо дар сираи саҳоба ва ё салафи солеҳ надидаем, ки онҳо мурдагонро садо ва ё нидо карда бошанд? Мо надидаем, ки ҳеҷ саҳобие назди қабри ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва ё бузурге аз бузургон рафта ва бо нидои он ҷаноб (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), аз эшон хоста бошад, ки ҳоҷоташонро бароварда созад.

 

Посух

Дар посух ба ин эътироз мегўем: Ин сухан аз салафиҳо иддаои бедалеле беш нест. Салафиҳо бо ин иддао, ё навъе таҷоҳул аз худ нишон медиҳанд ва ё иттилои кофӣ аз таърих надоранд. Чаро ки муроҷиаи мухтасар ба таърихи саҳоба ва тобеин, хилофи ин иддаоро собит мекунад. Инак, порае аз ривоёт дар ин замина ба унвони намуна:

 

1. Ривояте аз Ибни Моҷа:

Ибни Моҷа бо санади саҳеҳ аз Алӣ ибни Абўтолиб (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ривоят кардааст:

حدثنا يحيى بن خذام حدثنا صفوان بن عيسى أنبأنا معمر عن الزهري عن سعيد بن المسيب عن علي بن أبي طالب قال لما غسل النبي صلى الله عليه وسلم ذهب يلتمس منه ما يلتمس من الميت فلم يجده فقال بأبي الطيب طبت حيا وطبت ميتا.

Вақте Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ҷасади мубораки ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро ғусл дод, ба ҷустуҷўи он шуд, ки аз ҳар маййите ба ҷустуҷўи он мераванд,[3] вале чизе пайдо накард, он гоҳ гуфт: Падарам фидои ту! Пок ҳастӣ, дар ҳоли ҳаёт пок будӣ ва дар ҳоли мамот ҳам покӣ.[4]

Чунон ки дида мешавад, ин ривоят ба равшанӣ далолат дорад ба ин ки ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро пас аз ҷудоӣ аз дунё, мавриди хитоб қарор дода ва бо ў сухан мегўяд.

Саҳеҳ будани ин ривоят мавриди иттифоқи ҳамагон аст. Шайх Албонӣ низ баъд аз зикри ин ҳадис, ба саҳеҳ буданаш эътироф намудааст.[5]

Албатта давоми суханони Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу), ки Ибни Моҷа онро нақл накардааст нишон медиҳад, ки Алӣ на танҳо он ҷанобро мавриди хитоб қарор дода, балки аз он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дархост карда, ки ўро дар пешгоҳи Худо ёд кунад. Соҳиби китоби “Ат‒тамҳид” ва низ Ҳалабӣ дар сираи худ нақл мекунанд:

 ... ثم قال بأبي أنت وأمي طبت حيا وطبت ميتا انقطع بموتك ما لم ينقطع بموت أحد ممن سواك من النبوة والأنبياء... بأبي أنت وأمي اذكرنا عند ربك واجعلنا من همك.

Алӣ сипас гуфт: Падару модарам фидои ту! Дар ҳоли ҳаёт пок будӣ ва дар ҳоли мамот ҳам покӣ. Бо марги ту он чи бурида шуд, ки бо марги паёмбарони пеш аз ту бурида нашуда буд, яъне паёмбарӣ ва паёмбарон бо марги ту мунқатеъ гардид... Падару модарам фидои ту! Моро назди Парвардигорат ёд кун ва мо ҷузъи ҳамму ғамми ту бошем.[6]

 

2. Достони Молики Дор:

Ибни Абўшайба дар “Мусаннаф”‒и худ ривоятеро аз Молики Дор ба ин мазмун нақл мекунад:

حدثنا أبو معاوية عن الأعمش عن أبي صالح عن مالك الدار قال وكان خازن عمر على الطعام قال أصاب الناس قحط في زمن عمر فجاء رجل إلى قبر النبي صلى الله عليه و سلم فقال يا رسول الله استسق لأمتك فإنهم قد هلكوا فأتي الرجل في المنام فقيل له إئت عمر فأقرئه السلام وأخبره أنكم مسقيون...

Дар даврони хилофати Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) қаҳтӣ ва хушксолӣ пеш омад ва он гоҳ марде ба назди қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омад ва гуфт: “Эй Паёмбари Худо! Барои уммати худ об биталаб, ки онон нобуд шуданд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар хоб назди он мард омад ва фармуд: “Пеши Умар бирав ва бар ў салом расонда ва чунин хабар бидеҳ, ки шумо сероб хоҳед шуд...[7]

Дар саҳеҳ будани ин ривоят ҳеҷ шакке нест ва ҳеҷ касе аз ҳадиспажўҳон дар санади он ишколе ворид накардаанд. Ҳатто Шайх Албонии салафӣ низ дар китоби “Тавассул”‒и хеш санади онро саҳеҳ донистааст. Аммо чун мазмуни ҳадис бо ақоиди ў ва пайравонаш мувофиқ нест, саъй карда айбе барои ин ҳадис пайдо кунад. Мегўяд:

Ибни Абўшайба бо санади саҳеҳ аз Абўсолеҳи Саммон ва ў аз Молики Дор, ки дарбони Умар буд ривоят кардааст... (Он гоҳ Албонӣ ривоятро меоварад. Сипас мегўяд:) Посухи мо дар бораи ин ҳадис, яке он аст, ки ин достон ба иллати ношинохта будани Молики Дор аз назари адолат ва забт, ки ду шарти асосӣ дар ҳар санаде ба шумор мераванд, мавриди қабул намебошад...[8]

Албонӣ намегўяд, ки Молики Дор шахси заиф аст ва ё дар бораи ў дар китобҳои риҷолӣ айбе зикр шуда бошад, балки мегўяд: Дар бораи чунин шахсе ҳеҷ сухане гуфта нашудааст; на касе ўро таърифу тамҷид кардааст ва на касе барояш айбе зикр намудааст.

Ин сухан аз Албонӣ, агар нагўем дурўғ аст, ақаллан бояд гуфт, ки як навъ беинсофист. Чаро ки дар бораи Молики Дор, ки дарбони халифа Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) буд, на ин ки касе чизе нагуфта, балки аз ў таърифу тамҷид шудааст.

Инак, назари уламои маъруфи риҷол дар бораи Молики Дор:

1. Соҳиби китоби маъруфи “Ал‒исоба” мегўяд: “Молик ибни Аёз, ходими Умар ва ҳамон касе, ки ба ў Молики Дор мегўянд. Ӯ Абўбакри Сиддиқро дарк карда ва аз ў ривоят шунида ва ҳамчунин аз Умар, Маоз ва Абўубайда ривоят нақл карда. Бухорӣ дар таърихи худ аз тариқи Абўсолеҳи Заквон аз Молики Дор достони хушксолиро нақл кардааст... Ибни Саъд Моликро дар нахустин табақаи тобеини Мадина зикр карда, гуфтааст: Молик аз Абўбакр ва Умар ҳадис ривоят кардааст ва ў маъруф ва шинохташуда буд.[9]

2. Ибни Ҳаббон Молики Дорро дар китоби сиқоти худ (яъне касоне, ки метавон дар ривояти аҳодис ба эшон эътимод намуд) зикр намуда мегўяд: “Молик ибни Аёзи Дор касест, ки аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят нақл кардааст. Солеҳи Саммон аз Молик ривоят кардааст. Ӯ (Молик) ходими Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) буд...”[10]

3. Ибни Асокир дар таърихи худ аз Молик чунин ёд мекунад: “Молик ибни Аёз маъруф ба Молики Дор ходими Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) буд. Аз Абўбакр, Умар, Абўубайда ибни Ҷироҳ (ё Ҷарроҳ) ва Маоз ибни Ҷабал ривоят кардааст. Солеҳи Саммон, Абдураҳмон ибни Саид ибни Ярбуъ ва низ ду писари Молик, яъне Авн ва Абдулло аз ў ривоят нақл кардаанд...[11]

Гузашта аз инҳо, магар чунин нест, ки ҳар касе, ки Бухорӣ аз ў ривоят нақл кунад, сиқа ва мавриди эътимод хоҳад буд? Магар яке аз роҳҳои дастёбӣ ба адолат ва забти ровӣ, ки тибқи гуфтаи Албонӣ ва дигарон, ду шарти асосӣ дар санади ҳар ривояте ба шумор меравад, нақли Бухорӣ аз ў нест? Ва дидем, ки Бухорӣ дар таърихи худ аз Молик достони хушксолӣ ва дархост аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро нақл мекунад.

 

3. Ривояте аз Самҳудӣ:

Самҳудӣ аз Ҳофиз Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мўсо ибни Нўъмон бо санаде аз Алӣ ибни Абўтолиб (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) нақл мекунад, ки се рўз аз дафни Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) гузашта буд, ки арабе аз хориҷи Мадина омад ва хоки қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро бар сар пошида ва гуфт:

يا رسول الله قلت فسمعنا قولك، ووعيت عن الله سبحانه ما وعينا عنك، وكان فيما أنزل عليك: "ولو أنهم إذ ظلموا أنفسهم جاؤوك فاستغفروا الله ..."، وقد ظلمت، وجئتك تستغفر لي...

Эй Расули Худо! Гуфтӣ ва мо гуфтори туро шунидем. Аз Худо дарёфт кардӣ он чиро мо аз ту дарёфт намудем. Аз чизҳое, ки бар ту нозил шудааст, ин оят аст: “Агар онон (мўъминон) вақте ки бар хештан (бо анҷоми гуноҳ) ситам карданд, пеши ту меомаданд ва талаби омурзиш мекарданд ва паёмбар барояшон талаби омурзиш мекард, Худовандро тавбапазир ва раҳим меёфтанд”.[12] Ман бар нафси хеш ситам карда ва пеши ту омадаам, барои мо талаби омурзиш бинамо...[13]

 

4. Сухане аз соҳиби китоби “Ан‒нофеъ‒ул‒кабир”:

Соҳиби китоби “Ан‒нофеъ‒ул‒кабир”, аз фуқаҳои маъруф ва машҳури ҳанафӣ мегўяд: “Байни авом овоза шудааст, ки гўё ҳанафиҳо мўътақид бошанд, ки мурдагон намешунаванд. Ҳақиқат он аст, ки ҳанафиҳо безор аз чунин нисбате ба онҳо мебошанд... Чӣ гуна қудамои асҳоби мо шунидани мурдагонро инкор мекарда бошанд ҳол он ки нассҳое дорем, ки далолат бар шунидани мурдагон мекунад ва аксари саҳоба бар ин масъала иҷмоъ кардаанд... Уммулмуъминин Оиша (разияллоҳу анҳо) қабри бародари худ Абдураҳмонро зиёрат карда ва бо ў сухан гуфтаанд ҳамчунон ки Тирмизӣ ва ғайри ў ривоят кардаанд...[14] Аз ин фаҳмида мешавад, ки шунаванда ва фаҳмкунанда руҳи инсон аст (на ҷасади ў) ва руҳ ҳам бо марг аз байн намеравад... Ба назари ман ҳаққонияти ин амр барои касоне, ки шунидани мурдагонро инкор мекунанд, баъд аз мурданашон ошкор хоҳад шуд, ҳарчанд дар ин ҳаёт онро инкор кунанд ва он гоҳ ба хато ва иштибоҳашон пай хоҳанд бурд, вале ҳайҳот, ки дигар суде барояшон надорад.[15]
Он чи овардем, танҳо намунае аз ривоятҳо ва суханонест, ки дар онҳо перомуни гуфтугў ва иртибот бо аз дунёгузаштагон сухан рафтааст. Нависандаи китоби “Ал‒вафо ли ахбор‒ил‒Мустафо” ҳодиса ва воқеаҳои фаровонеро бо санад нақл мекунад, ки ҳамагӣ дар бораи дархости салафи солеҳ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) пас аз вафоти он ҷаноб мебошад. Хонандаи азиз барои огоҳии бештар дар ин замина метавонад ба ин китоб муроҷиа кунад.


[1]‒ Сураи Аъроф, ояти 79.

[2] ‒ Сураи Зухруф, ояти 45.

[3] ‒ Ба назар мерасад мурод аз ҷустуҷўи он чи аз ҳар мурдае ба ҷустуҷўи он мераванд, ин бошад, ки ҳар ҷасади мурдае дар як ҳолати ғайри табиӣ воқеъ мешавад, ки зиндагон аз он ваҳшат доранд. Валлоҳу аълам.

[4] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Ибни Моҷа, ҷ.1, саҳ.247).

[5] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳ ва заифи Ибни Моҷа, ҷ.3, саҳ.467).

[6] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Тамҳид ли мо фил‒муваттаъ мин ал‒маонӣ вал‒масонид, ҷ.2, саҳ.162).

[7] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Мусаннафи Ибни Абўшайба, ҷ.6, саҳ.356).

[8] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ат‒тавассул, ҷ.1, саҳ.118).

[9] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒исоба фи маърифатис‒саҳоба, ҷ.3, саҳ.139).

[10] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Сиқоти Ибни Ҳаббон, ҷ.5, саҳ.384).

[11] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Таърихи Димишқ, ҷ.56, саҳ.489).

[12] ‒ Сураи Нисо, ояти 64.

[13] ‒ Вафо‒ул‒вафо, Самҳудӣ, Дору эҳё ат‒турос‒ил‒арабӣ, соли 1401 ҳ.қ, ҷ.2, саҳ.1361.

[14] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Сунани Тирмизӣ, ҷ.4, саҳ.313).

[15] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ан‒нофеъ‒ул‒кабир, ҷ.1, саҳ.242).

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 1008 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz