Панҷшанбе, 28.03.2024, 23:37
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Бахшҳо
Мои статьи [6]
Аслӣ » Мақолаҳо » Мои статьи

Ифрот ва тафрит (2)

                     Авомили пайдоиши хавориҷ[1]

Гуфтем, ки хавориҷ яке аз он гурўҳҳое мебошад, ки омили пайдоиши он, ҷаҳолат ва нодонӣ будааст. Мабдаи пайдоиши ин фирқа дар аснои ҷанги Сиффин, (ки дар замони хилофати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) миёни сипоҳиёни Алӣ ва сипоҳиёни Муовия даргирифт) дар натиҷаи ихтилофи рухдода байни сипоҳиёни Алӣ мебошад. Ин гурўҳ, ки ҳарчанд дар оғоз фақат ба унвони як гурўҳи сиёсӣ‒низомӣ матраҳ шуданд, аммо баъдҳо ба як фирқаи эътиқодӣ‒мазҳабӣ табдил гардиданд. Далели ин таҳаввул ин буд, ки онҳо саъй карданд то кори хешро тавҷеҳ кунанд.

Моҷаро, тибқи он чи дар китобҳои милал ва ниҳал омадааст,[2] аз ин қарор буд, ки сипоҳи Муовия пас аз он ки дар остонаи шикаст қарор гирифт, ба пешниҳоди Амр ибни Ос Қуръонҳоро сари найзаҳо бурд ва хост то Қуръон ба ҳакамият ва доварӣ миёни ду тарафи даргирӣ пазируфта шавад. Алӣ дар оғоз ин пешниҳодро ҳила ва найранг донист ва онро напазируфт. Аммо бо исрор ва пофишории як гурўҳи нодон аз сипоҳиёнаш, ки баъдҳо ба исми хавориҷ шинохта шуданд ва таҳдиди онҳо ба хуруҷ бар ў, ба пазириши ҳакамият тан дод ва Абдуллоҳ ибни Аббосро ба намояндагӣ аз худ барои ҳакамият муаррифӣ кард. Аммо ҳамон гурўҳи нодон намояндагии Ибни Аббосро напазируфтанд ва Абўмўсои Ашъариро муаррифӣ карданд, ки боз Алӣ маҷбур ба пазириши сухани онҳо шуд. Муқаррар гардид, ки намояндагони ду тараф, яъне Амр ибни Ос аз ҷониби Муовия ва Абўмўсои Ашъарӣ аз ҷониби Алӣ, Қуръонро баррасӣ карда ва назари худро дар бораи ҷанги ду тараф баён кунанд ва то он замон оташбас барқарор бошад.

Пас аз моҳҳо машварат, Амр ибни Ос ва Абўмўсои Ашъарӣ ба ин тавофуқ расиданд, ки беҳтар он аст, ки ба хотири масолеҳи мусулмонон, на Алӣ халифа бошад ва на Муовия, балки бояд шахси дигареро интихоб кунем. Аммо рўзи эъломи ин тавофуқ, моҷарое иттифоқ афтод, ки кор ба кулли ба суди Муовия поён ёфт.

Рўзи эъломи тавофуқ, Абўмўсо болои минбар қарор гирифт ва гуфт: Мо пас аз машварат, салоҳи умматро дар ин дидем, ки на Алӣ халифа бошад ва на Муовия, балки мусулмонон каси дигареро барои хилофат интихоб кунанд. Он гоҳ ангуштарашро аз дасти рост берун овард ва гуфт: Ман Алиро аз хилофат барканор кардам ҳамчунон ки ин ангуштарро аз ангушт берун овардам. Инро гуфт ва аз минбар поин омад.

Сипас Амр ибни Ос бар минбар нишаст ва гуфт: Суханони Абўмўсоро шунидед, ки Алиро аз хилофат барканор кард. Ман низ Алиро аз хилофат барканор мекунам ҳамчунон ки Абўмўсо кард ва он гоҳ ангуштарашро аз дасти рост берун овард. Сипас ангуштарашро ба дасти чап кард ва гуфт: Муовияро ба хилофат насб мекунам ҳамчунон ки ангуштарамро дар ангушт кардам. Инро гуфт ва аз минбар фуруд омад.

Пас аз ин моҷаро, ҳамон гурўҳи нодон, ки Алиро водор ба пазириши ҳакамият ва доварӣ карда буданд, аз Алӣ хостанд то қарордоди мазкурро нақз ва ба сипоҳи Муовия ҳамла кунад. Онҳо мегуфтанд: Аслан, ҳам мо иштибоҳ кардем он ҷо ки ҳакамиятро пазируфтем ва ҳам Алӣ муртакиби иштибоҳ шуд он вақт ки тан ба ҳакамият ва доварии инсонҳо дод. Мегуфтанд: Худо фармудааст: “Ҳукм ҷуз барои Худо нест”.[3]

Онон аз ин оят чунин бардошт мекарданд, ки набояд ба ҳакамияти инсонҳо гардан ниҳод. Алӣ дар посух ба онҳо фармуд: Пазириши ҳакамияти афрод ба шарти он ки ҳукмашон бар тибқи Қуръон бошад, ҳакамияти Қуръон аст. Шикастани аҳду паймон ҳам, ба тасреҳи Қуръон ҷоиз нест; паймоне, ки бо исрори худи шумо баста шудааст.

Баъзе аз онон суханони Алиро напазируфтанд ва гуфтанд: Мо дар пазириши ҳакамият ва иҷбор бар ту гуноҳ кардем, аммо инак тавба мекунем ва ту низ бояд иқрор ба гуноҳ кунӣ ва тавба намоӣ. Онҳо сипас аз лашкари Алӣ ҷудо шуда, ба маҳалле ба номи “Ҳаруро” дар наздикии Куфа рафтанд ва омодаи ҷанг бо Алӣ шуданд. Сипас барои тавҷеҳи кори худ, яъне вуҷуби хуруҷ бар имом ва халифаи барҳақ гуфтанд: Ҳакамияти инсонҳо гуноҳ аст ва касе, ки гуноҳе анҷом диҳад ва тавба накунад, кофир хоҳад шуд. Аз он ҷо ки амр ба маъруф дар ҳамаи мароҳил ҳатто бо ҷанги мусаллаҳона, бар ҳамаи мусулмонҳо воҷиб аст, пас ҷанг бо Алӣ ва сипоҳи ў, ки ба пиндори онҳо муртакиби гуноҳ шудаанд, воҷиб аст.[4]

Муҳимтарин эътиқоди хавориҷ ин аст, ки муртакиби гуноҳи кабира кофир аст. Ин эътиқод ҳарчанд дар қадами нахуст барои тавҷеҳи хуруҷ бар имоми мусулмонон ба сурати сода ва ибтидоӣ иброз шуд, вале хавориҷ ба тадриҷ бо истидлол ба оятҳо ва ҳадисҳои набавӣ ранги комилан эътиқодӣ ва мазҳабӣ ба он доданд ва ҳамин кор боис шуд то хавориҷ баъдҳо ба унвони як фирқаи мазҳабӣ бо эътиқодоти хоссе буруз кунанд.

Хавориҷ ба иловаи ин эътиқод, як даста аз усул ва ақоиди дигаре ҳам доштанд, ки ба тадриҷ ва бо мурури замон шакл гирифта буд, ки аз инҳо иборат мебошанд:

1.      Амал ҷузъи имон ва дохил дар имон аст;

2.      Миёни куфру имон манзилате қарор надорад. Бинобар ин ҳар инсоне ё мўъмин аст ё кофир;

3.      Имон дорои дараҷоти гуногун аст ва дараҷоти он ба чигунагии аъмол бастагӣ дорад;

4.      Чун амал ҷузъи имон аст, пас ҳар амале, ки бо имон мунофот дошта бошад, сабаби хуруҷ аз доираи имон мешавад. Аз назари хавориҷ, гуноҳи кабира амалест, ки бо имон мунофот дорад ва мўҷиби куфр аст;

5.      Муртакиби гуноҳи кабира чун кофир аст, азоби ухравияш абадист ва дар оташ ҷовидона хоҳад монд;

6.      Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар ҳамаи дараҷот воҷиб аст, ҳатто агар ба ҷанг бианҷомад;

7.      Хуруҷ ва ҷанг бо ҳокими золим воҷиб аст;

8.      Таҳким ва пазириши доварии ғайри Худо ҳаром аст.

Ҳамин ақоид сабаб гардида буд, ки хавориҷ афроде чун Алӣ, Усмон, Муовия ва ҳамаи хулафои Бани Умайя ва Бани Аббосро кофир бидонанд ва табаррӣ ва безорӣ ҷустан аз онҳоро воҷиб қаламдод намоянд.[5]

Хавориҷ бо ин эътиқодоти ифротии худ, баъдҳо дар ҳаққи мусулмонони мухолифи ақоиди онҳо муртакиби ҷиноятҳое шуданд, ки таърих амсоли онро аз ҳеҷ гурўҳи дигаре нақл накардааст.

Хонандаи азиз таваҷҷўҳ дорад, ки тамоми ин ақоид ва афкори ифротӣ, ки хавориҷ барои исботи он ҳатто ба оятҳои қуръонӣ ва ривоятҳои набавӣ ҳам истидлол мекарданд ва ба унвони ақоиди исломӣ сина ба сина ба наслҳои баъд аз худ онро мунтақил месохтанд ва ҳамаи мусулмононеро, ки бо онҳо ихтилофи назар доштанд, аз доираи имон ва Ислом хориҷ медонистанд, дар оғоз аз як мавзеъгирии ҷоҳилонаи онҳо дар масъалаи ҳакамият нашъат гирифтааст. Шояд наслҳои баъдии хавориҷ аслан таваҷҷўҳ надоштанд, ки сабаби пайдоиши чунин эътиқодот чӣ будааст?

 

Пайдоиши мурҷиа

Яке аз фирқаҳои дигаре, ки дар қарни аввали ҳиҷрӣ буруз карда буд, фирқаи мурҷиа аст. Мурҷиа ба хилофи хавориҷ, ки ифротгаро буд, дидгоҳ ва мавзеи тафритгароёна дар дин дошт. Дар оғоз бояд маънои калимаи мурҷиа ва сабаби номида шудани ин гурўҳ ба ин ном тавзеҳ дода шавад.

Мурҷиа дар забони арабӣ, реша дар калимаи “ирҷоъ” дорад. “Ирҷоъ” дар луғати араб ба ду маъно меояд: “таъхир андохтан” ва “умед додан”. Аммо сабаби номида шудани ин гурўҳ ба ин исм, яке он аст, ки онҳо амалро аз имон муаххар (таъхиршуда) медонистанд, яъне мўътақид буданд, ки амал аз ҷиҳати мартаба баъд аз имон буда ва дохил дар ҳақиқати имон нест. Дигар он ки мўътақид буданд маъсият ва гуноҳ, ба имон зарар намезанад ва ба ҳамин ҷиҳат ба мўъминон умед медоданд.[6] Албатта баъзе аз пажўҳишгарон гуфтаанд: Сабаби номида шудани ин гурўҳ ба ин ном он аст, ки онҳо (мурҷиа) мўътақид буданд, ки ҳукми муртакиби кабира бояд то рўзи қиёмат ба таъхир андохта шавад, яъне дар дунё набояд дар бораи онон доварӣ кард ва онҳоро аҳли биҳишт ё ҷаҳаннам донист.[7] Касоне ҳам ҳастанд, ки мегўянд: Сабаби номида шудани ин гурўҳ ба чунин исме он аст, ки мурҷиа бар ин буданд, ки қазоват ва доварӣ дар бораи ҳақ ё ботил будани Алӣ, Усмон, Талҳа, Зубайр ва ба таври куллӣ гурўҳҳое, ки баъд аз ду халифаи аввал бо якдигар даргир шуданд, бояд то рўзи қиёмат ба таъхир андохта шавад.

Ибни Асокир мегўяд: “Гурўҳе аз мусулмонҳо, ки дар атрофи сарзаминҳои исломӣ машғули набард бо кофирон буданд, пас аз бозгашт ба Мадина, диданд, ки Усмон кушта шуда ва мардум бо якдигар ихтилоф доранд. Бархе аз Усмон тарафдорӣ мекунанд ва бархе Алиро барҳақ медонанд. Дар ин ҳангом онҳо гуфтанд: Мо алайҳи Усмон ва Алӣ ҳукме содир намекунем; на аз он ду бузургвор табаррӣ ва безорӣ меҷўем ва на он дуро лаън мекунем, балки қазоват ва доварӣ дар ин корро ба таъхир меандозем то Худо худаш дар ин бора ҳукм кунад”.[8]

Ибни Саъд (соҳиби китоби “Ат‒табақот‒ул‒кубро”) дар таърифи мурҷиаи нахустин мегўяд: “Онҳо касоне буданд, ки қазоват дар бораи Алӣ ва Усмонро ба таъхир меандохтанд ва дар бораи имон ва куфри он ду ҳукме намекарданд”.[9]

Ин эътиқоди мурҷиа, дуруст дар муқобили эътиқоди хавориҷ аст, ки Алӣ ва Усмонро кофир медонистанд. Собити Қутна (ё Қатна) шоири мурҷиамаслак дар ин бора мегўяд:

نرجي الامور اذا كانت مشبهة             ونصـدق القول فيمن جار او عندا

    يجزى علي وعثمان بسـعيهما              ولست ادري بــحق ايــة وردا

      والله يـعلم مــاذا يحضران به          وكـل عبد ســيلقى الله مـنفردا

Тарҷума: Мо ҳукми корҳои шубҳанокро ба таъхир меандозем, вале дар бораи касе, ки ситам карда ё гумроҳ шуда сухан ба дурустӣ мегўем. Алӣ ва Усмон ба кўшиши худашон подош дода мешаванд ва ман намедонам кадом як аз онҳо ба ҳақ ворид шуданд. Худо медонад он ду ба кадом чиз эҳзор мешаванд ва ҳар бандае бо Худои хеш ҷудогона дидор мекунад.[10]

Хонанда таваҷҷўҳ дорад, ки сабаби номгузории мурҷиаро ба ҳар кадом аз тафсирҳои номбурда, ки бидонем, аз ҳамаи онҳо як нукта мусаллам аст, ки пайдоиши ин гурўҳ дар вокуниш ба афкори ифротии хавориҷ будааст.

Ба ҳар сурат, ин гурўҳ ҳам мисли хавориҷ дар оғоз як гурўҳи сиёсие беш набуданд, ки мехостанд вазъи мавҷуди он рўзро, ки баҳам рехта ва ихтилофот миёни мусулмонон ба авҷи худ расида буд сомон бахшанд. Аммо ба тадриҷ ва рафта‒рафта ба манзури тавҷеҳи динии “ирҷои сиёсӣ”, ба фикри ёфтани асосҳо ва усули эътиқодӣ барои он баромаданд. Ба ҳамин тартиб “ирҷои эътиқодӣ” таваллуд ёфт. Ин гурўҳ мўътақид шуданд, ки мартабаи амал муаххар (таъхиршуда) аз мартабаи имон аст, яъне амал аз ҷиҳати мартаба баъд аз имон буда ва дохил дар ҳақиқати имон нест ва гуноҳони кабира ба имони инсон зараре намезанад.

Пас аз ин ва ба мурури замон, ин эътиқод ба унвони як асли эътиқодӣ сина ба сина аз як насли мурҷиа ба насли баъдии он, бидуни ин ки наслҳои баъдӣ бидонанд, ки аз куҷо ва ба кадом сабаб пойбанд ба чунин эътиқоде шудаанд, мунтақил мешуд. Собити Қутна, ки дар боло шеъре аз ў ёдовар шудем, ирҷои эътиқодиро низ дар ашъораш даровардааст. Ӯ мегўяд:

ولا ارى ان ذنـبا بالـغ احدا        مِ الناس شركا اذا ما وحدوا الصمدا

Тарҷума: Мо ҳеҷ гуноҳеро намебинем, ки касеро ба сарҳади ширк бирасонад, модоме ки онон Худоро ба тавҳид пазируфта бошанд.[11]

Албатта ақоиди фаръии дигаре низ, ки аз ҳамин эътиқод сарчашма мегирифт, ба унвони усули ақоиди мурҷиа дар китобҳо зикр шудааст, ки аз инҳо иборатанд:

1.            Имон иборат аст аз маърифат ва эътиқоди қалбӣ ҳамроҳ бо иқрор ва эътирофи забонӣ;

2.            Имон сирфан маърифат ва эътиқод аст;

3.            Имон сирфан иқрори забонист.[12]

Мурҷиа дар ин маҷол ба ҷое расиданд, ки мўътақид шуданд имони як нафар фосиқ аз ҷиҳати имон будан, ҳеҷ фарқе бо имони як нафар паёмбар надорад. Оре, метавон инсонҳоро ба лиҳози амал, ба дараҷаҳое тақсим кард, аммо ба лиҳози имон ҳамаи онҳо баробаранд.

Хонандаи азиз таваҷҷўҳ дорад, ки ҳамон гуна ки афкори сиёсии мурҷиа дар муқобили орои сиёсии хавориҷ буд, ҳамин тавр ақоиди мурҷиа низ дар баробари андешаҳои эътиқодии хавориҷ қарор доштааст. Яке фосиқро кофир ва сазовори қатл медонист ва дигаре имони фосиқро баробар бо имони паёмбари Худо медонад.

Дар воқеъ ақоиди ин ду гурўҳ, ифрот ва тафрит дар боби имон ва куфр аст. Ҳамон гуна ки ақидаи хавориҷ дар тўли таърих боиси рехта шудани хуни бисёре аз бегуноҳон гардид, ақидаи мурҷиа низ боиси тавҷеҳи зулми ситамгарон ва ҳокимони ҷоир ва бетаваҷҷўҳии мусулмонон ба аҳкоми динӣ ва инҳитоти ахлоқ гардид.

Хушбахтона ҳар дуи ин фирқа мунқариз шуданд. Хавориҷ дар асари бебокиҳои ҷунуномези худ мавриди таъқиби хулафо қарор гирифта, дар авоили таъсиси давлати аббосӣ яксара аз байн рафтанд. Мантиқи хушк ва беруҳи онҳо ва хушунати рафторашон ва дурии равиши онҳо бо зиндагӣ ва ниҳоятан бебокияшон онҳоро нобуд сохт. Мурҷиа низ, ки боиси тарвиҷи фасод дар ҷомеа шуда буданд, бо талоши уламои бедор, аз матни ҷомеа дур карда шуданд.

Дар воқеъ ин ду мактаб, мактабҳое набуданд, ки воқеан битавонанд боқӣ бимонанд, вале ҳар ду асари худро боқӣ гузоштанд. Ҳарчанд номе аз онҳо боқӣ намонда, вале афкор ва ақоиди хавориҷигарӣ ва ё мурҷиагарӣ дар соири фирқаҳои исломӣ нуфуз кард ва ҳамакнун мутаассифона хавориҷи фаровон ва ё мурҷиаи зиёде бо исмҳо ва унвонҳои дигаре вуҷуд доранд.


[1] ‒ “Хавориҷ” ҷамъи “хориҷӣ” ба маънои хуруҷкунанда ва шўришӣ аст.

[2] ‒ Дар бораи таърих ва пайдоиши хавориҷ ба манобеи зайл муроҷиа кунед: Ал‒милал ван‒ниҳал, Муҳаммад ибни Аҳмади Шаҳристонӣ, таҳқиқи Муҳаммад Сайид Гелонӣ, Бейрут, Дор‒ул‒маърифа, ҷ.1, саҳ.114; Ал‒фарқ байн‒ал‒фирақ, Абдулқоҳир ибни Тоҳири Бағдодӣ, Бейрут, Дор‒ул‒ҷил, саҳ.1408 ҳ.қ, саҳ.94 то 99.

[3] ‒ Сураи Анъом, ояти 57.

[4] ‒ Вазифаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар қабл аз ҳар чиз ду шарти асосӣ дорад: яке басират дар дин ва дигаре басират дар амал. Басират дар дин, ҳамчунон ки дар ривоятҳо омадааст, агар набошад, зиёни ин кор аз судаш бештар аст. Басират дар дин, яъне огоҳӣ доштан аз маорифи Қуръон ва суннат ба таври густарда. Ба иборати дигар: олими дин будан. Ба ҳамин ҷиҳат, агар касе огоҳии лозим аз маорифи динӣ надошта бошад, ё бояд аслан даст ба амр ба маъруф ва наҳй аз мункар назанад ва ё бояд таҳти назорати як фақеҳ ва олими динӣ кори амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро анҷом бидиҳад.

Аммо басират дар амал, ҳамон ду шартест, ки дар фиқҳ аз онҳо ба “эҳтимоли таъсир” ва “адами тараттуби мафсада” таъбир шудааст; зеро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар барои ин аст, ки маъруф (некиҳо) ривоҷ ёбад ва мункар (бадиҳо) маҳв шавад. Пас дар ҷое бояд амр ба маъруф кард ва наҳй аз мункар намуд, ки бидонем, ки оё кори мо таъсире дорад ё на? Агар бидонем, ки қатъан беасар аст, дигар лозим нест.

Дигар ин ки асли лозим шумурдани ин амал барои ин аст, ки маслиҳате анҷом гирад ва дар ҷое бояд сурат гирад, ки мафсадаи болотаре бар он лозим наояд.

Ин шарт, ки ба коргирии басират дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар лозим аст, мавриди иттифоқи ҷамии мазҳоби исломӣ аст ба истиснои хавориҷ. Хавориҷ, ки на басирати динӣ доштанд ва на басирати амалӣ, балки мардуме буданд нодон ва фоқиди басират, ин таклифро як амри тааббудӣ медонистанд ва муддаӣ буданд, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар монанди намозу рўза тааббуди маҳз аст ва ҳеҷ шарте надорад, бояд бо чашмони баста онро анҷом дод.

[5] ‒ Ал‒милал ван‒ниҳал, Муҳаммад ибни Аҳмади Шаҳристонӣ, таҳқиқи Муҳаммад Сайид Гелонӣ, Бейрут, Дор‒ул‒маърифа, ҷ.1, саҳ.114.

[6] ‒ Ошноӣ бо фирақ ва мазоҳиби исломӣ, Ризо Биринҷкор, Ҷ.И.Эрон, Китоби Тоҳо, соли 1385 ҳ.ш, саҳ.33.

[7] ‒ Ҳамон манбаъ, саҳ.33.

[8] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Таърихи Димишқ, ҷ.39, саҳ.496).

[9] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ат‒табақот‒ул‒кубро, ҷ.6, саҳ.307).

[10] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒ағонӣ, ҷ.4, саҳ.97).

[11] ‒ Ҳамон манбаъ (Ал‒ағонӣ, ҷ.4, саҳ.97).

[12] ‒ Барои ошноии бештар бо ақоиди мурҷиа ба ин манобеъ муроҷиа шавад: Ал‒милал ван‒ниҳал, Муҳаммад ибни Аҳмади Шаҳристонӣ, таҳқиқи Муҳаммад Сайид Гелонӣ, Бейрут, Дор‒ул‒маърифа, ҷ.1, саҳ.140‒146; Ал‒фарқ байн‒ал‒фирақ, Абдулқоҳир ибни Тоҳир Бағдодӣ, Бейрут, Дор‒ул‒ҷил, соли 1408 ҳ.қ, саҳ.211‒216; Мақолот‒ул‒исломийин ва ихтилоф‒ул‒мусаллин, тасҳеҳи Ҳелмут Ритер, с.132‒141; Ал‒фасл фил‒милал вал‒аҳво ван‒ниҳал, Алӣ ибни Аҳмад ибни Ҳазм, таҳқиқи Аҳмад Шамсуддин, Бейрут, Дор‒ул‒кутуб‒ил‒илмия, соли 1416 ҳ.қ.

Бахш: Мои статьи | Изофа кард: istaravshani (19.11.2008) | Автор: Сайидюнуси Истаравшанӣ
Просмотров: 1703 | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz