Донишманди ворастаи эронӣ Ҳасани Роҳатии Сабзаворӣ, дар як талоше арзишманд, Қуръони Каримро ба сурати назм тарҷума кардааст, ки пойгоҳи Кимиёи саодат, иншоаллоҳ ҳамарӯза онро, аз оғоз то поёнаш, ба хатти кирил пешкаши хонандагони гиромӣ қарор хоҳад дод.
Дар ибтидо, шоиста аст, дуои тиловати Қуръонро, ки устод Сабзаворӣ, дар оғози тарҷумаи хеш овардааст, пешкаш бикунем:
Дуои тиловати Қуръони Карим
Худоё ба ҳақ кардаӣ нозилаш
Дурустӣ ба воқеъ буд ҳосилаш
Фаровон намо рағбатамро дар он
Ба Қуръон намо нури чашмам аён
Мафоҳими Қуръон, Худоё, маро
Ба дарди дарунам ту гардон даво
Бидеҳ синаамро ба Қуръон сафо
Парешониямро ба он деҳ шифо
Ғаму ғуссаамро ҳама сар ба сар
Ба дунёву уқбо[1] зи Қуръон бибар
Забонам ба Қуръон ту озин[2] намо
Ваҷоҳат[3] ба рухсораам кун ато
Ба Қуръон намо ҷисму ҷонам қавӣ
Ки беҳтар намоям аз он пайравӣ
Тарозуву мизони ман дар ҷазо
Ба Қуръон, Худоё, ту сангин намо
Намо рӯзиям хонданашро мудом
Зи тоат ба сооти шабҳо тамом
Шабу рӯзи манро, Худоё, намо
Ҳамоҳанги Қуръон, ки ёбам сафо
Бидеҳ ҳашру нашрам ба рӯзи ҷазо
Ба ҳамроҳи Аҳмаду Оли Або[4]
Дуруди фаровон ба он хонадон
Ки то ҳасту бошад низоми ҷаҳон
Сураи Ҳамд
Сароғози ҳар кор номи Худост
К-аз ӯ меҳру бахшиш ҳама халқрост (1)
Ситоиш бувад хосси он Кирдугор
Ки ӯ бар ҷаҳонҳост парвардигор (2)
Ҳам ӯ ҳаст бахшандаву меҳрубон (3)
Бувад соҳиби рӯзи маҳшари аён (4)
Туро мепарастам бегуфтугу
Биҷӯям ёрӣ, Худоё, зи ту (5)
Ҳидоят кун эй Кирдугори Ҳаким
Ту моро ба роҳе, ки шуд мустақим (6)
Ба роҳи касоне, ки додӣ рафоҳ
На онон, ки кардӣ ғазаб аз гуноҳ
На онҳо, ки гум карда раҳро тамом
Шуда мунҳариф аз раҳи ҳақ мудом (7)
Идома дорад
[1] Уқбо: ҷаҳони дигар, охират, муқобили дунё.
[2] Озин: зевар, зинат.
[3] Ваҷоҳат: хубрӯӣ, зебоӣ, хушгилӣ.
[4] Оли Або: аҳли байт ва хонадони ҳазрати Муҳаммад (с).
|