Душанбе, 26.10.2020, 10:54
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 15 » Ошуро; гирдовар ё ҷудосоз?
Ошуро; гирдовар ё ҷудосоз?
15:32

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё бузургдошти Ошуро; яъне рӯзҳои нуҳум ва даҳуми моҳи Муҳаррам, аз мавориди иттифоқи ду мазҳаби аҳли суннат ва шиа аст ё аз маҷолоти ихтилофи он ду? Бархе тангназарон, ки корашон ҳамвора ҷустуҷӯ аз мавориди ихтилофи ду мазҳаб ва доман задан ба онҳост, ҳарчанд саъй мекунанд гиромидошти ин муносибатро аз мавориди ихтилофи шиаву суннӣ ҷилва диҳанд, вале хушбахтона баррасии ривоёти фариқайн нишон медиҳад, ки чунин бузургдоште, аз мавориди иттифоқи онҳо будааст.

Пеш аз ҳама, ёдоварии ин нукта зарурист, ки баъзе аз рӯзҳо дар пешгоҳи Офаридгор арзиш доранд. Арзиши онҳо ҳам, ба ҷиҳати рухдодҳоест, ки дар онҳо воқеъ шуда. Рӯзҳои нуҳум ва даҳуми моҳи Муҳаррам, аз он рӯзҳост. Шиа ва суннӣ дар ин маврид иттифоқи назар доранд.

Дар ҳадисе саҳеҳ, Бухорӣ аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ҳазрати Паёмбар (с) вориди Мадина шуд ва дид яҳуд рӯзи Ошуро (даҳуми моҳи Муҳаррам) рӯза мегиранд. Пурсид: ин чист? Гуфтанд: ин, рӯзе некӯст, ки Худованд дар он Бани Исроилро аз дасти душманашон (Фиръавн) наҷот дода ва аз ин рӯ, ҳазрати Мӯсо онро рӯза мегирифт. Он гоҳ ҳазраташ (с) фармуд: ман сазовортарам ба Мӯсо аз шумоён. Сипас, рӯза гирифт ва ба дигарон ҳам дастури рӯзаи онро дод.[1]

Шайхи Тӯсӣ, аз муҳаддисони номвар ва донишмандони барҷастаи шиа, ривоят мекунад, Расули Акрам (с) рӯзи Ошуро рӯза мегирифт.[2]

Ҳам ӯ аз Алӣ (к) ривоят мекунад, ки фармуд: Айёми Ошуро; яъне нуҳум ва даҳуми моҳи Муҳаррам, рӯза бигиред, зеро рӯзаи ин рӯз гуноҳони як соли бандаро мепӯшонад.[3]

Ва ҳам ӯ низ аз Имом Боқир ривоят мекунад, рӯзи Ошуро буд, ки киштии Нӯҳ (а) бар соҳил нишаст, он гоҳ Нӯҳ (а) касоне аз инсу ҷинро, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд дастур дод ин рӯзро рӯза бигиранд. Имом Боқир фармуд: оё медонед ин рӯз чӣ рӯзест? Ин рӯз, ҳамон рӯзест, ки Худованд тавбаи Одаму Ҳавворо пазируфт, ҳамон рӯзест, ки Худованд баҳрро барои Бани Исроил шикофт ва Фиръавну фиръавниёнро ғарқ намуд, ҳамон рӯзест, ки Мӯсо дар он бар Фиръавн пирӯз гардид, ҳамон рӯзест, ки Иброҳими Халил дар он чашм ба дунё гушуд, ҳамон рӯзест, ки Худованд дар он тавбаи қавми Юнус (а) пазируфт, ҳамон рӯзест, ки Исо ибни Марям дар он мутаваллид шуд, ҳамон рӯзест, ки Маҳдии Мавъуд дар он қиём хоҳад кард.[4]

Бе ҷиҳат нест, ки дақиқан дар ҳамин рӯз набераи мукаррами паёмбари ислом Имом Ҳусайн алайҳи зулму истибдоди Фиръавни замони худ яъне Язиди малъун қиём кунад ва бо хуни покаш олудагиҳоеро, ки пайкараи умматро фаро гирифтааст бишӯяд ва татҳираш намояд.

Оре, ҳамон тавр ки Худованд дар ин рӯз Бани Исроилро ба дасти Мӯсои Калим аз Фиръавну фиръавниён наҷот дод, дақиқан дар ҳамин рӯз уммати Муҳаммад (с)-ро бо хуни Ҳусайн аз зулму ситами Язиду язидиён раҳоӣ бахшид. Ин хуни поки рехтаи Ҳусайн буд, ки умматро як дафъа ба худ огоҳонид. Ин хуни муқаддаси он шаҳид буд, ки уммати ғофилро бедор сохт ва водораш намуд алайҳи зулму истибдод қиём кунанд.

Оре, равост дар ин рӯз аз ин ҷиҳат хушҳол шавем ва ба шукронаи раҳоӣ аз зулму ситам рӯза бигирем. Аммо...

... басо хушҳолиҳоест омехта бо ҳузн, омехта бо андӯҳ... Яке аз он хушҳолиҳое, ки ҳузну андӯҳи беандоза ба ҳамроҳ дорад, ҳамин рӯз аст. Оре, ҳарчанд хушҳолем аз ин ки дар ин рӯз хуни Ҳусайн уммати моро аз зери султаи ситам берун овард, аммо набояд фаромӯшамон шавад, ки дар ин рӯз уммат касеро аз даст медиҳад, ки паёмбари акрам (с) ӯро аз худ ва хештанро аз ӯ медонад;[5] фарзонае, ки ҳангоми таваллуд ҷадди бузургвораш ҳазрати Муҳаммад (с), ҳам хушҳол буду ҳам андӯҳгин.

Дар ривояти саҳеҳе омадааст, ки вақте Ҳусайн чашм ба дунё гушуд, Асмо (аз занони наздик ба хонадони паёмбар (с)) навзодро ба дасти он ҳазрат (с) дод. Паёмбар (с) ҷигаргӯшаи худро дар оғӯш гирифта, мебӯсиду мегирист. Асмо, ки аз мушоҳадаи чунин манзара шигифтзада буд, пурсид: "Падару модарам фидои шумо эй Расули Худо, чӣ шуда, ки гиря мекунед?” Он ҷаноб (с) фармуд: "Аз барои ин фарзандам гиря мекунам”. Асмо аз ин ҷавоб дар ҳайрат монд ва гуфт: "Ин фарзанд нав ба дунё омадааст”. Расули Худо (с) фармуд: "Ӯро гурӯҳи ситамкоре хоҳанд кушт, Худо онҳоро аз шафоати ман бенасиб гардонад!”.[6] Сипас Расули Худо (с) аз ҷой бархост ва бо андӯҳ рӯ ба Асмо кард ва фармуд: "Аз ин моҷаро Фотимаро огоҳ макун, зеро ӯ нав соҳиби фарзанд шудааст”.[7]

Оре, Ҳусайн ҳамон касест, ки ҳатто хушҳолии сарвари ду олам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар рӯзи таваллуди ӯ, ҳамроҳ бо андӯҳ буд... Андӯҳ аз он ки ҷигаргӯшааш, ба дасти уммати худаш; ҳамон касоне, ки ӯ дар роҳи раҳоияшон аз ширку куфру ситаму истибдод заҳамоти фаровоне кашидааст, ба гунаи фаҷеонае кушта бишавад. Магар ин ҷои ҳузну андӯҳ надорад?!

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Аҳли Байти паёмбар (с), ҳарчанд худ бар савми рӯзи Ошуро таъкид мекарданд, аммо ҳушдор ҳам медоданд, ки мабод шумоён ҳамсони дудмони касифи Бани Умайя рӯзаи ин рӯзро муносибате барои ибрози хушҳолӣ аз кушта шудани Имом Ҳусайн қарор бидиҳед.

Дар поёни ин мақол шоиста мебинам яке аз манозири бисёр андӯҳбарангезеро, ки дар рӯзи Ошуро барои Имом Ҳусайн иттифоқ афтод, барои хонандаи гиромӣ нақл кунам ва навишторро поён бахшам.

Торихнигорон, аз ҷумла Табарӣ нақл мекунанд, рӯзи Ошуро он гоҳ ки оташи пайкор шӯълавар гардид, Алӣ ибни Ҳусайн (Алии Акбар) - фарзанди аршади Имом Ҳусайн, аз падар изни ҷангидан талабид. Имом нигоҳе аз сари меҳр бар ӯ андохт, сипас сари худ ба зер афканд ва ашк дар чашмони муборакаш ҳалқа зад ва ангушти саббобаи худро ба тарафи осмон боло бурд ва гуфт:

"Худоё! Гувоҳ бош, ҷавонеро барои ҷанг бо ин ҷамоат ба майдон фиристодам, ки аз назари ҷамолу камол ва хулқу хӯй шабеҳтарини мардум ба Расули Худо (с) буд ва мо ҳар вақт муштоқи дидори паёмбари ту мешудем, ба чеҳраи ӯ назар мекардем. Худоё! Баракоти заминро аз ин гурӯҳи нобакор дареғ кун ва ҷамъияти онҳоро пароканда соз ва дар миёни онҳо ҷудоӣ афкан ва умарои онҳоро ҳеҷ гоҳ аз онон розӣ магардон! Зеро инон моро даъват карданд, ки ба ёрии мо бархезанд ва акнун бар мо метозанд ва аз куштани мо ибое надоранд”.

Дар ин ҳангом Алии Акбар хурӯшид ва бар сипоҳи Язид ҳамла кард ва чандин бор бар сипоҳи душман тохт ва бисёре аз сипоҳиёни адувро кушт, то ин ки душман аз касрати кушта шудагон ба хурӯш омад.

Ривоят шудааст, ки он бузургвор ташна буд ва назди падар омад дар ҳоле ки захмҳои зиёде бардошта буд ва гуфт:

"Эй Падар! Ташнагӣ маро кушт ва сангинии силоҳ маро ба заҳмат андохт, оё ҷуръаи обе ҳаст, ки тавони идомаи размидан бо душманро пайдо кунам?”

Имом Ҳусайн (р) гиря кард ва фармуд:

"Во ғавсоҳ! Эй писарҷон! Андаке дигар ба муборизаи худ идома деҳ, дере намегузарад, ки ҷадди бузургворат Расули Худо (с)-ро зиёрат хоҳӣ кард ва туро аз обе сероб кунад, ки дигар ҳаргиз эҳсоси ташнагӣ накунӣ”.

Пас ба майдон бозгашт ва ҳамчунон меразмид. Сипоҳиёни Умар ибни Саъд аз куштани Алӣ ибни Ҳусайн парҳез мекарданд, вале Мурра ибни Мунқизи Абдӣ, ки аз диловарии Алии Акбар ба танг омада буд, гуфт: "Гуноҳи ҳамаи араб бар гардани ман агар ин ҷавон бар ман бигузарад ва ман доғи ӯро бар дили падараш нанишонам!”

Он гоҳ Алии Акбар ба ӯ расид ва Мурра роҳ бар ӯ гирифт ва бо найзае ӯро аз асп бар замин андохт. Он гурӯҳ дар атрофи ӯ ҷамъ шуданд ва бо шамшер ҷасади муборакаш ба пора–пора кардан шурӯъ намуданд. Дар ин ҳангом, Алии Акбар фарёд зад: "Ассалому алайка, эй падарҷон! Ин ҷаддам Расули Худост, ки маро сероб кард ва ӯ имшаб дар интизори туст, туро салом мерасонад ва мегӯяд: "Дар омаданат ба назди мо шитоб кун!” Сипас фарёд зад ва ба шаҳодат расид.[8]

Он гоҳ Имом Ҳусайн бар болини Алӣ омад ва чеҳра бар чеҳрааш ниҳод ва гуфт: "Худо бикушад гурӯҳеро, ки туро куштанд ва густохӣ аз ҳад гузарониданд ва ҳурмати Расули Худо (с)-ро шикастанд. Пас аз ту хок бар сари дунё бод!”[9]

Дар ин ҳангом, садои гиряи он ҳазрат баланд шуд, ба гунае ки касе то он замон садои гиряи ӯро нашунида буд, он гоҳ сари Алиро бар домон гирифт ва дар ҳоле ки хунро аз дандонҳои фарзанди шаҳидаш пок мекард ва бар чеҳрааш бӯса мезад, гуфт: "Фарзандам! Ту ҳам аз меҳнати дунё осуда шудӣ ва ба сӯи раҳмати ҷовидонаи Ҳақ раҳсипор гаштӣ ва падарат пас аз ту танҳо мондааст, вале ба зудӣ ба ту мулҳақ хоҳад шуд”.[10]

Он гоҳ Зайнаби Кубро, хоҳари гиромии Имом Ҳусайн, бо шитоб аз хайма берун омад дар ҳоле ки фарёд мезад: "Эй бародарзодаам! Фарзанди бародарам!” ва худро бар рӯи Алӣ ибни Ҳусайн афканд. Имом Ҳусайн ӯро аз рӯи куштаи Алии Акбар бардошт ва ба хайма бозгардонд ва ба ҷавонон дастур дод, то ҷасади Алиро аз майдон берун баранд ва онон пайкари мубораки Алии Акбарро дар баробари хаймае, ки дар муқобили он мубориза мекарданд бар замин ниҳоданд.[11]

Сипас Имом Ҳусайн ба хайма бозгашт дар ҳоле ки ғамгин буд. Сакина, духтари гиромии Имом пеш омад ва аз падар суроғи бародарашро гирифт ва Имом хабари шаҳодати ӯро ба духтараш дод. Сакина дар ҳоле ки фарёд мезад, хост аз хайма хориҷ шавад, аммо Имом иҷозат надод ва фармуд: "Эй Сакина! Тақвои Худо пеша кун ва шакебо бош!” Сакина гуфт: "Эй падарҷон! Чӣ гуна сабр кунад касе ки бародарашро куштаанд?!”.

Кимиёи саодат


[1] Саҳеҳ Бухорӣ, боби рӯзаи Ошуро, ҷ 7, с 352 (Ал-мактабатуш-шомила).

[2] Истибсор, боби рӯзаи Ошуро, ҷ 81, с 1 (Ал-мактабатуш-шомила).

[3] Манбаи пешин.

[4] Васоилуш-шиа, ҷ 10, с 457(Ал-мактабатуш-шомила).

[5] Табақоти Ибни Саъд, тарҷумаи Имом Ҳусайн (р), 27.

[6] «تَقْتُلُهُ الفِئَةُ الباغِيَةُ مِنْ بَعْدِى لا اَنالَهُمُ اللهُ شَفاعَتِى».

[7] Ҳаётул-Имом ал-Ҳусайн, 1/27.

[8] Мақотил-ут-толибийин, 116.

[9] Ал-малҳуф, 48.

[10] Зариатун-наҷот, 128.

[11] Иршод, 2/107.

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 925 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz