Ҷумъа, 29.03.2024, 03:31
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июл » 18 » Оё касе ҳақ надорад ба номи Худо ҳукумат кунад?
Оё касе ҳақ надорад ба номи Худо ҳукумат кунад?
22:22

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Вазифаи як нафар коршиноси исломӣ; ҳамон касе ки дар урфи мо ба унвони "муфтӣ”, "қозӣ” ва ё "мулло” ё "домулло” шинохта мешавад, ин аст, ки маорифи исломиро, ба ҳамон сурате ки дар манобеи диниямон (яъне Қуръону суннат) ворид шудаанд, бозгӯ намояд, бе ҳеҷ каму кост, ва ё дахолат додани назар ва дидгоҳи шахсияш, ва албатта қобили ёдоварӣ бошад, ки коршинос, агар худ муҷтаҳид ва соҳибназар дар масоили динӣ нест, бояд дар ин замина (яъне дар баёни маорифи исломӣ) пойбанд ба дидгоҳу назари муҷтаҳидон ва соҳибназарони исломӣ; он ҳам дидгоҳи машҳури онон, бошад.

Ин аз як тараф, ва аз тарафи дигар, ҳар гоҳ коршинос (мулло, домулло ва ё муфтӣ) бибинад, ки ҷиҳате ва ё касе, яке аз маориф ва ё масоили исломиро нодуруст баён медорад, бояд сукут накунад, вазифааш ин аст, ки ӯро ба иштибоҳаш воқиф созад, ҳарчанд он ҷиҳат ва ё кас, аз наздикон ё дӯстони самимӣ ва ё касе бошад, ки ҳар ду аз назари сиёсӣ дар як хат қарор доранд. Вагарна, сукути ӯ навъе хиёнат ба ислом маҳсуб мегардад. Албатта, чи басо он ҷиҳат ва ё касе, ки масъалаи мавриди назарро нодуруст баён доштааст, қасдан чунин накарда бошад, балки шояд иллаташ адами огоҳии ӯст, ки дар ин сурат, тазаккур ва ёдоварии коршинос ӯро ба иштибоҳаш, чи басо (ва ё қатъан) мояи хушҳолии вай хоҳад буд.

Ин як муқаддимаест барои матлабе, ки камина мехоҳам дар ин навиштор ба тавзеҳи он бипардозам. Ва он матлаб ин аст, ки: ҳар гоҳ масъалаи "моҳият ва ҳақиқати ҳукумате, ки ислом хоҳони барқарории он дар ҷомеа аст” дар миён матраҳ мешавад, касоне ки дар садади шарҳу тавзеҳи ин масъала барои мардум мебароянд, бояд ду мартабаро мадди назар қарор бидиҳанд: мартабаи назария ва мартабаи татбиқ ва амал.

Дар мартабаи назария, бояд масъаларо ба ҳамон сурате ки дар манобеъ ва сарчашмаҳои исломӣ баён гардидааст, бе ҳеҷ каму кост ва ё дахолат додани дидгоҳҳои шахсии худ бозгӯ намоянд, аммо вақте сухан перомуни татбиқи ин масъала дар матни воқеъ доир мешавад, бояд дар назар дошта бошанд, ки татбиқи ин масъала дар матни воқеъ, бидуни дар назар гирифтани шароити замонӣ ва маконӣ, имконпазир нест.

Ҳол, як мисол бизанам, шояд масъала рӯшантар гардад. Масалан, дар манобеи мо ворид шудааст, ки муҷозоти дузд дар ислом ин аст, ки бояд дастонаш бурида гарданд, ва ё муҷозоти зан ва ё марди зинокор (албатта мард ва ё зани дорои ҳамсар) он аст, ки сангсор шаванд. Вақте бихоҳем ин масъаларо барои мардум (ва ё ҳар мухотабе) баён дорем, ибтидо масъаларо ҳамон гуна ки дар манобеъ ворид шудаанд тавзеҳ медиҳем ва ҳақ надорем ба ҳеҷ баҳонае онро ба сурате, ки дили мардум мехоҳад ва ё мавриди писанди мухотаб аст баён кунем. Оре, сипас тавзеҳ хоҳем дод, ки ислом татбиқи чунин аҳкомеро фақат ҳангоме аз мо хостааст, ки ҳукумат ҳукумати исломӣ бошад, на дар ҳар шароит ва ҳар зарфе. Агар шароит фароҳам набошад, чи басо ҳаргиз мо вазифадор ба татбиқи амсоли чунин аҳкоме набошем, ва Худо ҳам аз мо нахоҳад.

Дар масъалаи "моҳият ва ҳақиқати ҳукумате, ки ислом хоҳони барқарории он дар ҷомеа аст”, ахиран чунин дидгоҳе матраҳ шуд, ки: "Аз дидгоҳи мо, ҳукумати теукротик вуҷуд надорад. Ҳеҷ кас наметавонад ба номи Худо бар мардум ҳукумат кунад. Ин мардум ҳастанд, ки тақдири худашонро ба даст мегиранд ва худашон онро муайян мекунанд. Аз номи Худо ҳукм рондан ва ҳокимият кардан, масъулияти ҳеҷ кас нест, ҳатто паёмбарон. Масъулияти паёмбарон расондани паём ва рисолат буд, на ҳукумат. Назари мо ин аст, ки ҳукм дар дасти мардум аст”.

Зоҳири суханони гӯяндаи мӯҳтарами ин ҷумлаҳо ин аст, ки ӯ мехоҳад бигӯяд, моҳияти ҳукумате, ки хостгоҳи ислом мебошад, ҳукумати теукротик нест. Яъне, ҳокими исломӣ, чи паёмбар бошад, ё халифаи мусалмонон, ҳаргиз ба номи Худо бар ҷомеа ҳукумат накарда ва намекунад.

Агар муроди гӯянда ин бошад, чунин сухане аз дидгоҳи ислом мардуд ва сад дар сад бар хилофи дидгоҳи ислом, ки уламои исломӣ бо такя бар Қуръону суннат баён кардаанд, мебошад.

Албатта, қобили ёдоварӣ бошад, ки вожаи "теукротӣ” (Theocracy) моро гӯл назанад. Ислом ҳаргиз тарафдори он навъ аз "ҳукумати теукротӣ”, ки қабл аз реннесанс дар ҷаҳони Ғарб барпо буд ва дар он ҳар навъ гуфтору кирдори Поп – чи ғалат бошанд ё саҳеҳ – ба унвони гуфтору кирдори Худо талаққӣ, ва сарпечӣ аз он, сарпечӣ аз дастури Худо дониста шуда, ва аз сӯйе ҳам, мардум ҳеҷ нақше – ба ҷуз итоат - дар он надоштанд, намебошад. Ислом ҳаргиз ҷонибдори чунин тарзи ҳукумате набуда ва нест. Мо дар як мақолаи ҷудогонае (Ислом ва демократия) дар ин бора муфассал баҳс кардаем.

Аммо агар "ҳукумати теукротик”-ро ба маънои луғавии он, яъне "ҳукумати Худо”, бидонем, дар ин сурат, ҳукумате, ки хостгоҳи ислом мебошад, ҷуз ҳукумати теукротик нест. Албатта ҳукумати худоие, ки мардум дар он нақш доранд, ки баъдан тавзеҳ хоҳам дод. Ҳол, тавзеҳи бештар дар ин замина:

Тавҳид дар ташреъ ва ҳокимият:

Асос ва пояи таълимоти паёмбарони илоҳӣ ва ба хусус дини мубини исломро "тавҳид” ва яктопарастӣ ташкил медиҳад. Тавҳид, яъне "эътиқоди қатъӣ ба ваҳдоният ва яктоии Худованд дар зот, сифот ва афъол, ва амал кардан бар асоси ин эътиқод”.

Бар асоси таълимоти Қуръон, яке аз маротиби тавҳид, "тавҳид дар рубубият” аст. "Тавҳид дар рубубият” ба ин маъност, ки "танҳо Худованд, ки молики ҳақиқии тамоми мавҷудоти ҳастист, тадбири умури мавҷудоти оламро ӯҳдадор аст, ва агар яке аз махлуқоти Худо, ба тадбир ва танзими умури мавҷуди дигаре даст мезанад, ин амали ӯ вобаста ба "изни илоҳӣ” ва ирода ва машияти Худованд аст”.[1]

Яке аз шохаҳои тавҳид дар рубубият, "тавҳид дар ташреъ (қонунгузорӣ) ва ҳокимият” аст. Дар биниши исломӣ, "тавҳид дар ташреъ ва ҳокимият” ба ин маъност, ки бояд мӯътақид бошем, ки "ягона қонунгузори шоиста Худованд аст ва аҳаде ғайр аз Худованд иҷоза надорад, ки ба сурати мустақил ва дар арзи қонуни илоҳӣ, барои танзими ҳаёти башарӣ қавонине вазъ кунад.[2] Бинобар ин, ташреи аҳком, аввалан: аз шууни Худованди Мутаол аст ва қонунгузории дигарон низ танҳо дар сурате эътибор дорад, ки дар арзи қавонин ва ташреоти илоҳӣ қарор нагирад ва мухолифи он набошад. Ва сониян: ҳокимият низ, ки ба маънои идораи умури ҷомеа аст, аз шууни Худованд аст ва танҳо ҳокими мустақил ва ҳақиқӣ Худост ва ҳокимияти дигарон танҳо дар сояи "изни илоҳӣ” эътибор меёбад”.[3]

Уламо ва донишмандони исломӣ барои исботи "тавҳиди ташреӣ”ва ин ки ташреъ ва ҳокимият фақат аз шууни Худованд аст, ба иттифоқ, ба оятҳои зерин тамассук ҷустаанд:

  1. "Инил-ҳукму илла лиллаҳ” (Ҳукм ҷуз барои Худо нест). (Юсуф/40).
  2. "Куллу шайъин ҳоликун илла ваҷҳаҳ, лаҳул-ҳукм ва илайҳи турҷаъун” (Ҷуз зоти Ӯ ҳама чиз нобудшаванда аст. Ҳукм азони Ӯст ва ба сӯйи Ӯ бозгардонида мешавед) (Қаса/88).

Пас, дар биниши тавҳидии ислом, ташреъ ва ҳокимият, аз шууни илоҳӣ аст. Аммо, чун тадбири умури ҷомеа ва иҷрои қавонин ниёзманди барқарории иртиботи моддӣ ва табиӣ бо мардум аст ва эҷоди чунин иртиботе аз сӯйи Худованд имкон надорад, аз ин рӯ, паёмбарони худро маъмур кардааст то бар мардум тибқи аҳкоми Худованд ҳукм биронанд:

"Инно анзално илайкал-китоба бил-ҳақ литаҳкума байнан-носи бимо арокал-лоҳу...” (Ин китоб (Қуръон)-ро ба ростӣ сӯйи ту фурӯ фиристодем то миёни мардум ба он чи Худо туро нишон додааст ҳукм кунӣ...) (Нисо/105).

Яъне, мо туро фиристодем, на танҳо ба унвони як паёмрасон, балки яке аз аҳдофи фиристода шуданат ин аст, ки миёни мардум тибқи дастуроти илоҳӣ ҳукм кунӣ.

Дар ин ҷо – агар диққат ба амал ояд – Худо намегӯяд ҳукм бирон тибқи он чи худ (ва ё мардум) мехоҳанд, балки бар асоси "мо арокал-лоҳу” яъне тибқи он чи Худо туро нишон додааст ҳукм кун. Ва ин, ҷуз "ҳукумати Худо” нест.

Ҳол, агар Паёмбар (с) дар миёни мо мавҷуд набошад, таклифамон чист? Ислом чӣ мегӯяд? Уламо ва донишмандони исломӣ иттифоқ доранд, ки дар ғиёби ҳазрати Паёмбар (с), хулафо ва ҷонишинони вай ӯҳдадори анҷоми вазоифи ҳукуматии ӯ ҳастанд. Ва аз ҳамин рӯст, ки бо даргузашти ҷанобаш (с), нахустин коре ки мусалмонон камар ба он бастанд ин буд, ки зуд халифаи он ҷаноб (с)-ро интихоб намуданд то вазоифи он ҳазрат (с)-ро идома диҳад, яъне бар асоси шева ва равиши ҳазрати Паёмбар (с) ҳукумат биронанд, ки гуфтем он шева ва равиш ҷуз ин нест, ки "бар асоси "мо арокал-лоҳу” яъне тибқи он чи Худо туро нишон додааст ҳукм кунӣ”.

Пас, ҳар ҷиҳат ва касе ки хоҳони барпоии "ҳукумати исломӣ” аст, наметавонад моҳияти ҳукумати исломиро (дар мартабаи назария) ба гунае ки дили ӯ мехоҳад ва ё писанди мардумон аст, таъриф кунад. Комилан иштибоҳ мекунад касе ки бипиндорад, аз дидгоҳи ислом, "Ҳеҷ кас наметавонад ба номи Худо бар мардум ҳукумат кунад. Ин мардум ҳастанд, ки тақдири худашонро ба даст мегиранд ва худашон онро муайян мекунанд. Аз номи Худо ҳукм рондан ва ҳокимият кардан, масъулияти ҳеҷ кас нест, ҳатто паёмбарон. Масъулияти паёмбарон расондани паём ва рисолат буд, на ҳукумат. Назари мо ин аст, ки ҳукм дар дасти мардум аст”. Ин дидгоҳ комилан иштибоҳ аст.

Нақши мардум дар ҳукумати исломӣ:

Албатта қобили ёдоварӣ бошад, ки чунин ҳам нест, ки аз дидгоҳи ислом, дар ҳукумати исломӣ, мардум дорои ҳеҷ нақше набошанд. Чунин нест. Нақши мардум дар ҳукумати исломӣ (бар асоси дидгоҳи аҳли суннат ва ҷамоат) дар ду ҷо мутабалвир аст: яке дар интихоби касе ки ба унвони зимодор ва ҳокими исломӣ таъйин мешавад, ва дигар, дар муроқибат ва назорати умури давлати исломӣ.

Дар ин ки пешвои исломӣ (халифа, ҳоким, раиси ҷумҳур, исмашро ҳар чи бигузорем, ишколе надорад, муҳим маъност, на лафз) баъд аз Паёмбар (с), тавассути Шӯро таъйин мегардад, уламои аҳли суннат ва ҷамоат иттифоқи назар доранд. Шӯро ҳам, ба истилоҳи имрӯз, ҷуз Маҷлис (порлумон) нест, ки рӯшан аст аъзои он тавассути мардум интихоб мешавад.

Ва аммо роҷеъ ба вазифаи муроқибат ва назорати мардум аз болои умури давлат дар ҳукумати исломӣ, некӯст дар ин маҷол гуфтаи донишманди машҳури исломӣ Маҳмуд Аққод-ро биёварам. Ӯ мегӯяд: "Лозимаи ҳукумати омма, танҳо дахолат додани мардум дар интихоби зимомдор ва сипас бехабарӣ ва бетарафии мардум дар умури мамлакат нест. Ҳукумати оммаи комил вақте таҳаққуқ меёбад, ки ҳамкорӣ ва муроқибати мустамир ва бардавом бошад. Машварат кардан ва эҳтиром ба раъйу назари мардум дар амри иҷтимоӣ, сабаби дилбастагӣ ва пуштибонии онҳо мегардад”.

Оятҳо ва ривоятҳо ба қадри кофӣ бар асли машварат дар идеология ва ҳокимияти демократики исломӣ далолат дорад:

"Ва онон ки (даъвати) парвардигори хешро посух додаанд ва намозро барпо доштаанд ва корашон бо машварати миёни худашон бошад ва аз он чи эшонро рӯзӣ кардаем инфоқ мекунанд”. (Шӯро/38)

Хитоб ба Паёмбар (с) мефармояд: "Пас, аз онон даргузар ва барои эшон омурзиш бихоҳ ва бо онон дар корҳо машварат кун...” (Оли Имрон/159).

Ҳатто дар порае аз ривоятҳо ишора шудааст, ки дар сурати набудани оят ва ҳадис дар мавриди ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, метавон ҳалли мушкилро аз тариқи машварат бо мардум ҳал кард.

Аз Алӣ (к) нақл шудааст, ки фармуд: "Ё Расулуллоҳ! Воқеае пеш меояд, ки дар бораи он ояте нозил нашуда ва суннати ту ҷорӣ нагаштааст, (падидаи нави иҷтимоӣ), таклифи мо чист? Паёмбар (с) фармуд: Донишмандони мӯъминро гирд оваред ва дар бораи он миёни худ ба машварат бипардозед, бидуни он ки ба раъйи воҳид қазоват намоед”, яъне назари ҳамаро аввал бигиред.

Пас, хулоса ин шуд, ки:

Аввалан: бар асоси биниши тавҳидӣ, қонунгузорӣ ва ҳокимият зотан ҳаққи Худост;

Сониян: ҳар кӣ ҳам қонун мегузорад ва ё ҳукумат мекунад, танҳо дар сурате машрӯият пайдо хоҳад намуд, ки қонунгузорӣ ва тарзи ҳукуматронияш бар хилофи хостаи Худо набошад;

Солисан: Паёмбар (с) на танҳо паёмрасон аст, балки ҳоким аз сӯйи Худо низ ҳаст, яъне барпоии ҳукумат яке аз аҳдофи рисолати ӯст;

Робеан: ҳукумати Паёмбар (с), ҳамон ҳукумати Худост, чаро ки ин Худост, ки барои ӯ чунин ихтиёреро бахшида ва фармуда, ки тибқи "мо арокал-лоҳу” (бар асоси он чи Худо бароятон нишон додааст) ҳукм бирон;

Хомисан: баъд аз он ҳазрат (с), хулафо ӯҳдадори вазоифи ҳукуматии Паёмбар (с) мебошанд ва дуруст ба ҳамон шевае, ки Паёмбар (с) дошт, ҳукумат меронанд;

Содисан: дар асри ҳозир, ҳар кӣ хоҳони барпоии ҳукумати исломӣ аст, новобаста аз ин ки чӣ гуна ва ба чӣ сурат мехоҳад ҳукумат биронад, аммо ҳақ надорад моҳияти ҳукумати исломиро тибқи майли худ ва ё писанди мардумон таъриф кунад, балки бояд (дар марҳилаи назария) ҳамон гуна таъриф кунад, ки дар манобеъ (Қуръон ва суннат) ворид шуда ва Расули Акрам (с) ҳамон гуна ҳукумат рондаанд.

Ёдоварии як нукта...

Дар поёни ин навиштор такрор мекунам, ки камина дар ин ҷо дар садади ин нестам, ки бигӯям: ё аюҳан-нос! Аз ҳамин рӯз эътиборан дигар ба ҳар навъ ҳукумату ҳукуматдорӣ пушт кунед ва аз дастурҳои ҳукуматӣ сарпечӣ кунед. Ҳаргиз! Камина мӯътақидам инсонҳо дар ҳар асру замоне, ниёз ба ҳукумат доранд; ҳар навъ ҳукумате. Агар ҳукумат исломӣ буд, ки чӣ беҳтар! Аммо агар ҳукумат исломӣ набуд, боз ҳам мо вазифа дорем пойбанд ба қонун ва қонунмадор бошем. Зеро, акси он, ҳарҷу марҷ ва бебандуборист. Ва ин, бар хилофи хости ислом аст. Ҳукумат, ҳатто ғайри исломии он, чун ӯҳдадори танзиму тартиби умури ҷомеа аст, ва ҷомеа ҷуз бо ҳукумат умуроташ сомон намеёбад, аз ин рӯ, чорае ҷуз пойбандӣ ба қонуну дастуроти ҳукуматӣ надорем.

Балки камина дар ин навиштор, дар мақоми баёни моҳият ва ҳақиқати ҳукумате, ки хостгоҳи ислом мебошад ҳастам, ва ба унвони як коршиноси исломӣ, таклифе ҷуз ин надорам, ки масъаларо, ба ҳамон сурате ки дар манобеи мо (Қуръон ва суннат) ворид шудааст, баён бидорам. Дар акси ҳол, ва дар сурате ки маориф ва масоили исломиро тибқи дилхоҳи хеш ва ё мардумон баён бидорам, хиёнат намудаам.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар оғози мақола, таъкид бар ин варзидам, ки мо ҳар гоҳ хоҳони тавзеҳи масълае барои мардум бошем, ду мартаба (назария ва татбиқ)-ро мадди назар қарор дода, табйин намоем.

Комёб бошед

Кимиёи саодат


[1] Ал-ақидатул-исломия, ҷ 1, с 120.

[2] Ва иллати ин ҳам, ки бояд мӯътақид бошем, қонунгузорӣ ва ҳокимият танҳо ҳаққи Худост он аст, ки нахустин шарти касе ки мехоҳад барои танзиму тартиби умури инсонҳо қонун гузорад, ин аст, ки ӯ бояд огоҳ ба ҳақиқати инсон бошад; бояд бидонад, ки саодату шақовати инсон дар чист? Вагарна, яъне дар сурати адами огоҳӣ аз ҳақиқати инсон ва ин ки саодат ва шақовати ӯ дар чист, наметавонад барои ӯ қонун гузорад. Ва аз ин рӯст, ки мебинем қонунҳои башарӣ, мудом дар маърази тағйиру таҳаввул ҳастанд. Аммо аз он ҷо ки Худованд офаридгори инсон мебошад, комилан огоҳ аст, ки саодат ва шақовати инсонҳо дар чист, ва бар ин поя, танҳо ӯст, ки метавонад дар мавриди инсонҳо қонун гузорад.

[3] Манбаи собиқ, ҷ 1, с 121.

Бахш: Ислом ва сиёсат | Просмотров: 1123 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 2
25.07.2010
2. Сайидюнуси Истаравшани [Материал]
Салом бародари гироми Аҳмад,
Агар дар мақола таваччуҳи лозим мабзул фармуда бошед, баҳси "Ҳукумати Худо" бар асоси биниши тавҳиди дар ислом, ки аҳаде мункири асли "тавҳиди рубуби" намебошад, матраҳ шудааст. Касе тардид надорад, ки бар мабнои "тавҳид дар ташреъ", ки бахше аз тавҳиди рубубист, қонунгузори ва ҳокимият бар мардум, зотан азони Худост. Яъне фақат Худо қонунгузор ва ҳокими башар аст. Қонунгузори ва ҳукумати дигарон ҳам, дар сурате машруят пайдо хоҳад кард, ки "изне" аз Худо дошта бошад; ба баёне дигар, паёмбар (с) бо "изн"-и Худо буд, ки ҳаққи ҳукумат (на танҳо қазоват) бар мардумонро дошт, ва ҳамчунин хулафои баъд аз у, ба унвони хулафо ва чонишинони паёмар (с) ҳаққи ҳукумат доштанд. Меҳвари баҳс ҳамин аст.
Аммо ин ки бархе ин матлабро бо "таҳмили ислом бар дигарон" халт ва меомезанд, аз баҳси мавриди назар берун аст. Чун, ҳатто дар ҳукуматҳои ба ном демукротик ҳам, тарафи пируз барномаҳои хешро бар он дигари навъе таҳмил мекунад, зеро пируз аст. Дар ҳукумати исломи ҳам, дақиқан чунин аст, вақте аксарияти мардум бар навъи ҳукумати исломи раъй диҳанд, хоҳ но хоҳ атрофи дигар сар фуруд хоҳанд овард, ва инро касе исмашро таҳмил нагузоштааст.
Саломат бошед.

25.07.2010
1. ахмад [Материал]
салом дусти азиз
пеш аз хар чиз бояд бигуям ки шумо мавзуро аз чанбаи дигари он нигох кардед
дар холе ки хукумат як сохтор аст ва хукмро ба маънои султа бардошт кардаед
дар холе ки аксаран хукм ба маънои казоват ба кор рафтааст.
баъдан инки аз номи худо хукумат кардан дигар аст ва аз руи шаръ хукумат кардан дигар
як хукумат ба таври табии хукумат аст чи бар асоси арзишхои дини бошад чи дуняви.
ва шояд хам арзишхои муштарак.
аммо хукумати исломи гуфта аксаран бардошти як гурухи хос чун ислом ба дигарон тахмил мешавад.
ба фикрам ин мавзуъро возехтар бахс кардан даркор буд
агарчи фоидае надорад

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июл 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz