Сешанбе, 26.05.2020, 10:02
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 14 » Тӯраҷонзода: “Мо вазифа дорем, ки ошкоро ин иқдоми тавҳиномезро маҳкум кунем”
Тӯраҷонзода: “Мо вазифа дорем, ки ошкоро ин иқдоми тавҳиномезро маҳкум кунем”
19:25

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва яке аз сиёсатмадорони боризи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ҳадаф аз иҳонат ба Қуръони Азимушшаън, таҳқири ошкори мусалмонон ва эҷоди ихтилоф байни адён аст, ки бояд дар сатҳи густардае маҳкум шавад.

Қозидомулло дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, бо баёни ин матлаб афзуд: "Имрӯз тамоми ҷаҳони ислом, иқдоми ахири Амрико дар иҳонат ба Қуръони Каримро маҳкум мекунад, зеро ҳар кишваре, ки фарҳанг ва тамаддуни худро бо ислом муртабит медонад, ба ин амр мӯътариз аст”.

Вай гуфт: "Ҳамаи мо мусалмонон вазифа дорем, ки нисбат ба ин иқдоми хасмона, аксуламал нишон диҳем, ва муносибтарин шева ин аст, ки ошкоро ин иқдоми тавҳиномезро маҳкум кунем”.

Ба гуфтаи Тӯраҷонзода, мусалмонон дар ҳар кишваре, ки ҳастанд, бояд дар чорчӯби қавонини кишвари худ ва на хориҷ аз он, эътирози худро ба ин иқдоми ҳаттокона эълом кунанд, зеро яке аз вазоифи аслии мо мусалмонон риояти қонун аст.

Ин сиёсатпешаи саршиноси тоҷик гуфт: "Гурӯҳи кӯчаке дар Амрико қасд дорад бо чунин иқдомоте, байни мардуми Амрико ва дигар мардуми ҷаҳон аз як сӯ, ва ислом, Қуръон ва мусалмонон аз сӯи дигар, кина ва нафрат эҷод кунад ва бо табдили ҳамзистии мусолиматомез байни адён, ба низоъ ва ҷанги онон, манофеи машрӯи худро таъмин кунад”.

Тӯраҷонзода бо интиқод аз давлати Амрико, афзуд: "Мақомоти расмии Вашингтон агарчи ба оташ кашидани Қуръонро маҳкум карданд, вале чунин ба назар мерасад, ки ин маҳкумият танҳо зоҳири қазия аст, вале дар амал ҳеҷ иқдоме барои пешгирӣ аз чунин иқдомоти хасмонае, ки паёмадҳои бисёр сангине низ барои Амрико хоҳад дошт, анҷом намедиҳанд”.

Вай хотирнишон кард: "Ба назари ман, имрӯз як пойгоҳи қавие, ки аз ислом ва манофеи мусалмонон дифоъ кунад, дар ҷаҳони Ғарб ва Амрико эҷод шудааст ва ақлҳои солим нахоҳанд гузошт, ки авомили чунин иқдомоти хасмона ба мақосиди шуми худ даст ёбанд”.

Қозидомулло бо ишора ба сулҳомез будани дин ва фарҳанги ислом таъкид кард: "Ислом беэҳтиромӣ ба китобҳои муқаддаси соири адён, аз ҷумла Забур, Таврот ва Инҷилро гуноҳи кабира медонад, ва мо мусалмонон барои тамоми китобҳо ва адёни осмонӣ аз ҷумла яҳуд ва масеҳият арҷу эҳтиром қоилем”.

Тӯраҷонзода бо ишора ба ин ки бар асоси аҳодиси ривоятшуда аз қавли паёмбари ислом (с), мо мӯътақидем, ки Худованд ин китобҳоро ба паёмбарони худ аз ҷумла ҳазрати Мӯсо (а) ва ҳазрати Исо (а) нозил кардааст, афзуд: "Гарчи мо мутуни феълии ин китобҳоро қабул надорем, вале онҳоро дурӯғ ҳам намедонем ва иҳонат ба китобҳоро гуноҳи кабира медонем”.

Вай таъкид кард: "Қуръони Карим ба унвони охирин китоби осмонӣ ва мӯъҷизаи бузурги паёмбари Хотам ҳазрати Муҳаммад (с), китоби адолату раҳмат, сулҳу шафқат ва рӯшантарин роҳи ҳидоят барои ҷисму ҷону руҳи мусалмонон ва тамоми абнои башар аст”.

Вай ибрози итминон кард: "Ҳеҷ рафтори густохонае нахоҳад тавонист монее дар баробари мавҷи густардаи бедории исломӣ эҷод кунад ё дар раванди рӯзафзуни иқболи мардуми дунё ба китоби осмонии Қуръони Карим камтарин вақфае ба вуҷуд оварад”.

Гуфтанист, кашиши як калисои кӯчак ба номи Dove World Outrages Center дар иёлати Флоридаи Амрико пеш аз фаро расидани солрӯзи ҳодисаи 11 сентябр эълон кард, ки дар ин рӯз ба гумони худ дар интиқом аз мусалмонон, ки давлати Амрико муддаист, инфиҷори бурҷҳои дугоник дар 11 сентябри 2001 ба дасти онон сурат гирифтааст, Қуръонро хоҳад сӯзонд. Аммо вай шабе қабл аз ҳодиса, эълон кард, ки аз ин тасмими худ мунсариф шудааст, вале чанд фарди дигар, дар дигар нуқоти Амрико бо бархурдорӣ аз ҳимояти пулиси ин кишвар, дар иқдоми густохонае, иқдом ба қуръонсӯзӣ карданд.

Бар асоси ахбори эълоншуда аз сӯи бархе аз расонаҳои амрикоӣ, ин калисо, ки аз чанд сол пеш ифтитоҳ шудааст, фақат чанд нафар пайрав дорад ва то замоне ки Терри Ҷонс кашиши 75 солаи амрикоӣ, душмании худро эълом накарда буд, тақрибан ҳеҷ кас дар шаҳри 124 ҳазор нафараи Ҳинсвил вайро намешинохт.

Коршиносон мӯътақиданд, ки Ҷонс ин иқдомро танҳо ба манзури касби шӯҳрат анҷом додааст ва давлати Амрико низ бо муғтанам шумурдани ин фурсат, бо истифода аз абзорҳои таблиғотии худ, саъй кард то мавҷи исломситезиро дар ҷомеаи Амрико ва ҳатто ҷаҳон тақвият кунад.

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 489 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
22.09.2010
1. aslombek rahmonov (aslom) [Материал]
Ман садка шавум забони куронхона,
Дар рохи Худо фидо кунад ин чона.
Аз куча назар кунанд бинанд хоки туп,
Аврохои бо умеди кабристона.
Хам падару хам модар дар хоки хунук,
Боз аруси таги чодир ин Пильдона.
Мардум ки ба худ парда кафанхо доранд
Ру чониби киблаанд Худо медона.
Ин косаи зарина ба пешат монди,
То кай ту куни хурсанд ин шайтона.
Хар дуои сахари асархо дорад,
Пур нагмаи чонгудози ин мургона.
Ин умри азиз бо хори зори бигузашт,
Кай фикр куни бохору тобистона.
Эй дуст бие парастиши нафс макун,
Бин мардуми дар ба дари саргардона.
Эмомуддин имруз паногох карди,
Ин кухои сарбаланди кухистона.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz