Ҷумъа, 19.04.2024, 11:32
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 4 » Оё тоҷикони Ӯзбакистон барои эҳқоқи ҳуқуқи хеш биҷанганд?
Оё тоҷикони Ӯзбакистон барои эҳқоқи ҳуқуқи хеш биҷанганд?
14:01

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар пайи дарҷи мақолаи "Гунаи хештаншиносӣ ва ба "худ”-ойии тоҷикон дар назди рӯшанфикрони тоҷик”, бародари азиз ва арҷмандамон, нависандаи хушқалам ва некӯсалиқа, ҷаноби Умеди Ҷайҳонӣ, зимни изҳори ҳамандешии худ бо дидгоҳҳои матраҳшуда дар мақолаи номбурда, перомуни як мавзӯи хеле муҳим, ки он ҳам солҳои ахир ба дағдағаи хотири нависандагону рӯшанфикрони ҷомеаи мо табдил шудааст, назари ин ҷонибро хостанд, ва он ин ки: оё тоҷикони Ӯзбакистон ҳаққ доранд барои озодиву ҷудоии худ аз ин кишвар ва пайвастан ба Тоҷикистон, бо мардуму ҳукумати Ӯзбакистон биҷанганд?

Росташ, камина аз дербоз қасд доштам перомуни ин мавзӯъ дидгоҳҳои хешро иброз намоям, вале фурсате даст намедод ва хушбахтона номаи бародари азизамон баҳонае шуд то дар ин замина назари худро матраҳ кунам.

Дар оғоз лозим аст нигоҳе ба решаи ин масъала андозем. То замони пеш аз сайтараи русҳо, дар қаламрави Осиёи Марказӣ (ва ё Мовароуннаҳр) се давлат ва ё се хонигарии мустақил ҳукумат меронданд: Аморати Бухоро, ки қудратмантарини онҳо ба шумор мерафт, Хонигарии Қӯқанд ва Хонигарии Хева. Ин ки ин се давлат ва ё хонигарӣ, ба лиҳози сиёсӣ, заиф ва низоми ҳоким дар онҳо фосид буд, мавриди инкор нест. Аммо, ба лиҳози иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, то ҳудуде, вазъе матлуб доштанд. Чаро ки аввалан, ин се давлатро фақат ҳудуди ҷуғрофиёӣ аз ҳам ҷудо мекард, на нажод, на забон, на дин ва на фарҳанг.

Масалан, тоҷикон, ҳам дар Аморати Бухоро ва ҳам дар Хонигарии Қӯқанд, дар канори ӯзбакҳо зиндагии мусолиматомез доштанд. Асосан, омили забон ва ё нажод, мавзӯияте надошт. Миллатҳо ва нажодҳои сокин дар ин се хонигарӣ, ба лиҳози нажодӣ ва миллӣ, комилан аз ҳуқуқи баробар бархӯрдор буданд. Агар дар он миён, омили бартарӣ мутасаввар бошад, он омил, қатъан нажоду забон набуд, балки авомиле чун савод, сарват, эътибори хонаводагӣ ва аз ин қабил падидаҳо омили бартарӣ маҳсуб мегаштанд, ҳол, оё ин дуруст буд ё на, ин як баҳси дигар аст.

Албатта, ногуфта намонад, ки бархе аз таърихнигорон мӯътақид ҳастанд, ва гузоришҳои таърихӣ ҳам назари эшонро таъйид мекунад, ки тоҷикҳо дар Аморати Бухоро ва Қӯқанд, ба ин далел, ки ағлаби табақаи босавод ва таҳсилкарда ва руҳоният аз онон иборат буда ва ҷойгоҳҳои фарҳангӣ дар дасти эшон қарор дошт, эҳтироми вижае доштанд, ва ба иборати дигар, ба тоҷикон, ба унвони як миллати мутамаддин ва бофарҳанг нигариста мешуд. Ҳол, агар ин гузориши таърихӣ дуруст бошад, рӯшан аст, ки ин ҷо ҳам омили нажод мояи бартарӣ қарор нагирифтааст, яъне чунин набудааст, ки чун тоҷикон тоҷик буданд, аз эҳтироми хоссе бархӯрдор буданд, балки ба ин далел, ки чун аҳли савод ва бофарҳанг буданд, мавриди эҳтиром қарор доштанд.

Оре, омили нажоду забон аслан матраҳ набуд. Ин ки масалан амири Бухоро ба лиҳози нажодӣ, ӯзбак буд ё як нажоди дигар, аслан ин ҳарфҳо матраҳ набуд. Чунин суханон, бовар кунед, баъдан яъне баъд аз тақсимоти Мовароуннаҳр ба Ӯзбакистону Тоҷикистону ғайра матраҳ шуданд. Мардуми ин сарзамин, хусусан табақаи босавод, думболи ин ҳарфҳо набуданд. Агар ба ҷои умарои манғитӣ, масалан як хонаводаи тоҷик ҳам мебуд, вазъ ҳамон гуна буд, ки ҳамон.

Агар омили нажод ва ё забон мояи бартарӣ ва тамоюз маҳсуб мебуд, ҳаргиз умарои манғитӣ ва ё хонҳои қӯқандӣ, забони расмии давлати хешро забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) қарор намедоданд. Мутаассифона, таърихе, ки имрӯз аз он даврон дар ихтиёр дорем, ё ба дасти пантуркистҳо навишта шуда ва ё ба дасти "миллатгароҳо”, ки омили нажод ва ё забонро хеле барҷаста нишон додаанд.

Аммо воқеи амр ин аст, ки дар он авон як нафар ӯзбак, ба ҳамон андоза бо Рӯдакию Фирдавсию Мавлоно ифтихор мекард, ки як нафар тоҷик ба Алишер Навоӣ ва ё Мирзо Бобур. Албатта, маънои гуфтаҳои камина ин нест, ки мардумон аслан коре ба решаву асли худ ба лиҳози нажодӣ ва ё забонӣ надоштанд, ҳаргиз чунин набуд. Манзурам фақат ин аст, ки ин ҳарфҳое, ки имрӯз мутаассифона хеле барҷаста шудаанд ва ҳама чизро аз зовияи нажоду забон матраҳ мекунанд ва мардумони сокин дар ин сарзамин (Мовароуннаҳр)-ро аз ҳам ҷудо медонанд, хеле иштибоҳ аст.

Бе таоруф мегӯям. Мардуми тоҷик, ба лиҳози фарҳангу одоту сунан, бо мардумони сокин дар Ӯзбакистон, хусусан водии Фарғона, ҳеҷ тафовуте надоранд ба ҷуз забон. Аслан, ҳеҷ чизе нест, ки миёни онҳо ҷудоӣ андозад.[1]

Оғози мусибат...

Мусибат замоне шурӯъ шуд, ки Мовароуннаҳрро ба лиҳози нажоду забон ба давлатҳо тақсим намуданд ва он гоҳ меъёри ваҳдат дар ин давлатҳо, нажоду забони воҳид қарор гирифт ва боис гардид, ки мардумони сокин дар Вароруд, хусусан ӯзбаку тоҷик, ки аз фарҳангу одоту русуми комилан воҳид ва яксоне бархӯрдор ҳастанд, аз ҳам ҷудо шаванд ва корашон имрӯз ба ҷое бирасад, ки бо ҳам душман гарданд.

Вақте ҳам омили ваҳдатбахш дар ҳар як аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, нажоду забони воҳид таъйин шуд, аз он ҷо ки барои сокинони ин сарзамин, хусусан тоҷикону ӯзбакҳо, ба лиҳози ҷуғрофиёӣ, наметавон ҳудуди мушаххасе таъйин кард, табиӣ буд, ки дар оянда (яъне пас аз тақсим) бо мушкилоти фаровоне дар ин замина рӯбарӯ шаванд, масалан, аҳли ду шаҳри бузурги Самарқанду Бухоро ва ё косониҳои водии Фарғона, ки форсизабон ва тоҷик ҳастанд ва мутаассифона тақсимбандиҳо инҳоро дар қаламрави Ӯзбакистон қарор додааст, аз гуйишу омӯзишу таълими забони модарии худ маҳрум бимонанд. Оре, ин воқеан мусибат аст.

Роҳи чора...

Аммо, оё роҳи чора ин аст, ки тоҷикони Ӯзбакистон ва ё ӯзбакони сокин дар қаламрави Тоҷикистон, барои эҳқоқи ҳуқуқи мусаллами худ, ба ҷанг бо ҳукуматҳои хеш даст ёзанд? Ва ба қавли шумо "Оё тоҷикони мазлуми Ӯзбакситон, ки ниме аз тану ҷони мо ҳастанд ва беш аз 80 сол аст, ки зери ситами пантуркистҳои хуношом қарор доранд, ҳаққ доранд барои озодиву ҷудоии худ аз Ӯзбакситон ва пайвастан ба Тоҷикистон, бо мардуму ҳукумату Ӯзбакситон биҷанганд?”

Ё роҳи дигаре барои ҳалли ин муъзала дар ин миён мутасаввар аст?

Аввалан: ин ки онҳо барои эҳқоқи ҳаққи хеш даст ба набард бо мардуму ҳукумати ӯзбак ёзанд, ин кор на мантиқист ва на шуданӣ, ва тоза, чи басо бар зарари эшон поён ёбад. Мо бояд воқеънигар ва реалист бошем... Ҷанг яъне кушту куштор, тоза бо касоне ки ҳазорон сол дар канори якдигар зистаанд. Ин ду миллат, яъне тоҷику ӯзбак, мисли арману озарӣ аз ҳам бегона нестанд, ки корашон ба ин ҷоҳо бикашад.

Сониян: фарз кардем, ки ҷангиданд, пас чӣ? Оё ба ҳамин роҳатӣ метавонанд мулҳақ ба Тоҷикистон шаванд? Ҳукумати Ӯзбакистон ҳам сокит наменишинад. Мутмаин бошед, бо ҳазорон дасисаҳо шурӯъ ба таҳрики ӯзбакҳои сокини Тоҷикистон карда ва барои мо низ мушкилоте ба вуҷуд меоварад, ки бояд бо онҳо даст ба гиребон шавем.

Ба назари ман, роҳи чора барои хуруҷ аз ин муъзала вуҷуд дорад ва мантиқӣ ва иншоаллоҳ шуданӣ ҳам ҳаст. Ва он ин ки:

Аввалан: модоме ки мо – мардуми тоҷику ӯзбак, на ҳукуматҳо – доро фарҳангу одоту русуми воҳид ва хулоса дорои муштаракоти фаровоне ҳастем, бояд онҳоро мадди назар қарор дода ва ба андешаи ҳамзистии мусолиматомез бошем, на ба думболи душманиву адоват. Душманиву адоват ва дар натиҷа ҷангу пайкори ин ду миллат, самарае ҷуз ин надорад, ки якдигарро нобуд кунанд, ва ин, ба маслиҳату манфиати ҳеҷ як аз тоҷику ӯзбак нест.

Сониян: дар сатҳи сиёсӣ, ба назари ман, танҳо роҳи эҳқоқи ҳуқуқи мусаллами тоҷикони сокини Ӯзбакистон; яъне ин ки онҳо битавонанд ҳамчун тоҷик зиндагӣ ва аз тамоми мазоёи тоҷик будан чун доштани марокизи омӯзишӣ, ки дар онҳо ба забони модарияшон таълим бигиранд ва ё ин ки забони тоҷикӣ дар ин кишвар ба унвони забони дуввум (расмӣ) дар канори забони ӯзбакӣ қарор бигирад ва ғайра... танҳо роҳаш ин аст, ки ҳукуматашон, (ва куллан тамоми ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ), аз ин шеваи ҳукуматдорие, ки имрӯза доранд раҳо шаванд. Идеологияи ҳоким дар Ӯзбакистон, ки пантуркистист, ва низ ақидаи роиҷ дар мухайялаи бархе аз давлатмадорони мо, ки миллатпарастист, комилан рахт бар бандад. Давлатҳои воқеан демократӣ дар ин сарзамин барқарор шавад ва шаҳрвандонаш аз озодии комил бархӯрдор бошанд. Инсон дар ин ду давлат, қабл аз ин ки тоҷик ва ё ӯзбак буданашро ҳис кунад, бояд инсон буданашро эҳсос кунад. Танҳо дар ин сурат аст, ки ҳар шаҳрванде, аз ҷумла тоҷикони сокин дар Ӯзбакистон, метавонанд ба мутолибаи ҳаққи худ бипардозанд. Ҳамвора орзуи ман ин аст, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ мисли Иттиҳодияи Аврупо гарданд. Яъне чанд давлати мустақил, вале муттаҳид ва бо ҳам. Бовар кунед, вақте ҳукуматҳои дуруст ва ҳисобӣ дар ин кишварҳо рӯи кор ояд, тамоми мушкилот бартараф хоҳад шуд.

Бадил ин нест, ки Самарқанду Бухоро ба Тоҷикистон ва ё ин ё он шаҳри Тоҷикистон ба Ӯзбакистон бипайвандад. Ин кор, чунон ки ишора шуд, дар ин асру замон, аввалан шуданӣ нест, ва сониян, ҳадаф аз пайвастанаш агар эҳқоқи ҳуқуқи тоҷикон бошад, бидуни он ҳам хоҳад шуд; яъне дар он сурат, ки ин кишварҳо, бо мадди назар қарор додани муштаракот ва ин ки бо ҳам ба лиҳози фарҳангӣ наздиканд, бо ҳам як иттиҳодияе шабеҳи Иттиҳодияи Аврупо ташкил диҳанд. На Ӯзбакистон бар мо фишор оварад ва на Тоҷикистон бидуни машварат бо ҳамсояш ба коре даст ёзад. Хулоса, ҳавои ҳамдигарро дошта бошанд. Тоҷикистониҳо битавонанд роҳат ба Ӯзбакистон сафар кунанд ва ӯзбакҳо низ ҳамчунин меҳмони мо шаванд. Хулоса, мо –сокинони ин сарзамин чи тоҷикаш ва чи ӯзбакаш – чорае ҷуз ин надорем, ки мисли даврони пеш дар канори ҳам қарор гирем. Эҳтироми мутақобил ва ҳамзистии мутакомил. Бадиле надорем...

Ин дидгоҳи камина аст, шояд мавриди писанди бархе набошад, аммо ба ҳар ҳол, назари худро баён кардам ва мӯътақидам ҳамин дуруст аст.

Кимиёи саодат


[1] Имрӯз, барои як нафар ҷавони тоҷик, ҳар гоҳ аз таърихи гузаштагонаш чизе меомӯзанд, мутаассифона чунин нишон медиҳанд, ки гӯи тоҷикон фақат замоне дар ин сарзамин (Мовароуннаҳр) ҳокимият доштанд, ки Сомониён дар маснади қудрат буданд, дар ҳоле ки чунин нест. Камина мӯътақидам, дар ин сарзамин (Мовароуннаҳр), агар бихоҳем омили забонро мадди назар қарор бидиҳем, тамоми ҳукуматҳо, чи сомонияш, чи ғазнавияш, чи хоразмшоҳияш ва чи чи .., ҳукуматҳои тоҷикӣ буданд. Ҳол, далелашро баён мекунам.

Иллати ин ки бархе давлати тоҷиконро фақат дар замони Сомониён маҳсур кардаанд, шояд ин бошад, ки чун хонадони ҳоким дар ин давлат, ба нажоди эронӣ тааллуқ доштанд. Бинобар ин, таърифи "давлати тоҷикон”, бо таваҷҷӯҳ ба ин дидгоҳ, давлате мешавад, ки ҳокимаш, ба лиҳози нажодӣ ва ё забонӣ, тоҷик бошад. Агар як чунин таъриферо бипазирем, он гоҳ дуруст аст, ки бигӯем, тоҷикон фақат дар замони Сомониён давлат доштанд.

Аммо, чунин таърифе барои "давлати тоҷикон”, ба назари ман, таърифи дурусте нест, балки таърифи дуруст он аст, ки "давлати тоҷикон давлатест, ки забони расмияш тоҷикӣ (ва ё форсӣ) бошад”. Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба ин таъриф, кадом як давлат аз давлатҳои ҳукмрон дар ин минтақа, то замони Шӯравӣ "давлати ӯзбакӣ” буданд? Ҳеҷ кадом, зеро забони расмӣ ва роиҷ дар доду ситаҳо, танҳо забони тоҷикӣ ва ё ҳамон форсии маъмул дар Мовароуннаҳр буд.

Дур намеравем, ҳамин Эрон, ки ҳазорон сол ҳамчун як давлати форсҳо маҳсуб мешавад, оё ба хотири ин аст, ки ҳокимонаш форсизабон буда ва ҳастанд, ё забони расмияш забони форсист? Агар нажоди ҳокимонашро меъёр қарор бидиҳем, аз он ҷо ки бештари хонадони ҳоким дар ин чанд садаи ахир ба лиҳози нажодӣ мутааллиқ ба нажоди турк буданд, Эрон ҳам бояд як кишвари туркӣ биҳисобем. Сафавиҳо ва қочориҳо, ки садсолаҳо ҳукмрони Эрон буданд, ҳамагӣ мутаалиқ ба нажоди турк буданд, аммо касе нагуфтааст, ки пас Эрон як давлати туркист. Чаро? Чун забони расмӣ, забони форсист.

Вазъ дар Аморати Бухоро ва Хонигарии Қӯқанд ва пеш аз он ҳатто дар давлати Темуриёну қабл аз он дар Хоразмшоҳиёну ғайраву золик низ чунин буд. Дар тамоми ин ҳукуматҳо забони расмӣ ва роиҷ, забони тоҷикӣ, вале ҳуккомашон аз нажоди турку муғул буданд.

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 682 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz