Ҷумъа, 29.03.2024, 12:51
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Мафҳуми “дуо” дар Ислом (3)
Мафҳуми “дуо” дар Ислом (3)
20:04

Тазаккури як матлаби муҳим

Қабл аз зикри оят ва ривоятҳое дар ин мавзўъ, лозим аст ба як матлаби хеле муҳим дар ин замина ишора намоем. Он ин ки баъзеҳо мегўянд: Қатъи назар аз машрўъ будан ва ё машрўъ набудани асли мавзўи тавассул ба паёмбарон ва авлиё барои тақарруб ба Худо ва ё бахшоиши гуноҳон ва ё баровардани ҳоҷот, худи эътиқод ба чунин асле, яъне эътиқод ба ин ки паёмбарон ва авлиё дасти моро хоҳанд гирифт ва воситаҳое бароямон дар умури номбурда хоҳанд шуд, навъе ташвиқ бар анҷоми гуноҳон ва ё навъе замонат додан ба гуноҳкорон аст, ки парвое надошта бошед, ҳамин ки даст ба домани бузургон шавед кофист, ки Худо гуноҳонатонро бибахшояд.

Ҳаргиз чунин нест. Ин посух дорад. Посухаш ҳам ин ки восита шудани паёмбарон ва авлиёуллоҳ, бе қайду шарт нест. Чунин нест, ки ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) барои ҳар касе ва барои ҳар навъ гуноҳе восита қарор гирад. Мо иншоаллоҳ дар баҳси “шафоат” перомуни ин масъала каме бо тафсил баҳс хоҳем намуд.

Акнун бармегардем бар сари мавзўи худамон, ки гуфтем мо оят ва ривоятҳои фаровоне дар мавзўи тавассул ба паёмбарон дорем:

 

Чанд намуна аз Қуръони Карим

Намунаи аввал: Фарзандони Яъқуб вақте эҳсос карданд, ки ба сабаби ситаме, ки нисбат ба бародарашон Юсуф карданд, олудаи гуноҳ шудаанд, даст ба домани падари паёмбарашон шуданд ва гуфтанд:

قَالُواْ يَا أَبَانَا اسْتَغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا إِنَّا كُنَّا خَاطِئِينَ. قَالَ سَوْفَ أَسْتَغْفِرُ لَكُمْ رَبِّيَ إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ.

Эй падари мо! Барои мо ба хотири гуноҳоне, ки дорем, аз Худо талаби мағфират кун, мо хатокор будем. Падар гуфт: Ба ҳамин зудӣ аз Парвардигорам барои шумо талаби омурзиш мекунам, Ӯ бахшоишгар ва раҳим аст.[1]

Ин ҷо Яъқуби паёмбар нагуфт: Биравед, дархост аз ман бо ҷумлаи “Ё абоно!” (яъне эй падари мо) навъе ибодати ғайри Худо аст ва ширк аст. Биравед, худатон аз Худо бихоҳед...

Агар чунин коре ширк мебуд ‒ ҳамон тавр ки салафиҳо мепиндоранд ‒ ҳатман ҷаноби Яъқуб (алайҳис‒салом) ба онҳо тазаккур медод.

Намунаи дигар: Иброҳими Халил (алайҳис‒салом) ба падари мушрики худ мегўяд, ки ман барои ту аз Худо талаби омурзиш мекунам:

سَأَسْتَغْفِرُ لَكَ رَبِّي إِنَّهُ كَانَ بِي حَفِيًّا.

Иброҳим гуфт: Ба зудӣ барои ту талаби омурзиш мекунам, зеро Парвардигори ман некўкор аст.[2]

Талаби омурзиши фазандони Яъқуб аз падар, оё ҷуз ин аст, ки ўро восита ба даргоҳи илоҳӣ қарор медиҳанд? Талаби омурзиши Иброҳим аз барои падар, оё ҷуз ин аст, ки мехоҳад восита байни падар ва Худо гардад?

Намунаи сеюм: Худованд ба паёмбари худ дастур медиҳад:

خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِم بِهَا وَصَلِّ عَلَيْهِمْ إِنَّ صَلاَتَكَ سَكَنٌ لَّهُمْ وَاللّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ.

Аз молҳои онон садақа бигир, ононро бо ин амал пок гардон ва дар ҳаққи онон дуо кун, зеро дуои ту дар ҳаққи онон, мояи оромиши онҳо аст ва Худованд доно ва шунаво аст.[3]

Аз ин оят ба равшанӣ истифода мешавад, ки аз асбоби пок гардидани шахс аз гуноҳон, (ки сабаби тақарруби ў ба Худо аст), яке аъмоли худи ўст монанди садақа додани вай ва дигаре, дуои ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ҳаққи ўст. Яъне дуо ва дархости он ҷаноб (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ҳадди зоти худ, сабабе аз асбоби покӣ ва оромиши банда аст. 

Намунаи чаҳорум: Худованд дар Қуръони Карим дастур медиҳад, ки мўъминони гунаҳкор, барои ҷалби мағфирати Худо, ҳузури Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бираванд ва аз ў бихоҳанд, ки барои онон талаби омурзиш кунад ва агар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) барои онон талаби омурзиш кунад, Худованд гуноҳони ононро мебахшад:

وَلَوْ أَنَّهُمْ إِذ ظَّلَمُواْ أَنفُسَهُمْ جَآؤُوكَ فَاسْتَغْفَرُواْ اللّهَ وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُواْ اللّهَ تَوَّابًا رَّحِيمًا.

Агар онон (мўъминон) вақте ки бар хештан (бо анҷоми гуноҳ) ситам карданд, пеши ту меомаданд ва талаби омурзиш мекарданд ва паёмбар барояшон талаби омурзиш мекард, Худовандро тавбапазир ва раҳим меёфтанд.[4]

Мушкили салафиҳо дар ин аст, ки фикр мекунанд мусулмон вақте бигўяд: “Ё Муҳаммад! Ба доди ман бирас!”, Худоро фаромўш карда ва суроғи бандааш рафтааст. Ҳаргиз чунин нест.

Дуои зерин, дуои тавассул аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) худ кайфият ва чигунагии онро таълим додаанд. Хонанда баъд аз диққат дар мазмуни ин дуо, худ доварӣ кунад, ки куҷои он ибодати ғайри Худо ва дар натиҷа ширк аст:

اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ وَأَتَوَجَّهُ إِلَيْكَ بِنَبِيِّكَ مُحَمَّدٍ نَبِيِّ الرَّحْمَةِ يَا مُحَمَّدُ إِنِّي تَوَجَّهْتُ بِكَ إِلَى رَبِّي فِي حَاجَتِي هَذِهِ فَتَقْضِي لِي.

Парвардигоро! Ман аз ту дархост мекунам ва ба василаи паёмбарат Муҳаммад, паёмбари раҳмат ба ту рўй меоварам. Эй Муҳаммад! Ман дар бораи ҳоҷатам ба василаи ту ба Худоям рўй меоварам то ин ҳоҷатамро бароварда кунӣ...[5]

 

Ривояте дар ин боб аз Бухорӣ

Бухорӣ дар Саҳеҳи худ аз Анас чунин ривояте нақл кардааст:

حَدَّثَنَا الْحَسَنُ بْنُ مُحَمَّدٍ قَالَ حَدَّثَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ الأَنْصَارِىُّ قَالَ حَدَّثَنِى أَبِى عَبْدُ اللَّهِ بْنُ الْمُثَنَّى عَنْ ثُمَامَةَ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ أَنَسٍ عَنْ أَنَسٍ أَنَّ عُمَرَ بْنَ الْخَطَّابِ - رضى الله عنه - كَانَ إِذَا قَحَطُوا اسْتَسْقَى بِالْعَبَّاسِ بْنِ عَبْدِ الْمُطَّلِبِ فَقَالَ اللَّهُمَّ إِنَّا كُنَّا نَتَوَسَّلُ إِلَيْكَ بِنَبِيِّنَا فَتَسْقِينَا وَإِنَّا نَتَوَسَّلُ إِلَيْكَ بِعَمِّ نَبِيِّنَا فَاسْقِنَا . قَالَ فَيُسْقَوْنَ.

Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) дар ҳангоми қаҳтӣ, Аббос ибни Абдулмутталиб (амуи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи))‒ро восита қарор дода, талаби резиши борон менамуд ва мегуфт: “Худоё! Мо дар гузашта паёмбарамонро ба сўят восита қарор медодем ва он гоҳ борони раҳмати худро бароямон мефиристодӣ, акнун амуи паёмбарамонро ба сўят восита қарор медиҳем, борони раҳмати худро бароямон бифирист!” Дар ин ҳангом борон резиш мекард ва ҳамагӣ сероб мешуданд.[6]

 


[1]‒ Сураи Юсуф, оятҳои 97 ва 98.

[2]‒ Сураи Марям, ояти 47.

[3]‒ Сураи Тавба, ояти 103.

[4]‒ Сураи Нисо, ояти 64.

[5]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муснади Аҳмад, ҷ.35, саҳ.109).

[6] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.4, саҳ.191).

 

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 754 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz