Шанбе, 20.04.2024, 01:12
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) (3)
Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) (3)
16:08

Нармӣ дар айни салобат

Дар масоили фардӣ ва шахсӣ ва он чи марбут ба шахси худаш буд нарм ва мулоим ва богузашт буд. Гузаштҳои бузург ва таърихияш яке аз иллатҳои пешрафташ буд. Аммо дар масоили усулӣ ва умумӣ, он ҷо ки ҳарими қонун буд, сахтӣ ва салобат нишон медод ва дигар ҷои гузашт намедонист. Пас аз фатҳи Макка ва пирўзӣ бар Қурайш, тамоми бадиҳое, ки Қурайш дар тўли бист сол нисбат ба худи ў муртакиб шуда буд нодида гирифт ва ҳамаро якҷо бахшид. Тавбаи қотили амуи маҳбубаш Ҳамзаро пазируфт. Аммо дар ҳамон фатҳи Макка зане аз Бани Махзум муртакиби дуздӣ шуда буд ва ҷурмаш собит гардид. Хонадони он зан, ки аз ашрофи Қурайш буданд ва иҷрои ҳадди дуздиро тавҳине ба худ талаққӣ мекарданд, сахт ба такопў афтоданд, ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз иҷрои ҳад сарфи назар кунад. Баъзе аз боэҳтиромони саҳобаро ба шафоат барангехтанд, вале ранги Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз хашм барафрўхта шуд ва гуфт: “Чӣ ҷои шафоат аст? Магар қонуни Худоро метавон ба хотири афрод таътил кард?” Ҳангоми асри он рўз дар миёни ҷамъ суханронӣ кард ва гуфт:

Ақвом ва милали пешин аз он ҷиҳат суқут карданд ва мунқариз шуданд, ки дар иҷрои қонуни Худо табъиз мекарданд. Ҳаргоҳ яке аз тавонмардон муртакиби ҷурм мешуд, маоф мешуд ва агар заиф ва нотавоне муртакиби ҷурм мешуд, муҷозот мешуд. Савганд ба Худое, ки ҷонам дар дасти Ўст, дар иҷрои “адолат” дар бораи ҳеҷ кас сустӣ намекунам, ҳарчанд аз наздиктарин хешовандони худам бошад”.[1]

 

Ибодат

Порае аз шаб, гоҳе нисф, гоҳе сеяк ва гоҳе ду сеяки шабро ба ибодат мепардохт. Бо ин ки тамоми рўзаш, хусусан дар вақтҳои таваққуф дар Мадина дар талош буд, аз вақти ибодаташ намекост. Ў оромиши комили хешро дар ибодат ва розу ниёз бо Ҳақ меёфт. Ибодаташ ба манзури тамаи биҳишт ва ё тарс аз ҷаҳаннам набуд, ошиқона ва сипосгузорона буд. Рўзе яке аз ҳамсаронаш гуфт: “Ту дигар чаро он ҳама ибодат мекунӣ? Ту, ки омурзидаӣ?” Ҷавоб дод: “Оё як бандаи сипосгузор набошам?

Бисёр рўза мегирифт. Илова бар моҳи Рамазон ва қисмате аз Шаъбон, як рўз дар миён рўза мегирифт. Даҳаи охири моҳи Рамазон бистараш ба куллӣ ҷамъ мешуд ва дар масҷид мўътакиф мегашт ва яксара ба ибодат мепардохт, вале ба дигарон мегуфт: “Кофист дар ҳар моҳ се рўз рўза бигиред”. Мегуфт: “Ба андозаи тоқат ибодат кунед. Беш аз зарфияти худ бар худ таҳмил накунед, ки асари маъкус дорад”. Бо раҳбоният, инзиво, гўшагирӣ ва тарки аҳлу аёл мухолиф буд. Баъзе аз асҳоб, ки чунин тасмиме гирифта буданд, мавриди инкор ва маломат қарор гирифтанд. Мефармуд: “Бадани шумо, зану фарзанди шумо ва ёрони шумо ҳама ҳуқуқе бар шумо доранд ва мебояд онҳоро риоят кунед”.

Дар ҳоли инфирод ибодатро тўл медод. Гоҳе дар ҳоли таҳаҷҷуд соатҳо саргарм буд. Аммо дар ҷамоат ба ихтисор мекўшид, риояти ҳоли заифтарини намозгузоронро лозим мешумурд ва ба он тавсия мекард.

 

Зуҳд ва содазистӣ

Зуҳд ва содазистӣ аз усули зиндагии ў буд. Сода ғизо мехўрд, сода либос мепўшид ва сода ҳаракат мекард. Зерандозаш ғолибан ҳасир буд. Бар рўи замин менишаст. Бо дасти худ аз буз шир медўшид ва бар маркаби безину полон савор мешуд ва аз ин ки касе дар рикобаш ҳаракат кунад, ба шиддат ҷилавгирӣ мекард. Қути ғолибаш нони ҷав ва хурмо буд. Кафш ва ҷомаашро бо дасти хеш васла мекард. Дар айни содагӣ, тарафдори фалсафаи фақр набуд. Мол ва сарватро ба суди ҷомеа ва барои сарф дар роҳҳои машрўъ лозим мешумурд. Мегуфт:

Чӣ некўст сарвате, ки аз роҳи машрўъ ба даст ояд барои одаме, ки шоистаи доштани сарват бошад ва бидонад чигуна сарф кунад”.

Ва ҳам мефармуд:

Мол ва сарват кўмаки хубест барои тақво”.

 

Ирода ва истиқомат

Ирода ва истиқоматаш беназир буд. Аз ў ба ёронаш сироят карда буд. Давраи бисту се солаи беъсаташ яксара дарси ирода ва истиқомат аст. Ў дар таърихи зиндагияш мукаррар дар шароите қарор гирифт, ки умедҳо аз ҳама ҷо қатъ мешуд, вале ў як лаҳза тасаввури шикастро дар хаёлаш роҳ надод. Имони нерўмандаш ба муваффақият як лаҳза мутазалзил нашуд.

 

Раҳбарӣ, мудирият ва машварат

Бо ин ки фармонаш миёни асҳоб бедаранг иҷро мешуд ва онҳо мукаррар мегуфтанд, ки чун ба ту имони қотеъ дорем, агар фармон диҳӣ, ки худро дар дарё ғарқ кунем ва ё дар оташ бияфканем мекунем, ў ҳаргиз ба равиши мустабиддон рафтор намекард. Дар корҳое, ки аз тарафи Худо дастур нарасида буд, бо асҳоб машварат мекард ва назари онҳоро мўҳтарам мешумурд ва аз ин роҳ ба онҳо шахсият медод. Дар Бадр масъалаи иқдом ба ҷанг, ҳамчунин таъйини маҳалли урдугоҳ ва наҳваи рафтор бо асирони ҷангиро ба машварат гузошт. Дар Уҳуд низ роҷеъ ба ин ки шаҳри Мадинаро урдугоҳ қарор диҳанд ва ё урдуро ба хориҷ бубаранд, ба машварат пардохт. Дар Аҳзоб ва дар Табук низ бо асҳоб ба машварат пардохт.

Нармӣ ва меҳрубонии Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), афву гузашташ, истиғфорҳояш барои асҳоб ва бетобияш барои бахшиши гуноҳи уммат, ҳамчунин ба ҳисоб оварданаш асҳоб ва ёронро, тарафи машварат қарор додани онҳо ва шахсият додан ба онҳо аз иллатҳои умдаи нуфузи азим ва беназири ў дар ҷамъи асҳобаш буд. Қуръони Карим ба ин матлаб ишора мекунад, он ҷо ки мефармояд:

 

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِي الأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللّهِ ...

 

Ба мўҷиби меҳрубоние, ки Худо дар дили ту қарор дода, ту бо ёрони хеш нармиш нишон медиҳӣ. Агар ту дуруштхў ва сахтдил мебудӣ, аз атрофат пароканда мешуданд. Пас афву бахшоиш дошта бош ва барои онҳо назди Худованд истиғфор кун ва бо онҳо дар корҳо машварат кун. Ҳаргоҳ азмат қатъӣ шуд, дигар бар Худо таваккул кун ва тардид ба худ роҳ мадеҳ”.[2]

 

Назму инзибот

Назму инзибот бар корҳояш ҳукмфармо буд. Вақтҳои хешро тақсим мекард ва ба ин амал тавсия менамуд. Асҳобаш таҳти таъсири нуфузи ў, дақиқан инзиботро риоят мекарданд. Бархе тасмимотро лозим мешумурд ошкор накунад ва намекард мабодо, ки душман аз он огоҳ гардад. Ёронаш тасмимоташро бе чуну чаро ба кор мебастанд. Масалан: фармон медод, ки омода бошед фардо ҳаракат кунем. Ҳама ба тарафе, ки ў фармон медод ҳамроҳаш равона мешуданд бе он ки аз мақсади ниҳоӣ огоҳ бошанд, танҳо дар лаҳазоти охир огоҳ мешуданд. Гоҳ ба иддае дастур медод, ки ба тарафе ҳаракат кунанд ва номае ба фармондеҳи онҳо медод ва мегуфт: “Баъд аз чанд рўз, ки ба фалон нуқта расидӣ номаро боз кун ва дастурро иҷро кун”. Онҳо чунин мекарданд ва пеш аз расидан ба он нуқта намедонистанд мақсади ниҳоӣ куҷост ва барои чӣ маъмурияте мераванд. Ва ба ин тартиб душман ва ҷосусҳои душманро бехабар мегузошт ва аҳёнан онҳоро ғофилгир мекард.

 

Зарфияти шунидани интиқод ва танаффур аз чоплусӣ

Ў гоҳе бо эътирозоти бархе ёрон мувоҷеҳ мешуд, аммо бе он ки дуруштӣ кунад, назарашонро ба он чи худ тасмим гирифта буд ҷалб ва мувофиқ мекард. Аз шунидани маддоҳӣ ва чоплусӣ безор буд, мегуфт:

Ба чеҳраи маддоҳон ва чоплусон хок бипошед”.

Муҳкамкориро дўст дошт, моил буд коре, ки анҷом медиҳад пухта ва муҳкам бошад, то он ҷо ки вақте ёри мухлисаш Саъд ибни Маоз аз дунё рафт ва ўро дар қабр ниҳоданд, ў бо дасти хеш сангҳо ва хиштҳои ўро ҷо ба ҷо ва муҳкам кард ва он гоҳ гуфт:
Ман медонам, ки тўле намекашад ҳамаи инҳо хароб мешавад, аммо Худованд дўст медорад, ки ҳаргоҳ бандае коре анҷом медиҳад онро муҳкам ва пухта анҷом диҳад”.


[1]−”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 5, с. 114.

[2]−Сураи Оли Имрон, ояти 159

Бахш: Суннат | Просмотров: 924 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz