Шанбе, 20.04.2024, 16:51
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Мафҳуми “ибодат” аз назари Ислом (1)
Мафҳуми “ибодат” аз назари Ислом (1)
19:43

Мафҳуми “ибодат” аз назари Ислом

Ибодат” дар луғати араб муодили лафзи “парастиш” дар забони тоҷикист. Уламои луғат барои “ибодат” маъноҳои мухталифе кардаанд. Баъзе аз онҳо гуфтаанд: “Ибодат ба маънои хузўъ (курниш) ва тазаллул (хорӣ) аст”,[1] яъне инсон ба худ ҳолати зиллат ва хузўъ диҳад. Баъзеи дигар “ибодат”‒ро чунин маъно кардаанд: “Ибодат, яъне ниҳояти хузўъ”.[2]

Ҳеҷ кадом аз ин ду маъно, ибодати истилоҳӣ ё худ ибодати мавриди назари Исломро намерасонад. Зеро ибодат ва парастише, ки мавриди назари Ислом аст ва ихтисос ба Худо дорад ва барои ғайри Ӯ ҷоиз нест ва ширк маҳсуб мешавад, фаротар аз ин ду маъност. Чун дар назари Ислом, ҳар хузўъ ва тазаллуле “ибодат” ба шумор намеравад, балки хузўъ ва тазаллули хоссе “ибодат” аст.

Агар ҳар хузўъ ва тазаллуле ибодат бошад, дар он сурат тазаллули фарзанд дар баробари падару модараш, ки Худо ба он дастур медиҳад, ибодати ғайри Худо ва ширк маҳсуб мегардад. Қуръони Карим мефармояд:

وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُل رَّبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا.

Болҳои зиллатро ба нишонаи муҳаббат дар баробари падару модар фуруд овар ва бигў: Худоё! Бар падару модари ман раҳм кун, он чунон ки маро даврони кўдакӣ тарбият карданд.[3]

Ҳатто агар ибодатро ба “ниҳояти хузўъ” маъно кунем ҳам, боз ибодати мавриди назари Исломро намерасонад. Зеро бешак яке аз намунаҳои боризи “хузўи бениҳоят”, саҷда кардан аст. Дар ин сурат саҷдаи малоика дар баробари ҳазрати Одам (алайҳис‒салом), ки ба дастури Худо буд ва низ саҷдаи волидайн ва бародарони Юсуф (алайҳис‒салом) дар баробари ў, ибодати ғайри Худо ба шумор омада ва ширк маҳсуб мегардад. Қуръони Карим дар бораи саҷдаи малоика дар баробари ҳазрати Одам (алайҳис‒салом) мефармояд:

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلاَئِكَةِ اسْجُدُواْ لآدَمَ فَسَجَدُواْ إِلاَّ إِبْلِيسَ أَبَى وَاسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ.

 (Эй Расули Худо! Ёд кун) ҳангомеро ки ба фариштагон гуфтем: Барои Одам саҷда ва хузўъ кунед, ҳамагӣ саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки такаббур варзид ва (ба хотири нофармонӣ ва такаббураш) аз кофирон шуд.[4]

Дар бораи саҷдаи волидайн ва бародарони ҳазрати Юсуф (алайҳис‒салом) дар баробари ў мефармояд:

فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَى يُوسُفَ آوَى إِلَيْهِ أَبَوَيْهِ وَقَالَ ادْخُلُواْ مِصْرَ إِن شَاء اللّهُ آمِنِينَ. وَرَفَعَ أَبَوَيْهِ عَلَى الْعَرْشِ وَخَرُّواْ لَهُ سُجَّدًا وَقَالَ يَا أَبَتِ هَذَا تَأْوِيلُ رُؤْيَايَ مِن قَبْلُ قَدْ جَعَلَهَا رَبِّي حَقًّا...

Ҳангоме ки бар Юсуф ворид шуданд, ў падару модари худро дар оғўш гирифт ва гуфт: Ҳамагӣ дохили Миср шавед, ки иншоаллоҳ дар амну амон хоҳед буд. Падару модари худро бар тахт нишонд ва ҳамагӣ дар баробари ў ба саҷда афтоданд ва (Юсуф) гуфт: “Ин аст таъбири хобе, ки қаблан дида будам, Парвардигор онро ҳақ қарор дод”...[5]

Қатъан дар ин ду ояти шарифа мурод аз саҷда, ибодат кардан нест. Зеро агар чунин бошад, натиҷаи оят ин мешавад, ки ҳамаи малоика (наузу биллоҳ!) мушрик шудаанд ба ҷуз Иблис, ки саҷда накард. Ё дар ояти дуюм (наузу биллоҳ!) бигўем, ки ҳазрати Яъқуб (алайҳис‒салом) ва ҳамсар ва писаронаш мушрик шудаанд. Қатъан чунин нест.

Албатта уламои луғат, ки “ибодат”‒ро ба “хузўъ ва тазаллул” ва ё “ниҳояти хузўъ” маъно кардаанд, на ин аст, ки аслан нодуруст маъно карда бошанд, балки онҳо дар ҳақиқат танҳо ба як рукн аз аркони ибодат ишора кардаанд. Ба сухани дигар: “Ибодат” ҳамон хузўъ ва изҳори тазаллул аст, аммо на ҳар хузўъ ва изҳори тазаллуле, балки фақат навъе аз хузўъ ва изҳори тазаллул.

Акнун бояд дид, чӣ навъ хузўъ ва изҳори тазаллуле, аз назари Ислом, “ибодат” аст ва ихтисос ба Худо дорад ва барои ғайри Ӯ ҷоиз нест ва ширк маҳсуб мешавад? Ба таъбири дигар: он рукни дигар чист, ки агар замима бар хузўъ ва изҳори тазаллул гардад, “ибодат” таҳаққуқ меёбад?

Бо муроҷиа ба оятҳои карима равшан мешавад, ки “ибодат” он аст, ки инсон ҳар коре, ки мекунад, бояд тарафи муқобилро маъбуд ва раб ва илоҳи худ бидонад то ибодат бар он сидқ кунад. Масалан: агар инсон дар баробари шахсе хузўъ ва тазаллул кунад ба ин қасд ва ният, ки тарафи муқобилро худо ва рабби хеш бидонад (ва ё агар худо ҳам надонад, вале сифоти илоҳӣ чун улуҳият ва рубубиятро барои он тараф қоил бошад), бешак ин ибодат маҳсуб мешавад. Яъне агар воқеан касе дар муқобили паёмбаре аз паёмбарон ва валие аз авлиё, хузўъ ва тазаллул намуда ва чунин мўътақид бошад, ки ин паёмбар ва ё валӣ дорои улуҳият ва рубубият аст, бе ҳеҷ шакку шубҳае чунин шахс мушрик ба ҳисоб меравад.

Пас ҳар хузўъ ва тазаллуле, “ибодат” ба ҳисоб намеравад, балки хузўъ ва тазаллул, он гоҳ “ибодат” хоҳад буд, ки бо ақидаи хоссе ҳамроҳ бошад. Дар ҳақиқат, ақида аст, ки ба амал ранги ибодат мебахшад ва бидуни он, амал ранги ибодӣ ба худ нахоҳад гирифт.

Ба ҳамин ҷиҳат дар таърифи “ибодат” дар истилоҳи дин гуфтаанд:

1.         Ибодат, ҳамон амалест, ки ҳикоят аз хузўи инсон дар баробари касе бикунад, ки ўро илоҳ барои худ гирифтааст, то ҳаққи бартарии ўро аз ҷиҳати доштани мақоми (улуҳият) адо намояд.[6]

2.         Шакке нест дар ин ки манзур аз ибодате, ки набояд барои ғайри Худо анҷом дод ва ҳар кас барои ғайри Худо анҷом диҳад кофир мешавад, мутлақи хузўъ ва сарфурудоварӣ нест, чунон ки аз зоҳири луғат ҳамин маъно ба зеҳн меояд. Зеро агар ин маъно саҳеҳ бошад, бояд тамоми бардагон, ки дар баробари соҳибонашон хузўъ доштанд ва ё аҷироне, ки дар кор аҷир мешаванд ва маҷбуранд аз аҷиркунанда итоат кунанд, бояд ҳамаи инҳо мушрик бошанд ва ҳамчунин аст тамоми хидматгузорони подшоҳон ва давлатҳо. Аз ин болотар, паёмбарони бузург дар баробари волидайни хеш хузўъ мекарданд, ки дар ин сурат (наузу биллоҳ!) бояд бигўем, ки онон низ кофир шудаанд. Ҳол ин ки қатъан ин хузўъҳо ва тазаллулҳо ибодат маҳсуб намешаванд.[7]

3.         Ибодат дар арабӣ ва парастиш дар форсӣ, иборат аз он аст, ки касеро ба унвони ин ки худо аст, ситоиш кунанд, хоҳ ба унвони худои бузург ё ба унвони худои кучак.[8] 
 4.        Ибодат, он хузўи амалӣ ва ё лафзӣ ва забонист, ки аз эътиқод ба улуҳият ва ё рубубият ва ё худо донистани маъбуд сарчашма гирад.[9]


[1]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Лисон‒ул‒араб, ҷ.3, саҳ.273).

[2]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒фуруқ‒ул‒луғавия, ҷ.1, саҳ.349).

[3]‒ Сураи Исро, ояти 24.

[4]‒ Сураи Бақара, ояти 34.

[5] ‒ Сураи Юсуф, оятҳои 99 ва 100.

[6] ‒ Тафсири Оло‒ур‒раҳмон фи тафсир‒ил‒Қуръон, Муҳаммадҷавод Балоғӣ, Ҷ.И.Эрон, Мактабат‒ ул‒виҷдонӣ, ҷ.1, саҳ.57.

[7] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Манҳаҷ‒ур‒рашод ли ман ародас‒садод, ҷ.4, саҳ.11).

[8] ‒ Кашф‒ул‒асрор, Имом Хумайнӣ, саҳ.29.

[9] ‒ Оини ваҳҳобият, Ҷаъфари Субҳонӣ, Ҷ.И.Эрон, Дафтари интишороти исломӣ, саҳ.199, 204 ва 207.

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 1005 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz