Панҷшанбе, 28.03.2024, 11:38
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) (2)
Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) (2)
16:00

Танаффур аз бекорӣ ва танбалӣ

Аз бекорӣ ва танбалӣ мутанаффир буд. Мегуфт: Худоё! Аз касолат ва бенашотӣ, аз сустӣ ва танбалӣ ва аз аҷз ва забунӣ ба Ту паноҳ мебарам![1] Мусулмононро ба кор кардан ташвиқ мекард ва мегуфт: Ибодат ҳафтод ҷузъ дорад ва беҳтарин ҷузъи он касби ҳалол аст”.[2]

                                       Амонат

Пеш аз беъсат, барои Хадиҷа − ки баъд ба ҳамсарияш даромад − як сафари тиҷоратӣ ба Шом анҷом дод. Дар он сафар беш аз пеш лаёқат, истеъдод, амонат ва дурусткорияш равшан шуд. Ў дар миёни мардум он чунон ба дурустӣ машҳур шуда буд, ки лақаби “Муҳаммади Амин” ёфта буд. Амонатҳоро ба ў месупурданд. Пас аз беъсат низ Қурайш бо ҳамаи душмание, ки бо ў пайдо карданд, боз ҳам амонатҳои худро ба ў месупурданд. Аз ҳамин рў пас аз ҳиҷрат ба Мадина, Алӣ (Алайҳис салом)−ро чанд рўзе баъд аз худ боқӣ гузошт, ки амонатҳоро ба соҳибони аслӣ бирасонад.

 

Мубориза бо зулм

Дар даврони ҷоҳилият бо гурўҳе, ки онҳо низ аз зулму ситам ранҷ мебурданд, барои дифоъ аз мазлумон ва муқовимат дар баробари ситамгарон ҳампаймон шуд. Ин паймон дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷадъон, аз шахсиятҳои муҳимми Макка баста шуд ва ба номи “Ҳилф−ал−фузул” номида шуд. Ў баъдҳо дар давраи рисолат аз он паймон ёд мекард ва мегуфт: Ҳозир нестам он паймон бишканад ва акнун низ ҳозирам дар чунин паймоне ширкат кунам.

 

Ахлоқи хонаводагӣ

Дар хонавода меҳрубон буд. Нисбат ба ҳамсарони худ ҳеҷ гуна хушунате намекард ва ин бар хилофи хулқу хўйи маккиён буд. Бадзабонии бархе аз ҳамсарони хешро таҳаммул мекард то он ҷо ки дигарон аз ин ҳама таҳаммул ранҷ мебурданд. Ў ба ҳусни муошират бо занон тавсия ва таъкид мекард ва мегуфт: “Ҳамаи мардум дорои хислатҳои неку бад ҳастанд. Мард набояд танҳо ҷанбаҳои нописанди ҳамсари хешро дар назар бигирад ва ҳамсари худро тарк кунад. Чун ки ҳаргоҳ аз як хислати ў нороҳат шавад, хислати дигараш мояи хушнудии ўст ва ин дуро бояд бо ҳам ба ҳисоб овард”.

Ў бо фарзандон ва бо фарзандзодагони худ фавқулода меҳрубон буд. Ба онҳо муҳаббат мекард, онҳоро рўи домани хеш менишонд, бар дўши хеш савор мекард, онҳоро мебўсид. Ва инҳо бар хилофи хулқу хўйи роиҷи он замон буд. Рўзе дар ҳузури яке аз ашроф, яке аз фарзандзодагони хеш − Имом Ҳасани Муҷтабо (Алайҳис салом) − ро мебўсид. Он мард гуфт: “Ман ду писар дорам ва ҳанўз ҳатто як бор ҳеҷ кадом аз онҳоро набўсидаам. Паёмбар (Саллаллоҳу алйҳи ва олиҳи) фармуд:

Касе ки меҳрубонӣ накунад, раҳмати Худо шомили ҳолаш намешавад”.

Нисбат ба фарзандони мусулмонон низ меҳрубонӣ мекард. Онҳоро рўи зонуи хеш нишонда, дасти муҳаббат бар сари онҳо мекашид. Гоҳ модарон кўдакони хурдсоли хешро ба ў медоданд, ки барои онҳо дуо кунад. Иттифоқ меафтод, ки аҳёнан он кўдакон рўи ҷомааш идрор мекарданд. Модарон нороҳат шуда ва шарманда мешуданд ва мехостанд монеи идомаи идрори бачча шаванд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) онҳоро аз ин кор ба шиддат манъ мекард ва мегуфт: “Монеи идомаи идрори кўдак нашавед. Ин ки ҷомаи ман наҷис бишавад, аҳамият надорад, покаш мекунам”.

 

Бо бардагон

Нисбат ба бардагон фавқулода меҳрубон буд. Ба мардум мегуфт: “Инҳо бародарони шумоянд. Аз ҳар ғизое, ки мехўред, ба онҳо бихўронед ва аз ҳар навъ ҷомае, ки мепўшед, онҳоро бипўшонед. Кори тоқатфарсо ба онҳо таҳмил макунед, худатон дар корҳо ба онҳо кўмак кунед”. Мегуфт: “Онҳоро ба унвони “банда” ва ё “каниз” хитоб накунед, зеро ҳама мамлуки Худойем ва молики ҳақиқӣ Худост, балки онҳоро ба унвони “фато” (ҷавонмард) ё “фатот” (ҷавонзан) хитоб кунед.

Дар шариати Ислом тамоми тасҳилоти мумкин барои озодии бардагон, ки мунҷар ба озодии куллии онҳо мешуд фароҳам шуд. Ў шуғли “наххосӣ”, яъне бардафурўширо бадтарин шуғлҳо медонист ва мегуфт:

Бадтарини мардум назди Худо одамфурўшонанд”.

 

Назофат ва бўи хуш

Ба назофат ва бўи хуш алоқаи шадид дошт. Ҳам худаш риоят мекард ва ҳам ба дигарон дастур медод. Ба ёрон ва пайравони худ таъкид менамуд, ки тан ва хонаи хешро покиза ва хушбў нигаҳ доранд, ба хусус рўзҳои ҷумъа водорашон мекард ғусл кунанд ва худро муаттар созанд, ки бўи бад аз онҳо ба машом нарасад, он гоҳ дар намози ҷумъа ҳузур ёбанд.

 

Бархўрд ва муошират

Дар муошират бо мардум меҳрубон ва гушодарў буд. Дар салом ба ҳама ҳатто кўдакон ва бардагон пешӣ мегирифт. Пои худро пеши ҳеҷ кас дароз намекард ва дар ҳузури касе такя наменамуд. Ғолибан ду зону менишаст. Дар маҷолис доиравор менишаст то маҷлис боло ва поине надошта бошад ва ҳама ҷойгоҳи баробар дошта бошанд. Аз ёронаш диду боздид мекард. Агар се рўз яке аз ёронро намедид, суроғашро мегирифт. Агар мариз буд, иёдат мекард ва агар гирифторие дошт, кўмакаш менамуд. Дар маҷолис танҳо ба як фард нигоҳ намекард ва як фардро тарафи хитоб қарор намедод, балки нигоҳҳои худро дар миёни ҷамъ тақсим мекард. Аз ин ки биншинад ва дигарон хидмат кунанд танаффур дошт. аз ҷо бармехост ва дар корҳо ширкат мекард. Ў мегуфт:

Худованд кароҳат дорад, ки бандаро бубинад, ки барои худ нисбат ба дигарон имтиёзе қоил шудааст”.


[1]−”Ал−ҷомеъ−ус−сағир”, ҷ. 1, с. 58.

[2]−”Ал−кофӣ”, ҷ. 5, с. 78.

Бахш: Суннат | Просмотров: 950 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz