Чоршанбе, 24.04.2024, 03:35
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Мафҳуми “дуо” дар Ислом (4)
Мафҳуми “дуо” дар Ислом (4)
20:07

Эътироз

Салафиҳо вақте бо чунин оят ва ривоятҳое рўбарў мешаванд, фавран мегўянд: Аввалан: мо мункири ин нестем, ки метавон аз бандаи солеҳе дархост кард, ки бароямон дуо кунад, ки ҳоҷатамон бароварда шавад, балки он чи мавриди инкори мо аст, ин восита қарор додани шахси бандаи солеҳ ва ё обрў ва ё ҳаққи ў дар пешгоҳи Худо барои баровардани ҳоҷат аст. Ҳадиспажўҳи маъруфи салафиҳо Шайх Носируддин Албонӣ мегўяд:

Мутавассил шудан ба Худо ба воситаи марди солеҳе, маънояш ин нест, ки ба шахси ў ва ё ба эътибору обрў ва ё ҳаққи ў бошад, балки ба дуо ва тазаррўъ ва дархости ў аз Худо аст. Ба ҳамин ҷиҳат, маънои сухани Умар (разияллоҳу анҳу) ин аст: Худоё! Мо дар гузашта ҳаргоҳ борон намеборид, мерафтем ба суроғи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва аз ў мехостем, ки дуо карда ва аз Худо бихоҳад бароямон борон фуруд оварад...”[1] 

Сониян: илова бар ин, мо мўътақидем ҳатто дар мавриди талаби дуо аз касе, шарт он аст, ки он кас дар ҳоли ҳаёт бошад, на ин ки мурда бошад. Шайх Албонӣ мегўяд:

Аз он ҷо ки тавассул ба воситаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) баъд аз вафоташ ғайри мумкин аст, пас аз куҷост барои онон, ки ба суроғи он ҷаноб рафта ва ҳоли хешро барояш шарҳ кунанд ва аз ў дархост намоянд, ки барояшон дуо кунад ва такя бар дуои ў намоянд ва ҳол он ки вай ба олами охират мунтақил гардида ва дар ҳоле шуда, ки аз ҳоли дунё ва шароити он фарқ мекунад, ки ҷуз Худо касе аз он огоҳӣ надорад. Пас аз куҷост барои онон, ки аз дуои он ҷаноб баҳраманд шаванд...”[2]

 

Нақду баррасӣ

Дар посух ба ин эътироз мегўем:

1. Дар ривояте, ки дар он халифа Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) мутавассил ба Аббос ибни Абдулмутталиб (разияллоҳу анҳу) шудааст, таъбир чунин аст:

(اللَّهُمَّ إِنَّا كُنَّا نَتَوَسَّلُ إِلَيْكَ بِنَبِيِّنَا فَتَسْقِينَا وَإِنَّا نَتَوَسَّلُ إِلَيْكَ بِعَمِّ نَبِيِّنَا فَاسْقِنَا),

яъне “Худоё! Мо дар гузашта паёмбарамонро ба сўят восита қарор медодем ва он гоҳ борони раҳмати худро бароямон мефиристодӣ, акнун амуи паёмбарамонро ба сўят восита қарор медиҳем, борони раҳмати худро бароямон бифирист!” Дар ин ҷо халифа нагуфт, ки мо аз паёмбарамон дархост мекардем, ки бароямон аз Худо бихоҳад, балки гуфт: Мо ўро восита қарор медодем. Ҳар араб ва ё арабидоне, аз ҷумлаи (نَتَوَسَّلُ إِلَيْكَ بِنَبِيِّنَا), оё ғайр аз инро мефаҳмад?

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Шайх Албонӣ дар ин ҷо, чунин насси возеҳеро нодида гирифта ва барои фирор, даст ба таъвил мезанад ва мегўяд: “Мо (ва ҳатто мухолифони мо) иттифоқ дорем, ки дар сухани Умар чизе аз забон афтодааст, ки баночор онро муқаддар гирем. Он чиз ба назари мо ин аст: Мо ба дуои паёмбарамон мутавассил мешудем..."[3]

Дар ин ҷо бояд барои ҷаноби Албонӣ ва амсоли ў сухани худи халифа Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу)‒ро, ки уламо (аз ҷумла соҳиби китоби “Усд‒ул‒ғоба”) нақл мекунанд, мутазаккир шавем, ки муроди халифа чӣ будааст:

واستسقى عمر بن الخطاب بالعباس رضي الله عنهما عام الرمادة لما اشتد القحط. فسقاهم الله تعالى به، وأخصبت الأرض. فقال عمر: هذا والله الوسيلة إلى الله، والمكان منه.

Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) дар соли рамода он ҳангом ки қаҳтӣ шиддат гирифт, ба воситаи Аббос ибни Абдулмутталиб (разияллоҳу анҳу) талаби резиши борон кард, он гоҳ Худои Таоло ба воситаи ў онҳоро сероб кард ва замин ҳосилхез шуд. Он гоҳ Умар гуфт: “Ба Худо савганд, ин васила аст ба сўи Худо ва маконат ва манзилатест аз ў”.[4]

2. Бар фарз ҳам, ки эътирози салафиҳоро дар мавриди ҳадиси боло бипазирем, вале бо ҳадиси зерин, ки дигар ҷои ҳеҷ таъвил надорад, чӣ кор мекунанд:

حَدَّثَنَا عُثْمَانُ بْنُ عُمَرَ أَخْبَرَنَا شُعْبَةُ عَنْ أَبِي جَعْفَرٍ قَالَ سَمِعْتُ عُمَارَةَ بْنَ خُزَيْمَةَ يُحَدِّثُ عَنْ عُثْمَانَ بْنِ حُنَيْفٍ أَنَّ رَجُلًا ضَرِيرَ الْبَصَرِ أَتَى النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ ادْعُ اللَّهَ أَنْ يُعَافِيَنِي قَالَ إِنْ شِئْتَ دَعَوْتُ لَكَ وَإِنْ شِئْتَ أَخَّرْتُ ذَاكَ فَهُوَ خَيْرٌ فَقَالَ ادْعُهُ فَأَمَرَهُ أَنْ يَتَوَضَّأَ فَيُحْسِنَ وُضُوءَهُ فَيُصَلِّيَ رَكْعَتَيْنِ وَيَدْعُوَ بِهَذَا الدُّعَاءِ اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ وَأَتَوَجَّهُ إِلَيْكَ بِنَبِيِّكَ مُحَمَّدٍ نَبِيِّ الرَّحْمَةِ يَا مُحَمَّدُ إِنِّي تَوَجَّهْتُ بِكَ إِلَى رَبِّي فِي حَاجَتِي هَذِهِ فَتَقْضِي لِي اللَّهُمَّ شَفِّعْهُ فِيَّ.

Усмон ибни Ҳунайф мегўяд: Марди нобиное ҳузури Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омад ва гуфт: Аз Худованд бихоҳ ба ман офият бахшад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: Агар моил ҳастӣ, дуо кунам ва агар моил ҳастӣ, сабр кун, ки ин беҳтар аст. Марди нобино гуфт: Дуо бифармоед. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ў дастур дод то вузў бигирад ва дар вузўи худ диққат кунад ва ду ракъат намоз бигузорад ва он гоҳ ин чунин дуо кунад: “Парвардигоро! Ман аз ту дархост мекунам ва ба василаи паёмбарат Муҳаммад, паёмбари раҳмат ба ту рўй меоварам. Эй Муҳаммад! Ман дар бораи ҳоҷатам ба василаи ту ба Худоям рўй меоварам то ин ҳоҷатамро бароварда кунӣ. Парвардигоро! Шафоати ўро дар бораи ман бипазир.[5]

Дар саҳеҳ будани ин ҳадис шакке нест, ҳатто Ибни Таймия санади онро саҳеҳ донистааст.[6] Шайх Албонӣ низ ҳарчанд талош карда барои ин ҳадис айбе пайдо кунад, вале гуфта ин ҳадис саҳеҳ аст.[7] Рафоӣ ‒ аз салафиёни муосир, ки мекўшад ҳадисҳои тавассулро аз эътибор биандозад, дар бораи ин ҳадис мегўяд: “Шакке нест, ки ин ҳадис саҳеҳ ва машҳур аст...”[8]

3. Аммо дар посух ба ин иддао, ки дархости дуо фақат аз зиндаҳо ҷоиз аст, на мурдаҳо, мегўем: На танҳо аз вафотёфтагон мешавад талаби дуо намуд, балки болотар аз он, метавон онҳоро восита дар баровардани ҳоҷот қарор дод, чунон ки дар ҳоли ҳаёташон чунин аст, бар хилофи иддаои салафиҳо, ки восита қарор додани бандагони солеҳро ҳатто дар ҳоли ҳаёт ҳам намепазиранд ва онро ширк қаламдод менамоянд.

Зеро дар мавзўи мавриди баҳси мо (ва ҳатто дар мавзўоти дигар), аз дидгоҳи Ислом фарқе байни вафотёфта ва зинда вуҷуд надорад. Ислом ба сароҳат эълом медорад, ки шуҳадо пас аз ҷудоӣ аз бадан зинда ҳастанд:

وَلاَ تَقُولُواْ لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبيلِ اللّهِ أَمْوَاتٌ بَلْ أَحْيَاء وَلَكِن لاَّ تَشْعُرُونَ.

Ба касоне, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, нагўед мурдаанд, балки онон зиндаанд, вале шумо эҳсос намекунед.[9]

وَلاَ تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ اللّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْيَاء عِندَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ. فَرِحِينَ بِمَا آتَاهُمُ اللّهُ مِن فَضْلِهِ وَيَسْتَبْشِرُونَ بِالَّذِينَ لَمْ يَلْحَقُواْ بِهِم مِّنْ خَلْفِهِمْ أَلاَّ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلاَ هُمْ يَحْزَنُونَ. يَسْتَبْشِرُونَ بِنِعْمَةٍ مِّنَ اللّهِ وَفَضْلٍ وَأَنَّ اللّهَ لاَ يُضِيعُ أَجْرَ الْمُؤْمِنِينَ.

Гурўҳеро, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, мурда напиндоред, балки онон зиндагонанд, ки назди Худояшон рўзӣ мехўранд. Онон ба он чи Худованд аз карами худ ба эшон додааст хурсанду шодмонанд ва ба касоне, ки ба онҳо напайвастаанд башорат медиҳанд, ба неъматҳои илоҳӣ ва фазли Ӯ ибрози хушҳолӣ мекунанд. Худованд подоши мўъминонро зойеъ намесозад.[10]

Агар шаҳидони роҳи Худоро набояд мурда ангошт, балки зинда ҳастанд, дар ин сурат ва бо таваҷҷўҳ ба ин ки мақоми паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ болотар аз мақоми шуҳадо аст, чӣ гуна иддао мешавад, ки онҳо моро намешунаванд ва талаби дуо аз онҳо, қатъи назар аз восита қарор доданашон, бефоида аст?

 

Эътироз

Дар ин ҷо, ки салафиҳо мерасанд, фавран мегўянд: Иддаои мо ин нест, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва куллан тамоми инсонҳо пас аз марг ба нобудӣ мераванд, балки мо, мисли соири диндорон, мўътақидем инсон пас аз ин дунё ба олами барзах мунтақил мешавад, аммо на бо ҷасади худ, балки бо руҳаш. Аз он ҷо ки инсон танҳо бо ҷасади худ бар анҷоми кор қодир аст, бинобар ин муддаӣ ҳастем инсонҳо (ва аз ҷумла паёмбарон) наметавонанд бо инсонҳои ин дунё иртибот барқарор кунанд ва ё дуо ва нидои ононро бишнаванд то ба додашон бирасанд. Сухани мо ин аст.  Яке аз шайхҳои салафият ба номи Солеҳ ибни Абдулазиз ибни Муҳаммад Оли Шайх мегўяд:

Онҳо (шуҳадо ва ҳамчунин паёмбарон, ки мақоме болотар аз шуҳадо доранд) бино бар насси қуръонӣ, зиндагонанд, аммо ҳаёти онон мисли ҳаёти мо инсонҳо дар рўи замин нест... Онҳо ҳарчанд бо ҳаёти барзахӣ, ки аз кайфият ва чигунагии он огоҳ нестем, зиндагонанд, вале ҳаёти барзахии онон фарқ мекунад бо ҳаёти онҳо дар ин дунё, дар заминаи қудрат бар анҷоми корҳо. Ин баёнест судманд барои ҳар он касе, ки дар ин сухани мо тааммул ва тадаббур кунад...”[11]

 

Нақду баррасӣ

Мушкили салафиҳо дар ин аст, ки онҳо моҳият ва воқеияти инсонро дуруст нафаҳмидаанд ва бардоште шабеҳи бардошти моддигароён ва материалистҳоро дар бораи ҳақиқати инсон доранд. Албатта бо ин фарқ, ки материалистҳо моҳияти инсонро танҳо дар ҳамин ҷасад маҳдуд дониста ва эътиқоде ба руҳ надоранд, аммо салафиҳо ҳарчанд ба вуҷуди руҳ барои инсон мўътақиданд, вале қивоми инсонро ҷасади ў медонанд, на руҳаш. Яъне онҳо мўътақид ҳастанд инсони беҷасад ҳеҷкора аст; на мешунавад, на мебинад ва хулоса ҳеҷ коре аз дасташ намебарояд.

Дар ҷои худаш бо далелҳои мутқан ва муҳками ақлӣ, ки Қуръон ва суннат низ онҳоро таъйид мекунад собит шудааст, ки инсон, ҳарчанд мураккаб аз бадан ва руҳ мебошад, вале воқеият ва ҳақиқати ў ҳамон руҳи ўст. Бадан танҳо маркаб ва ё либосеро монад, ки руҳ дар ин дунё бо он ҳамроҳ аст. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Қуръон, он ҷо ки аз реҳлати инсон аз ин дунё сухан мегўяд, вожаи “таваффӣ”‒ро, (ки ба маънои “гирифтан” аст, на ба маънои “мирондан”) дар мавриди он ба кор мегирад:

قُلْ يَتَوَفَّاكُم مَّلَكُ الْمَوْتِ الَّذِي وُكِّلَ بِكُمْ ثُمَّ إِلَى رَبِّكُمْ تُرْجَعُونَ.

Бигў: фариштаи марг, ки барои шумо гуморида шудааст, шуморо мегирад, он гоҳ ба сўи Парвардигори худ бозмегардед.[12]
Қуръон маргро фано ва нобудии инсоният ва поёни зиндагии башар намедонад, балки онро танҳо интиқоле аз як дунё ба дунёи дигар қаламдод мекунад.


[1] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ат‒тавассул, ҷ.1, саҳ.55).

[2] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ат‒тавассул, ҷ.1, саҳ.56).

[3] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ат‒тавассул, ҷ.1, саҳ.52).

[4]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Усд‒ул‒ғоба, ҷ.2, саҳ.77).

[5]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муснади Аҳмад, ҷ.35, саҳ.109).

[6]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Маҷмуъ‒ул‒фатово, ҷ.35, саҳ.266).

[7] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ат‒тавассул, ҷ.1, саҳ.85).

[8] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ат‒тавассул ило ҳақиқатит‒тавассул, ҷ.35, саҳ.141).

[9]‒ Сураи Бақара, ояти 154.

[10]‒ Сураи Оли Имрон, оятҳои 169 то 171.

[11] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ҳозиҳи мафоҳимуно, ҷ.1, саҳ.126).

[12]‒ Сураи Саҷда, ояти 11.

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 1210 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz