Шанбе, 20.04.2024, 07:28
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Мафҳуми “ибодат” аз назари Ислом (2)
Мафҳуми “ибодат” аз назари Ислом (2)
19:47

Нигоҳе ба оятҳои қуръонӣ

Қуръони Карим ҳам, ки дар оятҳои зиёде амали мушриконро сарзаниш мекунад, ба хотири ин аст, ки онон ба улуҳият ва ё рубубияти бутҳои худ мўътақид буданд ва ҳар як аз бутҳоро, ё илоҳ медонистанд ва ё дар амре аз умур, раб ва мудаббир меангоштанд. Мисоли он ки мўътақид буданд бутҳояшон дорои шаъни улуҳият мебошанд, оятҳои зерин аст:

الَّذِينَ يَجْعَلُونَ مَعَ اللّهِ إِلهًا آخَرَ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ.

Онон (мушрикон), ки ҳамроҳи Худои ягона, илоҳи дигаре қарор медиҳанд, ба зудӣ аз натоиҷи аъмоли худ огоҳ мешаванд.[1]

وَاتَّخَذُوا مِن دُونِ اللَّهِ آلِهَةً لِّيَكُونُوا لَهُمْ عِزًّا.

Ҷуз Худои ягона илоҳҳоеро пазируфтанд, ки мояи иззати онон бошад.[2]

وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ لأَبِيهِ آزَرَ أَتَتَّخِذُ أَصْنَامًا آلِهَةً.

Вақте Иброҳим ба падари худ гуфт: Оё илоҳҳое аз бутҳо мегирӣ?[3]

Мисоли он ки мўътақид буданд бутҳояшон дорои шаъни рубубият, яъне тадбир ва идора (ҳарчанд дар порае аз умури ҷаҳон) ҳастанд, ояти зерин аст:

ذَلِكُمُ اللّهُ رَبُّكُمْ لا إِلَهَ إِلاَّ هُوَ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ.

Ин аст Аллоҳ рабби (Парвардигори) шумо, ҷуз Ӯ илоҳе нест. Ӯст офаринандаи тамоми чизҳо, пас Ӯро бипарастед.[4]

Акнун бо таваҷҷўҳ ба маъно ва ҳақиқати “ибодат”, равшан мешавад, ки саҷдаи малоика дар баробари Одам (алайҳис‒салом), агар ҳам саҷда барои Одам аст, ҳаргиз ибодат ва парастиши ў набудааст. Чун Одамро ба унвони маъбуд ва раб ва илоҳи худ намедонистанд ва ба ин унвон ўро саҷда накарданд, балки як навъ хузўъ ва курнише дар баробари Одам будааст ва чунин амале ибодат ва парастиш маҳсуб намешавад.

 

Тавҷеҳоти беҷо

Он чи ҳайрати инсонро бармеангезад ин аст, ки вақте барои салафиҳо достони саҷдаи малоика дар баробари Одам (алайҳис‒салом) ва ё саҷдаи ҳазрати Яъқуб (алайҳис‒салом) ва ҳамсару фарзандонаш дар баробари ҳазрати Юсуф (алайҳис‒салом), ба унвони далел бар ин матлаб, ки “мутлақи хузўъ ва тазаллул” бидуни эътиқод ибодат ба ҳисоб намеравад, оварда шавад, фавран мегўянд: Иллати ин ки ин аъмол ибодат намебошад, ин аст, ки ба фармони Худо сурат пазируфтааст.

Лекин онон аз як нукта ғофиланд. Он ин ки дуруст аст, ки тамоми ин аъмол, ҳатто амали бародарони Юсуф дар ҳузури Яъқуб, ба амри Худо ва ё ба ризои Ӯ будааст, лекин моҳияти амал низ ибодат ва парастиш набуда ва ба ҳамин ҷиҳат Худо ба он фармон додааст. Агар воқеияти амал, дар ҳадди зоти худ ибодат буд, ҳаргиз Худо ба он фармон намедод: “Бигў: Худо ба чизҳои бад фармон намедиҳад. Оё бар Худо чизеро, ки намедонед нисбат медиҳед?[5]

Дар ин бора яке аз бузургон мегўяд:

Амру фармони Худо моҳияти амалро дигаргун намесозад, бояд “зоти амал” пеш аз фармони Худо, амали ғайри ибодӣ бошад, он гоҳ амри Худо бар он тааллуқ бигирад. Ҳаргиз тасаввур надорад амале, ки дар ҳадди зот ибодат бошад, аммо бо фармони Худо ба ин ки онро дар бораи инсоне анҷом бидиҳем, аз ибодат ва парастиш будан хориҷ шавад”.[6]

Албатта инро ҳам гуфта бошем, ки баҳси мо дар ин ҷо, дар ин мавзўъ нест, ки оё ҳар саҷда кардане, ҳатто ба ҳамон сурате, ки аз ҷониби малоика дар баробари Одам (алайҳис‒салом) ва ё аз ҷониби Яъқуб (алайҳис‒салом) ва ҳамсару фарзандонаш дар баробари Юсуф (алайҳис‒салом) анҷом гирифтааст, ки мегўянд саҷдаи эҳтиром буда, на саҷдаи ибодат, аз дидгоҳи Ислом ҷоиз аст, ё на? Яъне оё шаръан ин кор ҷоиз аст, ё нест?

Мо ду баҳс дорем: яке ин ки оё ҳар саҷдае ибодат аст, ё на? Дигар ин ки оё ҳар саҷдае ҷоиз аст, ё на? Ин дуро бояд аз ҳам ҷудо кард ва набояд бо ҳам халт шаванд. Мо исбот кардем, ки ҳар хузўъ ва тазаллуле ибодат нест, балки он хузўъ ва тазаллуле ибодат аст, ки аз навъе эътиқод сарчашма гирифта бошад. Баҳси мо ин буд, на ҷоиз будан ва ё ҷоиз набудани ҳар навъ хузўъ ва тазаллул аз дидгоҳи шариат. Зеро чи басо гуфта шавад, ки Ислом ҳар навъ саҷдаеро, ҳатто саҷдаи эҳтиромро барои уммат ғайри ҷоиз гардонидааст. Шояд дар шариатҳои пешин ин кор ҷоиз буда, вале Ислом онро амале ғайри ҷоиз донистааст. Мо ривояте ҳам ба ин мазмун дорем, ки мегўяд: Агар саҷда кардан ҷоиз мебуд, ҳар оина ҳамсаронро фармон медодам то дар баробари шавҳаронашон сар ба саҷда мегузоштанд. Яъне ин кор ҷоиз нест. Ин баҳс ғайр аз он аст, ки бигўем, оё саҷда ибодат аст, ё на? (Диққат шавад!)

Зеро агар ҳар саҷдаеро ‒ ҳатто саҷдаи эҳтиромро ‒ ибодат бидонем, дар он сурат маъно надорад, ки гўем: Дар шариатҳои пешин ҷоиз буда, вале дар шариати мо ғайри ҷоиз дониста шудааст. Ибодати ғайри Худо ширк аст ва ширк замону макон намешиносад, аз Одам то Хотам ва то қиёми растохез ширк аст.

وَمَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُونِ.

Мо пеш аз ту (эй Муҳаммад) ҳеҷ паёмбаре нафиристодем, магар ин ки ба ў ваҳй кардем, ки маъбуде ҷуз Ман нест, пас танҳо Маро парастиш кунед.[7]

Ин ғайр аз он аст, ки мо ҳар саҷдаеро, ки ниҳояти хузўъ мебошад, дар ҳадди зоти худ ибодат надонем, балки саҷдаеро ибодат қаламдод намоем, ки бо навъе эътиқод ҳамроҳ бошад. Дар ин сурат метавон гуфт, ки сар ба замин ниҳодан, ки шакле аз эҳтиром дар баробари подшоҳон ва ё падару модар дар гузашта буда ва бо ҳеҷ гуна эътиқоде ҳам ҳамроҳ набуда (то гуфта шавад, ки ибодат маҳсуб мешавад), дар шариатҳои пешин ҷоиз буда, вале шариати мо ин шакл аз хузўъро барои ғайри Худо ҳаром гардонидааст. Дар ҳақиқат ин дохил дар доираи муҳаррамот аст, ки ҳеҷ монее надорад, ки аз як шариат то шариати дигар ҳукмаш иваз гардад. Мисли он ки издивоҷ бо ду хоҳар дар шариатҳои пешин ҷоиз, вале дар шариати мо ғайри ҷоиз дониста шудааст.

Бо таваҷҷўҳ ба он чи гуфта шуд, акнун мо аз салафиҳо мепурсем: Ба чӣ далел шумо порае аз аъмоли мусулмононро (мисли нидо ва хондани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва ё авлиёуллоҳ, ё дархости шафоат аз онон, ё тавассул ба онҳо пас аз маргашон, ё бинои масоҷид дар канори қубури онон ва зиёрати он ва ғайраро) ибодати ғайри Худо ва ё асбоби ибодати ғайри Ӯ дониста ва дар натиҷа ононро мушрик хонда ва рехтани хуну молашонро мубоҳ мегардонед?

Кадом мусулмон аст, ки вақте аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шафоат металабад ва ё дархости шифо мекунад, он ҷанобро худо, ё раб, ё маъбуд донистааст?

Кадом мусулмон аст, ки вақте ба зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) рафта ва ба он ҷаноб тавассул меҷўяд, он ҳазратро худо донистааст?

 

Эътироз

Шояд салафиҳо ба мо бигўянд: Бар фарз ҳам, ки қабул кунем маънои “ибодат” ҳамон аст, ки гуфтед, яъне “ибодат” ҳамон “хузўъ ва тазаллули ҳамроҳ бо эътиқод” аст, вале боз ҳам шумо наметавонед моро қонеъ созед, ки даст аз суханони худ бардорем. Чаро ки агар мо ин аъмолро (нидо, шафоат ва ғайраро) навъе ибодати Худо медонем, ба ин ҷиҳат аст, ки Худо худ мардумро аз анҷоми ин аъмол барои касе ҷуз худаш наҳй ва боздоштааст.

Магар шумо ба ин фармудаи Худо таваҷҷўҳ надоред, ки мефармояд: ”Касеро ба ҳамроҳи Худо нахонед”.[8] Ҳам мефармояд: ”Бигў: Шафоат ба таври комил аз они Худо аст...[9]
Посух ба ин эътироз, бо таваҷҷўҳ ба баҳси баъдии мо, ки перомуни мафҳуми “дуо” дар Ислом аст равшан хоҳад шуд.


[1]‒ Сураи Ҳиҷр, ояти 96.

[2]‒ Сураи Марям, ояти 81.

[3]‒ Сураи Анъом, ояти 74.

[4]‒ Сураи Анъом, ояти 102.

[5] ‒ Сураи Аъроф, ояти 28.

[6] ‒ Оини ваҳҳобият, Ҷаъфари Субҳонӣ, Ҷ.И.Эрон, Дафтари интишороти исломӣ, саҳ.214.

[7]‒ Сураи Анбиё, ояти 25.

[8]‒ Сураи Ҷин, ояти 18.

[9]‒ Сураи Зумар, ояти 44.

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 805 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz