Ҷумъа, 29.03.2024, 03:42
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар хушунат (4)
Дар хушунат (4)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:15 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Ин салафиҳое, ки ба ин андоза нисбат ба тавҳид, аз худ ғайрат нишон медиҳанд ва хуну молу номуси дигар мусулмононро ба хотири аъмоли ширколуд (албатта ба гумони худашон) мубоҳ мешуморанд, кош ғайрати худро нисбат ба душманони воқеии Ислом, ки аҳаде шакке дар адовати онҳо надорад, ба кор мегирифтанд!
Ҳама ба хотир доранд, ки ҳангоме ки Саҳюнисти хуношом тобистони соли 2006 ба кишвари Лубнон таҷовуз намуд ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баробари вай муқовимати беназире аз худ нишон дода ва дар ниҳоят дар зарфи 33 рўз таҷовузгаронро аз по даровард, яке аз муфтиёни ваҳҳобӣ ба номи Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин фатвое ба ин мазмун содир кард, ки набояд касе ба Ҳизбуллоҳ кўмак кунад ва ҳатто ҷоиз нест касе барои пирўзии Ҳизбуллоҳ алайҳи “Исроил” дуо кунад. (Манбаъ ‒ http://www.ibn-jebreen.com/controller?action=FatwaView&fid=4174)
Чаро? Чун Ҳизбуллоҳ ҳарчанд мусулмон, вале як ҳизби шиа аст ва “Исроил” ба назари салафиҳо беҳтар аз мусулмонони шиа ҳастанд.
Бо ин ки бархе аз уламои салафӣ ҳазорон ҷавони содалавҳро бо исдори фатвоҳои худ таҳрик мекунанд то ба Ироқ рафта ва байни мусулмонони шиа худро мунфаҷир кунанд то шиаён маҳв гарданд (чун шиаён ба назари онҳо “мушрик” ба ҳисоб мераванд), вале дар робита бо амалиётҳои шаҳодатталабона дар Фаластин дар баробари саҳюнисти ғосиб назари дигаре доранд.
Шайх Албонӣ яке аз машҳуртарин уламои салафӣ дар асри ҳозир фатво додааст, ки амалиётҳои шаҳодатталабона дар Фаластин дар баробари “Исроил” ҷоиз нест ва корест ҳаром. (Метавонед фатвои Шайх Албониро аз забони худаш дар ин пойгоҳи интернетӣ бишнавед: http://www.youtube.com/watch?v=cwlUYWPZL-M)
Яке дигар аз уламои муосири салафӣ ба номи Шайх Усмон Хамис низ шабеҳи чунин фатвое дорад. (http://www.sanabes.com/forums/archive/index.php/t-4033.html)
Аз ҳама аҷиб он аст, ки бо вуҷуди иҷмои фуқаҳои исломӣ аз ҷамии мазоҳиб бар ин ки агар қитъае аз замини мусулмонон мавриди ишғоли куффор қарор бигирад, бар ҳамаи мусулмонони ҷаҳон фарз мегардад, ки ишғолгаронро аз он берун ронанд, вале бархе аз уламои салафӣ дар мавриди сарзамини ишғолшудаи Фаластин, ки тавассути саҳюнистҳои ғосиб ишғол гардидааст, назари дигаре доранд.
Муфтии собиқи Арабистони Саудӣ ва яке аз бузургтарин уламои салафият дар асри ҳозир Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз дар посух ба саволе, ки рўзномаи “Ал‒муслимун” аз ў дар бораи сулҳу созиш бо ҳукумати ғосиби яҳуд пурсида буд мегўяд: “Созиш бо душманон чи ба сурати мутлақ ва чи муваққат ҷоиз аст агар ҳоким дар он маслиҳат бинад, ба далели фармудаи Худованди Мутаол, ки мефармояд: “Ҳаргоҳ рў ба сулҳу созиш оваранд, ту низ ба он рў овар”. Низ ба ин далел, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳар як аз ин ду навъ созишро анҷом додааст, ҳамчунон ки бо аҳли Макка бар тарки ҷанг ба муддати даҳ сол созиш намуд, ки мардум дар амон бимонанд ва даст аз якдигар бардоранд...” (Барои огоҳии бештар ба маҷаллаи “Ал‒муҷтамаъ”, шумораи 516, таърихи 21 / 7 / 1415 ҳиҷрӣ муроҷиа шавад)
Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ як аз уламои исломӣ ба ҳеҷ далеле сулҳу созиш бо ишғолгарони яҳудро ҷоиз намедонанд. Аз ин рўст, ки чунин мавзеъгирии Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз мавриди ғазаби уламои дигар қарор гирифта ва баъзе аз онон посухҳои дандоншикане бар вай додаанд. Аз ҷумла Аллома Юсуф Қарзовӣ бо овардани далелҳои бисёр қавӣ бар чунин дидгоҳи Шайх посух гардондааст. (Барои ошноӣ бо дидгоҳи Аллома Юсуф Қарзовӣ ба ин пойгоҳ муроҷиа шавад: http://qaradawi.net/site/topics/article.asp?cu_no=2&item_no=1860&version=1&template_id=105)
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар хушунат (4)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz