Ҷумъа, 26.04.2024, 16:52
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Бахшҳо
Мои статьи [6]
Аслӣ » Мақолаҳо » Мои статьи

Ифрот ва тафрит (1)

                                Маънои ифрот ва тафрит

Яке аз асоситарин омил, агар нагўем танҳотарини он дар пайдоиши фирқаҳои гуногун байни пайравони ҳар дине ва дар натиҷа ҷудоӣ ва дурии онҳо аз якдигар ва гоҳе душманӣ ва хунрезиҳое миёни онон, ин омили ифрот ва тафрит аст. Ифрот ва тафрите, ки аз бадфаҳмӣ ва бардошти нодуруст аз маорифи динӣ сарчашма мегирад.

Қабл аз ҳар чиз лозим аст маънои ифроту тафрит барои хонанда равшан гардад. Ин ду калима дар асл калимаҳои арабӣ ҳастанд, вале гоҳе дар забони тоҷикӣ ҳам ба кор бурда мешаванд ва шояд барои хелеҳо маънояш мафҳум бошад. Аммо дар ҳар сурат лозим аст онро тавзеҳ диҳам.

Ифрот” дар тоҷикӣ ба маънои “зиёдаравӣ” мебошад ва “тафрит” ба маънои “кўтоҳӣ намудан” ва ё “саҳлангорӣ кардан” аст. Ифроту тафрит ва ё зиёдаравӣ ва кўтоҳӣ, дар ҳар соҳае аз соҳаҳои ҳаёт, ҳам аз дидгоҳи ақл мазмум ва нописанд аст ва ҳам аз назари Ислом. Ба дигар сухан: ҳам ифрот ва зиёдаравӣ дар коре нописанд аст ва ҳам кўтоҳӣ ва саҳлангорӣ дар он. Масалан дар соҳаи ахлоқ уламои фанни ахлоқ мегўянд:

Авсофи ҳамида ҳукми васатро доранд ва инҳироф аз онҳо ба тарафи ифрот ё тафрит мазмум аст ва аз ахлоқи разила аст. Пас дар муқобили ҳар ҷинсе аз сифоти фозила, ду ҷинс аз авсофи разила мутаҳаққақ хоҳад буд. Чун донистӣ, ки аҷнос ва сарфазоил чаҳоранд (ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат), пас аҷноси разоил ҳашт то хоҳанд буд...

(Ду то дар муқобили “ҳикмат” ҳастанд:) яке “ҷарбуза”, ки кор фармудани фикр аст дар зоид аз он чи сазовор аст ва ин дар тарафи ифрот аст. Дигаре “балоҳат” ва он муаттал будани қувваи фикрия ва кор нафармудани он дар қадри зарурат ё камтар аз он аст ва ин дар тарафи тафрит...

Ду то дар муқобили “шуҷоат” ҳастанд: яке “таҳаввур”, ки он, рў овардан ба умурест, ки ақл ҳукм ба дурӣ аз онҳо менамояд ва ин дар тарафи ифрот аст. Дигаре “ҷубн” ва он рў гардондан аз чизҳоест, ки набояд аз онҳо рў гардонид ва он дар ҷониби тафрит.

Ду то дар баробари “иффат” ҳастанд: яке “шараҳ”, ки иборат аз ғарқ шудан дар лаззатҳои ҷисмия аст бидуни мулоҳизаи ҳусни он дар шариати муқаддаса ё ба ҳукми ақл ва ин ифрот аст. Дигаре “хумуд” ва он, мирондани қувваи шаҳавия аст ба қадре, ки тарк кунад он чиро, ки аз барои ҳифзи бадан ё бақои насл зарурист ва ин тафрит аст.

Ду то дар изои “адолат” ҳастанд: яке “зулм”, ки тасарруф кардан дар ҳуқуқи мардум ва амволи онҳост бидуни ҳаққе ва ин ифрот аст. Дигаре “тамкини золимро аз зулм барои худи он шахс бар сабили хорӣ ва мазаллат бо вуҷуди қудрат бар дафъи он”.[1]

Дар ҳар соҳае чунин аст ва аз ҷумла дар маҷоли дин ва диндорӣ. Ояте ҳаст дар Қуръони Карим, ки дар он Худованди Мутаол уммати исломиро, “уммати васат” мехонад ва мефармояд:

وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِّتَكُونُواْ شُهَدَاء عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا...

Ин чунин шуморо “уммати васат” қарор додем то бар мардумон гувоҳ бошед ва Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад...[2]

Уммати васат” ба маънои “уммати миёнарав” аст. Муфассири бузург Имом Фахри Розӣ дар тафсири ояти номбурда чаҳор қавл зикр мекунад ва қавли чаҳоруми ў, ки худ онро меписандад ин аст, ки мегўяд:

Мурод аз уммати васат будани мусулмонон дар ин оят ин аст, ки онҳо дар дин миёнарав ҳастанд байни ифротгаро ва тафриткунанда... Зеро мусулмонон, на монанди масеҳиён дар дин ғулув ва зиёдаравӣ карда, паёмбари худро фарзанди Худо ва маъбуд қарор доданд ва на ба монанди яҳуд дар дин кўтоҳӣ намуда ва паёмбаронро ба қатл расонданд ва китобҳои осмониро тағйиру табдил намуданд ва ғайра”.[3]

Албатта чунин ҳам нест, ки ифрот ва зиёдаравӣ дар дин, фақат махсуси масеҳиён бошад ва тафрит ва кўтоҳӣ махсуси яҳуд, балки ҳар яке ба навбати худ, аз ҷиҳате гирифтори ифрот ва аз ҷиҳати дигар мубтало ба тафрит шуда буданд.

 

           Намунаҳое аз ифроту тафрити яҳуду насор

Ифроти масеҳиён дар дин, яке ба лиҳози ғулув ва зиёдаравияшон дар ҳаққи паёмбари Худо ҳазрати Масеҳ (алайҳис‒салом) буд, ки ўро худо ва ё писари худо донистанд:

يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لاَ تَغْلُواْ فِي دِينِكُمْ وَلاَ تَقُولُواْ عَلَى اللّهِ إِلاَّ الْحَقِّ إِنَّمَا الْمَسِيحُ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ رَسُولُ اللّهِ وَكَلِمَتُهُ أَلْقَاهَا إِلَى مَرْيَمَ وَرُوحٌ مِّنْهُ فَآمِنُواْ بِاللّهِ وَرُسُلِهِ وَلاَ تَقُولُواْ ثَلاَثَةٌ انتَهُواْ خَيْرًا لَّكُمْ ...

 Эй аҳли китоб! Дар дини худ аз андоза фаротар маравед ва бар Худо ҷуз рост магўед. Ҳамоно Масеҳ Исо, писари Марям, паёмбари Худо ва калимаи Ӯст, ки онро ба сўи Марям афканд ва руҳест аз Ӯ. Пас ба Худо ва фиристодагони Ӯ имон оваред ва магўед: (Худо) се аст (падар, писар ва руҳулқудс). Аз ин гуфтор бозистед, ки барои шумо беҳтар аст...[4]

Вале ҳамин масеҳиён ба ҷиҳати эътиқод ба ин ки Исои Масеҳ ба сабаби ба салиб кашида шуданаш, гуноҳони тамоми башариятро ‒ аввалину охиринҳоро, бар дўш кашида ва ҳамаро дар пешгоҳи Худованд шафоат хоҳад намуд ва кофист мо муҳаббати ўро дар дил дошта ва иртиботи маънавии худро аз ў канда накунем, ба тафрит ва саҳлангорӣ дар дини Худо роҳ доданд.

Аммо яҳуд ба ҷиҳати ғулув дар ҳаққи паёмбари Худо Узайр (алайҳис‒салом), гирифтори ифрот дар дин[5] ва ба лиҳози эътиқод ба ин ки онҳо уммати баргузидаи Худо ҳастанд ва Худо ононро ҷуз айёме чанд дар ҷаҳаннам боқӣ нахоҳад гузошт, тафрит дар дини Худо намуданд:

وَقَالُواْ لَن تَمَسَّنَا النَّارُ إِلاَّ أَيَّاماً مَّعْدُودَةً...

Яҳуд гуфтанд: Оташи дўзах ба мо нарасад магар рўзе чанд...[6]

 

                      Ифроту тафрит дар уммати исломӣ

Мутаассифона дар миёни уммати исломӣ ҳам, ки мебоист тибқи фармони илоҳӣ уммати васат ва миёнарав бошад, касоне ва гурўҳҳое буданд ва ҳанўз ҳам ҳастанд, ки гирифтори ин ду беморӣ шуда ва мебошанд. Дар хилоли чаҳордаҳ қарн, ки аз умри Ислом мегузарад, фирқаҳо ва гурўҳҳое буруз кардаанд, ки дар дин, дониста ё надониста, ё ба роҳи ифрот рафтанд ва ё тафрит намуданд. Қадария, ҷабрия, ҷуҳамия, новусия, қаромита, фатаҳия ва садҳо дигар аз фирқа ва ҷараёнҳо, намунаҳое аз ин чунин гурўҳҳо ба шумор мераванд. Вале боризтарин намунаҳои он, яке хавориҷ ҳастанд, ки ба ифрот гароиданд ва дигаре мурҷиа, ки дар дин тафрит ва кўтоҳӣ аз худ нишон доданд. Мо ба зудӣ перомуни ин ду фирқа баҳс хоҳем намуд.

Ифроту тафрит дар дин, ба қадре бало ва мусибат барои уммат оварда, ки шояд ҳеҷ чизе ба андозаи он набошад. Дар эҷоди ҷудоӣ ва адоват миёни уммати исломӣ, шояд тафриқаафкании душманони Ислом, ба андозае комёб набуда, ки ифроту тафрити худашон дар эҷоди он комёб гардидааст. Албатта достони ҷудоии мусулмонон аз якдигар дар натиҷаи ифроту тафритҳояшон, достони ҷадиде нест, ки мо имрўз миёни пайравони мазоҳиби мухталифи исломӣ мушоҳида мекунем. Ин як достони қадимист, яъне аз ҳамон қарни аввали ҳиҷрӣ дар миёни уммати исломӣ гурўҳҳое пайдо шуданд, ки гирифтори ин ду беморӣ гардиданд.

 

                                  Решаҳои ифроту тафрит

Ифрот ва тафрит дар дин, бар хилофи пиндори баъзе аз андешамандон, дар оғоз реша дар матни худи дин надоштааст. Яъне чунин набуд, ки аз оғоз бардошти нодуруст аз маорифи динӣ боис шуда бошад яке роҳи ифрот ва зиёдаравӣ паймуда ва дигаре ба тафрит ва кўтоҳӣ роҳ дода бошад. Ин ки мо дар оғози баҳс гуфтем, ки ифрот ва тафрит, аз бадфаҳмӣ ва бардошти нодуруст аз маорифи динӣ сарчашма мегирад, мунофоте бо он чи мо ин ҷо мегўем надорад. Зеро бешак, ҳам ифротгаро ва ҳам тафриткунанда, дар мароҳили баъдӣ ва пас аз шаклгирии худ, барои тавҷеҳи афкор ва аъмоли худ мутавассил ба оятҳо ва ривоятҳое мешуд, албатта бо бардошти хоссе, ки аз он оятҳо ва ривоятҳо пеши худ дошт.

Мутолиаи таърихи пайдоиши фирқаҳои ифротӣ ва ё тафритгаро дар миёни уммати исломӣ нишон медиҳад, ки авомили пайдоиши онҳо дар оғоз иртиботи мустақиме бо матни дин надошт, балки чизҳои дигаре буда, ки дар ин ҷо ба муҳимтарини он ишора мекунем:

1. Ҷаҳолат ва нодонӣ: Хавориҷ аз ҷумлаи он фирқаҳои ифротиест, ки дар пайдоиши он омили ҷаҳолат ва нодонӣ нақши асосӣ доштааст. Мо ба зудӣ дар бораи ин гурўҳ ба тафсил баҳс хоҳем намуд.

2. Таъсирпазирӣ аз афкори бегона: Дар натиҷаи густариши ҳавзаи ҷуғрофиёии Ислом, баъзе аз мусулмонон бо ақоиду афкори динҳои дигар ва ё ҷараёнҳои мухталифи фикрии он замон ошноӣ пайдо карда ва таҳти таъсири таълимоти он афкор қарор гирифтанд ва он гоҳ порае аз он афкорро вориди ҳавзаи фикрии исломӣ сохтанд. Бархе аз макотиби фалсафӣ, аз ҷумлаи фирқаҳоест, ки дар пайдоиши он ин омил нақш дошт.

3. Сиёсат: Гурўҳе бо ангезаҳои сиёсии маҳз гирди ҳам ҷамъ мешуданд, вале чун медонистанд модоме ки ҳаракаташон аз як такягоҳи эътиқодӣ бархўрдор набошад, дер ё зуд бо нокомӣ рўбарў хоҳад шуд, аз ин рў дар садад мебаромаданд то ба ҳаракати худ рангу бўи динӣ бахшанд, он гоҳ ба тадриҷ ин фирқа худ ба худ ба як гурўҳи мазҳабӣ табдил мегардид.

4. Вокуниш ва аксуламал: Фирқаҳо ва мазоҳибе ҳам ҳастанд, ки дар пайдоиши онҳо ҳеҷ як аз авомиле, ки зикр гардид нақш надоштанд, балки пайдоиши онҳо дар натиҷаи вокуниш ба афкор ва аъмоли гурўҳҳои дигар будааст. Масалан мурҷиа дар вокуниш ба назарияи ифротии хавориҷ дар масъалаи муртакиби кабира, ки ўро кофир медонистанд пайдо шудааст.[7] Дар бораи чигунагии пайдоиши фирқаи мурҷиа низ ба тафсил баҳс хоҳем намуд.

Албатта авомили дигаре низ барои бурузи фирқаҳо ва гурўҳҳои ифротӣ ва ё тафритгаро зикр шудааст, ки ба далели риояти ихтисор аз нақли он худдорӣ мекунем.[8]



[1]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Меъроҷ‒ус‒саода, саҳ.19 ва 20).

[2] ‒ Сураи Бақара, ояти 143.

[3] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Тафсири Фахри Розӣ, ҷ.2, саҳ.389).

[4] ‒ Сураи Нисо, ояти 171.

[5]‒ Дар ояти 30 сураи Тавба мехонем: “Яҳуд гуфтанд: Узайр писари Худо аст ва насоро гуфтанд: Масеҳ писари Худо аст. Ин гуфтори онҳост ба даҳонашон, ки ҳақиқате надорад ва гуфторашон ба сухани касоне монад, ки пеш аз ин кофир шуданд. Худо онҳоро бикушад, чӣ гуна ва ба куҷо гардонида мешаванд”.

[6] ‒ Сураи Бақара, ояти 80.

[7] ‒ Ба зудӣ роҷеъ ба ин масъала, он ҷо ки дар бораи гурўҳи хавориҷ баҳс хоҳем намуд, ишора хоҳад шуд.

[8] ‒ Барои огоҳии бештар дар ин маҷол, хонанда метавонад ба ин манобеъ муроҷиа кунад: Ал‒милал ван‒ниҳал, Муҳаммад ибни Аҳмади Шаҳристонӣ; Ал‒фарқ байн‒ал‒фирақ, Абдулқоҳир ибни Тоҳири Бағдодӣ; Таърих‒ул‒мазоҳиб‒ил‒исломия, Муҳаммад Абўзуҳра; Таърих‒ул‒ҷадал, Муҳаммад Абўзуҳра.

 

Бахш: Мои статьи | Изофа кард: istaravshani (19.11.2008) | Автор: Сайидюнуси Истаравшанӣ
Просмотров: 1606 | Комментарии: 3 | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz