Ҷумъа, 29.03.2024, 02:35
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Ибни Таймия
Ибни Таймия
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:29 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Аҳмад ибни Абдулҳалим ибни Абдуссалом ибни Абдуллоҳ ибни Хизр ибни Таймия дар соли 661 ҳиҷрӣ дар шаҳри Ҳаррони Шом таваллуд ва соли 728 ҳиҷрӣ дар зиндони қалъаи Димишқ аз дунё чашм пўшидааст. Дар бораи ў навиштаанд, ки марде тезҳуш ва ҳам тезхўе будааст. (Ал‒мактаба ал‒шомила (Ибни Таймия фи суратиҳил‒ҳақиқия, ҷ.1, саҳ.1)) Ӯ се бор ба сабаби ақоид ва баъзе аз фатвоҳои худ дохили зиндон шудааст. Ҳамчунин навиштаанд, ки ў издивоҷ накарда будааст. Китобҳо ва навиштаҳои фаровоне дар заминаи улуми гуногуни исломӣ, аз ҷумла ақоид ва фиқҳ аз худ ба ҷо гузоштааст. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, саҳ.1)
Ӯ шогирдоне тарбият карда, ки маъруфтарини онҳо Ибни Қаййим аст. Ибни Таймия, ки салафиҳо иддао мекунанд, ки аз муслиҳон ва эҳёгарони замони худ мебошад, дар замоне зиста, ки ба гуфтаи худи ў ағлаби мусулмонон ва аз ҷумла уламо, аз Исломи воқеӣ, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) салафи солеҳро чунон тарбият кардаанд, дур гашта будаанд. Бинобар ин ў роҳи ҳал ва ислоҳро дар ин медид, ки бояд уммат ба ҳамон сира ва равиши мусулмонони садри Ислом (салафи солеҳ) баргарданд.
Аммо даъвати Ибни Таймия, аз сўи уламои замони ў мавриди пазириши ҳамагонӣ қарор нагирифт ва ҷуз бархе аз шогирдонаш ҳамчун Ибни Қаййим дигар бузургон бо ў мухолифат карданд ва китобҳои зиёде дар радди ў нигоштанд. Мутолиа ва баррасии кутуби навишташуда дар радди афкори Ибни Таймия аз ҷониби уламои замони вай нишон медиҳад, ки уламо, иддаои Ибни Таймия мабнӣ бар ин ки уммат аз сираи салафи солеҳ дур шудаанд, иддаое беш қаламдод намекардаанд ва далелҳоеро ҳам, ки Ибни Таймия дар исботи андешаҳои худ меовард, ҷуз бардошти нодурусте аз ҷониби ў аз мафоҳиме чун тавҳид, ширк, ибодат, бидъат ва ғайра намедонистаанд.
Аз ҷумла Заҳабӣ, аз уламои маъруфи замон ва ҳадиспажўҳ ва риҷолшиноси машҳури аҳли суннат ва ҷамоат, ки ҳамасри ў мебошад, номае ба Ибни Таймия навишт ва ўро мавриди накўҳиш қарор дод ва таслим дар баробари аҳодиси саҳеҳро аз ў хостор шуд. Заҳабӣ хитоб ба ў менависад:
“Ҳол, ки дар даҳаи ҳафтод аз умри худ ҳастӣ ва реҳлатат аз ин олам наздик аст, оё вақти он нарасидааст, ки тавба ва иноба кунӣ?” (Ал‒мактаба ал‒шомила (Ибни Таймия фи суратиҳил‒ҳақиқия, ҷ.3, саҳ.20))
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Ибни Таймия
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz