Душанбе, 20.11.2017, 12:28
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар хушунат (5)
Дар хушунат (5)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:15 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Рози ин ки аҳёнан чунин фатвоҳое ба суди душманони Ислом ба вижа Амрико ва яҳуди хуношом аз ҷониби шайхҳои салафӣ, ки яксара ҳамаро мушрику фақат худашонро муваҳҳид ҷилва медиҳанд чист?
Даранге барои ҳар оқиле кофист, ки ба ин роз пай бубарад. Бояд ин розро дар сиёсатҳои бузургтарин ҳампаймони Амрико дар минтақаи Ховари наздик яъне Мамлакати Арабистони Саудӣ, ки дар сояи ҳамин маслаки салафият рўи кор омадааст ҷуст.
Чаро Шайх Абдулазиз, бо ин ки аз ин қабл мавзеи дигаре дар баробари ишғолгарони яҳуд дошт. дар ин рўзгор фатво медиҳад, ки сулҳу созиш бо яҳуд ишколе надорад. Посухаш хеле равшан аст. Чаро ки ҷаноби Ходимул‒ҳарамайн Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд соли 2002 мелодӣ дар нишасти ҷомеаи кишварҳои арабӣ дар Бейрут (пойтахти Лубнон) тарҳе бар ин асос пешниҳод кард, ки агар ишғолгарони яҳуд аз сарзаминҳои ишғолшуда дар соли 1967 берун раванд, ҳамаи кишварҳои арабӣ, минҷумла Арабистони Саудӣ расман “Исроил”‒ро ба унвони як кишвари мустақил ва ҳамсояи Фаластин эътироф намуда ва билофосила сафоратхонаҳои худро дар “Исроил” боз хоҳанд кард.
Баъд аз ин мавзеъгирии сиёсии Арабистони Саудӣ, оё Шайх Абдулазиз ба худ ҷуръат хоҳад дод, ки фатво диҳад сулҳу созиш бо “Исроил” дуруст нест?
Намунаи дигар: Ҳангоми ҷанг миёни ду кишвари мусулмони Ироқ ва Эрон, аксари кишварҳои арабӣ ва дар раъси онҳо Арабистони Саудӣ ва Кувайт, аз Саддом Ҳусайн ба унвони қаҳрамони арабӣ ва фотеҳи Қодисия, ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ мекарданд. Ба табаи чунин мавзеъгирӣ, ағлаби уламо ва шайхҳои салафӣ низ пушти сари ҳам фатво содир мекарданд, ки ин набард ҷиҳоди фи сабилиллоҳ алайҳи “маҷус” аст ва бояд Саддом Ҳусайн ‒ ин қаҳрамон ва Саъд ибни Абўваққоси замон ҳимоят шавад.
Вале дар ҷанги аввали халиҷ, он замон ки нерўҳои Ироқ ба сарзамини Кувайт таҷовуз карданд ва Амрико ба баҳонаи ҳимоят аз Кувайт алайҳи Ироқ ҷанг эълом намуд, ҳамин касоне, ки чанде пеш ба Саддом Ҳусайн номи Саъд ибни Абўваққос ва фотеҳи Қодисияро дода буданд, як дафъа назарашон иваз шуда ва ўро “Абраҳа” (ки дар замони падарбузурги ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба Макка ҳуҷум кардааст) хонданд.
Ҷаноби Шайх Ибни Боз фатво содир кард, ки Саддом Ҳусайн душмани Худо аст, (Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/8382) кофир аст ва лаъни ў ҷоиз мебошад, (Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/259) ҳатто кофиртар аз яҳуду насоро, (Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/256) ҳамкорӣ бо Амрико алайҳи Ироқ ҷоиз аст, (Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/256) ҷанг алайҳи Саддом ҷиҳод дар роҳи Худо аст (Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/257) ва аз ин қабил фатвоҳо, ки аз ҷониби ў ва дигарон аз уламои салафӣ содир гардид.
Рози ин ки як дафъа “Саъд ибни Абўваққос”‒и замон ва “Фотеҳи Қодисия”, ба “Абраҳа” ва душмани Худо ва кофире, ки куфраш аз яҳуду насоро бадтар аст табдил мегардад чист?
Оё ҷуз ин ки сиёсатҳои Мамлакати Арабистони Саудӣ ва дар пушти ў Амрико дар баробари сиёсатҳои ҳокими Ироқ тағйир ёфтанд? Оё ҷуз ин аст, ки ин дўсти самимӣ ба душмани сарсахт аз назари сиёсат табдил гардид?
Дар ин гуна маворид набояд ба дунболи далел аз Қуръон ва ё суннат рафт, ки ҷаноби Шайх чӣ далеле бар куфру илҳоди Саддом доранд? Балки бояд далелро аз манбаи дигаре ҷуст, ки ҷуз сиёсатҳои Арабистони Саудӣ ва Амрико чизи дигаре намебошад.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар хушунат (5)
Страница 1 из 11
Поиск:

Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz