Ҷумъа, 19.04.2024, 11:14
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Мафҳуми “дуо” дар Ислом (2)
Мафҳуми “дуо” дар Ислом (2)
19:59

Эътироз

Шояд ин ҷо салафӣ бароямон эътироз кунад, ки шумо моро нафаҳмидед. Мо мегўем баъзе аз корҳо чунинанд, ки бо восита анҷом мегиранд мисли ҳамин мавриде, ки зикр кардед. Аммо баъзе корҳоро Худо худ бевосита анҷом медиҳад мисли баровардани дархости ҳоҷатманд. Магар Худо худ дар Қуръон нафармудааст:

وَقَالَ رَبُّكُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِي سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ.

Парвардигори шумо фармуд: Маро бихонед то (дуои) шуморо бипазирам. Касоне, ки аз ибодати ман такаббур варзанд, бо хорӣ вориди ҷаҳаннам мешаванд.[1]

Дар посух мегўем: Ин тарзи тафаккур ҳам ношӣ аз адами огоҳӣ дар бораи корҳои Худо аст. Ҳамон тавр ки гуфтем, одат ва қонуни Худованд дар ҷаҳони ҳастӣ ин аст, ки ҳар кор ва ҳар падидае, чи оддӣ ва ғайри оддӣ, аз тариқи асбоб ва авомил воқеъ мешавад, яъне бо восита таҳаққуқ меёбад. Бароварда шудани ҳоҷати ҳоҷатманд ва ё иҷобати дуои мўъмине дар пешгоҳи Худо низ, чун падидае аз падидаҳои олами ҳастӣ ба шумор меравад, қатъан аз роҳи асбоб ва авомили муайяне таҳаққуқ мепазирад. Истисное дар суннати илоҳӣ вуҷуд надорад. Яъне чунин нест, ки қонун ва суннати илоҳӣ дар таҳаққуқ ва вуқўи ҳар феъл ва падидае дар ҷаҳони ҳастӣ ин бошад, ки аз тариқи асбоб ва авомил сурат гирад, вале бароварда шудани ҳоҷат ва ё иҷобати дуо, хориҷ аз он қонун ва ғайри хозеъ ба он бошад. Ҳаргиз чунин нест:

سُنَّةَ اللَّهِ الَّتِي قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلُ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا.

(Ин) суннати Худо аст, ки пеш аз ин чунин буд ва ҳаргиз барои ин суннати Худо тағйир ва дигаргунӣ нахоҳӣ ёфт.[2]

 

Тақарруб ба Худо, роҳи худро дорад

Ояте ҳаст дар Қуръони Карим, ки ин матлабро бо баёни хеле равшан ва расое мерасонад. Оят мефармояд, ки тақарруб ва наздикӣ ба пешгоҳи Худо, ки мурод ва матлуби ҳар бандаи мўъмин мебошад, худ роҳе дорад. Мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اتَّقُواْ اللّهَ وَابْتَغُواْ إِلَيهِ الْوَسِيلَةَ...

Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Худо пеша кунед ва ба сўи Ӯ васила ҷўед... [3]

Муфассирон дар тафсири ин оят мегўянд, ки мурод аз “ба сўи Ӯ”, яъне тақарруб ва наздикӣ ба Худо ва мурод аз “васила”, яъне аъмоли солеҳа аз қабили тоату ибодоти Худо ва баъзеҳо муҳаббати Худоро ҳам изофа мекунанд. Яъне эй мўъминон, аввалан тақвои илоҳӣ дошта бошед ва сониян шумо, ки мехоҳед ба даргоҳи илоҳӣ наздик гардед, пас бидонед роҳаш ин аст, ки бояд мутавассил ба василае шавед, ки шуморо ба он бирасонад.

Ба равшанӣ баён мекунад, ки тақарруб ва наздикӣ ба даргоҳи Худо, ки матлуб ва муроди ҳар бандаи мўъмин аст, воқеъ шуданаш ба унвони падидае аз падидаҳои олами ҳастӣ, хориҷ аз қонун ва суннати илоҳӣ намебошад. Он ҳам роҳи худро дорад.

Пас мўъмин, анҷоми аъмоли солеҳа аз қабили намоз, рўза, ҳаҷ, садақа, некӣ бар падару модар ва ғайраро, восита ва василае қарор медиҳад то ўро ба Худо наздик гардонанд. Худи ин аъмол, дар ҳадди зот, мурод ва матлуби мўъмин нестанд. Матлуб, наздикӣ ва тақарруб ба Худо аст. Аммо чун расидан ба ин матлуб, ҷуз аз ҳамин тариқ ва роҳҳо муяссар нест, ночор банда ба онҳо мутавассил мешавад. Воқеан, агар аз ҳар мусулмоне, ки маносики ҳаҷ аз қабили тавофи Каъба, саъй дар Сафо ва Марва, вуқуф дар Арафот ва Мино ва ғайраро анҷом медиҳад, савол шавад, ки чаро чунин мекунӣ? Чаро дар атрофи ин хона мегардӣ? Чаро аз ин кўҳ ба он кўҳ медавӣ? Оё хоҳад гуфт, ки инҳоро мепарастам ва инҳо дар ҳадди зоти худ матлуб ва муроди ман ҳастанд? Ё мегўяд: Мурод ва матлуб ва маъшуқи ман Худо аст, аммо вусул ба ин маъшуқ ва ин “Лайло”, ҷуз бо тавассул ба ин васоил таҳаққуқ намеёбанд? Албатта васоили машрўъ, яъне васоиле, ки худи Худо таъин фармудааст.

Бароварда шудани ҳоҷоти мўъмин ва ё иҷобати дуои ў низ, ба унвони падидае аз падидаҳои олами ҳастӣ, ҳамин тавр аст, яъне ҷуз аз тариқи васоили машрўи худ таҳаққуқ намеёбад. Дар ин ҷо низ бояд мутавассил ба васоил шуд. Ин васоил, метавонад ё тоату ибодоти худи банда бошад ва ё метавонад вуҷуди мубораки Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва авлиёуллоҳ бошад. Ҳар ду, аз васоили машрўъ ҳастанд.

Дар ояте ҳам, ки овардем ва дар бораи тақарруб ба Худо буд, ба назар мерасад муфассирон тоату ибодотро ба унвони намуна зикр карда бошанд, вагарна худи оят аз ин ҷиҳат сокит аст. Яъне худи оят таъин накардааст, ки ин васоил чӣ бояд бошанд. Далелаш ҳам он ки баъзе аз муфассирон, муҳаббати Худо ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро ҳам аз васоили тақарруб ба Худо ёдовар шудаанд.

Аз ин рў, агар мусулмоне, аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) баровардани ҳоҷатеро мехоҳад, чунин нест, ки аз ғайри Худо хоста бошад (ҳамон тавр ки салафиҳо иддао мекунанд), балки ҷуз аз Худо намехоҳад, вале чун медонад, ки Худо роҳи бароварда шудани ин ҳоҷатро ҷуз аз тариқи васоили машрўъ муҳаққақ намесозад ва бешак яке аз он роҳҳо вуҷуди мубораки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мебошанд, аз ин рў Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро мехонад. Дар ҳақиқат ў вуҷуди мубораки ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро восита ба даргоҳи Худо қарор медиҳад.

Ҳамон тавр ки мо дар корҳои оддиямон, он ҷо ки худ оҷизем, гоҳе ба воситаҳое даст меёзем (мисоли касе, ки барои наҷот аз ғарқ шудан, даст ба домани каси дигаре мешавад, чун худ шино кардан наметавонад), ҳамчунин дар порае аз умури маънавӣ низ ниёзманди касе ҳастем, ки дасти моро гирад. Гунаҳкор он ҷо ки эҳсос мекунад гуноҳонаш монеи қабул шудани дуои ў ба даргоҳи илоҳист, даст ба домани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мешавад, чун яқин дорад, ки Паёмбари Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи) аз чунон мақом ва ҷойгоҳе дар пешгоҳи илоҳӣ бархўрдор аст, ки восита кардани он мақом ва ҷойгоҳ, метавонад боиси омурзиши гуноҳони ў шавад. Ширк донистани чунин коре аслан маъно надорад.

Табаронӣ дар “Ал‒муъҷам‒ус‒сағир[4] ва Ҳоким дар “Ал‒мустадрак[5] ва Байҳақӣ дар “Далоил‒ун‒нубувва[6] ва Ибни Асокир дар таърихи худ[7] ва Суютӣ дар “Ад‒дур‒ул‒мансур[8] бо санаде аз Умар ибни Хатоб (разияллоҳу анҳу) нақл кардаанд, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд:

أخرج الطبراني في المعجم الصغير والحاكم وأبو نعيم والبيهقي كلاهما في الدلائل وابن عساكر عن عمر بن الخطاب قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: لما أذنب آدم الذنب الذي أذنبه، رفع رأسه إلى السماء فقال: أسألك بحق محمد إلا غفرت لي؟ فأوحى الله إليه: ومن محمد؟ فقال: تبارك اسمك. لما خلقتني رفعت رأسي إلى عرشك فإذا فيه مكتوب: لا إله إلا الله محمد رسول الله، فعلمت أنه ليس أحد أعظم عندك قدراً ممن جعلت اسمه مع اسمك. فأوحى الله إليه: يا آدم انه آخر النبين من ذريتك، ولولا هو ما خلقتك.

Вақте Одам (алайҳис‒салом) муртакиби гуноҳе шуд,[9] сар ба осмон баланд кард ва гуфт: (Худоё!) Аз ту ба ҳаққи Муҳаммад дархост мекунам, ки маро бубахш. Худо ба ў ваҳй намуд, ки Муҳаммад кист? Одам посух дод: Исмат муборак бодо! Вақте маро офаридӣ, сар ба Арш баланд намудам, дар ин ҳангом дидам дар он навишта шудааст: “Маъбуде ҷуз Худо нест ва Муҳаммад паёмбари Ӯст”. Он гоҳ донистам, ки касе дар мақом ва манзилат дар назди ту бузургтар аз касе, ки исми ўро дар канори исми худ қарор додаӣ вуҷуд надорад. Дар ин мавқеъ Худо ба Одам ваҳй намуд: Эй Одам! Ӯ (Муҳаммад) охирин паёмбар аз зуррияи туст ва агар ў набуд, туро намеофаридам.[10]

Ин ривоят ба равшанӣ далолат мекунад, ки ҳазрати Одам (алайҳис‒салом) манзилат ва мақоми ҳазрати Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро восита дар бахшоиши гуноҳи худ дар пешгоҳи Худованд қарор додааст. Чӣ далел рашантар ва возеҳтар аз ин?

Ибни Таймия ва ба табаи ў пайравонаш аз шайхҳои салафият, чун дидаанд маъно ва мазмуни ин ҳадиси шариф бар хилофи ақоиди онҳо аст, бо далоили пуч ва бепоя, тамоми саъю талоши худро ба харҷ додаанд то дар санади ин ривоят айбе пайдо кунанд, ғофил аз ин ки Ҳоким дар “Ал‒мустадрак” (ки китобест, ки дар он, ривоятҳое ба шарти Бухорӣ ва Муслим гирд оварда шудаанд) баъд аз нақли ин ривоят мегўяд:

Санади ин ҳадис саҳеҳ аст ва нахустин ҳадисест, ки ман аз Абдурраҳмон ибни Зайд ибни Аслам дар ин китоб (Ал‒мустадрак) ёдовар шудам”.[11]
Агар кўтоҳ омада ва эътирози салафиҳоро дар санади ин ҳадис бипазирем, вале бо оятҳо ва ривоятҳои дигаре, ки дар санади онҳо ҳеҷ шакке, ҳатто аз ҷониби худи салафиҳо вуҷуд надорад ва ба зудӣ ба баъзе аз онҳо ишора хоҳем намуд, чӣ кор бояд кард?


[1]‒ Сураи Ғофир, ояти 60.

[2]‒ Сураи Фатҳ, ояти 23.

[3]‒ Сураи Моида, ояти 35.

[4] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒муъҷам‒ус‒сағир, ҷ.3, саҳ.129).

[5]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒мустадрак, ҷ.10, саҳ.7).

[6]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Далоил‒ун‒нубувва, ҷ.6, саҳ.118).

[7]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Таърихи Димишқ, ҷ.7, саҳ.437).

[8]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ад‒дур‒ул‒мансур, ҷ.1, саҳ.91).

[9] ‒ Манзур аз иртикоби гуноҳи Одам, хўрдани ў ва ҳамсараш аст аз меваи дарахте, ки Худо онҳоро аз хўрдани он наҳй фармуда буд.

[10] ‒ Матни ҳадис аз “Ад‒дур‒ул‒мансур” (Ал‒мактаба ал‒шомила, Ад‒дур‒ул‒мансур, ҷ.1, саҳ.91) гирифта шудааст ва матне, ки Ҳоким дар “Ал‒мустадрак” ва дигарон дар китобҳое, ки зикр гардид нақл кардаанд, бо ин матн андак фарқ доранд, ҳарчанд аз назари мазмун ҳамагӣ як ҳастанд.

[11]‒ Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒мустадрак, ҷ.10, саҳ.7).

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 860 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz