Панҷшанбе, 25.04.2024, 20:07
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 15 » Вокуниши чанд тан аз уламои барҷастаи аҳли суннати Эрон нисбат ба ҳодисаи террористии Чобаҳор
Вокуниши чанд тан аз уламои барҷастаи аҳли суннати Эрон нисбат ба ҳодисаи террористии Чобаҳор
19:51

Тане чанд аз уламои барҷастаи аҳли суннати Эрон, зимни маҳкум кардани амалиёти террористии Чобаҳор, ки бар асари он дастикам 36 нафар шаҳид ва теъдоде ҳам захмӣ шуданд, таъкид намуданд, ки ин гуна иқдомоти ноҷавонмардона халале дар иттиҳод байни шиа ва суннӣ эҷод нахоҳад кард.

Шайх Муҳаммадақил Шайҳакзиҳӣ

Шайх Муҳаммадақил Шайҳакзиҳӣ, имом-хатиби Ҷоск дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ гуфт: "Душманон тасаввур мекунанд бо иқдомҳои террористӣ метавонанд дар байни ҷавонони азодори ҳусайнӣ, шиаёнро нисбат ба аҳли суннат бадбин кунанд”.

Вай бо таъкид бар иттиҳоди мустаҳкам миёни ҳамватанони шиа ва суннӣ идома дод: "Мардуми шиа ва суннӣ дар Эрони исломӣ ҳамвора ва дар тӯли торих дар канори якдигар зиндагӣ кардаанд, бинобар ин, ин гуна ҳаракот наметавонад халале дар иттиҳодашон эҷод кунад”.

Имом-хатиби аҳли суннати Ҷоски Эрон зимни таслият ба муносибати айёми сугвории Имом Ҳусайн (а) афзуд: "Мардуми шиа ва суннӣ дар канори якдигар буда ва ҳаргиз майдонро барои истикбори ҷаҳонӣ ба душманон холӣ намекунанд”.

Вай тасреҳ кард: "Тамомии аҳли суннат дар канори бародарони шиаи азодори он ҳазрат буда ва ҳаргиз ҳозир нестанд латмае ба ин азизон бихӯрад”.

Шаҳристони Ҷоск аз тавобеи Ҳурмузгон дар ҳамсоягии Чобаҳор дар устони Сиистон ва Балуҷистон қарор дорад.

Момусто Мулло Муҳаммадамини Ростӣ

Момусто Мулло Муҳаммадамини Ростӣ, аз қузот ва руҳониёни барҷастаи аҳли суннати Курдистони Эрон низ, ҷинояти ваҳшиёнаи террористҳо дар Чобаҳор дар рӯзи тосуои ҳусайниро маҳкум ва ин ҷиноятро нишондиҳандаи умқи кинаи душманони ислом ва разолати онҳо донист.

Ин руҳонии барҷастаи аҳли суннати Эрон, ба хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ гуфт: "Омилони ин ҷиноят, ки азодорони Имом Ҳусайн (а)-ро дар остонаи Ошуро ба шаҳодат мерасонанд, пайравони ҷинояткорони рӯзи Ошуро дар Карбало ҳастанд”.

Вай афзуд: "Ин гуна ҷиноёт моҳияти палид ва шуми муздурони истикборро бештар аз ҳамеша ифшо мекунад ва ба таври қатъ мӯҷиби бедории ҳар чи бештари мусалмонон хоҳад шуд”.

Ӯ гуфт: "Ин ҷиноят ба ҳар баҳонае, ки анҷом гиифта бошад, қатъан дар ростои хидмат ба истикбор ва саҳюнизми байналмилал аст ва ба нияти кӯмак ба душманони қасамхӯрдаи ислому муслимин анҷом шудааст”.

Ин руҳонии барҷастаи аҳли суннати Эрон афзуд: "Омилони ин ҷиноят ва ҷиноёти мушобеҳ ба таври мустақим ё ғайри мустақим, муздурони саҳюнизм ва истикбор ҳастанд, бинобар ин, огоҳона ё аз рӯи ҷаҳл, ҳамон сиёсати Язидро думбол мекунанд”.

Вай гуфт: "Истикбор бо ҳадафи эҷоди ихтилоф ва тафриқа байни мусалмонон, ба таври умда талош дорад ин гуна ҷиноётро ба аҳли суннат мунтасиб кунад, дар ҳоле ки домани аҳли суннат аз чунин ҷиноёт пок аст ва омилони ин қабил ҷиноёт на шиа ҳастанд ва на суннӣ”.

Момусто Мулло Ҳисомуддин Муҷтаҳидӣ

Момусто Мулло Ҳисомуддин Муҷтаҳидӣ, имом-хатиби Санандаҷи Эрон низ, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, зимни маҳкум кардани иқдоми террористӣ дар Чобаҳор, онро ба унвони ҷинояте ҳавлнок алайҳи тамомияти ислом ва муслимин донист.

Вай гуфт: "Куштори мусалмонони азодори авлоди ҳазрати Расул (с) ҳеҷ тавҷеҳе надорад, бинобар ин, ин иқдомро бояд дар чорчӯби тавтиаҳои тафриқаафканонаи истикбор ва саҳюнизм арзёбӣ кард”.

Ин руҳонии аҳли суннат афзуд: "Дар рӯзи Ошурои соли 61 ҳиҷрӣ, музудрони Язид Ҳусайн (а) набераи Расули Худо ва нури чашми паёмбар (с)-ро сар буриданд ва имрӯз низ дар остонаи Ошуро ва дар Карбалои Эрон муздурони истикбори саҳюнистӣ дар истимрори ҷинояти он даврон, сугворони Имом Ҳусайн (а)-ро ба шаҳодат расонданд, бинобар ин, бояд ин ду ҷиноятро ҳамросто бидонем”.

Вай гуфт: "Ҷинояти имрӯзи Чобаҳор ҳеҷ тафовуте бо ҷинояти он рӯзи Язид ва муздурони ҷинояткораш надорад ва нишон медиҳад, ки дар масири дифоъ аз исломи ноби муҳаммадӣ (с), "Ҳар рӯз Ошуро ва ҳар сарзамине Карбало” аст”.

Ин руҳонии барҷастаи аҳли суннати Эрон афзуд: "Омилони шаҳодати азодорони ҳусайнӣ мусалмон нестанд ва хориҷ аз дини ислом ҳастанд, чун ҳеҷ мусалмоне ҳақ надорад мусалмони дигареро ба шаҳодат бирасонад”.

Вай гуфт: "Ин гуна ҷиноёт умдатан бо ҳадафи эҷоди ихтилоф байни муслимин ва тавассути истикбор ва саҳюнизм тарроҳӣ ва тавассути муздурон ба иҷро дармеояд, вале торихи ислом ва инқилоби исломӣ собит карда, ки суфуфи мусалмонон пас аз ҳар ҷинояте мустаҳкамтар мегардад”.

Лозим ба ёдоварист, имрӯз (15.12.2010), бар асари инфиҷори бомб дар шаҳри Чобаҳор воқеъ дар устони Сиистон ва Балуҷистони Эрон, дастикам 36 нафар шаҳид ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Ин таркиш ба ҳангоми маросими мазҳабии мусалмонони шиа, ки ба хотири шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусейн (а) анҷом медиҳанд, дар миёни тӯдаи азодорон рух додааст.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 541 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz