Панҷшанбе, 25.04.2024, 11:32
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2009 » Сентябр » 2 » Тундрав кист?
Тундрав кист?
14:30

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Имрўза, ҳаргоҳ вожаҳое чун «тундрав», «террорист», «ифротгаро» ва аз ин қабил мафоҳими манфии дигар, дар забонҳо ҷорӣ гардад, зеҳни шунаванда нохудогоҳ мутаваҷҷеҳи мусалмонон, ба вижа исломгароён мешавад, гўи мисдоқи ин мафоҳим, фақат мусалмонон ва исломгароён бошанд. Албатта ин бесабаб нест. Чун дар даҳаи ахир, расонаҳои таблиғотӣ чунин мафоҳимеро фақат дар мавриди мусалмонон ва исломхоҳон, ҳатто агар мўътадил ва миёнарав бошанд ҳам, ба кор гирифтанд ва мегиранд. Ва қатъан, расонаҳо дар ин коре, ки мекунанд, комилан огоҳанд. Яъне чунин нест, ки надонанд, балки тибқи як барнома ин кор сурат мегирад. Қасди онон, ва ё дурусттар, қасди касоне ки пушти чунин барнома қарор доранд, ин сиёҳ нишон додани чеҳраи ислом ва мусалмонон аст. Ва мутаассифона, бештари мусалмонон ҳам, бар асари таъсирпазирӣ аз чунин таблиғоте, бовар кардаанд, ки мисдоқи ин мафоҳими манфӣ, ҷуз мусалмонон нестанд. Яъне ҳатто худашон низ гўли чунин бозиеро хўрданд.

Вагарна, воқеият чизе дигар аст. Чун «тундрав» яъне касе ки тундравӣ мекунад, ҳар касе ки бошад, чи мусалмон бошад ва чи ғайри мусалмон. «Террорист» яъне харобкор, хоҳ мусалмон бошад, хоҳ масеҳӣ ва ё ҳатто бедин. Хоҳ тоҷик бошад, ё рус. Хоҳ араб бошад, хоҳ аҷам. «Ифротгаро» яъне касе ки зиёдаравӣ мекунад, чи пайрави дини ислом бошад ва чи пайрави кеши дигар. Хулоса, дар батни ин мафоҳим, қайди пайравӣ аз мазҳаб ва мароми хоссе пинҳон нест, ки ҳаргоҳ ба забонҳо ҷорӣ гардад, пиндошта шавад, ки мисдоқи ин ва ё он мафҳуми манфӣ, танҳо пайрави кеши муайянест.

Болотар аз ин, агар мо ақли худ некў ба кор гирем ва аз рўи воқеият доварӣ кунем, мебинем, дар ҳамин даҳаи ахир, мисдоқи чунин мафоҳимеро, бештар дар миёни ғайри мусалмонон, ва он ҳам касоне ки хештанро чанд зина болотар аз дигарон меҳисобанд, пайдо мекунем. Дар кадом як аз кишвари исломӣ ва ё кишваре, ки мусалмонон ағлаби сокинони онро ташкил медиҳанд, суроғ дорем, ки гурўҳе ба гунаи ошкор худро нажодпараст ва нозӣ шумурда ва нажоди дигареро, танҳо ба ин иллат, ки тааллуқ ба нажоди дигаре дорад, мавриди зарбу шатму ҳатто қатл қарор дода бошад? Оё дидаем ва ё шунидаем, ки масалан гурўҳе аз ҷавонони тоҷик, мардуми нажоди дигареро, масалан русҳоро, ба ин хотир, ки русанд (ва ё сафедпўстанд), мавриди иҳонату таҳқир қарор дода, сарашонро аз танашон ҷудо карда бошанд?

Аммо чунин падидаҳое, дар кишварҳои «мутамаддини» аврупоӣ, ба хусус русҳо пайдо мешавад, ва ҳатто мавриди ҳимояти бархе аз фарҳехтагон ва ё сиёсатмадоронашон қарор мегирад.

Пас бо ин ҳисоб, тундрав, ифротгаро ва террорист кист? Тоҷик аст ё он «мутамаддин»?

Кай суроғ доштаем ва ё суроғ дорем, ки дар расонае аз расонаҳои кишварҳои исломӣ ва мусалмоннишин, нажоде мавриди таҳқиру хандаи бинандаю шунаванда қарор гирифта бошад?

Оё расонаи эронӣ чунин мекунад? Оё расонаи арабӣ ба чунин коре даст меёзад? Оё расонаи тоҷикӣ миллатеро мавриди таҳқиру ханда қарор дода ва ё медиҳад? Ё расонаи он «мутамаддини» русӣ? Ва он ҳам, дар баробари дидагони тамоми давлатмадорон ва фарҳехтагонаш, ки ҳамроҳ бо дигар бинанда ва ё шунавандагон, қаҳ-қаҳ механданд.

Пас, чӣ касе тундрав, ифротгаро, ақабафтода ва террорист аст? Тоҷики мусалмон, ё он руси ба истилоҳ бофарҳанг? Албатта сукути фарҳехтагон ва сиёсатмадорони мо дар муқобили чунин иҳонат, бахшуданӣ нест. Ҳар коре карда, бояд пеши роҳи чунин ифротгароӣ ва тундравии воқеиро бигиранд.

Кай дидаем ва ё шунидаем, ки мусалмоне, ба муқаддасоти пайравони дини дигаре иҳонат карда бошад? Оё суроғ дорем, ки мусалмоне, ба соҳати муқаддаси ҳазрати Исои Масеҳ (алайҳис салом) ва ё Марями Муқаддас (алайҳас салом) иҳонате намуда бошад?

Аммо он «мутамаддинҳои бофарҳанг» ва касоне ки муддаии «эҳтиром гузоштан ба адён» ҳастанд, чунин иҳонатҳо ва таҳқирҳоеро дар мавриди ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мекунанд. Ва ҳаргоҳ эътирозе ҳам мутаваҷҷеҳашон шавад, мегўянд: Мо озодем!

Пас, бо ин ҳисоб, чӣ касе бояд ифротгаро ва террорист номгузорӣ гардад? Мусалмон, ё он «мутамаддин»?

Оё шунидаем ва ё дидаем, ки дар кишвари исломие, тарзи либоси мазҳабии пайравони адёни муайяне, ғайри қонунӣ эълон гардида ва мавриди пайгирди қонунӣ қарор гирад? Аммо дар Фаронса ва ё бархе аз кишварҳои аврупоии дигар, ки хештанро мазҳари озодихоҳӣ ва демокросӣ муаррифӣ мекунанд, мутаассифона ҳиҷоби исломӣ ғайри қонунӣ эълон гардидааст. (Албатта, феълан камина дар садади баёни порае аз кирдори давлатмадорони тақлидкори мусалмон, ки ба пайравӣ аз он «мутамаддинҳо», шабеҳи чунин қонунҳоеро гузоштаанд, нестам. Ин худ достони дигаре дорад. Манзурам, ағлаби кишварҳои мусалмоннишин аст, на ҳамаашон).

Пас, чӣ касе ақабафтода, ифротгаро ва тундрав аст? Мусалмон ё он «мутамаддини озод»?

Ахиран, дар яке аз ҳамин кишварҳои ғарбӣ, як хонуми мусалмон, либосе тарроҳӣ карда ва дар маъраз қарор додааст, ки бо он, занони мусалмон метавонанд зимни риояти комили пўшиши исломӣ, дар маҷомеи омма ба шиноварӣ бипардозанд.

Аммо чизе нагузашт, ки сару садои сиёсатмадорон ва фарҳехтагони муддаии «озодӣ» дар ин кишварҳо баланд шуд ва фарёд заданд, ки "Дар Фаронса пӯшидани либоси сар то по баста қобили қабул нест". Ва ба хаёли худаш, гўи «ин гуна либос, озодиҳои занҳоро маҳдуд ва ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад».

Ту гуфтиву мо бовар кардем! Беҳтар буд бигўӣ: «Мо таҳаммули чунин фарҳангеро надорем. Мо фақат тавони таҳаммули фарҳанги худамонро дорем». Ту бо ҳамин суханат, иддаои худатро нақз мекунӣ. Ту бо ин кирдорат, хилофи он чиро ки мегўӣ, анҷом медиҳӣ. Чун «ҳуқуқи дигаронро маҳдуд ва поймол мекунӣ».

Пас, бо ин ҳисоб, чӣ касе ифротгаро ва тундрав аст? Мани мусалмон ё туи «мутамаддин ва тарафдори ҳуқуқи башар»?

http://www.kemyaesaadat.com/

 

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 624 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2009  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz