Чоршанбе, 17.04.2024, 00:42
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) (4)
Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) (4)
16:12

Мубориза бо нуқоти заъф

Ў аз нуқоти заъфи мардум ва ҷаҳолатҳои онон истифода намекард, баръакс бо он нуқоти заъф мубориза мекард ва мардумро ба ҷаҳолаташон воқиф месохт. Рўзе, ки Иброҳим писари ҳаждаҳмоҳааш аз дунё рафт, иттифоқан он рўз хуршед гирифт. Мардум гуфтанд: “Иллати ин ки кусуф шуд мусибатест, ки бар Паёмбари Худо ворид шуда”. Ў дар муқобили ин хаёли ҷоҳилонаи мардум сукут накард ва аз ин нуқтаи заъф истифода накард, балки ба минбар рафт ва гуфт:

Эй мардум! Моҳу хуршед ду нишона аз нишонаҳои Худо ҳастанд ва барои мурдани касе намегиранд”.

 

Доро будани шароити раҳбарӣ

Шароити раҳбарӣ аз ҳисси ташхис, қотеият, адами тардиду дудилагӣ, шаҳомат, иқдом ва бим надоштан аз оқибатҳои эҳтимолӣ, пешбинӣ ва дурандешӣ, зарфияти таҳаммули интиқодот, шинохти афрод ва тавоноиҳои онон ва вогузории ихтиёрот дар ҷои худаш, нармӣ дар масоили фардӣ ва салобат дар масоили усулӣ, шахсият додан ба пайравон ва ба ҳисоб овардани онон ва парвариши истеъдодҳои ақлӣ ва отифӣ ва амалии онҳо, парҳез аз истибдод ва аз майл ба итоати кўр кўрона, тавозўъ ва фурўтанӣ, содагӣ ва дарвешӣ, виқор ва матонат, алоқаи шадид ба созмону ташкилот барои шакл додан ва интизом додан ба нерўҳои инсонӣ, ҳамаро дар ҳадди камол дошт. Мегуфт:

Агар се нафар бо ҳам мусофират мекунед, як нафаратонро ба унвони раис ва фармондеҳ интихоб кунед”.

Дар дастгоҳи худ дар Мадина ташкилоти хос тартиб дод, аз он ҷумла ҷамъе дабир ба вуҷуд овард ва ҳар дастае кори махсусе доштанд. Бархе котибони ваҳй буданд ва Қуръон менавиштанд, бархе мутасаддии номаҳои хусусӣ буданд, бархе ақдҳо ва муомилаҳои мардумро сабт мекарданд, бархе дафтарҳои садақот ва молиётро менавиштанд, бархе масъули аҳдномаҳо ва паймонномаҳо буданд. Дар китобҳои таърихӣ аз қабили “Таърихи Яъқубӣ”, “Ат−танбеҳ”, “Ал−ашроф”−и Масъудӣ, “Муъҷам−ул−булдон”−и Билозарӣ ва “Табақот”−и Ибни Саъд, ҳамаи инҳо забт шудааст.

 

Равиши таблиғ

 Дар таблиғи Ислом осонгир буд, на сахтгир. Бештар бар башорат ва умед такя мекард то бар тарс ва таҳдид. Ба яке аз ёронаш, ки барои таблиғи Ислом ба Яман фиристод дастур дод, ки:

Осон бигир ва сахт нагир, навид бидеҳ (майлҳоро таҳрик кун) ва мардумро мутанаффир насоз”.

Дар кори таблиғи Ислом таҳаррук дошт. Ба Тоиф сафар кард. Дар айёми ҳаҷ дар миёни қабилаҳо мегашт ва таблиғ мекард. Як бор Алӣ (Алайҳис салом) ва бори дигар Маоз ибни Ҷабалро ба Яман барои таблиғ фиристод. Мисъаб ибни Умайрро пеш аз омадани худаш, барои таблиғи мардуми Мадина ба Мадина фиристод. Гурўҳи фаровоне аз ёронашро ба Ҳабаша фиристод. Онҳо зимни наҷот аз озори маккиён, Исломро таблиғ карданд ва заминаи исломи Наҷошӣ подшоҳи Ҳабаша ва ниме аз мардуми Ҳабашаро фароҳам карданд. Дар соли шишуми ҳиҷрӣ ба сарони кишварҳои ҷаҳон нома навишт ва нубувват ва рисолати хешро ба онҳо эълом кард. Дар ҳудуди сад нома аз ў боқист, ки ба шахсиятҳои мухталиф навиштааст.

 

Ташвиқ ба илм

Ба илму савод ташвиқ мекард. Кўдакони ёронашро водор кард, ки савод биёмўзанд. Бархе аз ёронашро фармон дод забони сирёнӣ биёмўзанд. Мегуфт:

Донишҷўӣ бар ҳар мусулмон фарзу воҷиб аст”.[1]

Ва ҳам фармуд:

Ҳикматро дар ҳар куҷо ва дар назди ҳар кас, ҳарчанд мушрик ва ё мунофиқ, ёфтед аз ў иқтибос кунед”.[2]

Ва ҳам фармуд:

Илмро ҷустуҷў кунед, ҳарчанд мусталзими он бошад, ки то Чин сафар кунед”.[3]

Ин таъкид ва ташвиқҳо дар бораи илм сабаб шуд, ки мусулмонон бо ҳиммат ва суръати беназире ба ҷустуҷўи илм дар ҳамаи ҷаҳон пардохтанд, осори илмиро ҳар куҷо ёфтанд ба даст оварданд ва тарҷума карданд ва худ ба таҳқиқ пардохта ва аз ин роҳ илова бар ин ки ҳалқаи иртиботӣ шуданд миёни тамаддунҳои қадими юнонӣ, румӣ, эронӣ, мисрӣ, ҳиндӣ ва ғайра, худ яке аз шукўҳмандтарин тамаддунҳо ва фарҳангҳои таърихи башариятро офариданд, ки ба номи “Тамаддун ва фарҳанги исломӣ” шинохта шуда ва мешавад.
Хулқу хўйаш монанди суханаш ва монанди динаш ҷомеъ ва ҳамаҷониба буд. Таърих ҳаргиз шахсияте монанди ўро ёд надорад, ки дар ҳамаи ҷанбаҳои инсонӣ дар ҳадди камол ва тамом буда бошад. Ў ба ростӣ инсони комил буд.[4]


[1]−”Биҳор−ул−анвор”, ҷ. 1, с. 177.

[2]”Биҳор−ул−анвор”, ҷ. 2, с. 97 ва 99 (бо андаке ихтилоф).

[3]−”Биҳор−ул−анвор”, ҷ. 1, с. 177.

[4]−Шаҳид Мутаҳҳарӣ, Маҷмўаи осор (2), с. 251 то 263.

Бахш: Суннат | Просмотров: 946 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz