Якшанбе, 19.01.2020, 19:58
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Бахшҳо
Мои статьи [6]
Аслӣ » Мақолаҳо » Мои статьи

Гунаи хештаншиносӣ ва ба “худ”-ойии тоҷикон, дар назди табақаи рӯшанфикри тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дағдағаи хотири табақаи рӯшанфикри тоҷик дар ду даҳаи ахир, бештар ин буд ва ҳанӯз ҳам ҳамин аст, ки тоҷикон хештанро бишносанд ва ба "худ” оянд. Дар ин росто гомҳои зиёде низ бардошта шуда. Аммо...

Хештаншиносӣ ва ба "худ”-ойиро метавон ду гуна арзёбӣ кард, ва ба баёни расотар, метавон аз ин падида, ду гуна бардошт дар зеҳн дошт, ки ба назари камина яке осори мусбат дорад, ва дигаре на ин ки ба худии худ ғалат бошад, балки осори бас манфие ба бор дорад.

Ибтидо, гунаи нодурусти онро тавзеҳ бидиҳам, сипас ба шарҳи навъи саҳеҳи он хоҳам пардохт. Он гоҳ ташхиси ин ки кадомин аз ин ду бардошт дар мухайялаи рӯшанфикрони ҷомеаи мо ҷой дошта ва дар ин ду даҳа дар пайи тарвиҷи он буданд (ва ҳастанд), бар ӯҳдаи худи хонандаи азиз аст.

Хештаншиносӣ ва ба "худ”-ойӣ яъне ин ки ҳар тоҷике бидонад (танҳо бидонад ло ғайр), ки чӣ гузаштае дошта ва аҷдоди ӯ чӣ касоне буданд. Масалан: миллати тоҷик қидмати таърихии беш аз 2500 сола ва ё наздик ба 5000 сола дорад, ва ё: давлате, ки нажоди ориёӣ замоне бунён ниҳода, марзҳояш аз ғарб то Юнону Рум ва аз шарқ то Ҳинду Чин имтидод дошта, ва ё масалан: Куруши Кабир ин чунин буда ва он чунон карда, ва ё: давлати Сомониён вижагиҳое дошта, ки кишварҳои мутамаддини имрӯз тоза ба он расидаанд, ва ё: ҳазору чанд сад сол пеш фарзанди ин миллат, масалан Бӯалӣ Сино, дар заминаи илми пизишкӣ ва ё дониши фалсафа назарияе матраҳ карда, ки донишмандони имрӯзи ғарб тоза ба он даст ёфтаанд, ва ё: Саъдӣ чанд сад сол пеш, дар заминаи ҳуқуқи башар гуфта: "Бани Одам аъзои якдигаранд... (то охир) ...

Хулоса, як огоҳии мухтасар аз таърихи дурахшон ва гузаштагони ифтихорофарини худ... (Фарзро ҳам бар ин мегирем, ки аз торикиҳо ва зулматҳои гузаштаи хеш чашмпӯшӣ бикунем).

Ҳол, ин огоҳии сирф (ло ғайр), чӣ асаре барои ҳозири мо дорад? Бадеҳист, асаре ҷуз ин нахоҳад дошт, ки фақат ифтихор ва мубоҳот кунем ба ин ки мо ин чунин будему он чунон кардем, пас мо як зина аз дигарон болотарем...

Оре, як чунин бардошт аз хештаншиносӣ ва ба "худ”-ойӣ, натиҷае ҷуз ин ки аз мову шумо як "нажодпараст”, "худбин” ва "хештанро аз дигарон болотар дидан” бисозад нахоҳад дошт.

Такрор мекунам: огоҳӣ, ба худии худ нописанд нест, он чи нописанд аст огоҳии сирф - бе он ки хештанро мисли ҳамон гузаштагон бисозем - ро пояи хештаншиносӣ қарор додан аст.

Аммо хештаншиносӣ ва ба "худ”-ойии дуруст ва дорои осори мусбат ин аст, ки мо дар айни огоҳӣ ба таъриху осори гузаштагони хеш, ҳадафамон аз ин огоҳӣ, худи огоҳӣ набошад, балки манзур, "шудан” ва "сохтан”-и худ бошад мисли ҳамонон. Масалан, агар мо дар таърихи худ мехонем, ки Куруши Кабир замоне миллати ситамдидаи яҳудро (албатта ногуфта намонад, ки миллати яҳуд дар замони Куруши Кабир аҳли ҳақ шумурда мешуданд, на мисли имрӯз, ки ҳамму ғамме ҷуз кушту куштори дигарон бар сар надоранд) аз дасти золиму ситамгаре ба номи Бухтуннаср раҳо ва барои эшон озодӣ бахшид, вақте чунин мехонем, саъю талоши мо, ба унвони насли ин пешвои бузург, ин бошад, ки ҳамонанди ӯ бишавем ва хештанро мисли ӯ бисозем, на ин ки корамон фақат огоҳии сирф ба ин гузориши таърихӣ буда ва он гоҳ бар дигарон ба фахрфурӯшӣ бипардозем.

Агар мехонем, ки Саъдӣ, ин абармарди миллати тоҷик, дар заминаи ҳуқуқи башар сурудааст:

Бани Одам аъзои якдигаранд

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд

Чу узве ба дард оварад рӯзгор

Дигар узвҳоро намонад қарор

... он чи аз мо матлуб аст, ин нест, ки бо хондани ин чанд сатр шеър, фақат ба мубоҳот бипардозем, ки бибинед ҷадди мо Саъдӣ чӣ гуфтааст.., балки матлуб ин аст, ки мазмуни ин сурударо дар вуҷуди хеш муҷассам намоем. Худи Саъдӣ ҳам, ба унвони як рӯшанфикри замонаи хеш, чунон буд. Ӯ, ки чунин месарояд, аз он ҷост, ки худ шахсияте буд, ки ранҷи дигарон ӯро ба дард меовард. Ҳамагон хондаем, ки Саъдӣ, он ҳангом ки салибиҳо бар сарзамини Фаластин юриш бурда ва Қудси шарифро ишғол карданд, чанд соле дар канори сипоҳиёни ислом қарор гирифта, алайҳи таҷовузгарон ба ҷиҳод пардохт.

Аммо рӯшанфикрони имрӯзи ҷомеаи мо, ки пайваста ифтихор мекунанд, ки Саъдӣ аз онҳост ва тӯтивор ин ашъори вайро такрор мекунанд, оё худ мисли ӯ ҳастанд? Оё барои мазлумияти фаластиниёни имрӯз – ки узве аз аъзои хонаводаи инсонӣ ба шумор мераванд  - ва беш аз 60 сол аст, ки зери ситами саҳюнистҳои хуношом қарор доранд, мақолае навиштанд? Ва ё ҳамонанди бедорзамирони ҷаҳон, ки барои шикастани муҳосирашудагони фаластинӣ дар Навори Ғазза саъдивор ҷони худро ба хатар афканданд, талоше анҷом доданд?

Хулоса, самараи аввалӣ (яъне он гоҳ ки манзури мо, саъю талош барои "шудан” ба мисли Курушу Саъдӣ бошад, на огоҳии сирф аз қаҳрамониҳои онҳо) он аст, ки имрӯз мо дар бархӯрд бо дигар миллату нажодҳо инсоне мешавем зулмситез ва касе ки ҳамвора дар канори мазлум бар зидди золим қарор мегирад, дуруст мисли Куруши Кабир ва ё Саъдӣ.

Аммо самараи он дигарӣ (яъне он ҷо ки ҳадафи мо ҷуз огоҳии сирф набошад) ин аст, ки аз мо тоҷикон мардумоне месозад "худбин”, "нажодпараст”, касе ки хештанро аз дигарон "як зина болотар” ва ин ки танҳо "ба фикри худ” мебошад, ки ҳар гоҳ бо як рус ва ё ӯзбак масалан рӯбарӯ мешавад, чун аз дарун хештанро болотар, вале дар берун ва воқеъ ӯро "болотар” меёбад, аз ин рӯ, ҳамвора нисбат ба ӯ, бо як ҳисси бадбинӣ ва душманӣ ба сар мебарад.

Бинобар ин, имрӯз бар рӯшанфикрон ва андешмандони ҷомеаи мо воҷиб аст агар хоҳони хештаншиносӣ ва ба "худ”-ойии тоҷикон ҳастанд, дар дараҷаи аввал, ба фикри "сохтан”-у "шудан”-и тоҷикон - ҳамон гуна ки гузаштагонамон буданд – бошанд, на дар пайи ба бор овардани миллате, ки бар асари огоҳии сирф аз ин ки мо дар гузашта ин будему он, ҳамвора дар даруни хеш ҳисси "болоӣ” парваронида, вале ҳамин ки воқеъ ва ҳозири худро мебинанд, хештанро "ҳеҷ чиз” биёбанд.

Ба баёни рӯшантар, имрӯз бояд ҳамму ғамми рӯшанфикрон ва андешмандони ҷомеаи мо ин бошад, ки ба ҷои талқини бе ҳадду ҳасри ин ки ту писари Бӯалӣ ҳастӣ ва ё ту фарзанди Рӯдакӣ ва ё Саъдӣ ва ё аз насли Исмоили Сомонӣ мебошӣ, ба ҷои ин, ба фикри парвариш ёфтани Бӯалиҳо, Рӯдакиҳо, Саъдиҳо, Исмоили Сомониҳо ва Абӯҳанифаҳо бошанд. Камина намегӯям, дигар дам аз гузаштагон ва ё таърихи ифтихоромези худ чизе нагӯем, на, бояд бигӯем, аммо ҳадафи мо аз ёдоварии онҳо, парваронидани мисли онон бошад, на гузориши сирф.

Ҳамчунин, гуфтанӣ нестам, ки худи рӯшанфикрон камари ҳиммат бар парвариши онон бибанданд, ин кор, кори мутахассис аст, балки роҳро барои парвариш ёфтани чунин насле ҳамвор кунанд, ки ин кор, кори ҷуз рӯшанфикр намебошад. Масалан, дағдағаи онон ин бошад, ки имрӯз вазъу ҳоли марокизи илмии Тоҷикистон, чун донишгоҳу донишкадаву пажӯҳишгоҳҳо чӣ гуна аст? Чаро аз ширкати донишҷӯёни мо дар озмунҳои илмӣ дар дунё хабаре нест? Чаро аслан дар дохили Тоҷикистон озмунҳои илмӣ баргузор намешавад? Оё устодони донишгоҳҳо бо мушкилоти молӣ ва ё иқтисодӣ мувоҷеҳ ҳастанд? Агар чунин аст, пас бар рӯшанфикрону зиёиёни мо лозим аст зимни мақолот ва расонаӣ кунонидани ин масъала, мушкилотро ба гӯши масъулони зирабт бирасонанд...

Кимиёи саодат

Бахш: Мои статьи | Изофа кард: istaravshani (02.06.2010)
Просмотров: 1277 | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz