Душанбе, 20.11.2017, 12:30
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар хушунат (1)
Дар хушунат (1)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:12 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Яке дигар аз шабоҳатҳое, ки байни салафиҳо ва хавориҷ дида мешавад, ин хушунати фавқулодаи ин ду гурўҳ аст дар муомила бо мухолифони худ. Хавориҷ пас аз интихоби Абдуллоҳ ибни Ваҳби Росибӣ, ба Наҳравон рафта ва ба қатлу ғорати мусулмонон пардохтанд. (Ошноӣ бо фирақ ва мазоҳиби исломӣ, Ризо Биринҷкор, Ҷ.И.Эрон, Китоби Тоҳо, соли 1385 ш, саҳ.27) Аввалин қурбонии онҳо Ибни Хаббоб ва ҳамсараш буд, ки ба таври фаҷеонае ба дасти ин бехирадон ба қатл расонида шуданд. Дар замони Нофеъ ибни Азрақ (яке аз раҳбарони хавориҷ) низ онҳо ба куштори мусулмонон дар бахшҳое аз Эрон даст заданд. (Ошноӣ бо фирақ ва мазоҳиби исломӣ, Ризо Биринҷкор, Эрон, Китоби Тоҳо, соли 1385 ш, саҳ.28)
Аммо хушунати пайравони Ибни Абдулваҳҳоб чизе нест, ки бар касе пўшида ва пинҳон бошад. Кушторе, ки онҳо дар тўли умри худ аз мусулмонон кардаанд бисёр ваҳшатнок аст. Аз ҷумлаи аъмоли бисёр ваҳшатноке, ки дар таърихи онон сабт шуда ва ҳатто таърихнигорони салафӣ низ ба он эътироф кардаанд, қатли омми аҷиби мардуми Тоиф ва аз он ваҳшатноктар қатли омми мардуми Ироқ буд.
Бино бар навиштаи муаррихон, салафиҳо тақрибан баъди даҳ сол аз фавти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ба манзури ҷалби ғаноим ва кишваркушоӣ ва бо иддаои нашри тавҳид (албатта тавҳид ба гумони худашон) чанд бор ба Карбало ва Наҷаф ҳамла карданд. Онҳо дар ин ҳамла ба шаҳри Карбало ворида шуда ва ҳазорон нафар аз мардуми кўча ва бозор ва занону кўдаконро ба қатл расонданд ва ҳар чи бар сари роҳи худ ёфтанд ғорат карданд. Баъзе аз муаррихон адади кушташудагонро 150000 тан навиштаанд ва мегўянд ҷўи хун дар кўчаҳои Карбало ба роҳ афтод. Ҷолиб ин ки салафиҳо исми ин корро “Ҷиҳод фи сабилил‒лоҳ” ва мубориза барои нашри тавҳид мегузоранд.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар хушунат (1)
Страница 1 из 11
Поиск:

Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz