Сешанбе, 19.03.2024, 14:26
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Ҷангҳои Ибни Абдулваҳҳоб
Ҷангҳои Ибни Абдулваҳҳоб
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:30 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Ибни Абдулваҳҳоб бо сипоҳи Ибни Сауд ба шаҳрҳои дигари Наҷд ҳамла мекард ва касонеро, ки бо ақоиди ў мухолифат мекарданд, аз дами теғ мегузаронд ва амволашонро ғорат мекард, чаро ки мухолифони ақоиди худро кофири ҳарбӣ медонист ва молу ҷони онҳоро ҳалол мешумурд. Ибни Юсуфи Суратӣ, шореҳи китоби Тавҳиди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар пешгуфтори ин китоб менависад:
“Иддае дигар бо ў аз дари мухолифат ва адоват даромаданд, Имомро (яъне Ибни Абдулваҳҳобро) аҳмақ., ҷоҳил ва соҳир хонда ва иттиҳомоти воҳӣ ва беасос бар вай ворид сохтанд. Модоме ки мухолифат ба ин ҳад расид ва силсилаи адоват ва инод ба интиҳо анҷомид, Имом баъд аз тавзеҳи ҳақ, ба ҷиҳод алайҳи бидъатгузорон ва бединон пардохт ва мутобиқи ояти каримаи “Биҷангед бо касоне, ки ба Худо имон намеоваранд” набард алайҳи мусулмононе, ки на ҳалолро ҳалол мепиндоштанд ва на ҳаромро ҳаром, оғоз кард..." ((Аз пешгуфтори Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Юсуфи Суратӣ дар китоби Тавҳиди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (ба забони форсӣ), Риёз, Муассисаи хайрияи Ҳарамайн, саҳ.30))
Ибни Абдулваҳҳоб дар соли 1206 ҳиҷрӣ даргузашт ва пас аз ў пайравонаш ба ҳамин равиш идома доданд. Барои мисол, дар соли 1216 ҳиҷрӣ Амир Сауд, Карбалоро ба тасарруф даровард ва ҳудуди панҷ ҳазор тан ё бештарро ба қатл расонид. Пас аз таҷзияи хилофати Усмонӣ, Оли Сауд бар Арабистон тасаллут ёфтанд ва мазҳаби расмии кишварро маслаки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (ки мухолифони ў ин маслакро ваҳҳобият меноманд) эълом карданд. Ба ин тартиб, имконоти кишвари муҳимме монанди Арабистон дар ихтиёри ин фирқа қарор гирифт. Мадрасаҳои мутааддиде таъсис шуд ва мубаллиғони бисёре дар ин мадорис тарбият шуданд ва дар Арабистон ва дигар кишварҳои исломӣ ба таблиғи андешаҳои ин фирқа пардохтанд.
Бо вуҷуди ин, фирқаи мазкур аз ҳамон оғоз бо мухолифати уламои Ҷаҳони Ислом рўбарў шуд. Нахустин китобе, ки алайҳи ақоиди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аз миёни уламо навишта шуд, китоби “Ас‒савоиқ ал‒илоҳия фи ар‒рад ало ал‒ваҳҳобия” буд, ки тавассути Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб, бародари Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб навишта шуд.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Ҷангҳои Ибни Абдулваҳҳоб
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz