Шанбе, 20.04.2024, 12:08
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 30 » Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, шахсиятест, ки на дар замони худ мутаваллид гашт, на дар замони худ зист ва на муосиронаш тавонистанд ӯро бишносанд
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, шахсиятест, ки на дар замони худ мутаваллид гашт, на дар замони худ зист ва на муосиронаш тавонистанд ӯро бишносанд
20:11

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар қарор бошад дар лобалои таърихи тоҷикон, аз абармардони тоҷик дар қарни бистуми милодӣ номе бурда шавад, бе тардид, номи Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ба унвони андешманди вораста, сиёсатмадори ҳозиқ ва поягузори ҷунбиши миллӣ-мазҳабӣ дар Тоҷикистони муосир, дар садри он номҳо ҷой дода хоҳад шуд.

Камина, чанд сол ин абармардро ҳамроҳӣ кардаам, ва агар дар як ҷумла бихоҳам дар бораи ӯ барои хонанда чизе бигӯям, ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки: "Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, шахсиятест, ки на дар замони худ мутаваллид гашт, на дар замони худ зист ва на муосиронаш тавонистанд ӯро бишносанд”.

Муҳимтарин вижагии ӯ, ки шоиста аст ин ҷо аз он ёдоварӣ намоям, ин ҳиммати баланд ва шуҷоати васфнопазири вай буд. Дар ин навиштор ба онам то роҷеъ ба ҳамин вижагии он абармард ба матолибе чанд ишора намоям.

Ҳар инсони бузурге пеши худ ҳадафе дорад ва ҳамвора хоҳони таҳаққуқи аҳдофи хеш аст, аммо ин ки оё метавонад ба ҳадафи худ бирасад, ва ба иборати дигар, оё метавонад ба аҳдофаш ҷомаи амал бипӯшонад, ин дигар вобаста ба ҳиммат ва шуҷоати ӯст. Хеле аз бузургон ҳастанд, ки дар мартабаи назария, ба роҳатӣ ва бо суҳулат метавонанд ҳадафи мавриди назари хешро шафоҳан ва ё зимни нигориш барои дигарон бозгӯ намоянд, вале дар мартабаи амал ва барои таҳаққуқ бахшидан ба он аҳдоф, хештанро нотавон мебинанд. Зеро агар бихоҳанд барои таҳаққуқёбии он ҳадаф гом бардоранд, дар баробари худ даҳҳо ва садҳо монеаҳоро мушоҳида мекунанд, ва ҳамин мушоҳидаи мавонеъ онҳоро замингир мекунад ва он гоҳ таҳаққуқи он аҳдоф барои эшон сирфан ба як ормони холӣ, ки расидан ба он шибҳи маҳол аст, табдил меёбад, ва дигар ба ин умед ба сар мебаранд, ки шояд ояндагон битавонанд ба он аҳдоф ҷомаи амал бипӯшонанд.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, замоне ки барои таъсиси як ҷунбиши исломӣ дар Тоҷикистон камари ҳиммат баст, замоне буд, ки асосан тасаввури роҳандозии як чунин ҷунбиш - то чӣ расад ба поягузории он - маҳол ба назар мерасид. Аммо ин абармард, бо он ҳиммати баланд ва шуҷоати волое, ки дошт, ба ин кор иқдом намуд ва роҳандозӣ кард. Яке аз бародарони самимии камина, ки дар ҳамон нахустин ҷаласаи таъсиси ҷунбиши исломӣ дар Тоҷикистон тавассути Устод Нурӣ ҳузур дошта ва ҳаминак масъулияте ҳам дар Ҳизби Наҳзати Исломӣ дорад, бароям нақл кард, ки ҳамон рӯз Устод бароямон матолибе мегуфт, ки ҳамаи моро ҳайратзада мекард. Устод хитоб ба мо мегуфт, аз ҳамин рӯз эътиборан, ҳар як аз шумо хештанро соҳиби як масъулияти муҳимми сиёсӣ ва ё давлатӣ бидонад ва хештанро омода кунад, ки шояд то чанд сабоҳи дигар, он гоҳ ки масъулият ба дӯшаш афтод, дигар худро нокоромад набинад.

Ин сухан замоне гуфта шудааст, ки ҳукумати вақт, яъне Шӯравии собиқ, дар авҷи қудрати хеш қарор дошт, ва касе дар қаламрави Шӯравӣ барои худ ин ҷуръатро намедод, ки дам аз сиёсату давлатдорие, ки бар хилофи хостгоҳи коммунистҳо бошад бизанад. Ин нукта ҳам қобили ёдоварист, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ, шояд нахустин ҳизби сиёсӣ дар саросари қаламрави Шӯравӣ ба шумор ояд. Яъне дар он замон, ба ҷуз ҳизби ҳоким, ҳеҷ ҳизбу ҷунбиши дигаре, на ба сурати аланӣ ва на ба сурати махфӣ вуҷуд надошт, на дар худи Русия ва на дар соири ҷамоҳири Шӯравӣ.

Яке дигар аз мавориди бурузи ҳиммату шуҷоати Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ замони ҳиҷрати қисмате аз мардуми Тоҷикистон ба Афғонистон; он ҷо ки ҳукумати мардумии вақт бо шикаст мувоҷеҳ шуд, қобили мушоҳида аст. Он замон тақрибан ҳамагонро навъе ноумедӣ фаро гирифт ва дигар идомаи мубориза бо ҳукумати вақтро, ки бо пуштвонии қавии абарқудратҳо ва бархе аз кишварҳои ҳамсоя рӯйи кор омад, иқдоме беҳосил медиданд. Аммо ин марди баландҳиммат ва шуҷоъ, заррае ноумедӣ ба худ роҳ надод ва камар ба гирдоварии ҳамандешону ҳамфикрон дар атрофи хеш баст ва он гоҳ нерӯи муқовимати мардумӣ роҳандозӣ намуда ва ба муборизаи худ ва эҳқоқи ҳуқуқи аз даст рафтаи он қисмат аз мардуми бепаноҳ идома бахшид, ва зарфи чанд сол корро ба ҷое расонид, ки дигар ҳама медонанд ба куҷо кашида шуд ва мардум бо сари баланд ба кишварашон бозгаштанд.

Иқдоми ин абармард барои бастани сулҳу созиш бо ҳукумати вақт низ аз мазоҳири ҳиммату шуҷоату волои ӯ ҳикоят мекунад. Зеро, маъмулан касоне ки дорои қудрату имконот ҳастанд, аз кӯтоҳ омадан дар баробари хасм ва бо шурути вай худдорӣ мекунанд. Аммо ин мард идомаи мубориза бо ҳукумати вақтро, ки ҳар чи буданд, билохира қисмате аз мардумони ҳамин марзу бум ҳастанд, коре беҳуда ва навъе ҷанги бародаркушӣ қаламдод намуд ва ҳозир шуд бо ҳар шарту шуруте ҳам, ки бошад, ҳар чи зудтар ба ин ҷанги шаҳрвандӣ хотима бибахшад.

Агар дар бораи ин абармард бихоҳем бинависем, яке ду мақола басандагӣ намекунад, бояд китобҳову мақолоти мутааддид навишт то маълум гардад ӯ чӣ шахсияте буд. Дар ин навиштор ба ҳамин андоза иктифо мекунем то агар фурсате дигар даст ёфт, боз ҳам перомуни завоёи мухталифи ин абармард матолиб хоҳем навишт.

Кимиёи саодат

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 643 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz