Ҷумъа, 29.03.2024, 01:36
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Монандии ваҳҳобиҳо бо хавориҷ дар бардошти нодурусти мафоҳим
Монандии ваҳҳобиҳо бо хавориҷ дар бардошти нодурусти мафоҳим
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:20 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Аз шабоҳат ва монандиҳои дигари салафиҳо бо хавориҷ, ин бардошти нодуруст доштани ин ду гурўҳ аст аз баъзе мафоҳими калидии исломӣ, ки дар амал натоиҷи бисёр хатарнокеро ба дунбол дорад.
Дар порае аз мафоҳими исломӣ, чи басо бардошти нодуруст ва ғалат, зиёне ҷуз барои худи дорандаи он бардошт ба бор надорад. Масалан: дар масъалаи тавҳиди сифотӣ, миёни пайравони мазоҳиби каломӣ бардоштҳои мухталифе вуҷуд дошт. Ашоира мўътақид буданд, ки сифоти Худо монанди зот қадим аст. Мўътазила эътиқод доштанд, ки зот аз сифот ҷонишин меояд. Мутакаллимони шиа бар он буданд, ки сифот айни зот мебошад ва ғайра. Ё дар мавриди каломи Худо, баъзе мўътақид бар қадим будани каломи илоҳӣ ва баъзеи дигар бар ҳодис будани он буданд. Чунин бардоштҳое, қатъи назар аз ин ки кадом яке дуруст ва кадомин нодуруст мебошад, аз он ҷо ки дар амал таъсире надорад, зарар ва зиёнеро ба бор намеоварад.
Аммо мафоҳиме ҳастанд, ки агар мусулмон аз онҳо бардошти нодурусте дошта бошад, дар амал таъсиргузор аст. Масалан мафҳуми “қазо ва қадари илоҳӣ” яке аз он мафоҳимест, ки навъи бардошт аз он дар амали инсон таъсири басазое дорад. Агар касе аз “қазо ва қадари илоҳӣ” чунин бардоште дошта бошад, ки ҳар чи аз аъмол ва афъол, ки аз инсон сар мезанад, тибқи як барномаест, ки Худо аз қабл барояш таъин карда ва худи инсон ҳеҷ нақше дар таъини онҳо надорад, чунин инсоне ба як инсони танбал ва бепарвое табдил хоҳад ёфт. Яъне чунин бардоште дар амал, таъсири манфӣ дорад.
Дар масъалаи “имон”, ки моҳияти он чист, хавориҷ мўътақид буданд, ки имон мураккаб аз эътиқод ва амал аст ва ба иборати дигар: амал ҷузъи имон аст. Ба ҳамин ҷиҳат онҳо муртакиби гуноҳи кабираро кофир ба шумор меоварданд. Зеро ба назари онҳо, аз он ҷо ки амал ҷузъи имон аст, пас ҳар амале, ки бо имон мунофот дошта бошад, сабаби хуруҷ аз доираи имон мешавад. Аз назари онҳо, гуноҳи кабира амалест, ки бо имон мунофот дорад ва мўҷиби куфр аст.
Ҳамин бардошти нодурусти хавориҷ аз имон боис гардид, ки онҳо ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ва баъзе дигар аз саҳобагонро кофир дониста ва бар онҳо шамшер кашанд. Чун онҳо мўътақид буданд, ки Алӣ ба сабаби сар ниҳодан бар ҳакамият ва доварии инсонҳо муртакиби гуноҳи кабирае шуда, ки бояд тавба кунад, вагарна кофир ва аз доираи имон хориҷ аст. Ба сабаби ҳамин бардошти ғалат аз имон, хавориҷ ҷуз худашон дигар ҳамаро кофир меҳисобиданд. Кофир донистан, яъне хуну молу номуси онҳоро мубоҳ шумурдан буд.
Шабеҳи он чи аз хавориҷ мушоҳида шуд, дар салафиҳо низ дида мешавад. Як даста аз мафоҳими исломӣ ҳаст, ки бардошти нодурусти салафиҳо аз онҳо сабаб гардидааст, ки ҳамаи мусулмононро ‒ ба ҷуз пайравони ақоиди худ ‒ мушрик бишуморанд ва ҳукми куфри онҳоро содир кунанд. Муҳимтарини ин мафоҳим иборат ҳастанд аз мафҳуми “тавҳид”, “ширк”, “ибодат”, “дуо”, “шафоат” ва “бидъат”. Дар ин мавзӯъҳо бояд дар ҷои худаш бояд баҳс ба амал овард.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Монандии ваҳҳобиҳо бо хавориҷ дар бардошти нодурусти мафоҳим
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz