Шанбе, 20.04.2024, 12:48
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 8 » Тавтиаҳои ҳамаҷонибаи Риёз барои ноком гузоштани инқилоби мардумии Миср
Тавтиаҳои ҳамаҷонибаи Риёз барои ноком гузоштани инқилоби мардумии Миср
01:24

Радиои Ашшарқ, аз дасисаи бесобиқаи Риёз барои ҷилавгирӣ аз суқути муҳимтарин ҳампаймони режими саҳюнистӣ дар Ховари Миёна ва ноком гузоштани инқилоби мардумии Миср хабар дод.

Радиои Ашшарқ, ки аз Осло пойтхати Норвеж пахш мешавад, эълом кард, ки яке аз хатарноктарин нақшҳои режими Саудӣ дар сатҳи минтақа, ҳимоят аз режими Муборак ва ҷилавгирӣ аз суқути он аст. Режими Саудӣ дар ҳоли истифода аз тамоми имконоти таблиғотӣ, расонаӣ, сиёсӣ ва иттилоотии худ барои ҳимоят аз режими Муборак ва мумониат аз пирӯзии интифозаи мардумии Миср аст.

Ташкили як кумитаи изтирорӣ дар дастгоҳи Саудӣ барои расади таҳаввулоти Миср

Радиои Ашшрақ дар як таҳлили сиёсӣ, ба нақл аз аз мақомоти диплумотики ғарбӣ эълом кард, ки Малик Абдуллоҳ бен Абдулазиз подшоҳи Арабистон, як кумитаи изтирорӣ барои пайгирии ҳаводиси Миср ташкил додааст, ки шомили вузарои хориҷа, иттилоърасонӣ, кишвар, раиси сервисҳои иттилоотии Арабистон, бархе мушовирони аршади подшоҳӣ, намояндаи валиаҳд ва вазири дифоъ ва нерӯи ҳавоӣ аст.

Бар асоси ин гузориш, Малик Абдуллоҳ дастур дода то хутуте барои иртиботи моҳвораӣ миёни ин кумита ва сафорати Саудӣ дар Қоҳира ва дафтари Умар Сулаймон муовини раиси ҷумҳури Миср эҷод шавад, то ба ин тартиб ҷадидтарин таҳаввулоти интифозаи мардуми Мисрро расад ва пайгирӣ кунад.

Талоши мақомоти Саудӣ барои рахна дар сохтори Ихвонул муслимини Миср

Ин мақомот афзуданд, ки масъулони Саудӣ тамосҳое бо бархе шахсиятҳои ҷамоати Ихвонул муслимин-и сокини Арабистон барқарор кардаанд, то раҳбарони ин ҷамоатро мутақоид кунанд, ки ба роҳкорҳои миёна барои иҷрои мутолаботи муоризони мисрӣ ба таври тадриҷӣ ва поён ёфтани интифозаи мардумӣ тан диҳанд.

Бар асоси ин гузориш, раҳбарони Ихвонул муслимин то рӯзи ҷумъа (04.02.2011) бо ҳар гуна гуфтугӯ бо давлати Миср мухолифат кард ва эълом кард, ки мутолиботи мардуми инқилобии Миср бисёр фаротар аз ончи ки дар баёнияи кумитаи "Ҳукамо”, ки тавассути Салим Алавво қироат шуд аст. Аммо шанбе (05.02.2011) мавзеи Ихвонул муслимин тағйир ёфт ва раҳбарони он ба гуфтугӯ бо марди шумораи дуи давлати Муборак яъне Умар Сулаймон розӣ шуданд. Ин чархиши мавзеъ дар ин ҷамоат, ба эътиқоди мақомоти диплумотики Ғарб, бахше аз ифои нақши дастгоҳҳои иттилоотии Арабистон ва бархе аз амирони арабӣ дар суистифода аз вуҷуди бархе асотиди мисрӣ, ки дар донишгоҳҳои Саудӣ тадрис мекунанд буд. Арабистон аз ин роҳ бар раҳбарони Ихвон фишор овард то бо Умар Сулаймон вориди гуфтугӯ шаванд.

Оғози ҷанги таблиғотии Саудӣ алайҳи инқилоби мардумии Миср дар Ғарб ва кишварҳои арабӣ

Радиои Ашшрақ дар таҳлили худ таъкид кард: сафоратхонаи Саудӣ дар Амрико ва пойтахтҳои ғарбӣ ва арабӣ ба омӯзаҳои кумитаи изтирории шоҳи Арабистон амал карданд, то сиёсати тарафдорона аз режими Муборакро алайҳи тазоҳуркунандагони мисрӣ дар расонаҳое, ки аз сӯи Арабистон ҳимоят мешавад, дунбол кунанд.

Ин кумитаи Саудӣ маъмури таҳрики рӯзномаҳо, нависандагон ва таҳлилгарон дар пойтахтҳои ғарбӣ ва арабӣ барои интишори мақолот ва таҳлилҳое дар бораи таҳаввулоти Миср аст, то ин теуриро илқо кунад, ки болоравии ҷараёни динӣ дар ин кишвар ва расидани Ихвонул муслимин ба қудрат дар сояи канорагирии Ғарб ва Амрико аз ҳимояти Муборак, як хатар ва таҳдиди ҷиддӣ ба шумор меояд.

Ин кумита, аз таҳлилгарон ва нависандагон мехоҳад то бо навиштани мақолоте, ҳушдор диҳанд, ки Миср дар остонаи қарор гирифтан дар мадори низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва такрори нусхаи инқилоби исломии Эрон аст.

Ҳароси Риёз аз сарнагунии режимҳои арабии ҳампаймони Амрико ва "Исроил”

Дар идомаи ин таҳлил омадааст, мақомоти ғарбӣ мӯътақиданд, иттилооте, ки дар бораи иқдоми бесобиқаи Саудӣ дар ҳимоят аз режими Муборак дар даст аст, нишон медиҳад, ки Саудиҳо мӯътақиданд, ки сарнагунии Муборак монанди сарнагунии Зайнулобидин бен Алӣ раиси ҷумҳури Тунис нахоҳад буд. Ба ҳамин далел, Риёз бо истифода аз расонаҳои худ талош мекунад то ғарбиҳоро мутақоид кунад, ки канор гузоштани Муборак мӯҷиби мусодираи инқилоби исломии Эрон ба Ховари Миёна ва таҳаққуқи тарҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин минтақа хоҳад шуд.

Ғофилгирии Амрико аз инқилоби бесобиқаи мардуми Миср

Бино бар ин гузориш, инқилоби кунунии Миср хатарноктарин таҳдид барои режими саҳюнистӣ ва Амрико дар торихи сиёсии ин кишвар аст ва ҳатто бо ҷанги уктубар, ки мисриҳо алайҳи "Исроил” дар давраи Ҷамол Абдунносир анҷом доданд, қобили муқоиса нест. Амрико ба сароҳат эълом кардааст, ки аз ин инқилоби Миср, ғофилгир шудааст. Далели ин ғофилгирӣ он аст, ки амрикоиҳо наметавонанд дарк кунанд чаро иҷрои тамоми тарҳҳои сиёсӣ, амниятӣ ва расонаӣ бо ҳамкории режими саҳюнистӣ натавонист шӯълаҳои инқилоби Мисрро хомӯш кунад.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 756 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz