Шанбе, 23.09.2017, 12:20
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Монандии ваҳҳобиҳо бо хавориҷ дар такфири мусулмонон (1)
Монандии ваҳҳобиҳо бо хавориҷ дар такфири мусулмонон (1)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:10 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Хавориҷ ҳар мусулмонеро, ки дар андеша ва равиш бо онҳо ихтилоф дошта бошад, кофир ва дар баъзе маворид ҳатто мушрик медонистанд. Дар ҷаҳони Ислом то зуҳури хавориҷ дида нашудааст, ки ҳеҷ мусулмоне мусулмони дигареро ба маҳзи ихтилоф дар дидгоҳ, ба куфру ширк нисбат диҳад. Ҳатто ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу), ки хавориҷро аз реша барканд, ҳаргиз онҳоро кофир ё мушрик ва ё аз миллат хориҷшуда эълом накард.
Салафиҳо низ бархе аз мусулмононеро, ки дар ақида ва назар бо онҳо ихтилоф доранд, мушрик ва кофир қаламдод мекунанд. Инак намунаҳое аз такфири пешвоёни маслаки салафият:
1. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳар мусулмонеро, ки паёмбар ва ё валиеро бихонад, кофир мешуморад. Ӯ мегўяд: “Ҳар касе, ки паёмбар ё саҳобӣ ва ё валиеро бихонад мисли ин бигўяд: Эй хоҷаи ман фалон! Маро кўмак кун ва ё маро ёрӣ деҳ, ба иҷмои уламо ў кофир хоҳад буд”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.229))
2. Ҳам ў дар китоби “Кашф‒уш‒шубуҳот” аз мусулмонони замони худ касонеро, ки дар бораи авлиё эътиқодоти хоссе доштанд ва онҳоро мавриди эҳтиром қарор дода ва ба лафзи “саййид” (яъне “хоҷа”) хитобашон менамуданд, мушрик ба ҳисоб меоварад. Ӯ дар фасли сеюм аз ин китоб дар баёни ҳақиқати тавҳид дар ибодат мегўяд: “Муроди онҳо (яъне кофирони замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)) ин набуд, ки “илоҳ” ҳамон зоти холиқ, раззоқ ва мудаббир аст. Зеро онон хуб медонистанд, ки ҳамаи ин сифот (аз халқу ризқу тадбир) фақат махсуси Худо аст... Балки муродашон аз “илоҳ” он чизест, ки мушрикони замони мо бо лафзи “саййид” ирода мекунанд”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.1))
3. Ҳам ў боз дар ҳамин китоб, яке аз уламои замони худро, ки эътирозоте бар ақоиди вай навишта буд, мушрик хонда мегўяд: “Он чи ту, эй мушрик, аз Қуръон ва каломи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бароям зикр намудӣ, ман маънои онро намедонам...” (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.15))


Паёмро виросторӣ кард Akbar - Шанбе, 22.11.2008, 14:25
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Монандии ваҳҳобиҳо бо хавориҷ дар такфири мусулмонон (1)
Страница 1 из 11
Поиск:

Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz