Шанбе, 20.04.2024, 11:41
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Мафҳуми “дуо” дар Ислом (1)
Мафҳуми “дуо” дар Ислом (1)
19:50

Дидгоҳи Ибни Абдулваҳҳоб дар бораи “дуо”

Қабл аз баррасии мафҳуми “дуо” (нидо ва хондан) аз дидгоҳи Ислом, сазовор аст дидгоҳи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар бораи дуоро аз назар бигузаронем. Ӯ мўътақид аст, ки ҳар кас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ё яке аз солеҳон ва авлиёи Худоро бихонад, мушрик ва кофир аст ва рехтани хуну моли ў мубоҳ аст:

Ҳаргоҳ (мухолифи мо) гўяд: Ман ҷуз Худоро намепарастам ва ин илтиҷо ба солеҳон ва хондани онҳо ибодат маҳсуб намешавад, ба ў бигў: Оё ту иқрор дорӣ, ки Худо бароят ихлоси ибодат барои Ӯро фарз кардааст ва он, ҳаққи Ӯ бар ту мебошад? Агар посух дод, ки оре, чунин аст, он гоҳ барояш бигў: Пас бароям тавзеҳ бидеҳ он чиро, ки Худо бар ту фарз кардааст, яъне ҳамон ихлоси ибодат барои Худои ягонаро... Агар ў на ибодатро бидонад ва на анвои онро, он гоҳ барояш чунин тавзеҳ бидеҳ: Худованди Таоло фармудааст: “Парвардигоратонро бихонед бо ҳоли тазаррўъ ва махфиёна”.[1] Пас агар ин нуктаро барояш фаҳмондӣ, он гоҳ барояш бигў: Оё донистӣ, ки ин, ибодати Худо аст? Ночор бояд бигўяд: Оре, дуо мағзи ибодат аст. Он гоҳ барояш бигў: Агар иқрор кардӣ, ки он, ибодат аст ва Худоро шабу рўз аз рўи тарсу тамаъ дуо кардӣ, сипас дар ҳамон ҳоҷат паёмбаре ё ғайри ўро хондӣ, оё дар ибодати Худо ғайри Ӯро шарик нагардондаӣ? Ночор бояд бигўяд: Оре...[2]

Хулосаи иддаои ў ин аст, ки нидо кардану хостан, ибодат аст ва ибодати ғайри Худо ширк аст, пас дуо кардан ва хостан аз ғайри Худо ширк мебошад.

 

Мафҳуми “дуо” дар Ислом

“Дуо” дар луғат ба маънои “нидо ва садо кардан” аст. Роғиб мегўяд: “Дуо мисли нидо аст”.[3] Масалан шумо агар бигўед: Ё Зайд! ‒ ва ё ба тоҷикӣ: Эй Зайд! ‒ инро дар луғат, дуо мегўянд. Аммо дар Қуръони Карим мафҳуми “дуо” ба маъноҳои мухталифе омадааст:

1. Дуо ба маънои “ибодат”, мисли он чи дар ин оят мехонем:

فَلَا تَدْعُوا مَعَ اللَّهِ أَحَدًا.

Касеро ба ҳамроҳи Худо нахонед.[4]

Дар ҳақиқат, маънои оят, ҳамон тавр ки Олусӣ ва дигар муфассирон зайли ҳамин оят гуфтаанд, чунин аст: “Касеро ба ҳамроҳи Худо напарастед”, чунон ки дар ояти дигар мефармояд: “Касоне, ки ба ҳамроҳи Худои ягона худои дигареро намехонанд”,[5] яъне намепарастанд.

Ҳар мусулмоне медонад, ки “дуо” ба ин маъно, (ки ибодат аст) махсуси Худо аст ва набояд касеро ибодат ва парастиш намуд, ки бешак анҷомдиҳандаи он мушрик хоҳад буд. Ҳеҷ мўъмину мусулмоне, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва ё авлиёуллоҳро нидо мекунад, бо нидои худ ҳаргиз чунин маъное аз дуоро қасд намекунад.

2. Дуо ба маънои “фаро хондан ба сўи чизе”, монанди он чи дар мавриди Нўҳ (алайҳис‒салом) омадааст, ки мегўяд:

قَالَ رَبِّ إِنِّي دَعَوْتُ قَوْمِي لَيْلًا وَنَهَارًا. فَلَمْ يَزِدْهُمْ دُعَائِي إِلَّا فِرَارًا.

Парвардигоро! Қавми худро шабу рўз фаро хондам, вале дуои ман ҷуз бар фирори онҳо наяфзуд.[6]

Таваҷҷўҳ доред, ки Нўҳ (алайҳис‒салом) фарохонии худ аз қавмашро, ба лафзи “дуои ман” таъбир кардааст. Равшан аст, ки ин дуо ва фарохонии қавм, ҳамон даъвати онҳо ба сўи имон аст ва ин навъ дуо, айни имон мебошад ва анҷоми он бар паёмбарони Худо воҷиб будааст.[7]

Агар ҳар дуоеро ба маънои ибодат бидонем, ҳамон тавр ки салафиҳо чунин мекунанд, он гоҳ бо ин оят ва амсоли он чӣ бояд кард?!

3. Дуо ба маънои “тақозои ҳоҷат”, монанди ин ки аз касе бихоҳем ҳоҷати моро бароварда созад. Мисолаш ҳам дархости қавми Бани Исроил аз ҳазрати Мўсо (алайҳис‒салом) аст, ки аз Худо бихоҳад барояшон сабзиҷот фароҳам оварад.[8]

Дар ин навъ аз фарохонӣ ва дуо, ки гуфтем ҳамон тақозои ҳоҷат аст, дар бораи касе, ки аз ў тақозои баровардани ҳоҷат мешавад, метавон ду гуна эътиқод намуд:

а) Ӯ дар баровардани ҳоҷати ҳоҷатманд мустақил аз Худо аст. Яъне чунин эътиқод шавад, ки ў бе такя бар Худо ва бе иҷозат ва иродаи Худо, метавонад ҳоҷати ҳоҷатмандро бароварда созад.

б) Ӯ дар коре, ки мекунад, мустақил нест, балки бо иҷозат ва иродаи Худо ва бо такя бар Ӯ анҷом медиҳад ва ба таъбири Қуръон, “ба изни Худо” анҷом медиҳад.

Бо таваҷҷўҳ ба ин, агар касе, аз паёмбар ва ё валие, баровардани ҳоҷатеро дархост кунад ва чунин пиндорад, ки паёмбар ва ё валӣ дар баровардани ҳоҷат мустақил аст ва бе иҷозат ва иродаи Худо онро анҷом медиҳад, чунин касе бешак мушрик ба ҳисоб меравад. Зеро мустақил дар таъсир, танҳо зоти поки Худо аст, ҳатто асбоб ва авомили оддӣ низ ҳар чи доранд, аз Худо доранд ва ба изну иҷозати Худо таъсиргузоранд.

Ҳеҷ фарди мўъмин ва мусулмон чунин ақидаеро дар бораи ҳеҷ кадом аз паёмбарон ва авлиёуллоҳ надорад.

Аммо агар аз паёмбар ва ё валӣ тақозои баровардани ҳоҷате кунад ва мўътақид бошад, ки паёмбар ва ё валӣ дар баровардани ҳоҷат, мустақил нест, балки ў бо иҷозат ва иродаи Худо ва ба таъбири қуръонӣ “ба изни Худо” ин корро анҷом медиҳад, дар ин сурат, чунин дархосте ҳамроҳ бо ин эътиқод, на ин ки ширк, балки айни тавҳид аст.

Мусулмононе, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва ё валие аз авлиё баровардани ҳоҷатеро дархост мекунанд, бо чунин эътиқоде дархост мекунанд. Куҷои чунин дархост ширк мебошад?

 

Натиҷа:

Пас дархости ҳоҷат, чи як ҳоҷати оддӣ ва чи ғайри оддӣ, аз касе, агар ҳамроҳ бо ин эътиқод бошад, ки тараф дар баровардани ҳоҷат мустақил нест ва дар сояи нерўест, ки Худо ба ў бахшида, на танҳо ширк ба Худо нест, балки айни тавҳид аст. Масалан фарз кунед касе дохили дарё афтодааст ва шино кардан ҳам наметавонад. Як дафъа мебинад, ки касе аз канори дарё мегузарад. Дар ин ҷо чорае надорад ҷуз ин ки он шахсро садо занад, ки маро наҷот деҳ, ки ғарқ мешавам. Он шахс ҳам ба доди ў бирасад ва ўро аз ғарқ шудан наҷот бахшад.

Дар ин мисол, дархости кўмаки ин шахс, он ҷо ки мегўяд: Эй Фалонӣ! Маро наҷот бидеҳ, агар мўътақид бошад, ки он шахс дар наҷот додан мустақил нест, балки ба нерўест, ки Худо ба ў бахшида, оё ширк ба Худо аст? Ҳаргиз чунин нест. Оре, агар ин шахси наҷотёфта, чунин пиндорад, ки он шахс дар кори худ мустақил аст ва бидуни такя бар Худо метавонад наҷот диҳад, ин айни ширк хоҳад буд.
Марзи тавҳид ва ширк дар Ислом ин нест, ки мо дар корҳои оддӣ ва маъмулӣ (мисли ҳамин мисол) талаби дархости кўмакро ҷоиз бидонем, вале ҳамин ки пои дархости ҳоҷат аз паёмбарон ва ё авлиёуллоҳ биёяд, бигўем талаби кўмак ва садо задани онҳо, навъе ширк ба Худо аст. Чунин тафаккуре, тафаккури дурусте нест. Ҳар ду кор, кори Худо ҳастанд ва байни корҳои Худо фарқе вуҷуд надорад. Ин ҳам кори Худо аст ва он ҳам кори Худо аст. Ҳамон тавр ки дар аввалӣ эътиқод ба истиқлолияти фоил навъе ширк аст, ҳамчунин дар дуюмӣ низ эътиқод ба истиқлолияти фоил ширк хоҳад буд.


[1] ‒ Сураи Аъроф, ояти 55.

[2] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.19).

[3] ‒ Ал‒муфрадот фи ғарибил‒Қуръон, Роғиби Исфаҳонӣ, Бейрут, Дору эҳёит‒турос, саҳ.169.

[4]‒ Сураи Ҷин, ояти 18.

[5] ‒ Сураи Фурқон, ояти 68.

[6] ‒ Сураи Нўҳ, оятҳои 5 ва 6.

[7] ‒ Ваҳҳобият бар сари дуроҳӣ, Макорими Шерозӣ, Ҷ.И.Эрон, Мадрасаи Имом Алӣ, соли 1386 ш, саҳ.110.

[8]‒ Сураи Бақара, ояти 61.

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 1470 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz